Китоби «Тоҷикон» намунаи безаволи таърихист

№69 (4489) 07.06.2022

IMG_7739Хониши парлумонӣ, ки 3 июни соли 2022 таҳти раёсати роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Саторзода ва иштироки кормандони масъули он баргузор гардид, ба мавзӯи «Китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» — қомуси миллати тоҷик» бахшида шуд.

Олимони шинохта, муаррихон Нозим Ҳакимов ва Ҷонибеки Асрориён доир ба аҳамияти асари «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров маълумот дода, онро намунае аз намунаҳои бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ арзёбӣ карданд.

Баромадкунандагон, ҳамчунин, иброз намуданд, ки бе надонистани таърих ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруф аст ва ин анъанаи неку бостониро идома дода истодааст.

Дар китоби «Тоҷикон» таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки инсоният дарҷ ёфта, дар хусуси сохти ҷамъияти ибтидоӣ то ҳамроҳшавии тоҷикон ба Россия ба таври возеҳ маълумот дода шудааст.

Дар интиҳо Нозим Ҳакимов ва Ҷонибеки Асрориён ба саволҳои иштирокчиён посух гуфтанд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти  Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон