Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Кодекси андоз дар таҳрири нав қабул шуд

№136 (4398), 137 (4399) 06.11.2021

DSC_3851Сеюми ноябри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: - Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 61 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи андози ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа 7 масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Дар бораи рӯзнома бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Дар хусуси Оинномаи Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ

3. Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази тақсимоти яклухти витаминҳои Тоҷикистон» оид ба сох­тмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен

4. Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» оид ба сохтмон ва истифодабарии комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Дар хусуси ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи «Пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Оид ба лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин Қаҳҳорзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019 (№АП-1236) таҳия шудааст. Он дар таҳрири нав аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ, бо дарназардошти таклифу пешниҳоди зиёди вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, ташкилотҳои молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ғайра омода шуда, шаффофияти раванди таҳияи он мутобиқ ба талаботи қонунгузории кишвар ва тавсияҳои созмонҳои молиявӣ таъмин карда шуд.

Лоиҳаи кодекс аз 2 қисм, 15 фасл, 57 боб, 399 модда иборат буда, дар муқоиса бо Кодекси андози амалкунанда шумораи қисмҳо бетағйир, фаслҳо 3 адад кам, ҳамчунин, шумораи бобҳо 7 адад ва моддаҳо 70 адад зиёд мебошад.

Зиёдшавии муқаррароти меъёрӣ ба сода ва оммафаҳм намудани муҳтавои Кодекси андоз, инчунин, мукаммал намудани маъмурикунонии андоз равона гардида, он фарогири мушаххасот вобаста ба принсипҳои андозбандӣ, субъект­ҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохтҳои андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андозӣ, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёт ва нархгузории трансфертӣ иборат мебошад.

Дар лоиҳа бо мақсади баланд бардоштани мавқеи кишвар дар раддабандии агентиҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, шумораи умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳид намудани андозҳои ба ҳам алоқаманд аз 10 намуд ба 7 намуд кам карда шуд.

Ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои фардӣ ва кам намудани дахолат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ шумораи назорати андозӣ кам карда шуда, тартиби гузаронидани назорати камералӣ дар шакли худкор бо истифода аз барномаҳои электронӣ ва гузаронидани санҷишҳо танҳо дар асоси хавф пешбинӣ гардид.

Ҳамчунин, нисбат ба андозсупорандагони бомасъулият санҷишҳои андозӣ маҳдуд карда шуда, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунии андозӣ дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, мониторинги андоз пешбинӣ гардид, ки он дар асоси созишнома байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон татбиқ карда шуда, ҳангоми дар давраи мониторинги андоз ошкор гардидани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, пешниҳод оид ба ислоҳи камбудиҳо бе татбиқи чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амалӣ мешавад.

Бо мақсади танзими имтиёзҳои андозӣ ва татбиқи принсипҳои адолатнокӣ ҳангоми татбиқи имтиёзҳо, мушаххасот оид ба маҳдуд намудани имтиёзҳои хусусияти инфиродидошта, барои мақсадҳои муайян истифода шудани маб­лағҳои дар ихтиёри андозсупоранда аз ҳисоби имтиёзҳо боқимонда, муҳлати пешниҳоди имтиёзҳо, инчунин, муайян намудани номгӯи соҳаҳои афзалиятнок, ки нисбат ба онҳо имтиёзҳои мавҷуда ва ё иловагӣ татбиқ мегардад, пешбинӣ карда шудааст.

Инчунин, низомҳои махсуси андозбандӣ ва низомҳои имтиёзнок муттаҳид карда шуда, шумораи умумии онҳо, ки 10 намудро ташкил медод, то ба 8 намуд кам карда шуд.

Ҳамчунин, дар лоиҳа муқаррароти низомҳои имтиёзноки андоз­бандии фаъолияти парандапарварию моҳипарварӣ, субъектҳои бозори қоғазҳои қиматнок ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба низомҳои махсус табдил дода шуда, дар қисмати муқаррароти интиқолии лоиҳа заминаи ҳуқуқии муҳлати амали имтиёзҳои пешбинишуда бо муҳлати барномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи Ҳукумати кишвар мутобиқ карда шуданд.

Дар баробари ин, бо мақсади тат­биқи консепсияи иқтисоди рақамӣ, ташаккул ва тақвияти ҳукумати электронӣ, низоми содакардашудаи андозбандии фаъолияти инноватсионию технологӣ бо имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ гардид.

Бо мақсади содагардонии расмиёти маъмурикунонии андоз, аз байн бурдани омилҳои фардӣ ва коҳиш додани дахолат ба ­фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, дар баробари ба таври худкор ба роҳ мондани назоратҳои андозӣ, усулҳои муосири пешбиникунандаи таҳкими иқтисоди рақамӣ, заминаи ҳуқуқии батанзимдарории хизматрасонии муосири электронӣ бо шумули ҳуҷра ва ҳамёни элект­ронӣ, чеки электронии фискалӣ, ҳисобнома — фактураи электронӣ, мубодилаи электронии иттилоот, асъори функсионалӣ, хизматрасонии фосилавӣ тавассути майдони электронии тиҷорат, низоми рамзгузории электронии молҳо ва ё рамзҳои QR пешбинӣ карда шуд.

Дар баробари ин, ҷиҳати таъмини фаъолияти рақобатпазири соҳаҳои иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, таъмини шаффофияти фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ва дар ин замина коҳиш додани сатҳи иқтисодиёти ғайри­расмӣ, инчунин, ҳамоҳанг намудани меъёри андозҳо бо давлатҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷоратии кишвар, меъёри андозҳо бознигарӣ ва такмил дода шуданд.

Қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав барои таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ, тат­биқи консепсияи иқтисоди рақамӣ, дастгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории иcтеҳсолӣ ва ба равандҳои муосири ҷаҳонӣ мутобиқ намудани низоми андозбандии кишвар нигаронида шуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло Машраб Қурбоналӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он барои ҷавобгӯ намудани низоми андозбандӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла, иқтисоди рақамӣ ва ба ин восита ба шакли ягонаи муттаҳидкардашудаи электронӣ ба ҳисоб гирифтани амалиётҳои андозсупорандагон, ки ба зиёд гардидани манбаъҳои андозбандӣ мусоидат менамояд, инчунин, сода ва оммафаҳм намудани муқаррарот таҳия гардидааст.

Бо мақсади баррасии таклифу эродҳои пешниҳодгардида, бо дастури Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки лоиҳаи кодексро мавриди омӯзиш қарор дод. Дар натиҷа, бо дарназардошти таклифу эродҳои пешниҳоднамудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҳамбастагӣ бо намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи кодекс такмил дода шуда, қисми бештари таклифу дархостҳои пешниҳодгардида қабул шуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар натиҷаи баррасии лоиҳа муқаддимаи он такмил дода шуда, ба моддаи 2 (мафҳумҳои асосӣ) мафҳуми нав — «асъори функсионалӣ – асъори фарқкунанда нисбат ба пули миллӣ» илова гардид.

Ҳамчунин, мафҳумҳои моддаи 2 бо ба назар гирифтани таклифҳо ва мазмуни моддаҳои кодекс дар бархе аз мавридҳо, аз ҷумла, зербанди в) банди 8), банди 15), банди 22), зербанди в) банди 22), банди 45) мукаммал гардонда шуданд.

Бо мақсади ба низоми кори мақомоти андоз мутобиқ намудани ҳуҷҷатгузории дар лоиҳа пешбинигардида, дар моддаҳои 45, 46 ва 47 калимаи «амрномаи» ба калимаи «фармоиши» иваз карда шуданд.

Дар рафти баррасии лоиҳа баҳри татбиқи дурусти назорати андозӣ, аз ҷумла, назорати камералӣ мувофиқи мақсад дониста шуд, ки муқаррароти қисми 3 моддаи 42 такмил дода шавад. Минбаъд дар рафти санҷиши сайёри андоз ва мониторинги андозӣ, инчунин, барои давраҳои гузаронидашудаи ин намудҳои назорати андозӣ, назорати камералӣ манъ карда шуд.

Тибқи муқаррароти қисми 5 моддаи 42 ба инобат гирифтани ҳолатҳои гуногун вобаста ба ислоҳи номутобиқатиҳо дар ҳисоботи андозӣ баъди гирифтани огоҳиномаи мақомоти андоз, андозсупоранда уҳдадор аст иҷрои огоҳиномаро дар муҳлати 10 рӯз таъмин намояд. Бинобар ҳолатҳои мавҷуд будани сабабҳои узрнок, мувофиқи мақсад ҳисобида шуд, ки муҳлат ба 20 рӯзи тақвимӣ иваз карда шавад.

Дар баробари ин, бо мақсади ба таври ягона истифодабарии шаклу тартиби баимзорасонии санади муқоисавӣ байни мақомоти андоз ва андозсупоранда зимни санҷиши андозӣ дар моддаи 145 истилоҳи «супоришномаи инкассавӣ» муайян ва истифода карда шуд.

Бо дарназардошти баррасӣ ва ҳалли саривақтии шикоятҳои андозсупорандагон дар мақомоти андоз муқаррароти қисми 7 моддаи 159 такмил дода шуда, дар таҳрири зерин ифода гардид:

«7.Мақомоти андоз шикояти андозсупорандаро баррасӣ ва нисбат ба он қарор қабул намуда, дар муҳлати на бештар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба мақомоти андоз ворид гардидани шикоят, шахси шикояткунандаро расман (хаттӣ ё электронӣ) огоҳ менамояд. Дар ҳолати зарурӣ муҳлати баррасии шикоят то 10 рӯзи тақвимӣ тамдид карда мешавад, агар тағйири муҳлат ба иҷрои муқаррароти қисми 10 ҳамин модда вобаста набошад.».

Барои муайян намудани истифодаи дурусти маҳалли таҳвили мол дар лаҳзаи таҳвил ҷумлаи якуми қисми 2 моддаи 257 лоиҳа такмил дода шуда, дар таҳрири зерин ифода гардид:

«Ҳангоми таҳвили қувваи барқ, гармӣ ва газ макони гирифтани чунин мол маҳалли таҳвил дониста мешавад.».

Ҳамчунин, бо дарназардошти муқаррар намудани вақти анҷом­ёбии кор ё хизматрасонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи 258 банди 5)-ум бо чунин мазмун илова гардид:

«5) харидори кор, (хизматрасонӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фаъолият намояд.».

Бо дарназардошти ба инобат гирифтани масъалаҳо вобаста ба тасҳеҳи маблағҳои баҳисобгирифташавандаи андоз аз арзиши иловашуда, мувофиқи мақсад ҳисобида шуд, ки дар қисми 2 моддаи 267 барои мақсадҳои кодекси мазкур мафҳуми талаф ёфтани мол (молу мулк) мукаммал ва дар таҳрири нав ифода карда шавад:

«б) талаф ёфтани мол (молу мулк) — ин рӯйдоде, ки дар натиҷаи он коҳишёбӣ ва (ё) нобудшавии мол (молу мулк) ба амал омадааст.».

Бо мақсади ба низоми ягона даровардани баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда оид ба ҷойгир намудани маълумоти иловагӣ дар ҳисобнома-фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ба қисми 2 моддаи 269 сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шуданд:

«- амалиёти пешпардохтшуда;».

Ҳамчунин, бо дарназардошти дуруст татбиқ намудани меъёри андозбандии объектҳои ғайриманқул, ки вобаста ба масоҳат ва мавзеи ҷойгиршавии шаҳру ноҳияҳо амалӣ мегардад, дар қисми 3 моддаи 348 меъёри андозбандии объектҳои ғайриманқули дар минтақаҳои рушди сайёҳӣ ва истироҳат ҷойгирбудаи бо мақсади фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда ба андозаи дукарата муқаррар карда шуд.

Дар рафти баррасии масъалаҳои вобаста ба татбиқи чораҳои муҷозоти андозӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродии дорандаи патент меъёри муқарраргардидаи қисми 7 моддаи 368 лоиҳа (меъёри 10-карата) бо дарназардошти шароити воқеии бозорҳои истеҳсолию истеъмолӣ, ин нишондиҳанда ба меъёри панҷкаратаи андозаи моҳонаи андозҳои ба фаъолияти ӯ дахлдошта андозбандӣ карда мешавад.

Боис ба тазаккур аст, ки соҳаи пахтакорӣ дар иқтисодиёти кишвар яке аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, саҳми истеҳсолкунандагони ашёи хоми пахта дар таъминоти бозори истеъмолӣ солҳои охир рӯ ба коҳишёбӣ дорад. Аз ин рӯ, мувофиқи мақсад аст, ки субъектҳои мазкур барои минбаъд зиёд намудани майдонҳои истеҳсоли пахта ҳавасманд гардонда шаванд. Дар ин радиф, пешниҳод карда мешавад, ки ба моддаи 386 (меъёрҳои андози ягонаи кишоварзӣ) қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3. Доир ба заминҳои кишти обӣ, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, меъёри андози ягона дар ҳаҷми нисфи меъёри мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муайянгардида муқаррар карда мешавад. Маълумот дар бораи масоҳати заминҳое, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, аз ҷониби андозсупоранда ба мақоми андози маҳалли бақайдгириаш то 1-уми июни соли тақвимӣ (ҳисоботӣ) пешниҳод карда мешавад.».

Ҳамчунин, бо мақсади истифодаи дурусти истилоҳоти соҳавии дар лоиҳаи кодекс истифодагардида вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданок, истилоҳи «сарватҳои табиӣ» ба «захираҳои табиӣ» иваз карда шуд.

Дар маҷмӯъ бо дарназардошти таклифҳои қабулгардида, ба моддаҳои гуногуни лоиҳаи кодекс, аз ҷумла моддаҳои 1, 4, 5, 6, номи боби 3, моддаҳои 18, 21, 22, 23, 33, 34, 36, 39, 42, 46, 47, 54, 76, 138, 145, 155, 159, 179, 214, 216, 262, 295, 355 ва 360 тағйиру иловаҳои хусусияти услубӣ, меъёрӣ, таҳрирӣ ва имлоидошта ворид карда шуданд.

Лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон расмиёти дохилиро гузашта, ба талаботи моддаҳои 12, 45 ва 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба роҳбарияти Маҷлиси намояндагон, кумитаҳои он, раёсати ҳуқуқ, аъзои гурӯҳи корӣ, кормандони ­масъули Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои пешниҳоди таклифҳои судманд ҷиҳати такмили лоиҳаи кодекс ва ҳамкорӣ, изҳори миннатдорӣ баён менамоям.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи кодекси пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Рустам ШОҲМУРОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо мақсади такмили низоми амалкунандаи андозбандӣ, мукаммал намудани асосҳои андозбандӣ ва ба талаботи муосир мувофиқ намудани он таҳия гардидааст.

Лоиҳаи пешниҳодшуда дорои падидаҳое мебошад, ки барои дақиқ намудани муносибатҳои ҳуқуқии соҳа, мукаммалгардонии маъмурикунонии андоз, пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз ва канорагирӣ аз андозбандӣ равона гардида, ба ташаккул, рушд ва ҳавасманд­гардонии фаъолияти хоҷагидорӣ нигаронида шудаанд.

Андозбандӣ ба принсипҳои қонуният, ҳатмият, боасос будани андозбандӣ ва ҳамкории мақомоти андоз бо андозсупоранда, адолат, ягонагии низоми андоз ва шаффофият асос меёбад.

Бояд қайд намуд, ки дар кодекси амалкунанда танҳо «принсипи системаи андоз» муқаррар гардидааст, ки он асосан уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба супоридани андоз муқаррар менамояд.

Дар лоиҳаи кодекси пешниҳодшуда аввалин маротиба ба принсипҳои андозбандӣ боби алоҳида бахшида шудааст, ки принсипҳои қонуният, адолат, шаффофият ва ҳамкории мақомоти андоз бо андоз­супоранда принсипҳои низомсози соҳавӣ мебошанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 масъалаи гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва ҷорӣ намудани онҳо вазифагузорӣ карда шуд. Зарурати гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ бо такмили фазои сармоягузорӣ, ҷолибӣ ва ошкоро будани иқтисодиёт, муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ асоснок мегардад.

Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи кодекси пешниҳодшуда бо дарназардошти принсипҳои умумии Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва хусусиятҳои пешниҳоди ҳисобот бо мақсади андозбандӣ таҳия карда шудааст.

Фасли III лоиҳаи кодекс қоидаҳо ва тартиби баҳисобгирии андоз ва ҳисоботдиҳии андозро бо дарназардошти стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ пешбинӣ менамояд. Мисол, мутобиқи моддаи 90 шахсе, ки бо асъори фарқкунанда аз асъори миллӣ даромад мегирад ва хароҷот анҷом медиҳад, минбаъд метавонад ҳисоботи маблағҳоро бо тартиби муқарраргардида бо асъори функсионалӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ анҷом диҳад.

Боби 33, ки ба нархгузории трансфертӣ бахшида шудааст, аввалин маротиба хусусиятҳои муосири фаъолияти субъектони муносибатҳои иқтисодиро дар амалиётҳои фаромарзӣ бо дарназардошти баҳисобгирии андози хориҷӣ, тарафҳои вобаста, ҳисобот аз рӯи кишварҳо ва ҳисоботи кишвариро муқаррар менамояд.

Яке аз падидаи дигари лоиҳаи кодекс аз ҷониби мақомоти андоз амалисозии назорат ва мониторинги амалиётҳо байни андозсупоранда ва мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо тавассути Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз дар реҷаи мустақим мебошад.

Таъсис ва рушди системаҳои байниидоравии гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ҳанӯз дар Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 таҳти №643 тасдиқ карда шудааст, пешбинӣ шуда, зарурати таъсиси феҳристи андозсупорандагон ва табодули ҳуҷҷатҳо бо мақсади андозбандӣ қайд гардидааст.

Моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмат­расониҳои давлатӣ» расонидани хизматрасониҳои давлатиро тавассути портали интернетии «ҳукумати электронӣ» бевосита муқаррар менамояд.

Мувофиқи лоиҳаи кодекс ҷорӣ намудани Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз дар ҳамгироӣ бо портали интернетии «ҳукумати электронӣ» мутобиқи қонунгузории хизматрасониҳои давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Лоиҳаи кодекс густариши минбаъдаи гардиши электронии ҳуҷҷатҳоро мустаҳкам намуда, мутобиқи қисми 9 моддаи 397 лоиҳа то 31 марти соли 2022 таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҷорӣ намудани шакли ягонаи муттаҳидкардашудаи электронии баҳисобгирии амалиётҳои аз ҷониби андозсупоранда анҷомдодашаванда, тамғагузории электронӣ, чеки фискалии электронӣ, ҳисобнома-фактураи электронии мол (кор, хизматрасонӣ) ва шакли пардохти ғайринақдиро пешбинӣ кардааст.

Бо вуҷуди он ки муносибатҳои андозӣ муносибатҳои ҳуқуқии омирона мебошанд, дар он падидаҳои қонунгузории соҳавӣ низ ба инобат гирифта шудаанд. Мисол, дар моддаи 136 лоиҳа кафолати бонкӣ ва замонат аввалин маротиба ҳамчун усулҳои таъмини иҷрои уҳдадории андозии батаъхирафтодаи андозсупоранда пешбинӣ карда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, лоиҳаи Кодекси андоз дорои навгонии зиёд мебошад, ки татбиқи муносиби он фаъолияти пурсамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои давлатиро тақозо дорад.

Ҷорӣ намудани низоми нави андозбандии мувофиқ ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ тақозои замон буда, қабули лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар марҳилаи кунунӣ ҷавобгӯи манфиатҳои ҷомеа ва давлат мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Боз кӣ баромад кардан мехоҳад?

Рустам ҚУДРАТОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Кодекси андоз ҳуҷҷатест, ки амалигардонии «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2021- 2025»-ро таъмин менамояд. Яке аз фарқиятҳои таркибии Кодекси андоз дар таҳрири нав ин аст, ки се фасли он кам карда шуд. Инчунин, намудҳои андоз аз 10 то 7 номгӯй кам гардид, ки ин боиси дастгирист.

Ҷиҳати дигари мусбати Кодекси андоз дар таҳрири нав як дарсад коҳиш додани андоз аз даромади шахсони воқеӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки оянда музди меҳнати шахсони воқеӣ як дарсад зиёд мешавад. Албатта, ин як навъ дастгирӣ барои шаҳрвандон ба шумор меравад.

Ғайр аз ин, андоз аз даромади шахсони воқеӣ, ғайрирезидент аз кори кироя ба ҷои 25 дарсади пештара 20 дарсад кам карда шуд.

Бисёриҳо таъкид мекунанд, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ дуруст фаъолият намекунанд. Яке аз сабаб­ҳо дар он аст, ки дар онҳо баъзе монеаҳои андоз ба миён омадааст. Аз ин рӯ, самаранок фаъолият карда наметавонанд. Ин ҷиҳатҳоро ба назар гирифта, дар Кодекси андоз пешбинӣ шудааст, ки меъёрҳои андоз аз даромадҳои шахсони ҳуқуқӣ аз 23 дарсади пештара то ба 20 дарсад коҳиш дода шавад. Ин иқдом ташкилотҳои молиявии хурдро ҳавасманд гардонида, фаъолтар месозад.

Инчунин, меъёрҳои андоз аз дигар намуди фаъолият аз 23 то 18 дарсад поён бурда шуд. Инчунин, меъёри стандартии андоз аз арзиши иловашуда аз 18 то 15 дарсад ва хизматрасонии меҳмонхонавӣ аз 18 то 7 дарсад коҳиш ёфт. Ин ба рушди инфрасохтори туризм ва ривоҷу равнақи сайру саёҳат мусоидат мекунад.

Яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат соҳаи кишварзист. Ҳар рӯз дар воситаҳои ахбори омма вобаста ба болоравии нарху наво матолиби зиёд ба табъ мерасад. Бо мақсади кам кардани арзиши аслии маҳсулоти ниҳоӣ андоз аз фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 18 то 5 дарсад кам карда шуд, ки шоистаи дастгирист.

Мо, намояндагони фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикис­тон, дар Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи баррасишавандаи Кодекси андозро ҷонибдорӣ намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш дорем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Боз кӣ баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.

Насиба СОДИҚӢ: - Президенти мамлакат дар Паёми имсола Вазорати молияро вазифадор карданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо таҳияи лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав бо дарназардошти сабук гардонидани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳод намоянд. Боиси қаноатмандист, ки новобаста аз пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла таъсири манфии он ба рушди иқтисоди Тоҷикистон, ҳоло бо вуҷуди мушкилоти пешомада, лоиҳаи Кодекси андоз бо дарназардошти сабук намудани пардохти андоз дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фарҳанг, маориф ва илм, таҳия шудааст.

Дар моддаи 353 аз пардохти андози замин ҳудудҳо ва заминҳои фарҳангӣ ва меъморӣ, ки номгӯй ва масоҳати ҳудудҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил ба муаллимони дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва духтурони дар муассисаҳои тиббии деҳот коркунанда ҷудо карда шудаанд, дар давраи кори онҳо дар чунин муассисаҳо ва масоҳати заминҳое, ки бо мақсадҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин, озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, дарахтҳои ороишӣ ва мевадиҳанда ба ташкилотҳои илмӣ, хоҷагиҳои таҷрибавӣ ва илмию озмоишӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, ки номгӯй ва истифодабарандагони онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ҷудо гардидаанд, агар чунин масоҳатҳо бо мақсади соҳибкорӣ истифода нагарданд, озод карда мешаванд. Инчунин, аз андоз аз арзиши иловашуда таҳвили молҳо (ба ғайр аз содироти молҳо), иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои муассисаҳои давлатии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар соҳаи маориф — таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ ва махсус озод мебошанд.

Аз андоз озод намудани таҳвили (фурӯши) либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ, ки номгӯи онҳо бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илм дар мувофиқа бо вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав ва мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ карда мешавад, нархи либосҳои мактабиро арзон хоҳад намуд, ки ба фоидаи шаҳрвандон хоҳад шуд.

Аз андоз озод намудани воридоти таҷҳизоту техника, масолеҳи сохтмонӣ ва лавозимоти дигар барои таъмини эҳтиёҷоти иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва иншооти дигари сайёҳӣ), ба истиснои молҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, барои рушди минбаъдаи сайёҳӣ низ таъсири мусбат хоҳад расонд. Ҷонибдории лоиҳаи Кодекси андози пешниҳодшуда барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ мусоидат хоҳад кард. Бинобар ин, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Боз кӣ баромад кардан мехоҳад?

Рустам ЛАТИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар даҳсолаи охир силсилаи равандҳои муосири технологӣ, иқтисодӣ ва сиёсии хоҷагии ҷаҳонӣ оғоз ёфтааст, ки он нисбат ба суръа­ти афзоиши иқтисодии ҷаҳонӣ талаботи нав пеш мегузорад. Ин равандҳо водор месозанд, ки барои дарки дурусти он ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ омода бошем, самт ва хусусиятҳои сифатии рушди иқтисодии кишварро дар баробари онҳо муайян намоем.

Яке аз чунин тадбирҳо такмили Кодекси андоз, бо дарназардошти содагардонӣ, маъмурикунонӣ ва коҳишдиҳии сарбории андоз барои ташаккулдиҳии муносибатҳои нави сармоягузорӣ мебошад.

Омӯзиши лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав нишон медиҳад, ки дар он ­масъалаҳои татбиқи сиёсати иқтисодию иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои мардуми кишвар пурра инъикос ёфтаанд.

Соҳаи кишоварзӣ солҳои наздик соҳаи асосии иқтисодиёт ва базаи азими ашёи хом барои саноати кишвар боқӣ мемонад.

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қайд гардидааст, ки истеҳсолоти кишоварзӣ солҳои 1997 – 2020 – ум 5 баробар афзоиш ёфта, ҳамзамон, мавҷудияти шароити мусоиди табиӣ, захираву имкониятҳои зарурӣ, истифодаи пурра ва самараноки онҳо барои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, ташкили марказҳои логистикӣ тибқи талаботи бозор ва стандартҳои байналмилалии сифат ба роҳ мондани коркард, бастубанд ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ зарурати воқеиро ба миён овардааст.

Амалигардонии ин вазифаҳо пешбинӣ намудани имтиёзҳои андозиро низ талаб менамояд ва бо қаноатмандӣ гуфтан мумкин аст, ки дар лоиҳаи Кодекси баррасишаванда имтиёзҳои мушаххаси андозӣ барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд.

Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин зимни баррасии лоиҳаи кодекс таклифҳои мушаххас пешниҳод намуда буд, ки онҳо аксаран қабул гардиданд.

Пешниҳоди шумо, муҳтарам Раис, оид ба масъалаи ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозӣ барои субъектҳои ватании истеҳсоли техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ аз тарафи кумита ва гурӯҳи кории таҳрири лоиҳаи кодекс ҷонибдорӣ ёфта, вобаста ба онҳо зимни таҳрир ба лоиҳаи кодекс тағйироти дахлдор ворид карда шуд.

Вобаста ба ин, дар қисми 5 моддаи 251 лоиҳаи кодекс пешбинӣ гардидани масъалаи аз андози арзиши иловашуда озод кардани воридоти техникаи кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулоти такмилии техника ва мошинолоти кишоварзӣ ҳавасмандии корхонаҳои истеҳсолкунандаи ватаниро зиёд намуда, он ҷиҳати мустаҳкам кардани базаи моддӣ-техникии соҳаи кишоварзӣ, дастрасии субъектҳои хоҷагидорӣ ба техникаю мошинолоти кишоварзӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» масъалаҳои зина ба зина таъмин намудани рушди соҳаи пахтакорӣ дар асоси ба роҳ мондани коркарди пурраи нахи пахта дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ пешбинӣ гардидааст. Иҷрои ин масъалаҳо аз мусоидат ба рушди соҳа вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, дар қисми 2 моддаи 352 лоиҳаи Кодекси андоз пешбинӣ намудани пардохти нисфи ҳаҷми муқарраршудаи андози ягона дар истифодаи замини обӣ барои кишти пахта ҳавасмандии кишоварзонро зиёд менамояд.

Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикис­тон лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, қабули онро мувофиқи мақсад медонад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Боз кӣ баромад кардан мехоҳад?

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Кодекси андоз, ки барои баррасӣ пешниҳод шудааст, дар асоси Конститутсия, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад. Он дар таҳрири нав барои пешрафти тиҷорат, рушди корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кишварзӣ имкони бештар медиҳад.

Яке аз манбаъҳои асосии буҷети ҷумҳурӣ андоз мебошад. Андоз як механизми асосии давлатдорӣ аст. Талаботе, ки Кодекси андоз дар таҳрири нав пешниҳод менамояд, мутобиқи талаботи рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он мувофиқи стандартҳои байналмилалии андозбандӣ таҳия шудааст.

