Аз замони ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Дар Тоҷикистон 26 сол сипарӣ шуд. Ҳодисаҳои солҳои охирро мушоҳида намуда, ба хулоса меоем, ки имрӯз дар ҷараёни бозиҳои сиёсӣ «ҷорӣ кардани демократия» василаи аз байн бурдани оромию суботи мардуми давлатҳои дорои сарватҳои табиӣ шудааст.
Мақолаҳои илмии сиёсатшиносонро хонда, ба хулосаи онҳо, ки имрӯз демократия аз тарафи абарқудратҳо василаи таҳмил кардани манфиати геостратегӣ мебошад, розием.
Вазъияти имрӯзаи баъзе давлатҳои ҷангзадаро дида, Тоҷикистони аввали солҳои 90-уми асри XX, айёми наврасиамро пеши назар меорам. Тарсу ваҳм, сарсониҳои мардум, гуруснагиву ночориву нодорӣ, фиғони наздикони шаҳидгаштагон, ҷасадҳои бесоҳиб, ки боиси ваҳму тарси мо — наврасон буд, аз ёдам намеравад. Он айёми пурваҳшатро ба ёд оварда, ҳоло шукр мекунем, ки аз ин даҳшати ҷанг халос шудем ва насли нав, ҷавонони хушиқбол аз чунин ҳодисаҳои мудҳиш эминанд.
Ҳар як миллат анъанаҳои хоси фарҳангию давлатдориро дорад. Дар таърихи давлатдорӣ фарқияти табиию манфиатҳои халқҳо табиатан мавҷуданд ва ин фарқият сабаби тарҳрезии сиёсати дохиливу беруна мегарданд. Мавҷуд будани ихтилоф сабаби ташаккули тафаккури гуногун ва боиси пайдоиши анъанаҳои зиёд мегардад. Ҳар миллат қонунҳо ва санадҳои меъёрии давлатии худро мутобиқи менталитет ва назокатҳо таҳия менамояд.
Шоҳид будем, ки баъд аз эълони истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон роҳи мушкили ташаккули давлатдориро аз сар гузаронд. Бо таъсири баъзе гурӯҳҳо хатари аз даст додани арзишҳои миллӣ ба миён омада, ин тоифа рушди минбаъдаи Тоҷикистонро танҳо дар асоси дину арзишҳои динӣ тарҳрезӣ менамуданд. Мардум дарк кардаанд, ки бе давлати тавоно ва аркони давлатдорӣ амнияти ҷомеа ва тараққиёти мунтазами соҳаҳоро таъмин кардан имконнопазир аст. Муҳимтар аз ҳама, ин раванд бе сарвари оқилу дурандеш ғайриимкон аст. Хушбахтона, халқи тоҷик Сарвари оқилу дурандешро интихоб карда тавонист ва ин Абармард тавонистанд миллатро сарҷамъ ва мамлакатро тадриҷан аз буҳрони иқтисодӣ, сиёсиву иҷтимои раҳоӣ бахшид, ормонҳои чандҳазорсолаи худро амалӣ намояд.
Таваҷҷуҳ ва ғамхории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ояндасозу ободкор, яъне ҷавонон, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ хоса буд. Мулоқоти нахустини Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони ҷумҳурӣ дар 70-умин рӯзи сарварӣ, яъне 2-юми феврали соли 1993 баргузор гардид, шаҳодати ин гуфтааст.
Ба шарофати ғамхории доимии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди муассисаҳои таҳсилоти олии касбиву миёна, китобхонаву осорхонаҳо, марказҳои варзишиву фарҳангӣ сохта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки ҷавонон қувваи бузурги созанда ва ояндаи миллату давлат буда, барои онҳо бояд тамоми шароит фароҳам шавад.
Зиндагиномаи Пешвои миллат барои ҷавонон мояи ифтихор ва намунаи ибрат мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки Президенти маҳбуби мо дар як марҳилаи тақдирсози миллатамон аз вакили ҷавон ба як Абармарди дунёи сиёсат ва фарзонафарзанди миллат табдил ёфтанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгириҳои мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтаанд. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои созандаву бунёдкорона мебошанд.
Ҷавонони мо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсолон, неруи тавоно ва ояндаи давлат мебошанд. Фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо яке аз масъалаҳои муҳимтарини ниҳодҳои дахлдор мебошад. Ҷавонони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, бо садоқату муҳаббат ватандории хешро исбот намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат саҳмгузор будани онҳоро исбот сохт.
Фурсате омадааст, ки ба масъалаи ҷавонон бо назари нав рӯ оварда, аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо истифода барем. Чунин муносибат имрӯз яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.
Бо назардошти он ки замони имрӯза бо баъзе равандҳои мураккаб, ба монанди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо доман паҳн карда истодаанд, ҷавонони мо кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки ба маънои том пайрави Пешвои миллат бошанд.
Суханони Пешвои миллат: «Фардои ин Ватани азиз аз ташаббусҳои наҷиб ва анҷоми рисолатҳои бузурги шумо оғоз мешавад» намунаи олии эътимод ба ҷавонони Тоҷикистон мебошад. Табиист, ки ин рисолатро ҷавонон дар фазои амну осоиштаи Ватан, ки ба шарофати ваҳдати миллӣ фароҳам аст, метавонанд дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намоянд.
Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон