КМИР хабар медиҳад

№148 (4888) 09.12.2024

Тавре иттилоъ доред, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декаб­ри соли 2024, таҳти №882, интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 2 марти соли 2025  ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъин гардид.

6-уми декабри соли 2024 таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода  ҷаласаи комиссияи марказӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо вобаста ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷаласаи мазкур нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва гузаронидани интихобот тасдиқ гардид, ки он масъалаҳои ташкил ва баргузор намудани интихоботро дар ҳамаи зинаҳои мақомоти намояндагӣ  дар бар гирифтааст.

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо қарори комиссияи марказӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, як қатор санадҳои дастурӣ барои комис­сияҳои поёнии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурамалҳои намунавӣ барои комиссияҳои интихоботии вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо, аз ҷумла «Дастур­амали Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дас­турамали Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Тартиби пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳое, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шудаанд», «Тартиби пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳои бо роҳи худ­пешбарӣ пешниҳодшуда» ва ғайра баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бо риояи талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, инчунин, фароҳам овардани шароити баробар барои субъектҳои раванди интихобот ҳамаҷиҳата мусоидат хоҳад кард.

КМИР