Муҳокимаи парламентӣ

Кадом барнома, ба истиснои Душанбеву ВМКБ, дар дигар шаҳру навоҳӣ иҷро нашуд?

№157 (4577) 22.12.2022

Мухокимаи парламенти (1)Понздаҳуми декабри соли 2022 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2022» муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоб иштирок карданд.

Дилрабо Мансурӣ гуфт, ки ҳоло дар бораи асри иттилоотӣ хеле зиёд сухан меронем. Дар ҳақиқат, асри ХХI асри технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ мебошад. Дар ин аср ҳама самти фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи компютерӣ ва технологияи навтарини коркарди иттилоот баҳраваранд. Саҳми иттилоот дар қабули қарорҳои идоракунии истеҳсолот, ҷамъият, тафаккур ва ҳалли масъалаҳои рӯзмарра ба дараҷае меафзояд, ки он ба омили ҳаётан муҳими инсон таъсир мерасонад.

- Барои дар ҷомеаи муосир фаъолият карда тавонистан ҳар як узви он, бахусус наврасону ҷавонон, бояд аз фарҳанги иттилоотӣ бархӯрдор бошанд. Доштани фарҳанги иттилоотӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ соҳиби дониш, малака ва иқтидори муайян ва тибқи меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқии ин соҳа рафтор кардан мебошад, — зикр кард номбурда ва афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани шароити муосир барои таълиму тарбияи наслҳои оянда, омода намудани кадрҳо барои иқтисоди миллӣ ва барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи техникаву технология бисёр иқдомоти созандаро амалӣ гардонида, маблағгузориро барои рушди ин соҳа сол ба сол афзоиш дода истодааст.

Дар 31 сол барои соҳибмаърифат гардонидани насли наврасу ҷавон ба маблағи 434 миллион сомонӣ зиёда аз 735 номгӯй китоб­ҳои дарсӣ бо шумораи умумии 50 миллион нусха чоп гардидааст.

- Соли 2022 аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои барномаҳои давлатии соҳа дар самти таҳсилоти томактабӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, инчунин, рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ аввалин маротиба ба таври мутамарказ 32 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, — изҳор дошт Дилрабо Мансурӣ.

Бино ба гуфти ӯ, амалигардонии «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ба ҳалли як қатор масъалаҳо, аз ҷумла амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ин соҳа ва татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030», мусоидат намуда, беҳтар кардани технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимии кишварамонро такмил медиҳад.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Даринг Раҳмон Ҷаҳон­афрӯз изҳор дошт, ки дар ҷаҳони муосир рушди соҳаи маорифро бе истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ — коммуникатсионӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Чунон ки тадқиқоти сершумор нишон медиҳанд, зиёд гардидани иттилооте, ки дар соҳаи маориф истифода мешавад, бояд ба манбаи ягонаи иттилоотӣ асос ёфта, ба таври замонавӣ коркард шавад.

Дар ин шароит соҳаи маориф бе истифодаи воситаю усулҳои муосири коркард, интиқол ва пешниҳоди иттилооти электронӣ самаранок буда наметавонад.

- Бо ин мақсад дар кишвар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардиданд, ки ба рушди соҳаи маориф заминаи асосӣ гузоштанд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаву консепсияҳо пайвас­та қабул мегарданд, ки дар рушди соҳа нақши назаррас доранд. «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 — уми сентябри соли 2017 таҳти №443 қабул шудааст, тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад. Мақсад аз қабули барномаи мазкур рушди низоми технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи технологияҳои таълимии муосир, усулҳои инноватсионии таълим ва ташкили фазои ягонаи иттилоотии соҳаи маориф мебошад. Барнома самтҳои афзалиятноки рушдро дар амалӣ кардани технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ инъикос намуда, мутобиқи мақсадҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ин соҳа равона карда шудааст, — зикр кард номбурда.

Зикр гардид, ки таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо техникаи компютерӣ, ташкили шабакаҳои иттилоотӣ ва пайвастшавии онҳо ба шабакаи интернет мутобиқи «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ шуда, то қабули «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 3452 синфхонаи компютерӣ ва 56421 компютер таъмин гардида буданд, вале ин нишондиҳандаҳо талаботи таълими фанни «Технологияи иттилоотӣ»-ро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъмин наменамуданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода оид ба иҷрои «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» маълумот дод. Номбурда иҷрои барномаро банд ба банд таҳлил намуда, изҳор дошт, ки он танҳо дар шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 100 дарсад татбиқ шудааст.

Бино ба гуфти ӯ, бо мақсади амалӣ кардани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 омӯзиши фанни «Технологияи иттилоотӣ» аз синфи 5 оғоз гардид. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм стандарт, барнома ва нақшаи таълимии фанни «Технологияи иттилоотӣ» барои синфҳои 5-11 таҳия, тасдиқ ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрас шуд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур, таҳия ва қабули стандартҳои техникӣ барои истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ Низомнома, Шиносномаи кабинети технологияи иттилоотӣ ва Дастурамал оид ба харидории таҷҳизоти техникӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 — уми феврали соли 2018 таҳти №03/12 ва №03/13 тасдиқ ва даст­рас шудаанд.

Дар давраи солҳои 2018-2021 дар муассисаҳои таълимии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамагӣ 124 синфхонаи нави технологияи иттилоотӣ ташкил ва бо компютер, мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ таъмин карда шуданд. Инчунин, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 3760 синфхонаи технологияи иттилоотӣ фаъолият мекунанд, ки дар ВМКБ 245 адад, шаҳри Душанбе — 319, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 842, вилояти Суғд- 1139 ва вилояти Хатлон 1215 адад мебошад.

- Тибқи талаботи нақшаи дурнамои барномаи мазкур, барои муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар панҷ сол ба ҷои 52017 компютери банақшагирифташуда 20183 адад харидорӣ гардидааст (2018 то нуҳмоҳаи соли 2022), ки 39 дарсади иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Ба ҳолати имрӯза дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 81002 компютер ва 4076 тахтаи электронӣ мавриди истифода қарор дорад.

Айни замон дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 226 барномаи компютерии иҷозатномавӣ мавҷуд буда, барои бо барномаҳои мазкур таъмин намудани муассисаҳои таълимии дигар ба унвони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактуб ирсол карда шуд.

Тибқи нақшаи барнома, дар муддати панҷ сол аз 3393 тахтаи электронии банақшагирифташуда, 2716 адад харидорӣ гардидааст (2018 то нуҳмоҳаи соли 2022), ки 80 дарсади иҷрои нақшаро ташкил медиҳад, — зикр кард номбурда.

Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода доир ба маблағгузории «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, манбаъҳои маблағгузории ҳадафҳои барнома маб­лағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, муқаррар карда шудааст. Дар робита ба ин, чорабиниҳои барнома асосан дар доираи маблағҳои барои соҳа пешбинишуда амалӣ мешаванд.

- Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи механизми меъёрии сарикасӣ (шумораи хонанда) маб­лағгузорӣ карда мешаванд, ки хароҷоти он дар асоси меъёрҳои ҳадди ақали маблағгузорӣ тартиб дода шуда, вобаста ба намуд ва шакл, зинаи таҳсилот, маҳали ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ муайян ва тақсим мегардад.

Мувофиқи таҳлил дар муассисаҳои соҳаи маориф, ки аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, барои захираҳои моддию молӣ, хариди таҷҳизот ва фонд­ҳои асосии ғайримоддӣ дар соли 2019-ум 641,8 миллион сомонӣ, соли 2020-ум — 646,1 миллион, соли 2021-ум 890,3 миллион сомонӣ харҷ гардида, дар соли 2022-юм 732,1 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 559,3 миллион сомонӣ масраф шудааст, ки аз маблағҳои мазкур ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли 2019 -ум 81,3 миллион сомонӣ, соли 2020 — 64,0 миллион, соли 2021 — 112,2 миллион ва соли 2022-юм 131,8 миллион сомонӣ рост меояд. Ҳамзамон, аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар доираи чорабиниҳои барнома ҷиҳати харидории 17247 компютер ба маблағи 65,7 миллион сомонӣ, харидории 2262 тахтаи электронӣ ва 7514 мизу курсии компютерӣ равона гардидааст, — зикр кард номбурда.

Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Ҳасанзода хулоса ва тавсияҳои Палатаи ҳисобро, ки аз натиҷаи чорабинии аудитории гузаронидашуда бардошта шудааст, пешниҳод намуд. Бино ба гуфти ӯ, сарфи назар аз он ки нишондиҳандаҳо талаботи таълими фанни «Технологияи ­итти­лоотӣ»-ро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъмин менамоянд, дар ин самт мушкилот ҳанӯз зиёд аст. Аз ҷумла, сатҳу сифати машғулиятҳо аз фанни «Технологияи иттилоотӣ» дар аксар шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Таҷҳизонидани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо компютерҳо ва ташкил намудани синфхонаҳои нави компютерӣ дар сатҳи паст қарор дошта, синфхона ва компютерҳои муассисаҳои таълимии баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба талаботи стандартҳои техникии қабулгардидаи барнома ҷавобгӯ нестанд.

- Бо назардошти боз ҳам беҳтар гардонидани рушди амалишавии «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳем, ки сатҳу сифати машғулиятҳо аз фанни «Технологияи иттилоотӣ» дар шаҳру ноҳияҳои дурдастро пурзӯр намуда, норасоии кадрӣ ва ба талабот ҷавобгӯ будани мутахассисонро бо дастгирии масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин намоянд. Ҷиҳати таҷҳизонидани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо компютерҳо ва ташкил намудани синфхонаҳои нави компютерӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад, — изҳор дошт номбурда.

Дар муҳокимаи парламентӣ вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволҳояшон аз масъулин посух гирифта, ҳамчунин, ҷиҳати беҳтар кардани кор дар самти татбиқи барномаҳои давлатӣ тавсияҳо доданд.

Дар охир вобаста ба масъалаи баррасишуда қарори дахлдор ва тавсияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