Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Сомониён, Ҳаёти нав ва Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам Барот зимни суханронии худ аз ҷумла иброз дошт, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори кишвар фарогири тамоми бахшҳо буда, се ҳадафи стратегӣ ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мондаанд. Номбурда бо дарназардошти аграрӣ будани ноҳияи Ҷаббор Расулов зикр кард, ки дар Паёми Сарвари давлат оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, қабули барномаи нави боғу токпарварӣ, ташкил намудани зиёда аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ дар соҳаи кишоварзӣ, зиёд намудани содироти меваҷот масъалаҳои меҳварӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин росто, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин маълумоти мушаххас пешниҳод гардид.
Корманди масъули Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдумаҷид Маҷидов низ оид ба муҳтавои Паёми Президент, вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар кард. Дар робита ба вазъи ноороми минтақаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла ҷангҳои дар Сурия ва Ироқ идомадошта иттилоъ дод, ки дар онҳо зиёда аз ҳазор нафар шаҳрванди мамлакат иштирок доранд. Бештари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд ва аз онҳо 146 нафар ҳалок гаштаанд.
- Мутаассифона, — гуфт ӯ, — теъдоди ҷавонони аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомилшуда рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Аз ҷумла ба ин гурӯҳҳо истиқоматкунандагони шаҳрҳои Исфара, Истаравшан, ноҳияҳои Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ҳамроҳ шудаанд.
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳумоюн Самадов низ оид ба рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани дониши диниву дунявии ҷавонон андешаҳои худро баён дошт.
Дар хотима муовини якуми раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Акрамзода Баҳодур Исмоил ҳозиринро даъват кард, ки баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷидду ҷаҳд намоянд.
Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»