Ду сол боз дар ҷаҳон бемории COVID — 19 авҷ мегирад. Вобаста ба он иқтисодиёти кишвар, истеҳсоли маҳсулот ва гардиши муомилоти мол коҳиш ёфт. Дар чунин вазъ мушкилоти рақами як ҷамъоварии андоз аст. Дар ин радиф, пешниҳод доштам.

Мо, солҳои пеш якчанд корхонаю ширкатро аз андоз озод карда будем. Он вақтҳо пандемия вуҷуд надошт ва иқтидори иқтисодии мамлакат баландтар буд. Ҳоло хуб мешуд, ки Вазорати молияи ҷумҳурӣ он рӯйхатро бори дигар баррасӣ карда, баъзе аз имтиёзҳоро ба хотири манфиати давлат бекор кунад. Зеро қисми даромади буҷети ҷумҳурӣ ба ин эҳтиёҷ дорад. Вақте қисми даромади буҷет таъмин намегардад, Кумитаи андоз дигар усулҳоро дар доираи қонун истифода барад.

Дар маҷмӯъ, Кодекси андоз дар таҳрири нав ҷавобгӯи талабот мебошад ва аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Боз кӣ баромад кардан мехоҳад?

Сумангул ТАҒОЙЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав баробари кам намудани номгӯйи андозҳо ва тағйирот вобаста ба маъмурикунонии андоз меъёрҳое пешбинӣ гардидаанд, ки барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ шароити мусоид фароҳам меоваранд. Санади мазкур муносибатҳои андозиро хеле содаю шаффоф намуда, ҳадафи асосии он ба баланд бардоштани самаранокӣ, паст намудани гаронии андозҳо ва расмиёти андозбандӣ равона гардидааст.

Лоиҳаи Кодекси андоз дар умум барои дар самти таъмини рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар, муайян намудани имтиёзҳои андозӣ, кам гардонидани шумораи умумии онҳо нақши муҳим дорад. Зеро кам кардани миқдори умумии андозҳо, аз байн бурдани баъзе намуди андозҳо ва кам кардани меъёрҳои андозҳои дигар ба андозсупорандагон сабукӣ оварда, пешниҳоди ҳисоботҳои андозӣ низ кам мегардад.

Дар он ҷиҳати пешбурди шаффофи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозӣ ва дар ҳисобот дақиқ нишон додани шумораи кормандон ва музди миёнаи моҳонаи онҳо, нисбат ба фаъолияти ташкилотҳои дигар (ғайрибуҷетӣ) меъёри андози иҷтимоӣ барои суғуртакунандагон аз 25 фоиз ба 20 фоиз паст карда шудааст.

Чунин меъёрҳои андози иҷтимоӣ барои татбиқи сиёсат дар самти афзоиши миқдории шуғли аҳолӣ ва маҳсулнокии меҳнат имконият фароҳам меорад.

Лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо дарназардошти он афзалиятҳое таҳия гаштааст, ки ҳадафи аслиашон тавассути механизмҳои андозӣ ба даст овардани ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии пешгирифтаи Ҳукумати кишвар мебошад.

Қабули лоиҳаи нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси дастгирӣ буда, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Амонулло ХАЙРУЛЛО:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳама медонем, ки барои таъмини фаъолияти бонизоми сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар кори муназзами мақомоти андоз ниҳоят муҳим мебошад. Дар 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикор ва роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи чорум аст, ки санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои андозӣ дар кишвар аз нав таҳия мешавад. Амалу чорабиниҳои андешидашуда шаҳодати рушду нумӯи ҷомеа, иқтисодиёт ва сатҳи иҷтимоии қишрҳои гуногуни аҳолии мамлакат мебошад.

Мутобиқи муқаррароти дахлдори лоиҳаи кодекс низоми андозбандии андозсупорандагон ва меъёри стандартии андоз аз арзиши иловашуда сол ба сол рӯ ба пастшавӣ дорад, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда аз 1 январи соли 2022 ба андозаи 15 фоиз, аз 1 январи соли 2024 — ум -14 ва аз 1 январи соли 2027 — ум 13 фоиз пешбинӣ шудааст.

Чунин иқдомҳои наҷиб ба саноатчиёни ватанӣ имкон медиҳад, ки теъдоди молу маҳсулоти истеҳсолшавандаи ватаниро васеъ намуда, меъёри арзиши ин молу маҳсулот вобаста ба имкониятҳои харидории истеъмолкунандагон коҳиш ёбад.

Масъалаи дигари муҳиме, ки дар лоиҳаи кодекс пешбинӣ гардидааст, аз байн бурдани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳидгардонии андоз аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молу мулк ва ҳамчун андози сатҳи маҳаллӣ муқаррар гардидани ин намуди андоз ба ҳисоб меравад. Амали мазкур барои шаҳрвандон расмиёти андозсупориро содатар намуда, инчунин, ба ғанигардонии буҷети маҳаллӣ низ мусоидат менамояд.

Илова ба ин, дар лоиҳаи кодекс масъалаи муайянкунии истифодаи дурусти маҳалли таҳвили мол дар лаҳзаи таҳвили он тавассути нақлиёт ё ташкилоти нақлиётӣ дар қисми 2 моддаи 257 мувофиқи мақсад ҳал карда шудааст.

Дар умум, лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Бо дарназардошти гуфтаҳои зикршуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда ё ин ки яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт ба овоз монда шавад.

Лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро яклухт ба овоз монда, хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда шуда, кодекс қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Оинномаи Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дода мешавад. Марҳамат.

Сулаймон ЗИЁЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Оинномаи Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ ҳуҷҷати расмии бисёрҷониба буда, масоили гуногуни рушди кишоварзиро дар байни давлатҳои аъзои созмон танзим мекунад.

Мақсаднокии тасдиқи Оиннома тақвияти ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ оид ба амнияти озуқаворӣ байни давлатҳои аъзо, таъмини муносибатҳои самаранок ҷиҳати рушд бахшидани истеҳсолоти кишоварзӣ, расидан ба амнияти озуқаворӣ, рушди деҳот, ташаккули биотехнология дар кишоварзӣ, ҳал намудани муаммоҳои биёбоншавӣ ва камшавии ҷангал, кам кардани биёбон, эрозияи хок, шӯршавии замин, барқарор кардани ҷангалзорҳо ва расонидани кумаки экспертӣ ба давлатҳои аъзои Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ мебошад.

Барои рушди соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ тасдиқи оиннома имконият медиҳад, ки минбаъд ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кумак ва дастгириҳои давлатҳои аъзо, ки имкониятҳои аграрии пешрафта доранд, дар доираи ҳамкориҳои Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ истифода намояд.

Тасдиқи оиннома дар ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба амнияти озуқаворӣ, ки давлатҳои аъзо ба он дучор мешаванд, аз ҷумла хурӯҷи гуруснагӣ, камғизоӣ, афзоиши аҳолӣ, норасоии ғизо, биёбоншавӣ, кам шудани майдони ҷангал, шӯршавии хок имконият медиҳад.

Вобаста ба арзёбии оқибатҳои эҳтимолии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ ва оқибатҳои дигари бастани шартномаҳои байналмилалӣ, номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сабаби эътибор пайдо кардани шартномаи байналмилалӣ зарурати ба онҳо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба миён меояд, чунин қайд менамоем, ки тибқи мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2016 таҳти №29/10-191 ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷониби Қазоқистон давоми се сол хароҷоти нигоҳдории созмонро пурра ба уҳда гирифта, баъдан пардохти хароҷоти аъзоҳаққии давлатҳои аъзо мутобиқи муқаррароти Созмони ҳамкории исломӣ сурат мегирад.

