Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Киҳо аз пардохти хироҷи сайёҳӣ ва ҳаҷи фарзию умра озоданд?

№48 - 49 (3998 - 99) 30.04.2019

Вакилони Маҷлиси намояндагон бо баррасии доманадори лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» оид ба ҷорӣ намудани ин гуна хироҷ, ки ба ворид гардидани маблағҳои иловагӣ ба Буҷети давлатӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва танзими сафарҳои ҳаҷ ва умра мусоидат менамояд, ба хулоса расиданд.

DSC_2078Бисту шашуми апрели соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум доир гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъект­ҳои хоҷагидор»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо мақсади иҷрои банди 3 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 21 январи соли 2019, №1 ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии даромади Буҷети давлатӣ ва танзими сафарҳои ҳаҷ ва умра, инчунин, истифодаи босамари маблағҳои аз хизматрасонии сайёҳӣ воридшаванда, таҳия шудааст.

Дар лоиҳаи санади мазкур муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷоми сафари хориҷӣ ва аз сайёҳони хориҷӣ дар доираи бастаҳои сайёҳӣ, инчунин аз сайёҳони хориҷӣ барои ҳар як шабонарӯзи хизматрасонии меҳмонхона (хонаист, ҳостел, апартамент), осоишгоҳ, истироҳатгоҳ, спа-меҳмонхона, пойгоҳи сайёҳию бӯстонсаро ва аз шахсони воқеие, ки расмиёти муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба динро доир ба сафари ҳаҷ ва умра анҷом медиҳанд, пешбинӣ гардидааст. Дар робита ба ин, дар моддаҳои дахлдори лоиҳа ширкатҳои сайёҳӣ ва субъектҳои ба фаъолияти хизмат­расонии сайёҳӣ машғул, инчунин мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, ки барасмиятдарории сафари ҳаҷ ва умраро анҷом медиҳанд, ҳамчун агенти ҷамъоварандаи хироҷ муайян шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки пардохтҳои мазкур барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар давлатҳои ҳамсоя ва шарикони тиҷоратӣ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Туркия, Украина ва Федератсияи Россия низ пешбинӣ гардидааст.

Тибқи муқаррароти дахлдори лоиҳа, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни рафъи оқибатҳои фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил», шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон – маъюбони гурӯҳҳои 1 ва II, шахсони ноболиғи то шонздаҳсола, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки сафарҳои сайёҳии дохилӣ анҷом медиҳанд, инчунин кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия гардидаанд, аз пардохти хироҷи мазкур озоданд.

Барои маълумот зикр менамоям, ки соли 2018, мутобиқи маълумоти оморӣ, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар қиёс ба соли 2017 тақрибан як маротиба афзоиш ёфтааст ва айни замон дар бозори сайёҳии кишвар 145 ширкат ба сайёҳон хизматрасонӣ менамоянд. Соли сипаришуда ба ҷумҳурӣ зиёда аз як миллион (1037,0 ҳазор) нафар шахсони хориҷӣ ҳамчун сайёҳ ташриф оварданд, ки дар қиёс ба соли 2017-ум 607 ҳазор нафар ё 2,4 маротиба зиёд мебошад. Даромади ширкатҳо дар соли 2018 ба 16,9 млн.сомонӣ (бе дарназардошти ААИ) баробар шудааст, ки нисбат ба ду соли қаблӣ 9 млн. сомонӣ ё 1,9 маротиба зиёд аст. Дар ин замина, бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, муқаррар намудани хироҷи сайёҳӣ барои дарёфти манбаъҳои нави воридоти маблағ ба Буҷети давлатӣ ва бахусус, барои бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ, мусоидат менамояд.

Тибқи квотаҳои муайяншуда, солҳои 2017 ва 2018 мутаносибан 6500 ва 7000 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ зиёрати ҳаҷи фарзиро анҷом додаанд. Ҳамчунин, тавассути ду ширкати ватанӣ соли гузашта 1873 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ расмиёти ҳаҷи умраро анҷом доданд, ки нисбат ба соли 2017-ум 470 нафар зиёд мебошад.

Бо мақсади танзим ва истифодаи самараноки маблағҳои аз ин намуди хизматрасонӣ воридшаванда ва дарёфти манбаъҳои иловагии даромади Буҷети давлатӣ, ҷорӣ намудани хироҷ барои шахсоне, ки ҳаҷи фарзӣ ва умраро анҷом медиҳанд, тадбири саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Инчунин, ҷиҳати иҷрои супоришҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матни моддаи 3 қонуни мазкур калимаи «Сарқонун» хориҷ мегардад.

Бо дарназардошти ин, аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъа­ла ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади дарёфти манбаъҳои нави воридоти маблағ ба Буҷети давлатӣ барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, пардохтҳои дахлдор, танзими сафарҳои ҳаҷ ва умра, ҳамчунин барои истифодаи босамари маблағҳои хизматрасонӣ таҳия гардидааст.

Ба қонуни мазкур барои пардохти хироҷи сайёҳӣ ва хироҷ барои сафари ҳаҷ ва умра бобҳои 169 (хироҷи сайёҳӣ) ва 1610 (хироҷ барои сафари ҳаҷ ва умра) илова карда мешаванд. Мутобиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» моддаҳои 6322  (Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷи сайёҳӣ), 6323 (Супорандагони хироҷ), 6324 (Меъёр, тартиби ҳисоб ва муҳлати супоридани хироҷ),  6325(Имтиёзҳо)  илова  карда мешаванд, ки хироҷи сайёҳӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ барои хизматрасонии (фурӯши) бастаҳои сайёҳӣ ва аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳар як шабонарӯзи хизматрасонии меҳмонхона (хонаист, ҳостел, апартамент), осоишгоҳ, истироҳатгоҳ, спа-меҳмонхона, пойгоҳи сайёҳӣ ва бӯстонсаро аз сайёҳони хориҷӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хориҷи кишвар бо  мақсади сайёҳӣ сафар менамоянд, ситонида мешавад (ба истиснои имтиёзҳои пешбининамудаи моддаи 6325Имтиёзҳо).

Инчунин, ба қонуни мазкур  моддаҳои 6326 (Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои сафари ҳаҷ ва умра), 6327 (Супорандагони хироҷ), 6328 (Меъёр, тартиби ҳисоб ва муҳлати супоридани хироҷ) илова мегарданд, ки хироҷ барои сафари ҳаҷ ва умра аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми барасмиятдарории сафари ҳаҷ ва умра аз шахсони воқеӣ ситонида мешавад (ба истиснои ҳайати гурӯҳи корӣ, табибон ва роҳбаладон).

