Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 29 сол қабл Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро асос гузоштаанд, ҳамчун Раиси ҲХДТ дар рушду ташаккули минбаъдаи ин ҳизби сиёсӣ низ бо амалӣ кардани ғояҳои созанда нақши бузург доранд.
Таъсиси ҳар ҳизби сиёсӣ тақозои замон аст. Агар аз ин нуқтаи назар мо таъсиси ҲХДТ-ро мавриди таҳлил қарор диҳем, воқеан, он дар даврае арзи ҳастӣ намуд, ки Тоҷикистон дар марҳилаи душвортарини таърихи худ қарор дошт. Ин айёми нооромию бетартибӣ ва зиддиятҳо, давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатии кишвар буд.
Давраи аввали ташаккули ҲХДТ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Иҷлосияе, ки барои мардуми Тоҷикистон тақдирсоз буд ва роҳи рушду тараққиёти Тоҷикистонро барои давраҳои минбаъда муайян намуд. Қарорҳои иҷлосия дар барқарор намудани ҳукумати конститутсионии кишвар таҳти сарварии Роҳбари ҷавону дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ояндаи Тоҷикистони навин нақши ҳалкунанда доштанд.
Охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри XX дар Тоҷикистон давраи таҳаввулоти бузурге буд, ки ҷомеаи моро тадриҷан ба бархӯрдҳои ҳамватанӣ ва низоъҳои минтақавӣ расонид. Баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҳизбу ҳаракатҳои зиёд бар асоси арзишҳои динӣ, мазҳабӣ ва маҳаллӣ пайдо шуданд, ки қабл аз ҳама ба ваҳдати миллии тоҷикон зарбаи ҷонкоҳ мезаданд. Мухолифати нисбатан шадидтар дар заминаи ду идеология — коммунистӣ ва исломгароӣ сурат гирифт, ки ҳар ду бо ҳам комилан оштинопазир буданд.
Дар ҳамин ҳол зарурати таъсиси ҳизби наве, ки бояд арзишҳои дунявӣ ва динию мазҳабиро бо ҳам оштӣ медоду ҷавҳараш аз арзишҳои миллӣ ва башарӣ сарчашма мегирифт, ба миён омад. Пешвои миллат ин заруратро сари вақт эҳсос намуданд ва барои бунёди як неруи тозаи сиёсии идеологӣ — Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) замина гузоштанд. Ин ҳизб, ки воқеан ҳам ифодагари ормонҳои мардумӣ ва арзишҳои миллӣ буд, тавонист зина ба зина зимоми сиёсатро ба даст гирад, таҳти роҳбарии асосгузори худ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо ва барои зиндагии шоистаи мардум хизмат намояд.
Ҳаёт ва таҷрибаҳо собит карданд, нерую ҳизбҳои сиёсие, ки мавқеи устувор надоранд ва ё фаъолияташон аз манфиатҳои гурӯҳҳои ҷудогона реша мегирад, ба зудӣ эътибору нуфузи худро аз даст дода, пароканда мешаванд. Нуфузу эътибори бесобиқаи ҲХДТ дар он ифода ёфтааст, ки фаъолияти он берун аз ин хусусиятҳост. Ин неруи сиёсӣ дастёбӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати саросариро ҳадафи хеш қарор додааст.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҷиҳати рушди низоми қонунгузории кишвар, таҳкими рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи сулҳу субот ва амнияти иқтисодии кишвар низоми ҳуқуқии давлатро дар доираи сиёсати ҳуқуқии ягона ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардуми кишвар ва давлати Тоҷикистон такмил ва вусъат бахшида, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Имрӯз мо фаъолияти нусратбахшу зафармандонаи Раиси ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин вазифаи пурмасъул дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа бо натиҷаҳои ҳайратангезу беназираш мебинем, эҳсос мекунем ва бо тамоми вуҷуд дарк менамоем, ки Сарвари давлати мо ҳақиқатан Президенти маҳбуби халқ ҳастанд, ки мардуми сайёра орзуи доштани чунин роҳбару роҳнаморо доранд.
Шоир Олимхон Исматӣ дар чор мисраи аввали шеъри «Зангӯлаи бедорӣ» ҷойгоҳ ва мақому манзалати ҲХДТ-ро дар ҷомеаи имрӯза хеле хуб тасвир намудааст:
Мо зинда ба ин ҳизбем,
Ҷӯянда ба ин ҳизбем.
Яъне, на фақат имрӯз,
Оянда ба ин ҳизбем.
Зикри вожаҳои «зинда», «ҷӯянда», «имрӯз» ва «оянда» бо такрори радифи «ба ин ҳизбем» басо бамаврид, ҷаззоб ва хушоҳанг садо дода, пеши хонанда манзараи ҳамоиши бузурги аъзои ҳизбро, ки бо иродаи қавӣ баҳри озодию ободӣ ва оромии Тоҷикистони маҳбуб аҳд намудаанд, тасвир намудааст. Дар ҳақиқат, бозтоби фаъолият ва нусратномаи ҲХДТ гувоҳи равшани он аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо муассиси асосӣ ва Раиси ҳизб, балки доҳии воқеии ин ҳизби роҳбару раҳнамои халқ мебошанд.
Ҳамин тавр, ҲХДТ ҳамчун неруи муқтадир ва созанда барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми шоиста гузошта, давоми 29 сол ба ҳизби маҳбуби ҷомеа табдил шудааст, ки боиси ифтихору сарфарозии кулли аъзо ва ҷонибдорони он мебошад.
Ғайрат АЗИЗЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон