Ҳизбҳои сиёсӣ – субъекти раванди интихобот

№149 (3295) 15.12.2014

11 декабри соли 2014 бо ташаббуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар мавзӯи «Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди баргузории интихобот» мизи мудаввар баргузор гардид,  ки дар кори он намояндагони ҳамаи ҳашт ҳизби сиёсии дар ҷумҳурӣ фаъолияткунанда, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Дар ин чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов ва Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидбой Зокиров зикр намуд, ки дар ин чорабинӣ як қатор масъалаҳои вобаста ба иштироки ҳизбҳои сиёсӣ дар интихобот мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Зикр гардид, ки ҳизбҳои сиёсӣ яке аз субъектҳои фаъоли раванди интихобот ба ҳисоб мераванд. Дар ин маърака онҳо бояд зимни пешниҳод кардани намояндагони ҳизби сиёсӣ барои ҳамроҳ кардан ба ҳайати комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, пешбарии номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба вакилӣ, ба маълумоти интихобкунандагон расонидани мазмуну муҳтавои барномаи пешазинтихоботии худ талаботи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳуриро қатъиян риоя кунанд ва фаъолияти худро дар доираи талаботи қонун ба роҳ монанд. Даромад ва харҷи маблағҳо аз хазинаи интихоботии ҳизбҳои сиёсӣ бояд шаффоф бошад.

Хотирнишон гардид, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имконият, шароити зарурию баробарро барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ кафолат додааст. Дар ҳамин замина айни замон ҳашт ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон озодона фаъолият дорад. Таъсис ёфтану фаъолият кардани ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ дар кишвар маънии ба сӯи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ қадамҳои устувор гузоштани Тоҷикистонро дорад.

Кафолати низоми бисёрҳизбӣ дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди интихоботро демократитар намуда, имконият медиҳад, ки ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёбад. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионии соли 2003 ба қисми дуюми моддаи 28-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меъёр илова гардид: «Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ муосидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд».

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидани падидаи бисёрҳизбӣ низоми интихоботро такмил дода, рақобати солими ҳизбҳои сиёсиро ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои худ барои шомил шудан ба парламенти кишвар таъмин менамояд. Намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ изҳор намуданд, ки дар интихоботи дарпешистода фаъолона ширкат меварзанд ва боварии комил доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва шаффофу демократӣ баргузор хоҳад шуд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»