Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд

№45-46 (4785-4786) 12.04.2024

DSC_3178Ёздаҳуми апрели соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шералӣ Мирзо, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, директори генералии ҶСК «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳҳобзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа даҳ масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ»      

5. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи шартҳои сохтмон, таъсис ва фаъолияти Маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

6. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба шартҳои сохтмон ва фаъолияти Муассисаи давлатии «Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

7. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ-молиявӣ               

8. Дар хусуси Протокол оид ба амалӣ кардани кумаки молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия

9. Дар хусуси Созишнома дар бораи савдои озоди хизматрасониҳо, таъсис, фаъолият ва сармоягузорӣ

10. Дар хусуси Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум».

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» шурӯъ мекунем. Сухан ба ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дода мешавад. Марҳамат.

Музаффар АШӮРИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади таҳкими низоми бисёр­ҳизбӣ, шаффофияти фаъолияти ҳизб­ҳои сиёсӣ, беҳтар гардидани мақоми кишвар ҳамчун давлати демократӣ дар арсаи байналмилалӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизб­ҳои сиёсӣ» таҳия гардида, муқаррарот вобаста ба маблағгузории ҳизбҳои сиёсиро аз ҳисоби буҷети давлатӣ пешбинӣ менамояд.

Мутобиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаи 12 сархати нав илова гардида, тибқи он яке аз манбаъҳое, ки маблағҳои ҳизбҳои сиёсӣ аз он ташаккул меёбанд, буҷети давлатӣ, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур, мешавад.

Ҳамзамон, ба қонуни мазкур моддаи нав (моддаи 121) илова гардида, тибқи он аз рӯйи натиҷаҳои иштирок дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав як маротиба бо мақсади дастгирии молиявии ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд.

Дар моддаи мазкур аз буҷети давлатӣ пешбинӣ кардани маблағҳои ҷудошаванда, дар кадом муҳлат ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ гузарондани маб­лағ, талабот вобаста ба маблағгузорӣ, андозаи маблағгузорӣ ва дигар шартҳо пешбинӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, маблағгузории давлатии ҳизбҳои сиё­сии дар интихобот иштирокдошта, ки ҷамъи овозҳои интихобкунандагони ба тарафдории он додашуда аз 5 дарсади овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккарда кам намебошад, аз рӯи натиҷаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати нав ба маблағи 7 дарсади нишондиҳанда барои ҳисобҳо зарб ба шумораи овозҳои гирифтаи ҳизби сиёсӣ амалӣ мешавад.

Бояд зикр кард, ки маб­лағгузории ҳизбҳои сиёсие, ки дар натиҷаи интихобот дар парламент ҷойҳои вакилиро ишғол менамоянд, бо тарзҳои гуногун дар қонунгузории кишварҳои хориҷӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ кунед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадраҳим Юсуфӣ дода мешавад Марҳамат.

Маҳмадраҳим ЮСУФӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст, бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 — уми марти соли 2024 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмили он 7 таклиф манзур намуданд, ки 3 таклиф қабул, 1 пешниҳод қисман қабул гардида, 3 таклиф қабул нашуд.

Кумитаи масъул 2-юми апрели соли 2024 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонуни мазкурро муҳокима намуд.

