21 декабри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1.Оид ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ».
РАИС: — Ба баррасии масъалаи аввали рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Оид ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим дода мешавад.
Қурбониён Абдусалом КАРИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Аз соли 2014 вазъи ноустувори иқтисодиёти ҷаҳон, коҳишёбии нархи молу ашёи асосии содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ, вазъи бошиддати геосиёсӣ дар кишварҳои асосии шарикони савдо ва нархи бесобиқаи пасти нафт ҷой дорад. Ин омилҳои беруна ба суръати рушди иқтисодиёти кишварамон, устувории нишондиҳандаҳои тавозуни пардохт ва низоми молиявӣ таъсири манфӣ расонидаанд. Кам гардидани сармоягузории хориҷӣ, коҳишёбии ҳаҷми интиқоли пулӣ, кам шудани даромади асъорӣ аз содироти ашё, ноустувории қурби пули миллӣ ва паст шудани пардохтпазирии аҳолӣ боиси он гашт, ки бонкҳои низомсози кишвар ба буҳрони шадиди молиявию қарзӣ рӯ ба рӯ шуданд. Дар натиҷа, эътимоди мизоҷон ба низоми бонкӣ коста гардид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рафъи пайомадҳои манфӣ дар бонкҳои низомсози кишвар ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта, таъмини устувории низоми бонкӣ, коҳиш додани шиддатнокии иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорон ва нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ қарори пешниҳодшударо қабул намуд.
Тибқи қарори мазкур сармоякунонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷпромбонк» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фононбонк» бо роҳи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи то 3850 000 000 (се миллиарду ҳаштсаду панҷоҳ миллион) сомонӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол бо меъёри 2 (ду) фоизи солона пешбинӣ мегардад.
Коғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли векселҳои давлатӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ҷиҳати сармоякунонӣ ба бонкҳои зикргардида, ба ивази саҳмияҳои иловагии баровардаи онҳо супорида мешавад.
Дар натиҷаи амалиёти мазкур дорандаи векселҳои давлатӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарорасии муҳлати пешбининамудаи векселҳо маблағҳои гирифташударо бо фоизҳои он ба Бонки миллии Тоҷикистон пардохт менамояд.
Ҳамчунин, тибқи қарори мазкур бонкҳои зикргардида вазифадор мегарданд, ки марҳила ба марҳила дар 5 (панҷ) сол ба сармоягузорони боэътимоди ватанию хориҷӣ фурӯхтани саҳмияҳое, ки ба ивази коғазҳои қиматноки давлатӣ гирифта мешаванд ё аз ҷониби худи бонкҳо харидани саҳмияҳои мазкурро таъмин намоянд. Талаботи мазкур имкон медиҳад, ки Вазорати молия уҳдадории пардохти маблағҳои гирифташударо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон таъмин намояд.
(Давом дорад)
Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