КМИР хабар медиҳад

№153 (4893) 23.12.2024

21 декабри соли 2024 ҷаласаи навбатии ­Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намуна ва шакли ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо тасдиқ гардиданд.

Инчунин, ҷиҳати мусоидат ба фаъолияти муназзам ва мутобиқ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа тартибҳои пешбарӣ ва иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.

Бо мақсади баррасии саривақтии арзу шикоятҳо дар раванди интихобот гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид. Ҳамчунин, ҷиҳати риоя ва татбиқи якхелаи қонунгузории интихобот барои раисони комиссияҳои участкавии интихобот роҳнамо оид ба тартиби ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон дар интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

КМИР