Қонуни мазкур ба моддаи 8 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» масъалаи бисёр муҳим мебошад, ки имрӯз мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Ҳанӯз, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкилоти сангин нигоҳ накарда, Конститутсияи худро қабул намуд. Моддаи аввали Конститутсия демок­ратӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва иҷтимоӣ будани давлати тоҷиконро муайян карда, низоми бисёрҳизбиро яке аз масъалаҳои бениҳоят муҳими раванди инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ муқаррар намудааст. Вақте ҷомеаи шаҳрвандӣ хусусияти демократиро касб намудааст, барои ҳизбҳои сиёсӣ имконияти фаровон ба вуҷуд меояд, то барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар амал татбиқ кунанд. Агар ҳизбҳои сиёсӣ маблағи кофӣ надошта бошанд, барномаҳои худро дар амал татбиқ карда наметавонанд. Бинобар ин, имрӯз дар 43 давлати дунё аз буҷети марказонидашуда ба ҳизбҳои сиёсӣ маблағ ҷудо мекунанд. Соли 2003 ман пешниҳод карда будам, ки ҳизб­ҳои сиёсии кишвар аз буҷети давлатӣ маб­лағгузорӣ шаванд, вале бо пофишории ҳизбҳои наҳзати исломӣ (фаъолияташ дар кишварамон бо қарори Суди Олӣ мамнӯъ аст) ва сотсиал-демократ ин пешниҳод амалӣ нашуд. Имрӯз имкон фароҳам омадааст, ки ба ҳизбҳои сиё­сии кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағ ҷудо шавад. Аз ин рӯ, пешниҳод шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»-ро фоли нек ҳисобида, аз номи ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, аз вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоянд.

РАИС: — Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода дода мешавад.

Рустам ЛАТИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Комёбиҳои миллат ва давлати Тоҷикистони азизи мо зери сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёданд, вале дар муқобили тазодҳои замони муосир моро зарур аст, ки дар ҳифзу тақвияти ин комёбиҳо, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва амнияти миллӣ, асосҳои демократӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои констутсионии шаҳрвандони мамлакат зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва аз ҳарвақта дида атрофи Сарвари давлат муттаҳид бошем.

Тоҷикистон дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои ташаккули низоми бисёрҳизбӣ ва татбиқи гуногунандешии сиёсӣ дастовардҳои муҳимро соҳиб гашт. Имрӯз барои ҳизбҳои сиёсии мамлакат фазои озоди фаъолият фароҳам шуда, дар парлумони кишвар 6 ҳизби сиёсӣ намоянда, аз ҷумла 3 ҳизби сиёсӣ фраксияи ҳизбии худро доранд. Ин ба ҳизбҳои сиёсии мамлакат имкони иловагӣ медиҳад, ки бо намояндагӣ аз тарафдорону пайравони худ дар мақоми олии  намояндагӣ ва қонунгузории кишвар фаъолияти густурда дошта бошанд ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нақши муассир гузоранд.

Тағйиру иловаҳое, ки имрӯз баррасӣ дорем, аз таваҷҷуҳи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тавсеаи ҷалби ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ гувоҳӣ медиҳад. Аз фурсати муносиб истифода бурда ба Пешвои миллат изҳори сипос менамоем.

Тағйиру иловаҳои мазкур дар хусуси аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ кардани ҳизбҳои сиёсӣ аз як тараф, фаъолнокии худи ҳизбҳоро ҷиҳати дар интихобот ба даст овардани бештар аз 5 дарсад овози интихобкунандагон баланд мебардорад ва аз тарафи дигар, ҳизбҳои сиёсӣ талош мекунанд, ки ташаббус ва барномаҳои ҷолибу созандаеро барои пешрафти мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум пешниҳод намоянд, то онҳо дар оянда зимни таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии давлат истифода шаванд. Ҳамчунин, ин навгонӣ имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва дар нав­бати худ масъулияти ҳизбҳои сиёсӣ дар назди ҷомеаи шаҳрвандӣ бештар гардад.

Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ мекунад. Бовар дорам, намояндагони ҳамаи ҳизб­ҳои сиёсии дар Маҷлиси намояндагони мамлакат фаъолиятдошта низ онро ҷонибдор ҳастанд ва барои қабули он овоз медиҳанд.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизб­ҳои сиёсӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Файзулло Баротзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло БАРОТЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Шоҳиён, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода, Ш. Ҳакимзода, З. Файзуллозода, Ғ. Азиззода, М. Шодиён ва З. Сафарзода таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми декабри соли 2024 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва мутобиқгардонии онҳо ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он дар маҷмӯъ 8 таклиф манзур намуданд, ки аз он 5 таклиф қабул ва 3 таклиф қисман қабул шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надошта, қабули он маблағи иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадулло Шерализода дода мешавад. Марҳамат.

Маҳмадулло ШЕРАЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Дӯстзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода, Ш. Ҳакимзода, З. Файзуллозода, Ғ. Азиззода, М. Шодиён ва З. Сафарзода таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми декабри соли 2023, № 1976 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва мутобиқгардонии онҳо ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он, дар маҷмӯъ, 11 таклиф манзур намуданд, ки аз он 8 таклиф қабул ва 4 пешниҳод қисман қабул шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйи­роту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Неъматулло Холбойзода дода мешавад. Марҳамат.

Неъматулло ХОЛБОЙЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Холбойзода, Файзулло Қосимӣ, Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ва Абдуҷаббор Умарзода таҳия ва пешниҳод шудааст.

Бо қарори Шурои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкур барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия супорида шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» ба муқаррароти Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ», инчунин, бартараф намудани номутобиқатии байниҳамдигарии меъёрҳои танзимкунандаи ҳуқуқӣ таҳия гардида, тибқи он, ба қонуни амалкунанда моддаи 21 илова карда шуда, ба 12 моддаи он тағйироти зарурӣ ворид, инчунин, ба 3 модда ҳафт сархат, як қисм ва якчанд ибораю калимаҳо илова карда шуданд.

Дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 36 таклифи пешниҳодкардаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва аксарияти онҳо қабул гардиданд.

Кумитаи масъул 14-уми марти соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалишавии меъёрҳои он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» овоз диҳед.

РАИС: - Сухан ба директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳҳобзода дода мешавад. Марҳамат.

Темурҷон АБДУЛВАҲҲОБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Марҳалаи муосири рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо суръати баланди тағйироти истеҳсолот, истифодаи маҷмӯи байни ҳам алоқаманди технологияҳои муосир, номгӯи зиёди мавод ва масолеҳ тавсиф дода мешавад. Дар чунин шароит нақши стандартонӣ ҳамчун омили муҳими низоми идоракунии сатҳи техникӣ ва сифати маҳсулот дар марҳалаҳои таҳия, лоиҳакашӣ, истеҳсол ва истифодаи такрорӣ моҳияти асосӣ дорад. Стандартонӣ фаъолиятест оид ба муқаррар намудани қоида, меъёр ва талаботи ҳатмӣ, ки онҳо таъсири қонунҳои техникию иқтисодии объективиро ифода мекунанд, дар рушди истеҳсолоти саноатӣ нақши калон доранд, ҷиҳати афзуншавии боигарии ҷамъиятӣ саҳми арзанда мегузоранд, ба беҳсозии истифодаи сармояи асосӣ ва боигариҳои табиӣ мусоидат менамоянд. Стандартонӣ ба такмили идоракунии истеҳсолот ва баланд бардоштани сифати маҳсулот муносибати бевосита дорад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар суханрониҳояшон доимо таъкид мекунанд, ки инкишофи бахши соҳибкорӣ ба фароҳам овардани фазои мукаммали қонунгузорӣ зарурат дошта, дар шароити имрӯза рушди иқтисоди миллӣ аз сатҳу сифати фаъолияти ин бахш вобаста аст, ки дар ин раванд хизматҳои шумо — вакилони муҳтарам қобили арҷгузорист.

Тағйироту иловаи воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» маҳз барои бартараф намудани гуногунфаҳмиҳо дар соҳаи стандартонӣ байни мақомот ва субъекти хоҷагидор мусоидат менамояд.

Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи стандартонӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи шартҳои сохтмон, таъсис ва фаъолияти Маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан ба муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия бо мақсади таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм, таҳкими забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои шарикӣ, амиқтар шудани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои ҳар ду кишвар барои сохтмони Маркази байналмилалии таълимии кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федерат­сияи Россия дар бораи шартҳои сохтмон, таъсис ва фаъолияти Маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 18-уми дакабри соли 2023 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расида, тибқи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 28-уми марти соли 2024, №166 барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бояд қайд кард, ки мақомоти ваколатдори иҷроия аз ҷониби Тоҷикистон  вазоратҳои маориф ва илм, молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аз ҷониби Россия вазоратҳои маориф ва молияи Федератсияи Россия, Хадамоти федералии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Фонди таълимии «Талант и успех» мебошанд.

Айни замон, барои оғози корҳои сохтмонӣ бо пешниҳоди ҷониби Россия Комиссияи махсуси дуҷониба оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи шартҳои сохтмон, таъсис ва фаъолияти Маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, нақшаи баргузории ҷаласаи якуми комиссияи мазкур дар баррасӣ мебошад.

Дар раванди омодасозии созишнома якчанд маротиба вохӯриҳои маҷозӣ сурат гирифта, ҳама қисматҳои он баррасӣ ва пешниҳодҳои мо дар масъалаи манфиатҳои миллӣ ба назар гирифта шуданд. Аз ҷумла, пардохти музди меҳнати омӯзгорону кормандонро ҷониби Россия ба уҳда гирифт. Бинобар ин, имзои санади мазкурро мувофиқи мақсад шуморида, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Файзулло Наҷмиддиниён дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи шартҳои сохтмон, таъсис ва фаъолияти Маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Москва ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур аз 12 модда иборат буда, бо мақсади таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, такмили дониши забони русӣ, афзалияти илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои ҳар ду кишвар мусоидат менамояд. Барои ҷойгир намудани Маркази таълимии байналмилалии кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе бо фарогирии 500 хонанда бо истиқомати шабонарӯзӣ ва солона ва ба истифода додани иншоот, инчунин, дар заминаи иншооти сохташаванда, тарафҳо оид ба сохтмон, таҷҳизонидан ва ба истифода додани иншоот, ҳамоҳангсозии корҳои дахлдор, инчунин, таъсиси марказ ва амалӣ намудани фаъолияти таълимӣ дар он ҳамкорӣ мекунанд. Ҷониби Россия фаъолияти марказро тавассути додани маблағ аз буҷети федералӣ, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии роҳбарон ва ҳайати омӯзгорони марказ, музди меҳнати кормандони муҳандисию техникӣ, маъмурӣ ва таълимиро пардохт менамояд. Дар навбати худ ҷониби Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузории хароҷоти таъмини амнияти марказро таъмин намуда, хароҷоти коммуналиро (таъмини неруи барқ, об, пардохти ҳаққи алоқа ва хизматрасонӣ барои дастрас намудани иттилоот ва шабакаи телекоммуникатсионии «Интернет», таъмини гармӣ, аз ҷумла хариди ангишт) пардохт менамояд. Фарзандони шаҳрвандони Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, барои таҳсил ба марказ дар асоси озмун ройгон ё шартномавӣ қабул мешаванд. Дар сурати мавҷуд будани ҷойҳои холӣ, марказ ҳуқуқ дорад, шаҳрвандони дигар давлатҳоро барои таҳсил дар асоси шартнома қабул кунад. Созишномаи мазкур оқибатҳои эҳтимолии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ ва оқибатҳои дигари бастани шартномаҳои байналмилалиро ба миён намеорад ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб наменамояд.

Кумитаи масъул созишномаро 5-уми апрели соли 2024 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Муинӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи шартҳои сохтмон, таъсис ва фаъолияти Маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи шартҳои сохтмон, таъсис ва фаъолияти Маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба шартҳои сох­т­мон ва фаъолияти Муассисаи давлатии «Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода дода мешавад. Марҳамат.