Котиботи Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) роҷеъ ба ҳаққи узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмон то охири соли 2020 муроҷиат накардааст.

Айни замон, Котиботи Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) ба унвонии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пардохти ҳаққи узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмон, ки 21792,00 (бисту як ҳазору ҳафтсаду наваду ду) доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, дархост ирсол намудааст. Вобаста ба пардохти ҳаққи узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмон тибқи тартиби муқарраргардида, барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешавад.

Тасдиқи лоиҳа ва ҳамкориҳои судманд бо Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ ҷиҳати рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, нақши муҳим мебозад.

Баъди тасдиқи лоиҳа, Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ бо давлатҳои аъзо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мемонад.

Пешниҳоди таҷрибаи содирот (техникии ноу-хау) аз ҷониби давлатҳои аъзо дар ҷанбаҳои гуногуни рушди самараноки соҳаи кишоварзӣ, минтақаҳои деҳот, амнияти озуқаворӣ ва ҳалли мушкилоти паҳншавии биёбоншавӣ, кам кардани майдони ҷангал, эрозия ва шӯршавии хок мебошад. Таъмини робитаҳои босуботи иҷтимоӣ бо давлатҳои аъзо ҳамоҳанг шуда, мониторинг ва арзёбии вазъият дар соҳаи бехатарии саноат баҳри муайян ва таъмин намудани ҳолати фавқулодаи зарурӣ ва кумаки башардӯстона, аз ҷумла тавассути таъсис додани захираҳои амнияти озуқаворӣ амалӣ мегардад. Сафарбар намудан ва идора кардани захираҳои молиявӣ ва кишоварзӣ бо мақсади пешбурди кишоварзӣ ва беҳбудии амнияти озуқаворӣ дар кишварҳои аъзо, ҳамоҳангсозӣ, таҳия ва татбиқи принсипҳои умумии кишоварзӣ тавассути мубодилаи таҷҳизот ва интиқоли технологияҳои мувофиқ мегардад.

Барои ноил шудан ба мақсадҳои зикршуда Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ ҷамъоварӣ, омӯзиш, тарҷума ва паҳн кардани иттилоот дар бораи озуқа ва маҳсулоти кишоварзӣ, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, технологӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ, мубодилаи иттилоот, маълумот, омӯзиш ва тадқиқоти марбут ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, биотехнология ва истеҳсоли моделҳои таҷрибавӣ, аз ҷумла, парвариш, истеҳсоли тухмӣ, заҳрхимикатҳо ва идоракунии агрономӣ ба навсозии равандҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Сафарбаркунии захираҳо ва идоракунии захираҳо барои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ аз давлатҳои аъзо, ҷиҳати мусоидат ба сармоягузорӣ дар дохили Созмони ҳамкории исломӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ тавассути лоиҳаҳои маблағгузории хурд амалӣ карда мешавад.

Лоиҳаи қарори мазкур ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, барои ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуда, мо, ки дар остонаи таҷлили Рӯзи Конститутсия қарор дорем, ба ҳамаи шумо саломатӣ ва сарбаландӣ орзу менамоям.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дода мешавад. Марҳамат.

Рустам ЛАТИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Оинномаи Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ 28 апрели соли 2016 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2021 оинномаи зикргардида ва лоиҳаи қарори дахлдор дар ин бора барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Онҳо дар хулосаҳои пешниҳодкарда оинномаи зикргардида ва лоиҳаи қарор дар ин хусусро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, нисбати он 3 — то таклиф пешниҳод гардид, ки ба инобат гирифта шуданд.

Кумитаи масъул масъаларо 28 октябри соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи онро зарур шуморид.

Созишнома ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва моддаҳои 11, 12, 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки тасдиқи «Оинномаи Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарор «Дар хусуси Оинномаи Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази тақсимоти яклухти витаминҳои Тоҷикис­тон» оид ба сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дода мешавад. Марҳамат.

Саъдӣ ҚОДИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Дастгирии иқдомҳои созандаи бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими мавқеи ин самтҳо дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ инъикос меёбад.

Барои ҳавасмандгардонии соҳибкорони истеҳсолӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ва дар ин замина, амалигардонии ҳадафи сеюми стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Қонунгузории самти сармоягузорӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуда, барои сармоягузорон имконияти иштирок дар татбиқи лоиҳаҳо бо истифода аз механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, консессия ва созишномаҳои сармоягузорӣ, ки реҷаи имтиёзноки пешбурди фаъолиятро пешбинӣ менамоянд, муҳайё месозад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази тақсимоти яклухти витаминҳои Тоҷикистон» ширкати ватанӣ маҳсуб ёфта, тат­биқи лоиҳаи созишномаи сармоягузории мазкурро бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба анҷом хоҳад расонид.

Лоиҳа аз ду марҳилаи асосӣ иборат буда, дар марҳилаи якум – сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ба маблағи 2,6 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ амалӣ хоҳад шуд.

Татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен пешбинӣ менамояд, ки ҳаҷми маблағгузории он 17,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Бо пурра ба фаъолият оғоз намудани гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен 90 дарсад ҷойҳои нави кории муҳайёшаванда барои шаҳрвандони маҳаллӣ пешбинӣ карда мешаванд.

Татбиқи лоиҳа маблағҳои буҷетиро талаб накарда, баръакс тавассути таъсис додани ҷойҳои корӣ ва пардохти дигар намудҳои андоз ба ғанишавии хазинаи давлат мусоидат менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишномаи сармоя­гузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъу­лияти маҳдуди «Маркази тақсимоти яклухти витаминҳои Тоҷикистон» оид ба сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен»- ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Марҳамат.

Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода: - Воқеан, дар таъмини аҳолии мамлакат бо сабзавоти тарутоза дар мавсими тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор нақши гармхонаҳо хеле калон аст. Оё парвариши сабзавот дар гармхонаи инноватсионӣ дар асоси гидропоника ба роҳ монда мешавад?

Саъдӣ ҚОДИРЗОДА: - Бале, дуруст қайд кардед. Гидропоника яке аз усулҳои муосиру самарабахши парвариши сабзавот буда, он дар гармхонаи инноватсионӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Абдуҷаббор Умарзода дода мешавад. Марҳамат.

Абдуҷаббор УМАРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази тақсимоти яклухти витаминҳои Тоҷикистон» оид ба сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен», ки 28 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз татбиқи он воридоти техника ва технологияи муосир барои бунёди инфрасохтори замонавӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти воридотивазкунанда, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, воридоти маб­лағ ба буҷети давлатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Маблағгузории лоиҳа 20 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Созишнома бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 18 октябри соли 2021 таҳти №864 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуда, ҷонибдорӣ гардид. Ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 11, 12 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази тақсимоти яклухти витаминҳои Тоҷикистон» оид ба сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» оид ба сохтмон ва истифодабарии комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Саъдӣ Қодирзода дода мешавад. Марҳамат.

Саъдӣ ҚОДИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Мувофиқи ҳадафҳои стратегӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш аз иқтисодиёти аграрӣ — саноатӣ ба саноатӣ — аграрӣ қарор дорад. Албатта, чунин гузариш усули инноватсионӣ, нигоҳдории мувозинаи истифодаи самараноки замин ва шарти муносиби коркарди маҳсулоти кишоварзиро талаб менамояд.

Хусусияти муҳими рушди ҳозираи комплекси агросаноатӣ зарурати суръат бахшидан ба тараққиёти илмию техникии истеҳсолотро тақозо менамояд, зеро дар асоси он равандҳои инноватсионие қарор доранд, ки имконият барои дар заминаи дастовардҳои илму техника мунтазам таҷдиду такмил додани истеҳсолотро фароҳам меоранд.

Рушди инноватсионии комплекси агросаноатӣ истифодаи маҷмӯии омилҳои илмии истеҳсолот ва технологияҳо, ташкили иқтисодӣ ва идоракуниро барои таъмини рақобати устувори маҳсулот дар бозори дохилӣ ва берунӣ пешбинӣ менамояд.

Ташкили Комплекси парвариши чорвои калон ва парандапарварӣ, инчунин, истеҳсоли хӯроки чорво дар ноҳияҳои Ёвон ва Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» метавонад дар татбиқи ҳадафҳои стратегии зикршуда саҳмгузор бошад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» тасмим гирифтааст, ки лоиҳаро дар ду марҳила татбиқ намояд, аз ҷумла дар баробари комплекси зикршуда, инчунин, Комплекси парвариши чорвои зотӣ, истеҳсоли тухм ва ҳасибҳоро ба роҳ монад.

Ҳар сол ба ҷумҳурӣ даҳҳо ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, инчунин, гӯшти паранда ва маҳсулот аз он ворид мегарданд. Талаботи бозори дохилӣ ба чунин маҳсулот сол то сол афзун гардида, иқдоми пешгирифтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, дар назар дошта шудааст, ки ҷиҳати татбиқи марҳилаи якум Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» беш аз 25 000 000,0 (бисту панҷ миллион) доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намояд.

Ҳаҷми сармоягузории марҳилаи дуюм бошад, аз натиҷаҳои татбиқи марҳилаи якум вобастагӣ дошта, сипас муайян карда мешавад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» нақша дорад, ки дар марҳилаи якум дар Комплекси парвариши чорвои калон ва истеҳсоли хӯроки чорво дар ноҳияи Ёвон 1055,0 тонна гӯшт, 45 тонна зермаҳсулот, 3000 дона пӯст, инчунин, дар Комплекси парандапарварии ноҳияи Данғара 5086,0 тонна гӯшти мурғ ва 195,1 тонна зермаҳсулотҳо солона истеҳсол намояд.

Ба кор даровардани комплекси мазкур замина барои таъсиси зиёда аз 300 ҷойи нави кор мегардад.

Татбиқи лоиҳа пурра аз ҳисоби маблағҳои сармоягузор сурат гирифта, қабули он хароҷоти иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад. Муассисони ҷамъият шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои таҷрибаи муваффақ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мебошанд.

Пас аз татбиқи пурраи лоиҳа дар комплексҳои сохташаванда пурра шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фаро гирифта мешаванд. Шаҳрвандони хориҷӣ танҳо барои васлу насби таҷҳизот дар давраи бунёди комплексҳои чорвордорӣ ва парандапарварӣ ҷалб мегарданд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» оид ба сохтмон ва истифодабарии комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сурайё Дӯстмуродзода дода мешавад. Марҳамат.

Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис,Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» оид ба сохтмон ва истифодабарии комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» ширкати ватанӣ маҳсуб ёфта, татбиқи лоиҳаи созишномаи сармоягузории мазкурро бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба анҷом хоҳад расонид.

Татбиқи лоиҳаи мазкур барои рушди чунин соҳаҳои калидии хоҷагии қишлоқ чун парвариши чорвои хушзот, парандапарварӣ ва баровардани зермаҳсулотҳоро бо истифода аз хатҳои технологии навтарин ва замонавӣ такони ҷиддӣ дода, ҳамзамон амалишавии ду ҳадафи стратегии кишвар — таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръатро таъмин менамояд.

Ҳамзамон дар ин раванд занҷираи устувори истеҳсолӣ ба миён омада, ба паст гардидани арзиши аслии маҳсулот мусоидат хоҳад кард.

Бо пурра ба фаъолият оғоз намудани комплекси агросаноатӣ зиёда аз 300 ҷойи нави кор барои шаҳрвандони маҳаллӣ муҳайё карда мешавад.

Созишнома бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 октябри соли соли 2021 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда, онҳо дар хулосаҳои пешниҳодкарда онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишномаи мазкур ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Кумитаи мазкур аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» оид ба сохтмон ва истифодабарии комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» оид ба сохтмон ва истифодабарии комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Япония дар бораи «Пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод САЛИМ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Япония, ки муносибатҳои дипломатиро бо он расо як сол баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барқарор намудааст, ба сифати шарики боэътимод ва кишвари мададрасон манфиатдор мебошад. Тоҷикистон робитаҳоро бо ин кишвари дӯст мустақиман ва аз тариқи ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тавсеа медиҳад.

Дар ин раванд аз соли 2008 ба мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва мусоидат намудан ба рушди захираҳои инсонӣ дар Тоҷикистон, ҷониби японӣ лоиҳаи «Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ»-ро барои хидматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодасозии мутахассисон дар соҳаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисод ва менеҷмент ба роҳ мондааст, ки дар доираи кумаки расмӣ маблағгузорӣ мешавад ва барои татбиқи лоиҳаи он ҳар сол ҷонибҳо ёддоштҳои табодулӣ ва созишномаи грантиро ба имзо мерасонанд.

Ёддоштҳои табодулӣ вобаста ба лоиҳаи «Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» санадест, ки дар он мувофиқаи расмии ҳукуматҳои Тоҷикистону Япония дар бораи аз тарафи Япония пешниҳод гардидани бурсияҳои таҳсилӣ барои хидматчиёни давлатии Тоҷикистон ва аз ҷониби Тоҷикистон қабул гардидани бурсияҳо ифода шудааст.

Пас аз имзои лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ байни вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ба имзорасонии Созишномаи грантии «Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» оғоз мегардад. Тибқи таҷриба, ҳар сола созишномаи грантиро вазири молияи кишвар ва роҳбари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мекунанд.

Тибқи омори ҷониби японӣ, аз соли 2008 то ба ҳол барои таҳсил дар донишгоҳҳои олии Япония 86 нафар (дар зинаи магистратура) ва аз соли 2016 то 2019- ум 4 нафар (дар зинаи докторантура) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Айни ҳол дар донишгоҳҳои Япония 13 нафар хидматчиёни давлатӣ аз мақомоти соҳавии кишвар дар соҳаҳои гуногун таҳсил карда истодаанд. Инчунин, интизор меравад, ки нимаи аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ боз 15 нафар хидматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил ба Япония раванд.

Дар асоси ёддоштҳои табодулие, ки аз ҷониби Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва сафири Япония дар Душанбе Такаюки Мияшита 2 сентябри соли 2021 дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ ба имзо расониданд, 16 нафар хидматчии давлатии кишвар барои таҳсил аз тариқи озмун дар зинаҳои магистратура ва докторантура дар соли 2022 ба донишгоҳҳои Япония фаро гирифта хоҳанд шуд.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи «Пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ»- ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Файзулло Наҷмиддиниён дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи «Пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» 2 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Дар бораи расмиёти дохилии баррасии санади мазкур дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамоям, ки он дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2021 таҳти №877 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддоштҳои зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи «Пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ»-ро 27 октябри соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зариф Ализода ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи «Пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бо дарназардошти ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ёддошт­ҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи «Пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Файзулло Қосимӣ дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло ҚОСИМӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Раҷаббой Аҳмадзода, Қурбон Ҳакимзода, Мусо Мирзозода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Мирзозода пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз он мутобиқгардонии меъёрҳои қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатӣ» мебошад.

Мутобиқи лоиҳа, дар матни кодекс калимаи «қаламрави» ба «ҳудуди», калимаҳои «марзиву маъмурӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда мешаванд.

Ҳамчунин, дар моддаҳои 12, 22, 5, 20 ва 27-и Кодекси замин, бартараф сохтани норасоиву камбудиҳои имлоӣ ва дар таҳрири нав ифода кардани қисми 3 моддаи 22 бо мазмуни « — қитъаҳои замине, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ дода шудаанд, танҳо мувофиқи таъиноти мақсадноки онҳо истифода бурда мешаванд», пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади аз байн бурдани носаҳеҳӣ дар сархати дуюми моддаи 20 калимаи «иҷорагир» ба калимаи «иҷорадеҳ» иваз карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни зикргардида бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2021 таҳти №794 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираи об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Он расмиёти дохилиро тибқи дастури Маҷлиси намояндагон гузаштааст. Дар мувофиқа бо субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 15 таклифи пешниҳодшуда баррасӣ гардида, аз онҳо 13-то қабул, 2-то қисман қабул шуданд.

Лоиҳаи қонун ба моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намуданаш аз буҷети давлатӣ маб­лағи иловагиро талаб наменамояд.Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ориф Хоҷазода дода мешавад. Марҳамат.

Ориф ХОҶАЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳадаф аз ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Кодекси замин бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳида, мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои ҷудогона ва мутобиқгардонии он ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатӣ» ва дигар санаду меъёрҳои марбут ба соҳаи заминсозӣ мебошад. Инчунин, дар лоиҳа баъзе аз мафҳуму ибораҳо мушаххас, сода ва фаҳмо гардонида шудаанд.

Аз шумо — вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоамон Рофизода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Мақсади асосии ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди муайяни ба вуҷуд овардани ҳодисаҳои садамаҳои роҳу нақлиётӣ аз ҷониби пиёдагардон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузаштани онҳо ба амал меоянд.

Солҳои охир маҳз бо иқдом ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи роҳсозӣ бомаром рушд намуда, роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, аз ҷумла дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе роҳҳои сесатҳа (эстакадаҳо) сохта ва ба истифода дода шуданд.

Тибқи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар пулҳо, роҳҳои болои ҳам сохташуда, роҳҳои сесатҳа (эстакадаҳо) гаштугузор, рафтуомади пиёдагардон манъ буда, онҳо танҳо бояд аз гузаргоҳҳои зеризаминии дар сатҳи дуюм сохташуда истифода намоянд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки пиёдагардон Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус дар роҳҳои автомобилгарде, ки дар он шумораи зиёди нақлиёт ҳаракат менамоянд, вайрон карда, аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузашта, ҳаёт ва саломатии худ ва дигаронро зери хатар қарор мегузоранд.

Соли 2020 дар шаҳри Душанбе 183132 маротиба вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 35926 ҳолати он аз тарафи пиёдагардон содир гардидааст.

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми 1 моддаи 340 ҷавобгарии пиёдагардонро барои риоя накардан ё аз ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ гузаштани онҳо пешбинӣ намуда, ҷазоро дар намуди огоҳӣ ё ҷарима ба андозаи ҳаштяки нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё баробар ба 7 сомонию 50 дирам муқаррар намудааст.

Ҷазоҳои ба тариқи маъмурӣ татбиқгардида оид ба ин намуди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба монанди огоҳӣ ва ҷаримаҳои ночиз ба беҳтар шудани ҳолати риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо аз ҷониби пиёдагардон мусоидат намекунад.

Барои зебою сарсабз гардонидани пойтахти кишвар аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе кӯшиши зиёд ба харҷ дода шуда истодааст, вале баъзе аз шаҳрвандон одоби шаҳрдориро ­риоя накарда, минтақаҳои сабзазори шафати роҳҳо ва алафзори боғҳоро поймол менамоянд.

Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, риоя, нигоҳдорӣ ва поймол нашудани минтақаҳои сабзазори шафати роҳҳо ва алафзори боғҳо зарур шуморида шуд, ки дар моддаи 451 қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад: «Барои поймол намудани минтақаҳои кабудизоршуда ва сабзазори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳо, ба истиснои ҷойҳое, ки барои мақсадҳои истироҳатию фароғатӣ пешбинӣ шудаанд, ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад» ва қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад».

Ҳамин тариқ, мақсад ва пешниҳоди ворид намудани тағйироту илова таъмин намудани бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, пешгирии ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиётӣ, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва нигоҳдории ҷойҳое, ки барои мақсадҳои истироҳатию фароғатӣ пешбинӣ шудаанд, мебошад.

Қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мансур Усмонзода дода мешавад. Марҳамат.

Мансур УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.  Он бо мақсади иҷрои талаботи банди 3 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2021 таҳти № 2 оид ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои баъзе аз қонунвайронкуниҳо ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла қонунвайронкуниҳои аз тарафи пиёдагардон содиршуда, таҳия гаштааст.

Тибқи лоиҳа, дар самти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, инчунин, дар соҳаи таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил, хоҷагии коммуналӣ, ободонӣ ҷаримаҳо ба андозаи муайян зиёд карда мешаванд. Ҳамчунин, барои қонунвайронкуниҳое, ки бар хилофи талаботи тартиботи ҷамъи­ятӣ, аз ҷумла кирдори нодуруст аз ҷониби пиёдагардон содиршаванда, муҷозот пешбинӣ шудааст.

Дар асоси лоиҳа ба боби 19 (ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) тағйирот ворид карда мешавад, ки мувофиқи он дар санксияҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 340 «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардани пиёдагардон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ» ҷаримаи маъмурӣ аз ҳаштяк то як меъёри амалкунанда, ба андозаи аз нисф то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда мешавад.

Мувофиқ ба боби 25 (ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил, хоҷагии коммуналӣ, ободонӣ) иловаи нав ба моддаи 451 ворид карда мешавад, ки тибқи он, қисми 2 бо чунин мазмун: «Барои аз сабзазор ё гулзори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин гузаштан, ба истиснои сабзазоре, ки бо мақсадҳои сайругашт ё истироҳату фароғат пешбинӣ шудаанд», пешниҳод мегардад. Ҷаримаи чунин ҳуқуқвайронкунӣ ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуда, тибқи лоиҳа, қисми 2 моддаи 451 кодекси амалкунанда ҳамчун қисми 3 ҳисобида мешавад.

Лоиҳаи қонун расмиёти дохилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро пурра гузаштааст. Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои такмили он 11 таклиф пешниҳод гардид, ки 9 таклиф қабул ва 2 таклифи дигар қабул нашуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 1, 10, 14, 17, 36 ва 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС:- Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ карда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