Меъёр, тартиби ҳисобкунӣ ва муҳлати супоридани хироҷро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Тибқи талаботи лоиҳаи қонуни мазкур, маблағҳои пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин барои такмили он 15 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 9 — тоаш қабул ва дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуд.

Ҳамчунин, таклифу эродҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид, дар кумита бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва мақомоти дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Доир ба масъала кӣ савол дорад? Марҳамат, сухан ба вакил Ғафоров Абдуҳалим  дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФОРОВ: - Муҳтарам вазир! Агар хироҷ низ як навъи андоз бошад, маблағи солонаи он чӣ миқдорро ташкил хоҳад дод?

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор: - Мо маълумоти алоҳидаро аз ин бобат дар ихтиёр надорем.

РАИС:  Сухан ба вакил Нурулло Оқилзода дода мешавад.

Нурулло Оқилзода: - Муҳтарам Раис! Ман ба муаллифони лоиҳаи қонун ду савол дорам:

1. Ба ҷумҳурӣ  одамони зиёд  барои табобату истироҳат омада, дар осоишгоҳҳо ҷой мегиранд. Магар онҳо низ барои ҳар як шабонарӯз хироҷ месупоранд?

2. Оё бо ҷорӣ кардани хироҷ маблағи сафари ҳаҷ гарон намешавад?

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Хироҷ ба онҳое, ки барои табобат дар осоишгоҳҳо меоянд, рабт надорад. Он барои сайёҳоне, ки ба кишвар меоянд, ҳамчунин шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба хориҷа сафар мекунанд ва шахсоне, ки ба ҳаҷи фарзӣ ва умра мераванд, дахл дорад. Хироҷе, ки шахсони ба ҳаҷраванда пардохт менамоянд, барояшон гаронӣ надорад.

АБДУҒАФФОРЗОДА Нуъмон Абдуғаффор, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: - Муҳтарам Раис! Андозаи хироҷи мазкур он қадар зиёд набуда, аз 1 доллар беш нест. Соли гузашта аз шумори сайёҳони ба ҷумҳуриомада, ки теъдодашон  аз як миллион нафар бештар буд, 314 ҳазор нафарашон дар иншооти сайёҳӣ ҷойгир шуданд. Маблағи аз хироҷи мазкур бадастомада барои рушди инфрасохтори сайёҳии кишвар сарф хоҳад шуд.

РАИС:  — Сухан ба вакил Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис! Ман ба раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон савол дорам. Ҳар як лоиҳаи омодашавандаи қонун асосноккунӣ дорад. Аз ҷумла, ҷорӣ намудани хироҷи сайёҳӣ низ бе далел нест. Оё хироҷе, ки ҷорӣ мешавад, боиси кам шудани  шумораи сайёҳон  намегардад? Мувофиқи маълумот, ҳоло ҳар рӯз ба ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 3065 нафар сайёҳ ворид мешаванд.

АБДУҒАФФОРЗОДА Нуъмон Абдуғаффор: — Муҳтарам вакил, мо чунин таҳлил гузаронидем. Соли гузашта 1 миллиону 155 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд, ки назар ба соли 2017 беш аз 2,6 маротиба зиёд аст. Дар се моҳи соли 2019 бошад, зиёда аз 215 ҳазор нафар сайёҳ ба кишвар  омаданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2017  як маротиба зиёд мебошад. Мавсими сайру саёҳат дар ҷумҳурӣ аз моҳи май шурӯъ мешавад ва шумораи сайёҳон тадриҷан зиёд хоҳад шуд.

Вобаста ба хироҷи мазкур якҷо бо Вазорати молия таҳлил гузаронида, ба хулоса омадем, ки он барои сайёҳон гаронӣ надорад, зеро аз 1 доллари амрикоӣ беш нахоҳад буд ва он аз ҳисоби субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ пардохта мешавад, яъне аз ҳисоби меҳмонхонаву иншооти дигари сайёҳӣ.

РАИС: - Сухан ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.

 Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис! Масалан, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистони ҳамсоя шахсоне ба кишвар меоянд, ки камбизоатанд ва дар хонаи хешу табору шинос ҷойгир мешаванд. Магар онҳо низ хироҷ месупоранд?

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: - Ин гуна шахсон аз иншооти хизматрасонӣ ва сайёҳӣ истифода намебаранд ва аз пардохти хироҷ озоданд.

Дар заминаи қабули қонун тартиби ситонидани хироҷ вобаста ба ҳама категорияи шахсон таҳия ва қабул карда шуда, тибқи  он хироҷ гирифта мешавад. Яъне, сарфи назар аз вазъи иҷтимоияшон, пардохти хироҷ ҳам барои шаҳрвандони мо ва ҳам барои ашхоси хориҷӣ гаронӣ нахоҳад кард.

РАИС: – Ман дар мавриди моддаи 6322 як чизро аниқ карданӣ будам. Тибқи муқаррароти он, хироҷи мазкурро сайёҳони хориҷӣ  ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, пардохт менамоянд. Ин магар ба андозбандии дукарата боис намешавад, зеро мо бо як қатор кишварҳо дар ин бобат шартнома ба имзо расонидаем. Оё ин масъалаҳо мадди назар гирифта шудаанд?

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Мо бо 36 кишвар дар бобати канорагирӣ аз андозбандии дукарата шартнома ба имзо расонидаем. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала як мисол меорам. Мо чанде пеш  ба Туркманистон сафар доштем. Мувофиқи муқаррарот, ҳайати асосӣ (1+5) аз пардохти ҳама хизматрасонии муқарраршуда бояд озод буда, аз дигар аъзои  гурӯҳ  ин пардохтпулӣ ситонида мешуд. Вале аз ҳамаи мо, ки ба ин ҳайат шомил будем, ба андозаи 15 долларӣ пардохтпулӣ  ситонида шуд, ҳарчанд ки мо бо ин кишвар дар бобати канорагирӣ аз андозбандии дукарата шартнома дорем. Таҳиягарони қонун ҳоло ҳама ҷиҳати масъалаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва дар тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур ин самтҳо мадди назар гирифта хоҳад шуд.

РАИС: — Ин ҷо гап дар бораи гаронӣ овардан ё наовардани ин нав­ъи хироҷ, ки ҳарчанд  аз як доллар беш набошад ҳам, намеравад. Гап сари низому тартиб ва меъёрҳои байналмилалӣ аст. Ин ҷо бояд ҳатман коре бояд кард, ки амали  андозбандии дукарата ба миён наояд. Биноан, ман чунин масъала гузошта будам то ин ки нофаҳмие дар миён наафтад. Ин ҷо Туркманистон барои мо набояд намуна бошад.  Дигар давлатҳо дар мавриди мавҷуд будани чунин шартномаҳо, ин гуна рафтор накунанд, боҷу хироҷи дукарата наситонанд. Ҳарчанд ки дар банди дуюми ин модда таъкид шудааст, ки ширкатҳои сайёҳӣ дар мавриди аз ҷониби сайёҳон пардохт шудани ин навъи хироҷ маълумотнома пешниҳод намоянд. Ин бояд асоси он бошад, ки дар хориҷа дубора чунин хироҷро наситонанд.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: - Муҳтарам Раис! Вақте ки сайёҳ ба ҷумҳурӣ омада, дар шаҳри Хуҷанд ё ягон шаҳру ноҳияи дигар ҷой мегирад, ҳамроҳ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷ дорад ва ин, албатта, асос барои канорагирӣ аз андозбандии дукарата хоҳад буд. Ширкатҳои сайёҳие, ки барои сайёҳон бастаҳои сайёҳиро мефурӯшанд, ҳатман инро ба назар мегиранд.

РАИС: — Чун ин хироҷ аз ҳисоби сайёҳон ва онҳое, ки ба ҳаҷи фарзӣ ва умра мераванд, ситонида мешавад, бо кадом мақсад он рӯёнида, ба кадом самт харҷ мешавад?

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Ин маблағҳо асосан барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ сарф мешавад. Бо дастгирии мақоми қонунгузори мамлакат ширкатҳои сайёҳӣ аз дигар имтиёзҳо низ бархӯрдор шудаанд, ки маблағҳои  бадастомада  ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ равона хоҳанд шуд.

РАИС: — Муҳтарам Давлатзода. Оё ин навъи хироҷ  аз онҳое, ки имсол ба ҳаҷ мераванд, ситонида мешавад?

ДАВЛАТЗОДА Сулаймон Пирхон, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ: — Муҳтарам Раис! Сафар ба ҳаҷ тақрибан аз 20 июли соли ҷорӣ оғоз меёбад ва агар то ин муддат  қонуни мазкур мавриди амал қарор ёбад, ин навъи хироҷ аз зоирин ситонида мешавад.

РАИС: — То ҷое маълум аст, ҳоло маблағи сафари ҳаҷро, ки беш аз 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, шахсони ба ҳаҷраванда пардохта истодаанд. Магар ин навъи хироҷ аз онҳо иловатан ситонида мешавад?

ДАВЛАТЗОДА Сулаймон  Пирхон: — Аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маблағи умумии ҳаҷ  маблағи хароҷоти эҳтимолӣ пешбинӣ шудааст ва хироҷи муайяншуда аз ҳамон маблағ ҳисоб карда мешавад.

РАИС: — Агар ҳамин гуна  хароҷоти эҳтимолӣ ба миён наояд, маблағи он ба зоирин баргардонида мешавад?

ДАВЛАТЗОДА Сулаймон Пирхон: — Не, баргардонида намешавад.

РАИС: — Дар ин бобат фикр кунед.

Дар лоиҳаи қонун омадааст, ки маблағи пардохтгардидаи хироҷ баргардонида намешавад. Дар ҳолати беморӣ, даст кашидан, фавти шахс ва дигар ҳолатҳое, ки саёҳат ва сафари ҳаҷро имконпазир намегардонанд, маблағи пардохтшудаи хироҷ баргардонида мешавад ё не?

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Не, баргардонида намешавад.

РАИС: Инро чӣ гуна бояд фаҳмид?

Шариф РАҲИМЗОДА, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия:

- Ин хироҷ  маблағи хизматрасонист, ки ба шахс расонида шудааст. Сарфи назар аз он ки шахс  баъдан  бинобар беморӣ ё сабаби дигар, аз сафар даст мекашад ё фавти ӯ, ин хидматрасонӣ аллакай ба вай расонида шудааст. Хироҷ пулест, ки бар ивази он ба шахс хизмат расонида шудааст. Яъне, хироҷ  харҷи хизмат­расонӣ мебошад.

РАИС: — Ман беҳуда ин саволро надодам, зеро шахсе, ки ба саёҳат ё ҳаҷ  наравад, чӣ гуна аз ӯ хироҷ ситонидан мумкин аст?

Абдуғаффор РАҲМОНЗОДА:  — Дар қонун омадааст, ки хироҷ барои анҷоми амал ситонида мешавад.

РАИС: — Дар моддаи 6322, ки мо онро ба қонун илова карданӣ ҳастем, омадааст: Хироҷи давлатӣ (минбаъд хироҷ) аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ барои хизматрасонии фурӯши бастаҳои сайёҳӣ ва аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳар як шабонарӯз хизматрасонии меҳмонхонаҳо, пойгоҳҳои сайёҳӣ, бӯстонсаройҳо, сайёҳони хориҷӣ ва аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хориҷи кишвар ба мақсади сайёҳӣ сафар менамоянд, ситонида мешавад.

Ҳоло дар толор қариб ҳама бар он ақидаанд, ки муқаррароти дар лоиҳаи қонун зикршуда  дуруст мебошад, вале аз посух ба саволҳо муайян мегардад, ки масъулон то ба охир ин масъаларо возеҳ накардаанд.

Дар толор Одиназода Назар Санг, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доранд. Ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки масъалаҳои қимат кардани нархи обу барқ, интернет ва хизматрасониҳои дигар ҷанбаи иҷтимоӣ доранд, масъалаҳоеанд, ки ба даромад бевосита дахл мекунанд. Биноан, метавонанд мушкилот ба миён оранд. Моро мебояд поямонро мувофиқи кӯрпаамон дароз кунем. Ана ҳамон қароре, ки дар масъалаи нархи интернет қабул кардед ва он дар ҷумҳурӣ боиси гапу калочаи зиёд гардид, бояд бо раиси Ҳукумат мувофиқа мекардед, онро асоснок менамудед.

Бубинед, сокинони наздисарҳадии мамлакат аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Афғонистон даста-даста симкартаҳоро дастрас намуда, ба ширкатҳои мобилии он кишварҳо пайваст шуданӣ буданд. Ин барои мо чӣ фоида меовард? Аз ин ҷо, хироҷ низ пули мардум аст, онро аз ҷайбаш пардохт мекунад. Солҳои дароз барои сафари ҳаҷ маблағ ҷамъ мекунад. Биноан, пардохтҳои иҷтимоӣ бояд ҳатман асоснок карда шаванд. Вакилони парламент низ аз иқдомҳое, ки Хадамоти зиддинҳисорӣ пиёда карданӣ аст, бояд воқиф гардонида шаванд. Барояшон маълумот пешниҳод карда шавад, ки бинобар кадом сабабу омилҳо онҳо нархномаву тарофаҳои хизматрасонӣ ва мисли онро боло бурданианд, зеро вакилони мардумӣ хубтар воқифанд, ки мардум ин тағйиротро таҳмил карда метавонад ё не. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки лоиҳаи қонун як бори дигар таҷдиди назар шавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: – Муҳтарам Раис. Дар моддаи 6324 тартиби ситонидани хироҷ вобаста ба бастаҳои сайёҳӣ муайян шудааст. Дар қисми дуюми он зикр шудааст, ки хироҷ мутобиқ ба хизматрасонии ширкат ба мизоҷ ситонида мешавад. Яъне, хироҷ аз рӯи хизматрасонии воқеӣ ситонида мешавад. Вобаста ба маблағи ҳаҷ: агар шахс ба ҳаҷ наравад, маблағ ба вай баргардонида мешавад.

Дар моддаи 6328 муҳлат ва тартиби супоридани хироҷ муайян шудааст. Чуноне болотар гуфтам, мо тартиби алоҳида омода карда истодаем ва баъди қабули қонун ҷузъиёте, ки ба меъёри ҳисоб ва тартиби пардохти хироҷ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ вобаста аст, ба инобат хоҳем гирифт.

РАИС: — Муҳтарам вазир, ман шуморо фаҳмидам. Аммо суоли ман вобастагӣ дошт ба ҳолатҳои истисноӣ, аз ҷумла бемории шахс ё вафоти ӯ.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Муҳтарам Раис. Ин ҳамаро мо дар тартиб ҷой хоҳем дод.

РАИС: — Сухан ба вакил Сафарзода Бахтиёр дода мешавад.

Бахтиёр САФАРЗОДА: — Муҳтарам Раис! Дар ҳама қонун вобаста ба боҷ моддаҳои алоҳида ҷой дода шуда, дар онҳо зикр шудааст, ки хироҷи пардохтшуда баргардонида намешавад, бар истиснои ин ки шахсони хироҷро пардохтнамуда то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти онро бақайдгиранда аз бақайдгирӣ даст кашанд. Ҳамчунин баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда ситонидани маблағро таъин менамояд, маблағи пардохтгардида баргардонида намешавад.

Яъне, ин меъёр ба ин қонун низ бояд илова карда шавад.

РАИС: — Сухан ба вакил Миралиён Қиёмиддин дода мешавад.

Қиёмиддин МИРАЛИЁН: — Муҳтарам Раис! Сайёҳ хироҷи мазкурро метавонад дар рӯзи аввали ба меҳмонхона омадан, баъди якчанд рӯз ё дар охири сафар пардохт намояд. Ин ҷо гап дар бораи меҳмонхонаҳо меравад. Агар дар тартибе, ки минбаъд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад, чунин муносибат мушаххас нишон дода шавад, боке нахоҳад буд.

РАИС: - Гап сари он аст, ки ҳоло шахсоне, ки мехоҳанд ба ҳаҷ раванд, маблағро месупоранд ва он ба ҷониби Арабис­тони Саудӣ фиристода мешавад. Давоми ду — се моҳи то мавсими ҳаҷ боқимонда шояд ба чанд нафар ҳамин ҳолатҳое, ки болотар ишора кардем, рӯй диҳад ва чуноне роҳбари соҳа мегӯяд, ин маблағҳо баргардонида намешаванд.

ДАВЛАТЗОДА Сулаймон Пирхон: — Муҳтарам Раис! Ҳамон маблағи хароҷоти эҳтимолие, ки тақрибан ба 500 сомонӣ баробар аст, баргардонида намешавад. Маблағи боқимонда пурра баргардонида мешавад.

РАИС: — Агар маблағ баргардонида шавад, чаро хироҷро барнамегардонед?

Шариф РАҲИМЗОДА! – Муҳтарам Раис! Хироҷ маблағи хизматрасонидашуда аст. Шахсе, ки ҳуҷҷатҳояшро супорид, ба вай хизмат­расонӣ анҷом дода мешавад. Хироҷ пули ҳамон хизматрасонист. Пуле, ки шахс медиҳад, як масъала асту хироҷ масъалаи дигар. Масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» омадааст: «Хироҷ ин маблағи хизматрасониҳои ҳуқуқӣ ба шахс мебошад». Яъне, ҳуҷҷатгузорӣ ба амал бароварда, кор иҷро ва хироҷ барои он ситонида шудааст».

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: - Дар лоиҳаи қонун дар бораи муқаррароти сафари ҳаҷ ва умра омадааст: хироҷ барои сафари ҳаҷ ва умра аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва шахсони дигари ҳуқуқӣ ҳангоми барасмиятдарории сафари ҳаҷ ва умра аз шахсони воқеӣ ситонида мешавад.

Манзури мо ин аст, ки вақте ҳуҷҷатҳо супорида мешаванд, ширкатҳое, ки онҳоро омода менамоянд, хароҷоти дахлдор доранд ва ин харҷ, ки маблағи на он қадар зиёдро ташкил менамояд, барои раванди барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо сарф мешавад.

Аз маблағи умумии ҳаҷ танҳо ду маблағ дар ихтиёри давлат мемонад: хироҷе, ки ҳоло дар бораи он баҳс дорем ва ҳамон 750 сомонӣ маблағи эҳтиётие, ки пешбинӣ мешавад. Ба шахсоне, ки бинобар сабабҳои гуногун ба сафари ҳаҷ рафта наметавонанд, маблағи боқимонда баргардонида мешавад. Маблағи раводид низ баргардонида намешавад, чун ин маблағи хизмат­расонии ҳамон мақом аст.

Такроран ҳам шавад, мегӯям, ки дар тартиби мавриди амал қарор додани қонун ҳама ҷузъиёти он мушаххасан нишон дода мешавад.

РАИС: — Дар ин бобат шумо муҳтарам Ализода, чӣ фикр доред?

Зариф АЛИЗОДА, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: — Муҳтарам Раис! Хироҷ маблағе мебошад, ки дар асоси хизматрасонӣ пардохт шудааст. Масалан, ҳангоми супоридани маблағи сафари ҳаҷ шахс маблағи хироҷро низ супорид. Ё барои раводид гирифтан. Амали гирифтани раводид оғоз ёфт, раводид омода шуд, вале шахс бинобар кадом сабабе ба сафар рафта натавонад ҳам, маблағи барои раводид пардохтнамудааш баргардонида намешавад. Ҳамин тариқ бо бастаҳои сайёҳӣ низ. Агар шахс бастаи сайёҳиро гирифта, ба меҳмонхона наояд, аз вай дар он ҷо хироҷ ситонида намешавад. Шахс танҳо ҳангоми гирифтани баста хироҷ месупораду халос. Биноан, пардохтҳои ҳатмӣ баргардонида намешаванд.

РАИС: — Боз ягон нафар савол дорад ё сухан гуфтан мехоҳад? Сухан ба вакил Холиқзода Абдураҳим дода мешавад.

Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА: — Муҳтарам Раис! Маблағе, ки барои ҳаҷ супорида мешавад ва агар шахс рафта натавонад, ҳатман баргардонида мешавад. Дар таърихи Кумитаи дин чунин нашудааст, ки маблағро барнагардонда бошанд. Фаразан, агар шахс вафот кунад, агар ба ҷои ӯ ягон хешовандаш соли оянда равад, маблағаш нигоҳ ­дошта мешавад. Ё мувофиқи хоҳиши шаҳрванд ба ягон шахси наздикаш ё меросхӯри ӯ баргардонида мешавад. Ин ҷо бояд касе шакку шубҳа надошта бошад.

РАИС: - Сухан ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Фелалиев Акрамшо дода мешавад.

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ: — Тавре вакил Бахтовар Сафарзода иброз дошт, дар қонунҳо вобаста ба пардохтҳои ҳатмӣ муқаррароти танзимкунанда вуҷуд дорад. Моддаҳое, ки ба қонуни амалкунанда дар сурати қабули лоиҳаи қонун илова карда мешаванд, дорои примҳо мебошанд ва ба ҳамон қонун рабт хоҳанд дошт. Бинобар ин, пешниҳод менамоям лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба тасвиб расид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъект­ҳои хоҷагидор» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо мақсади иҷрои дас­туру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 бармеоянд, ҷиҳати идомаи ислоҳоти соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод шудааст.

Тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ, чор хадамоти санҷишию назоратии назди Вазорати кишоварзӣ ва се хадамоти санҷишию назоратии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муттаҳид гардида, мувофиқан сохторҳои нав, яъне Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис ёфт. Дар ин раванд аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории Вазорати нақлиёт ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт сохтори нав, яъне Агентии авиатсияи гражданӣ, таъсис шуд. Тадбирҳои мазкур ба беҳтар намудани маъмурикунонии ҷараёни санҷишҳо тавассути кам кардани мавзӯи санҷишҳо аз 57 то 55 адад, сарфа намудани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби ихтисор кардани шумораи кормандони мақомоти санҷишӣ аз 386 то 279 воҳид мусоидат намуд. Дар натиҷа, шумораи умумии санҷишҳои ин мақомот аз 78,7 ҳазор дар соли 2016 то ба 39,2 ҳазор дар соли 2018 кам шуд.

Ислоҳот дар самти ба танзим даровардан ва кам кардани санҷишҳо, инчунин шаффофу сода гузаронидани санҷишҳои субъектҳои хоҷагидор бо мақсади осон намудани пешбурди соҳибкорӣ дар кишвар аз давраи мавриди амал қарор додани Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» марҳила ба марҳила татбиқ гардида истодааст. Вобаста ба ин, аз соли 2016 ба он ҷиҳати кам кардани шумораи мақомоти санҷишӣ 18 июли соли 2017 тағйирот ворид ва шумораи мақомоти санҷишӣ аз 31 ба 28 адад кам карда шуд.

Бо ворид намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, шумораи умумии мақомоти давлатие, ки санҷиши фаъолияти субъект­ҳои хоҷагидорро мегузаронанд, ба 25 адад мерасад. Бинобар ин, аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 баён доштанд ва бо дарназардош­ти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 266 «Дар бораи ислоҳоти минбаъдаи соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» таҳия гардидааст.

Дар асоси қарори мазкур чор хадамоти санҷишию назоратии назди Вазорати кишоварзӣ ва се хадамоти санҷишию назоратии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муттаҳид гардида, мувофиқан сохторҳои нав – Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис ёфт, ки он ба кам кардани такроршавии вазифаҳои монанд, сабук намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти санҷишӣ, сарфа намудани маблағҳои буҷетӣ, кам кардани монеаҳои фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуда, низоми самаранок ва аз ҷиҳати иқтисодӣ муфидро ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ҷорӣ менамояд.

Ҳамчунин, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №596 аз ҳисоби ихтисори воҳиди кории Вазорати нақлиёт ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Бинобар ин, дар қисми 1 моддаи 10 қонун тағйироти зарурӣ, яъне мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатии санҷишӣ ворид карда шуд.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи соҳаи санҷиши фаъолияти субъект­ҳои хоҷагидор мутобиқ намудани мавзӯъҳои санҷишию назоратии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ, инчунин, муайян намудани мақоми ваколатдори давлатии санҷишӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мебошад. Бинобар ин, ба бандҳои 11, 12 ва 13 қисми 1 моддаи 10 лоиҳа тағйироту илова ворид гардида, бандҳои 15, 16 ва 18 хориҷ карда шуданд, аз банди 20 калимаи «ҳавоӣ» хориҷ карда, бандҳои 17, 19 то 28 мувофиқан бандҳои 15, 16 ва 25 ҳисобида шуданд.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуда, 13 таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо ҳафттояш қабул гардид.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Назар Санг дода мешавад.

Одиназода Назар Санг:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои боби 30 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи инҳисороти табиӣ» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мутобиқгардонии меъёрҳои боби мазкур ба санадҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ мушкилоти соҳаи зиддиинҳисориро бартараф ва самти фаъолияти мақомоти давлатиро дар татбиқи дурусти моддаҳои боби 30 кодекси мазкур нисбат ба оғоз ва пешбурди парвандаҳои маъмурӣ таъмин ва мушаххас намуда, тақвият мебахшад.

Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъи рақобати бевиҷдонона моҳи майи соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» қабул гардида, меъёрҳои он баъзе калимаву ибораҳоро ифода намудааст, ки мутобиқгардонии меъёрҳои боби 30 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён овардааст. Бинобар ин, меъёри моддаҳои 542 ва 558 кодекси мазкур ба меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи инҳисороти табиӣ», меъёрҳои моддаҳои 543, 544 ва 553 кодекси номбурда ба меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ва дигар меъёрҳои моддаҳои боби 30 кодекси зикргардида ба қонунгузории ҷорӣ мутобиқ гардонида шуданд.

Вобаста ба тағйир ёфтани қисми 2 моддаи 558 кодекси мазкур, бояд тазаккур дод, ки мувофиқи қисми 6 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» огоҳинома дар бораи дароз кардани муҳлати баррасии дархост аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба дархосткунанда пешниҳод мегардад, вале дар матни қисми 2 моддаи 558 ҷазои маъмурӣ барои ирсол накардани огоҳинома ба мақомоти зиддиинҳисорӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин меъёр ба талаботи қисми 6 моддаи мазкур мухолифат менамояд.

Қисми 3 — юми иловагардида ба моддаи 558 масъалаи аз тарафи шахс ва ё гурӯҳи шахсон огоҳ насохтани мақомоти зиддиинҳисориро дар хусуси соҳиб шудан ба шумораи бештари овозҳо, ки дар натиҷаи харидории саҳмия ба амал меояд, танзим намуда, масъулияти шахсонро дар таъмини талаботи қисми 7 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» бештар менамояд, зеро тибқи қисми 7 моддаи 11 қонуни мазкур, шахс ва ё гурӯҳи шахсон, ки дар натиҷаи харидории саҳмия дар бозор аз сармояи оинномавии субъекти инҳисори табиӣ ва ё дар натиҷаи аҳдҳои дигар, аз ҷумла аз тариқи шартномаҳои супориш, идораи ба боварӣ асосёфта ва гарав ба бештар аз 0,5 фоизи теъдоди умумии овозҳои ба саҳмияҳои сармояи оинномавии ба субъектҳои инҳисороти табиӣ тааллуқдошта соҳиб мегарданд, вазифадоранд, ки дар ин бора ва дар бораи ҳолатҳои тағйири теъдоди овозҳои ба онҳо тааллуқдошта мақомоти ваколатдорро дар муҳлати се рӯзи ба он соҳиб шудан, огоҳ созанд.

Ба ҳамин тартиб, моддаи 558 ва дигар моддаҳои кодекси амалкунанда такмил ва ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи инҳисороти табиӣ» ва «Дар бораи ҳимояи рақобат» мутобиқ гардонида шуданд. Илова бар ин, қабули лоиҳаи қонуни номбурда ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии соҳаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва татбиқ гардидани моддаҳои дахлдори қисми махсуси кодекси мазкур дар самти фаъолият, инчунин барои аз байн бурдани духӯрагӣ ва гуногунфаҳмии меъёрҳои кодекси мазкур мусоидат менамояд. Хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои моддаи 30 ва боби 30 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» «Дар бораи инҳисороти табиӣ» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардида, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, дар моддаҳои 30, 542 ва 558 иваз кардани калимаҳои «монополияҳои», «монополии» ва «монополияҳои табиӣ» ба калимаҳои «инҳисороти», «инҳисории» ва «инҳисороти табиӣ» пешбинӣ гардидааст. Инчунин, дар моддаи 558, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани нарху тарифҳои муқаррарнамудаи мақомоти танзимкунандаи фаъолияти инҳисороти табиӣ ва ба он пешниҳод накардани дархост муқаррар намудааст, диспозитсияи қисми 2 дар таҳрири нав ифода шуда, қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

«3. Барои аз тарафи шахс ё гурӯҳи шахсон огоҳ накардани мақомоти ваколатдори танзимкунандаи фаъолияти инҳисороти табиӣ дар хусуси соҳиб гардидан ба шумораи бештари овозҳо ё тағйири овозҳои ба онҳо тааллуқдошта, ки қонунгузорӣ дар бораи инҳисороти табиӣ муқаррар намудааст, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2019, №2132 барои хулоса ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз ҷониби кумитаи масъул, кумитаҳо оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, инчунин шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, дар маҷмӯъ, 11 таклиф пешниҳод ва қобили қабул дониста шуд.

Кумитаи масъул 18 апрели соли равон бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронид. Пас аз баррасӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» он аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории мамлакат мухолифат надорад ва маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи он ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сабурзода Мирзодавлат дода мешавад.

САБУРЗОДА Мирзодавлат:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи чарогоҳ» дар таҳрири нав, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, Рустам Латифзода, Мирзоанвар Ахмедов, Бибидавлат Авзалшоева, Баҳром Абдуалимов ва Бадриддин Садриддинзода таҳия гардидааст, ба баррасии шумо пешниҳод мешавад. Лоиҳаи қонуни мазкур, тибқи хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби гурӯҳи корӣ такмил дода шуда, барои хулосаи такрорӣ пешниҳод гардида буд.

Лоиҳаи қонуни такмилшуда бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2018, №1771 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонун тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ, бартараф намудани мухолифат байни чарогоҳистифодабарандагон, аз ҷумла дар раванди рондани чорво аз як мавзеъ ба мавзеи дигар, танзими ба иҷораи фаръӣ (субаренда) додани чарогоҳ, мутобиқгардонии муносибатҳо вобаста ба истифодабарии чарогоҳ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушаххас гардонидани истилоҳу ибораҳо мебошад.

Ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» 1 боб ( Ҳифз ва беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ) ва 5 моддаи нав, аз ҷумла моддаи 3 (Муқаррар намудани сарҳади чарогоҳ), моддаи 12 (Мониторинги давлатии чарогоҳ), моддаи 22 (Чорабиниҳо оид ба ҳифзи чарогоҳ), моддаи 23 (Беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ), моддаи 28 (Иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини ҳифзи чарогоҳ) илова гардид. Инчунин, моддаҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда таҳрир ва мушаххас гардонида шуданд. Ба лоиҳа 10 истилоҳу мафҳум бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм илова гардид.

Дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи қонун талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ ба инобат гирифта, тартиби муқаррар намудани сарҳади чарогоҳ дар вилоят, ноҳия (шаҳр), шаҳрак ва деҳот, муқаррароти дахлдор оид ба амалӣ намудани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои чарогоҳистифодабарандагон, асосҳои қатъ гаштани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ ва заминаи ҳуқуқии фаъолияти ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон, тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушаххас гардонида шуд.

Дар моддаи 18 танзими ҳуқуқии муносибатҳо оид ба иҷора додани замини чарогоҳ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, моддаи 19 — бастани шартномаи иҷора, моддаи 20 — ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иҷорагирандагони чарогоҳ, аз ҷумла, иҷорагирандагони фаръии чарогоҳ ва моддаи 21 — пардохти маблағ барои истифодабарии чарогоҳ, аз ҷумла иҷора, тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни такмилшударо мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 таклифу пешниҳод ирсол ва ҳамаи онҳо қабул шуд.

Кумитаи масъул лоиҳаи қонунро 11 апрели соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод. Лоиҳа аз тарафи иштирокдорон ҷонибдорӣ ёфт.

Лоиҳаи қонун бо дарназар­дошти таклифу пешниҳодҳои муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баён гардиданд ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Зариф Ализода такмил дода шуд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, муҳтарам вакилон, хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯсоев ­Нусратулло Носирович дода мешавад.

 МӮСОЕВ Нусратулло Носирович:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи чарогоҳ» дар таҳрири нав бо мақсади тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии бамеъёрдарории истифодабарӣ, ҳифзи чарогоҳ ва бартараф намудани мухолифат дар муносибатҳо байни чарогоҳистифодабарандагон таҳия гардидааст.

Дар мамлакат аз 4,7 миллион гектар замини таъиноти кишоварзӣ 3,8 миллион гектарро (81 фоиз) чарогоҳҳо дар бар гирифтаанд ва қабули қонуни нав барои батанзимдарорӣ ва рушди соҳаи чорводорӣ мусоидат мекунад. Мавриди зикр аст, ки дар лоиҳаи қонун истилоҳу мафҳумҳои истифодашуда, аз ҷумла «сервитут», «захираи чарогоҳ», «ҳифзи чарогоҳ» оварда шуда, хеле сода ва оммафаҳм баён гардидаанд. Дар лоиҳа боби алоҳида оид ба ҳифз ва беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ пешбинӣ шудааст, ки барои муайян намудани заминаи ҳуқуқии ин самти фаъолият мусоидат менамояд.

Гурӯҳбандии намудҳои чарогоҳ бо дарназардошти таъмини таъиноту мавсими истифодабарӣ, мавқеи ҷойгиршавӣ ва таъминот бо об, истифодаи чарогоҳ барои мақсадҳои дигар, шикор, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, саёҳат ва истироҳати шаҳрвандон дар асоси шартнома, муқаррар намудани сарҳади чарогоҳ ва ғайра ба талаботи марҳилаи нави ташаккулёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар лоиҳаи қонун мувофиқ гардонида шудаанд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Кӣ доир ба ин масъала савол дорад? Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Нақшаи тақсимоти чарогоҳҳо аз ҷониби кӣ баррасӣ ва ба амал бароварда мешавад? Имрӯз аксари чарогоҳҳо дар дасти шахсоне ҳастанд, ки намегузоранд мардуми одӣ бепул молашро дар он ҷойҳо чаронанд. Сабаб дар чист? Саволи дигар. Имрӯз муносибатҳои накуҳамсоягӣ байни ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон аз нав побарҷост. Оё анъанаҳои солҳои пешин дар бораи дар ҷойҳои гарм гузаронидани мавсими зимис­тони чорвои мансуб ба ду кишвар аз нав ҷорӣ мешавад ё не?

РАИС: - Нусратулло Носирович, вакили Маҷлиси намояндагон ин ­масъалаи хеле муҳимро беҳуда ба миён нагузоштанд, зеро аз ибтидои солҳои навадуми асри XX майдони зиёди чарогоҳҳо бо қарорҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба шахсоне вобаста шудаанд, ки онҳо ҳатто чорво ҳам надоранд. Аксари онҳо барои убур кардани моли сокинону хоҷагиҳо иҷозат намедиҳанд ва ё аз одамон пул гирифта, баъд барои чаронидани молҳояшон иҷозат медиҳанд.

Мехоҳам аниқ кунам, ки қонуни мазкур ин масъалаҳоро ба танзим медарорад ё не? Зеро дар тӯли солҳои охир соҳибони чарогоҳҳо шахсони вобастаашонро вазифадор менамоянд, ки аз ҳар сар моли ба чарогоҳ рондашуда миқдори муайяни маблағ гирифта, сипас иҷозати дар чарогоҳ чаридани молро диҳанд.

НАЗАРОВ Сафаралӣ Гулмуродович — сардори Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ» — и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!

Бояд зикр намуд, ки аз 3,8 миллион гектар чарогоҳе, ки дар ҷумҳурӣ мавҷуд аст, зиёда аз 70 фоиз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста шудаанд. Аммо 93 фоизи чорвои калон ва 82 фоизи моли хурд ба сектори аҳолӣ рост меояд. Яъне, воқеан ҳам, нобаробарии тақсимоти чарогоҳ бармалост, ки аз мушкилоти асосии кишоварзон гувоҳӣ медиҳад. Асосан ҳар даҳсола тақсимоти чарогоҳ вобаста ба хоҷагиҳо аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин бо пешниҳоди мақомоти иҷроия таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад. Вале, сарфи назар аз ин, мушкилотеро, ки шумо — муҳтарам Раис таъкид доштед, то ҳол боқӣ мондаанд. Ҳоло ҳам дар ҷумҳурӣ шахсони зиёде ҳастанд, ки чарогоҳи бисёр доранду мол не. Дар баробари ин, онҳое низ ҳастанд, ки мол доранд, вале чарогоҳ барояшон дастрас нест.

Бинобар ин, ман миннатдории хешро ба шумо, вакилони муҳтарам, ки бо ташаббуси қонунгузорӣ чунин як қонунро таҳия ва пешниҳод кардед, изҳор менамоям. Мо дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Рашт баррасии пешакии лоиҳаи ин қонунро роҳандозӣ намудем. Дар натиҷа, лоиҳа мукаммал гардонида шуд. Умед дорем, ки қабули он барои ба танзим даровардани масъалаҳои муҳими соҳа мусоидат хоҳад кард.

РАИС: - Баъди қабули ин қонун шумо — мутасаддиёни соҳа бояд нақшаҳои пешакии фаъолиятро дар самти тақсими дурусти чарогоҳҳо тарҳрезӣ ва тибқи он амал намоед. Солҳои пеш аниқ буд, ки рамаҳои моли майдаи вилояти Хатлон дар кадом минтақаҳои водии Рашт чаронида мешаванд. Ҳоло бошад, моли майдаи вилояти Хатлон дар он ҷойҳо базӯр чарогоҳ меёбад, зеро чарогоҳҳо ба шахсони алоҳида тааллуқ доранд ва онҳо монеи воридшавии моли майда ба чарогоҳҳо мешаванд. Ҳоло ҳатто сокинони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тавилдара имкони ба чарогоҳҳо бурдани молашонро надоранд. Соҳибони онҳо бар ивази додани иҷозат барои чаридани чорво маблағи калон мегиранд. Бинобар ин, зарур аст, ки масъалаи чарогоҳҳо аз нав баррасӣ ва чарогоҳҳо ба онҳое дода шавад, ки мол доранд. Дар натиҷа, ҳам мардум азоб намекашад ва ҳам саршумори чорво меафзояд.

РАИС: - Сухан ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: — Муовини вазир зимни баромадашон гуфтанд, ки ҳоло 70 фоизи чарогоҳҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста шудаанд. Бояд дар ҳар шаҳру ноҳия ин рақам аз 50 боло набошад, зеро аҳолӣ низ моли зиёди калону майда дорад ва барояшон зарур аст, ки тавонанд онҳоро ба чаро бароранд.

РАИС: - Сухан ба вакил Сафаров Зайниддин дода мешавад.

Зайниддин САФАРОВ: - Муҳтарам Раис! Масъала хеле муҳим аст. Зеро ҳангоми мулоқот бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик, Восеъ ва ғайра мавзӯи чарогоҳ масъалаи асосист. Чарогоҳҳое, ки дар онҳо чорвои мардум мечариданд, байни хоҷагиҳо тақсим шудаанд ва барои моли аҳолӣ умуман замин намондааст.

Сабаби асосии чунин вазъ ниҳоят ночиз будани андози заминҳои чарогоҳ мебошад. Ҳамин аст, ки як нафар аз шаҳри Душанбе истода, ҳазорон гектар чарогоҳро соҳибӣ карда, маблағи ночизеро барои истифода супорида, изҳор медорад, ки ба ғайр аз чарогоҳ чизи дигар надорад ва дигар навъи андозро супорида наметавонад. Аммо, ҳангоме ки моли хоҷагиҳо ва сокинон ба он чарогоҳҳо дохил мешаванд, аз соҳибони онҳо 50, 60, 70 ва аз он ҳам бештар гӯсфандашонро соҳибӣ мекунанд. Бинобар ин, ­масъалаи чарогоҳ дар шароити имрӯза хеле муҳим аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд масъалаи мазкурро бо таҳлилҳои аниқ баррасӣ намуда, чораҳои мушаххас андешад, то ин ки вазъ ба ислоҳ дарояд.

РАИС: - Ман аз раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба ­масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот хоҳиш менамоям ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи чарогоҳҳо мактуб ирсол намояд ва дар он дархост карда шавад, ки вазъи ҳуқуқии вобаста ба масъалаҳои чарогоҳҳо ба танзим дароварда шавад.

Ба он муяссар бояд шуд, ки мардуми соҳиби моли хурду калон имкон ёбад онҳоро ақаллан дар мавзеъҳои ба хонааш наздик, дар доманакӯҳҳо чаронида тавонад. Онҳое, ки замини зиёди чарогоҳӣ доранд, дар онҳо мол парвариш карда, саршумори чорворо зиёд намуда, дар пешравии соҳа саҳми бевосита гузоранд.

Ҳар рӯз ба Маҷлиси намояндагон аризаҳо ворид мешаванд, ки дар онҳо асосан дар бораи набудани майдони чарогоҳ барои молҳои хоҷагӣ ва аҳолӣ сухан меравад. Ҳукумати ҷумҳурӣ бояд ин масъаларо дар доираи қонунгузории амалкунанда матраҳ намуда, ба хулосаи зарурӣ бирасад. Ё азнавтақсимкунии чарогоҳро ба амал биоварад ва ё чораи дигар андешад.

Сухан ба вакил Нуралӣ Риоев дода мешавад.

Нуралӣ РИОЕВ: - Ҳоло дар ҷумҳурӣ саршумори чорво ба панҷ миллион сар расидааст, ки барои нигоҳубини беш аз 80 фоизи он чарогоҳҳо истифода мешавад. Вале барои беҳтар кардани ҳолати чарогоҳҳо ягон чораҷӯӣ карда намешавад. Яъне, ба чарогоҳҳо на нурии минералӣ андохта мешаваду на поруи маҳаллӣ. Тадбирҳои агротехникӣ низ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст.

РАИС: - Вақеан ҳам, соҳибони чарогоҳҳо барои беҳтар кардани ҳолати онҳо умуман тадбире амалӣ намекунанд, ҳол он ки дар сурати дар чарогоҳ нарӯидани алаф тухмии навъҳои гуногуни алаф бояд кишт намуд, ба он дору андохт ва ё тадбири дигар андешид.

Сухан ба вакил Мирзоанвар Ахмедов дода мешавад.

Мирзоанвар АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис! Воқеан ҳам зарур аст, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар масъалаи беҳтар кардани вазъи чарогоҳҳо ва ба танзим даровардани истифодаи оқилонаю пурсамари онҳо тадбирҳои мушаххас андешад. ­Зеро ин масъала хеле муҳим аст. Хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

РАИС: - Сухан ба вакил Қобилов Ахматҷон дода мешавад.

Ахматҷон ҚОБИЛОВ: — Ин ҷо дар бобати аз нав тақсим намудани чарогоҳҳо пешниҳоди зиёд шуд. Илова бар он, ман пешниҳод менамоям, ки ба сифати чарогоҳҳо низ диққат дода шавад. Масалан, дар як қисмати чарогоҳҳои шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ашт алаф намерӯяд, онҳо бештар санглоханд. Хоҳиш менамоям, гурӯҳҳои корӣ ба ин минтақаҳо рафта, масъаларо амиқ омӯхта, хулосаҳои зарурӣ пешниҳод намоянд, то ин ки сифати чарогоҳҳо беҳтар шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи чарогоҳ» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда, пас аз он яклухт қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