Манучеҳр ШАРИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Соли 2023 дар доираи форуми «Душанбе Инвест – 2023» дар бораи оғози сохтмони Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе бо ҷониби Федератсияи Россия тасмим гирифта шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Федератсияи Россия Созишнома оид ба шартҳои сохтмон ва фаъолияти Муассисаи давлатии «Теат­ри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, дар ин зимн қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз 28-уми марти соли 2024 қабул шуд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори амалисозии созишномаи мазкур муваззаф буда, корҳои мушаххасро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, мутобиқи нишондоди моддаи 4, зербанди 3-и созишнома ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони иншоот ва муқаррар намудани ҳудуди он тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26-уми сентябри соли 2023, як гектар аз ҳисоби заминҳои захираи шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, барои истифодаи бемуҳлат ҷудо шуд. Аз ҷониби Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе парвандаи замин таҳия ва қитъаи замин барои сохтмони бинои театр ба расмият дароварда шуд.

Ҷониби Федератсияи Россия хароҷоти вобаста ба анҷом додани корҳои сохтмониро ба зимма дошта, минбаъд маълумот ва нусхаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро, ки барои лоиҳакашӣ, сохтмон, ба истифода додан ва истифодаи минбаъдаи иншоот заруранд, дар ҳаҷм ва дар муҳлати мувофиқашуда ба ҷониби Россия интиқол дода мешавад. Вобаста ба ин, иттилооти дахлдор ба комиссияи махсуси дуҷониба вобаста ба рафти сохтмон пешниҳод хоҳад шуд.

Созишномаи мазкур, ки баъд аз иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ эътибор пайдо менамояд, ба муҳлати 15 сол баста шуда, баъдан ба давраҳои 5 соли минбаъда тамдид мегардад.

Вакилонро мутмаин месозем, ки аз ҷониби вазорат нишондодҳои созишномаи мазкур ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкили фаъолияти минбаъдаи театр сари вақт ва ба таври мукаммал амалӣ мегарданд. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи он овоз диҳед.

РАИС: - Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Гавҳар Шарофзода дода мешавад. Марҳамат.

Гавҳар ШАРОФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба шартҳои сохтмон ва фаъолияти Муассисаи давлатии «Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Москва ба имзо расида, мутобиқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ин созишнома бо мақсади вусъати ҳамкориҳои фарҳангӣ, таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаи театр, ҳифз ва такомули анъанаҳои театрӣ, шиносоӣ бо осори драматургони ватаниву ҷаҳонӣ таҳия гардидааст.

Созишномаи мазкур иҷрои корҳои сохтмонӣ, фаъолияти пурсамари ҳайати эҷодии театр, тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа, мукаммалсозии базаи моддӣ – техникии ҷавобгӯ ба талаботи муосирро таъмин намуда, хароҷоти иловагии буҷетиро талаб наменамояд ва ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад.

Он дар асоси Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2024, ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда, ҷонибдорӣ гардид. Бо эҳтиром хоҳиш менамоем, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба шартҳои сохтмон ва фаъолияти Муассисаи давлатии «Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ-молиявӣ» оғоз менамоем. Сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дода мешавад. Марҳамат.

Шералӣ Мирзо:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ-молиявӣ» дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тасдиқ намудани созишномаи зикргардида ба шумо пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур 26-уми июли соли 2023 дар шаҳри Истанбул аз ҷониби вазирони мудофиаи ҳар ду давлат дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба, ки тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ ба роҳ монда шудаанд, ба имзо расид.

Созишнома ба муқаррароти Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, ҷиҳати мусоидат намудан дар азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина барпо кардани ҳамкории ҳарбӣ-молиявӣ байни ҳукуматҳои ҳар ду давлат, инчунин, таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ дар чорчӯбаи муносибатҳои дӯстона имзо шудааст.

Тибқи муқаррароти созишномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия дар доираи маблағгузории солонаи буҷетӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 000 000 (панҷоҳ миллион лираи туркӣ) бо қурби доллари Штатҳои Муттаҳидаи Америка барои харидории молу хизмат­расониҳо аз ширкатҳои Туркия кумаки молиявӣ ҷудо менамояд. Маблағи ҷудогардида метавонад барои харидории молҳо ва пардохти хизмат­расониҳои ширкату корхонаҳои Туркия зимни ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии дуҷониба истифода гардад. Инчунин, меъёрҳои созишномаи мазкур тартиби муқаррар намудани номгӯй ва миқдори молу мулки ҳарбӣ, хизматрасониҳои пешниҳодшаванда, тарзи ҳисоббаробаркунӣ, ҳуқуқи истифодаи амвол ва хизматрасониҳо ва дигар масъалаҳои ба татбиқи созишномаи мазкур алоқамандро ба танзим медароранд. Татбиқи созишномаи мазкур ба рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ бо Ҷумҳурии Туркия мусоидат намуда, барои дастрас намудани силоҳу муҳимоти ҷангӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин ва дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамони истеҳсоли ширкату корхонаҳои саноати мудофиавии ин кишвар имкон фароҳам меорад. Дар шароити афзоиш ёфтани таҳдиду хатарҳои муосир ва шиддат гирифтани зуҳуроти терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, тасдиқи созишномаи мазкур муҳим арзёбӣ мегардад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҳаёт Одинаев дода мешавад. Марҳамат.

Ҳаёт ОДИНАЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ-молиявӣ 26-уми июли соли 2023 дар шаҳри Истанбул ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2024 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 5-уми апрели соли 2024 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ-молиявӣ ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ-молиявиро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ-молиявӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Протокол оид ба амалӣ кардани кумаки молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия» шурӯъ мекунем. Сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шералӣ Мирзо дода мешавад. Марҳамат.

Шералӣ МИРЗО:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Протокол оид ба амалӣ кардани кумаки молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия» дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои   байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тасдиқ намудани протоколи зикргардида ба шумо пешниҳод шудааст.

Протоколи мазкур 26-уми июли соли 2023 дар шаҳри Истанбул аз ҷониби вазирони мудофиаи ҳар ду давлат дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба, ки тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ ба роҳ монда шудаанд, ба имзо расидааст. Тибқи протоколи зикргардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия дар доираи маблағгузории солонаи буҷетӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 000 000 (ду миллион лираи туркӣ) бо қурби доллари Штатҳои Муттаҳидаи Америка кумаки мақсадноки молиявӣ ҷудо менамояд. Маблағи ҷудогардида барои пардохти хароҷот вобаста ба ташкили давраҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои таълимӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷониби Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои омӯзишии Қувваҳои Мусаллаҳи Туркия, инчунин, ташкили сафарҳои расмӣ ва кории ҳайатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равона мешаванд. Хароҷоти маблағҳои мазкур дар асоси нақшаҳои кории тасдиқшуда аз ҷониби дафтари Атташеи ҳарбии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Татбиқи протоколи мазкур барои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки ташкили бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва омӯзиши таҷрибаи хизматчиёни ҳарбии ҷониби Тоҷикистон дар марказҳои омӯзишӣ ва таълимии Туркия, бе харҷи маблағҳои буҷети давлатии Тоҷикистон, ба роҳ монда шавад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: - Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Бибиосия Аюбӣ дода мешавад. Марҳамат.

Бибиосия АЮБӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол оид ба амалӣ кардани кумаки молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия 26-уми июли соли 2023 дар шаҳри Истанбул ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Протоколи мазкур тибқи Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 — юми апрели соли 2024, №2111 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Протокол оид ба амалӣ кардани кумаки молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Протокол оид ба амалӣ кардани кумаки молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркияро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Протокол оид ба амалӣ кардани кумаки молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

 РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома дар бораи савдои озоди хизматрасониҳо, таъсис, фаъолият ва сармоягузорӣ» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дода мешавад. Марҳамат.

Завқӣ ЗАВҚИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома дар бораи савдои озоди хизматрасониҳо, таъсис, фаъолият ва сармоягузорӣ» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми марти соли равон қабул шуда, барои тасдиқ пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи созишномаи мазкур бо ташаббуси Беларус ва Федератсияи Россия аз ҷониби котиботи ИДМ таҳия ва 8-уми июни соли 2023 дар шаҳри Сочи дар доираи ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз тарафи Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия ва Ӯзбекистан ба имзо расидааст. Аз ин рӯ, зарурати таҳияи лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи созишномаи мазкур ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатии дахлдор ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он ба ҳисоб меравад.

Созишномаи мазкур пешбинӣ менамояд, ки ширкатҳои хизматрасонии кишварҳои аъзои ИДМ ба бозори хизматрасонии тарафайн бе мамониат ворид шуда, бо истифода аз имтиёзҳо фаъолиятро ба роҳ монанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳифзи манфиатҳои иқтисоди миллӣ, риояи қонунгузории кишвар ва талаботи Созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо оид ба савдои хизмат­расониҳо (ГАТС) рӯйхати истисноии А, Б, В ва Г-ро ба ин созишнома пешниҳод намуд, ки тибқи он 111 зерсоҳаи хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя гардида, ширкатҳои хизматрасонии кишварҳои аъзои созишнома танҳо баъд аз дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтан ва талаботи қонунгузории миллиро риоя намудан, фаъолиятро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонанд. Инчунин, тибқи рӯйхатҳои истисноии созишномаи мазкур ширкатҳои хизматрасонии кишварҳои аъзои ИДМ ҳангоми фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 70-80 фоизи кормандони худро дар соҳаҳои дахлдор аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор ҷалб менамоянд.

Қайд бояд кард, ки маблағи хизмат­расониҳои байналмилалии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ 214 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз он 93 миллион доллар ё 44 фоиз ба содироти хизматрасониҳо ва 121 миллион доллар ё 56 фоиз ба воридоти хизмат­расониҳо рост меояд.

Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Мунаввар Абдусаломзода дода мешавад. Марҳамат.

Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома дар бораи савдои озоди хизматрасониҳо, таъсис, фаъолият ва сармоягузорӣ 8-уми июни соли 2023 дар шаҳри Сочӣ ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи зикргардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишномаи мазкур бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, тамоми расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад. Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома дар бораи савдои озоди хизматрасониҳо, таъсис, фаъолият ва сармоягузорӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» шурӯъ мекунем. Аз рӯи мас­ъалаи мазкур сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дода мешавад. Марҳамат.

Юсуф МАҶИДӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» пешниҳод гардидааст. Созишномаи мазкур 4-уми июли соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, он барои таъмини созишномаи қарзии имтиёзнок, ки 25-уми июли соли 2014 ба маблағи 10 млн. доллари амрикоӣ мустақиман байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд имзо шудааст, равона гардидааст. Ҳадафи лоиҳа таҷдиди НБО-и «Қайроққум» дар заминаи ивази агрегатҳо, таҷҳизоти механикӣ ва барқарорсозии сарбанд, инчунин, мусоидат ба қарзгиранда дар таҷдиди чор таҷҳизоти гидромеханикӣ ва электромеханикии марҳилаи дуюми неругоҳи зикршуда мебошад.

Маблағи умумии лоиҳа 200,9 миллион доллари ИМА буда, аз он қарз ва қарзҳои имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 125 миллион доллар, Бонки сармоягузории Аврупо 36,9 миллион ва гранти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 34 миллион долларро ташкил менамояд. Инчунин, барои омодакунии лоиҳа кумаки техникӣ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 2,8 миллион доллар ва аз ҷониби Фонди ҳамкории Австрия 2,2 миллион доллар пешниҳод гардидааст. Татбиқи лоиҳа соли 2014 оғоз гардида, анҷоми он дар соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Созишнома оид ба пешниҳоди кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Музаффарҷон Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.

Музаффарҷон МАҲМУДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» 4-уми июли соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагон созишномаи мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Он ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

 РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа шомил буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои фаъол буданатон миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев