Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд

№146 (4566), 147 (4567) 25.11.2022

DSC_9488Бисту сеюми ноябри соли 2022 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 55 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зариф Ализода, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Каримзода, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Маҳмадшозода, сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа ду масъала пешниҳод шудааст.

Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид».

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Дар бораи лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.

Зариф АЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Раванди босуръати инкишофи муносибатҳои устувори иқтисодӣ дар кишвар ва ҷаҳонишавии ­масъалаҳо оид ба он яке аз омилҳои муайянкунандаи такмил ва дар таҳрири нав таҳия кардани лоиҳаи Кодекси маданӣ ба ҳисоб меравад. Қабули дигар қонунҳо вобаста ба муносибатҳои маданӣ, зарурати бартараф кардани мухолифати онҳо ба Кодекси маданӣ, ки татбиқи меъёрҳоро дар амал душвор мегардонанд, инчунин аз ҷиҳати забонӣ ва истилоҳот коста будани мазмуну мундариҷаи кодекси амалкунанда низ зарурати такмили онро ба миён овард.

Баъди қабули Кодекси граждании соли 1999 дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таҳаввулоти зиёд ба амал омад, ки баъзе аз ҷанбаҳои он дар қонунгузории гражданӣ инъикос ва танзим наёфтанд. Чунин дигаргуниҳо на танҳо дар фазои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳое, ки мо бо онҳо дар як фазои ҳуқуқӣ қарор дорем, ба миён омаданд.

Бинобар ин, дар лоиҳаи кодекси нав мушкилоти муҳими ҷойдошта ҳаллу фасл ва танзими ҳуқуқии онҳо мушаххас пешбинӣ гардида, норасоӣ ва мухолифатҳои ҷойдошта ислоҳ ва бартараф карда шуданд. Аз ҷумла, ҳалли таносуби байни кодекс ва дигар қонунҳо, сохтор ва пайдарҳамии ҷойгиршавии ниҳодҳои алоҳида, такмили танзими ҳуқуқии ҳуқуқҳои шахсии         ғайримолумулкӣ, мушаххасгардонии навъҳои алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ, таҷдид кардани масъалаи сирри хизматӣ ва сирри тиҷоратӣ ҳамчун объекти ҳифз, такмили ниҳодҳои кафолат ҳамчун иҷрои уҳдадориҳо ва ғайра таҳия гардидааст.

Дар ин замина, барои муайян кардани меъёрҳо оид ба соҳибият ва ҳимояи он дар лоиҳаи кодекс аввалин маротиба мафҳум, ­субъектҳо, объектҳо, асосҳои ба даст овардани соҳибият, соҳибияти қонунӣ, соҳибияти бовиҷдонона, ҳимояи соҳибият, талабот оид ба ҳимояи соҳибият, тақсимоти гаронии исбот ҳангоми ҳимояи соҳибият пешбинӣ гардида, муносибатҳои ҷамъиятии дар ин замина бавуҷуд­оянда мавриди танзим қарор дода шудааст.

Ҳамчунин, ба кодекс боби нав вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ашё дар маҷмӯъ ворид гардидааст, ки он ба масъалаҳои воситаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои ашё, талаб карда гирифтани ашё аз соҳиби ғайриқонунии он, талаб карда гирифтани ашё аз соҳиби бевиҷдонона бадастоварда, ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми баргардонидани ашё аз соҳиби ғайриқонунӣ, бартараф намудани вайронкунии ҳуқуқи ашё, озод кардани ашё аз ҳабс, инчунин, ба эътирофи ҳуқуқи ашё ва дигар муносибатҳо ба танзими ҳамаҷониба фаро гирифта шуданд.

Як қатор навгониҳои ҷиддӣ дар намудҳои алоҳидаи уҳдадориҳо ва шартномаҳо дар лоиҳа пешбинӣ шудааст. Дар ин самт муносибатҳои наве ба миён омадаанд, ки зарурати танзимро тақозо мекунанд. Масалан, шартномаҳои рента, суратҳисоби бонкии эскроу, сохт­мони ҳиссагии бинои истиқоматӣ, консессионӣ ва ғайра дар доираи кодекси мазкур мавриди танзими ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Лоиҳаи кодекс бо дарназар­дошти талаботи муосир ва воқеияти имрӯза таҳия гардида, марҳилаи навбатии рушди танзими ҳуқуқии муносибатҳои маданиро инъикос мекунад.

Он дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо таъсиси гурӯҳи корӣ такмил дода шуда, таклифу пешниҳодҳои судманд, ки барои боз ҳам сода ва равону фаҳмо баён гардидан, мушаххас ва дақиқ ифода ёфтани меъёрҳои кодекс кумак расониданд, ба инобат гирифта шуданд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи кодекси пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.

Равшан РАҶАБЗОДА:

- Муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26-уми апрели соли 2013 ва дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2019 таҳия гардидааст.

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Қонунгузории маданӣ аз Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин кодекс, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Дар лоиҳаи кодекси пешниҳодшуда на танҳо бартарияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба қонунгузории мадании ҷумҳурӣ, балки бартарияти қоидаҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба қоидаҳои пешбиникардаи қонунгузории маданӣ муқаррар шудааст.

Кодекси маданӣ санади меъёрии ҳуқуқии кодификатсияшудае мебошад, ки муносибатҳои ҳуқуқии маданиро ба танзим медарорад ва дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусӣ мавқеи хоса дорад.

Сохтори кодекси маданӣ ба сохтори соҳаи ҳуқуқи маданӣ мувофиқ буда, вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муомилоти маданӣ, асосҳои пайдоиш ва тартиби татбиқи ҳуқуқ ба моликият ва дигар ҳуқуқи ашёӣ, ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонии ба он баробаркардашударо муайян мекунад, уҳдадориҳои шартномавӣ ва дигар навъи уҳдадориҳо, инчунин дигар муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро, ки ба баробарӣ, мухторияти ирода ва мустақилияти молумулкии иштирокчиёни он асос ёфтааст, танзим менамояд.

Дар маҷмӯъ, лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1351 модда, ки дар 9 фасл ва 76 боб мураттаб гардидаанд, иборат мебошад.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2022 таҳти № 1020 лоиҳаи кодекси мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният барои баррасӣ ва ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.

Бо такя ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2022 таҳти № 1020 кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба лоиҳаи кодекси мазкур хулосаҳоро бо теъдоди зиёди таклифу пешниҳод барои баррасӣ ба кумитаҳои масъул манзур карданд.

Баъдан, лоиҳаи кодекс барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гашта, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 15 — уми июни соли 2022 таҳти № 743 дар хониши якум қабул карда шуд.

Сабаби қабул кардани он дар хониши якум, пеш аз ҳама, калонҳаҷм будани кодекс ва теъдоди зиёди таклифу пешниҳодест, ки аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ироа шуданд.

Баъди дар хониши якум қабул гардидани лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм ҷиҳати манзур кардани пешниҳод доир ба лоиҳаи кодекси мазкур то 1-уми сентябри соли 2022 ба субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Дар иртибот ба ин, гурӯҳи кории назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Ализода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Р. Шоҳмурод, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Р. Раҷабзода, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Ҷ. Муртазозода, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Каримзода, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ф. Маҳмадшозода, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Б. Шамолиён ва мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон И. Таваккалзода лоиҳаи кодексро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, матни русии онро ба матни забони давлатӣ мутобиқ, хатоҳои имлоиро ислоҳ ва дар маҷмӯъ матни лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро бо риояи тартиби муқарраркардаи боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» такмил доданд.

Бо назардошти пешниҳоди воридгардида аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва хулосаи Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи кодекс такмил дода шуда, як боб, як параграф ва беш аз 24 моддаи лоиҳа дар таҳрири нав ифода гардида, ба зиёда аз 700 моддаи дигар тағйироту иловаҳои ҷудогона ворид карда шудааст.

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюмро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Сумангул ТАҒОЙЗОДА:

- Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ принсипҳои башардӯстӣ ва озодона кору зиндагӣ кардани инсонҳоро дарҷ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо пайваста кӯшишҳои судманд ба харҷ дода истодааст.

Ҳар як санади меъёрии ҳуқуқии қабулгардида бояд дар навбати аввал инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз намояд, яъне барои зиндагии шоистаи афроди ҷомеа, фаъолияти пурсамари ташкилоту корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сулҳу субот, оромии сиёсӣ шароити мусоид фароҳам орад ва самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа танзим намояд.

Бо рушд ва таъсирбахш гардидани мавқеи инсон дар ҳама соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ, талабот ба танзими муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ зиёд мегардад. Дар ин ҷода саҳми Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон калидӣ буда, муносибатҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии ба худмухторӣ ва баробарӣ асосёфтаи иштирокчиёни онро дар замони муосир ба низом медарорад.

Аз ин рӯ, баҳри амалӣ кардани ҳадафҳои асосии «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» зарурат пеш омад, ки дар заминаи дастовардҳои илми ҳуқуқи гражданӣ ва хусусияти миллӣ касб кардани сиёсати ҳуқуқии гражданӣ бояд қонунгузории маданӣ такмил дода шавад.

Боварии комил дорем, ки қабули лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав баҳри амалишавии муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистони соҳиб­истиқлол ҷиҳати бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як инсон, рушди кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистони озод саҳми муносиб мегузорад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Боз кӣ дар ин масъала баромад кардан мехоҳад?

Солеҳа ХОЛМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳуқуқи гражданӣ (маданӣ) яке аз соҳаҳои қадимаи ҳуқуқшиносӣ буда, Кодекси маданӣ (гражданӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии танзими муносибатҳои муҳими ҳаёти хусусӣ мебошад.

Институти ҳуқуқи маданӣ (гражданӣ) муносибатҳои асосӣ ва ҳаррӯзаи ҳар як узви ҷомеа – шаҳрвандон ва ташкилотҳо, инчунин муносибатҳои дигари молумулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии марбут ба онҳоро танзим менамояд. Аз лаҳзаи таваллуд шаҳрванд номи худро ба даст меорад ва иштирокчии муносибатҳои маданӣ мегардад.

Ташкилот ҳангоми таъсисёбӣ номи муайянро ба даст меорад ва ҳуқуқи иштирокчии муносибатҳои муайяни маданӣ (гражданӣ) гардиданро пайдо мекунад. Тааллуқ дош­тани ашё ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ тибқи ҳуқуқи маданӣ ба танзим дароварда мешавад. Нест ягон муносибате, ки дар он унсури муайяни ҳуқуқи маданӣ (гражданӣ) ҷой надошта бошад.

Бинобар он зарурати пешниҳод ва қабули Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо дарназардошти муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва дигаргуниҳои ба вуҷудомада пеш омад.

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати хеле муҳим буда, мутобиқати ҳамаи санадҳо ба ҳамин кодекс, таносуби илмҳои сивилӣ (маданӣ), равона гардида, ҷиҳати ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим дорад.

Яке аз масъалаҳои калидии лоиҳа дар ном ва матни кодекс истилоҳи «гражданӣ» мутобиқ ба услуби ифода дар забони давлатӣ ба истилоҳи «маданӣ» иваз карда шуд. Гуруҳи корӣ ба имкониятҳои забони давлатӣ рӯ оварда, барои ба забони илми ҳуқуқи маданӣ табдил ёфтани кодекси мазкур саҳми арзанда гузоштанд.

Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон номидани ин қонуни муҳими ҳаёти хусусӣ аз риояи ҳатмии талаботи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 – уми октябри соли 2009 таҳти № 553 ва моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» гувоҳӣ медиҳад. Вожаи «маданӣ» ифодагари моҳияти муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии субъектҳои ҳуқуқи маданӣ (гражданӣ) мебошад, ки кодекси мазкур ба танзим медарорад.

Дар қисми якуми лоиҳа асос­ҳои умумии қонунгузории маданӣ муқаррар гардида, дар он муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро, ки ба баробарӣ, мухторияти ирода, мустақилияти молумулкии иштирокдоронашон асос ёфтаанд, танзим менамояд.

Қисми дуюми кодекс ба навъҳои алоҳидаи уҳдадориҳо бахшида шуда, бо назардошти ташаккули муносибатҳои шартномавӣ меъёрҳои нав илова, баъзе аз меъёрҳо тағйир ва ихтисор гардиданд.

Қисми сеюми лоиҳаи кодекс ба се мавзӯи алоҳида бахшида шуда, муқаррароти умумӣ оид ба моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи мерос ва ҳуқуқи байналмилалии хусусиро дар бар мегирад.

Дар самти ҳуқуқи байналмилалӣ — хусусӣ вазъи ҳуқуқи ­субъектони муносибатҳои маданӣ — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, масъалаҳои гуногуни вобаста ба амалинамоии аҳдҳо бо иштироки хориҷиён ва аз ҳама муҳим — тартиби татбиқи ҳуқуқ ҳангоми коллизияи қонунҳоро танзим менамояд.

Ҷиҳати иҷрои банди 39 — уми «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2028», ки бо фармони Президенти мамлакат аз 6 – уми феврали соли 2018 таҳти №1005 тасдиқ шудааст, дар лоиҳаи кодекси мазкур таҳияи фаслҳои нав ба ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва ҳуқуқи ашё бахшида шудааст, пешбинӣ гардидааст. Боби 16 ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки мавҷудияти табиӣ ва иҷтимоии шахси воқеиро дар­ муносибатҳои маданӣ таъмин мекунанд, бори аввал дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда шудаанд. Боби 15 ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки мавҷудияти табиии шахси воқеиро дар муносибатҳои маданӣ таъмин мекунад, ифода ёфта, он даҳ моддаро дар бар гирифта, дар он ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, рафъ намудани хавфе, ки ба ҳаёт ва саломатӣ таҳдид мекунад, ба ёрии тиббӣ, ба иттилоот дар бораи вазъи саломатӣ, ба озодӣ, дахлнопазирии шахсият равона карда шудааст. Инчунин дар лоиҳаи кодекс фасли сеюм ба ҳуқуқи ашё бахшида шуда, дар он мафҳум, намудҳои соҳибӣ ҳамчун падидаи ҳуқуқи маданӣ ва ҳимояи он пешбинӣ гардидааст. Ҳамин тариқ, лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм аз 9 фасл, 76 боб ва 1351 модда иборат мебошад, ки воқеан ҳам, калонҳаҷм буда, муносибатҳои нави маданӣ, ниҳод ва муқарраротро дар таҳрири нав пешбинӣ менамояд ва бо дарназардошти муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба асосҳои ҳуқуқии танзими онҳо равона шудааст.

Таҳияи лоиҳаи нави Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ буда, он бо дарназардошти таҳлили амалияи татбиқи беш аз 20-солаи Кодекси гражданӣ, навгониҳои бавуҷудомада, дар муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ ва соҳибкорӣ, тадқиқотҳои илмиву амалӣ таҳия гардида, ба талаботи муосири муносибатҳои ҳуқуқии соҳа ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Боз кӣ мехоҳад вобаста ба ин масъала баромад кунад? Марҳамат.

Толибхон АЗИМЗОДА:

- Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Рӯз ба рӯз ҷаҳонишавии муносибатҳои ҳуқуқӣ, байналмилалӣ, истеҳсолӣ, иқтисодӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шаҳрвандӣ ба он замина меорад, ки онҳо бо тартиби қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ба танзим дароварда шаванд. Яке аз чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Кодекси мадании ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки ҳоло лоиҳаи он дар баррасӣ қарор дорад. Пешниҳод гаштани он боз як қадами устувор барои таъмини меъёрҳои конститутсионӣ оиди ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дигар муносибатҳо мебошад.

Манзур гаштани лоиҳаи Кодекси маданӣ дар таҳрири нав агар аз як тараф, ба қабули қонунҳои дигари дар самти муносибатҳои ҳуқуқҳои маданӣ амалкунанда алоқаманд бошад, аз тарафи дигар, барои бартараф кардани мухолифати дохилии онҳо зарур арзёбӣ мегардад.

Лоиҳаи кодекс таҷрибаи андӯхтаи судӣ ва танзими ҳуқуқҳои маданӣ дар муддати 20 сол мебошад.

Он асосҳои умумии қонунгузории маданиро муқаррар карда, муносибатҳо ва мустақилияти молумулкӣ, шахсии ғайримолумулкии ба баробарӣ ва мухторияти иродаи иштирокдоронашон асосёфтаро танзим менамояд. Аз ҷумла, муносибатҳо ҷиҳати ба вуҷуд омадани ҳуқуқу уҳдадориҳо ва амалинамоии ҳуқуқҳои маданӣ, субъектони муносибат, шахсони ҳуқуқӣ ва шаклҳои ташкилию ҳуқуқии он, объектҳои ҳуқуқи моликият, ашё ва тарзҳои ҳимояи ин ҳуқуқҳо, намояндагӣ ва ваколатнома, муҳлатҳо дар муносибатҳои маданӣ ва мурури даъво, аҳдҳо ва шартномаҳо, уҳдадориҳо ва таъмини иҷрои онҳо ва ғайра танзим карда шудаанд.

Ба объектҳои ҳуқуқи маданӣ ворид кардани амал (беамалӣ), иттилоот, моликияти зеҳнӣ, сирри тиҷоратӣ ва неъмату ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ алоқаманд, навгонӣ мебошанд.

Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки мавҷудияти табиӣ ва иҷтимоии шахси воқеиро дар муносибатҳои маданӣ таъмин мекунанд, бори аввал танзим карда шудаанд.

Фасли нави дигар ин ҳуқуқ ба ашё буда, дар он мафҳум, навъҳои соҳибӣ ҳамчун падидаи ҳуқуқи маданӣ ва ҳимояи он пешбинӣ мегардад. Истифода ва ё ворид кардани вожаҳои танзимкунандаи ҳуқуқи мадании соҳибияти ­объе­ктҳо, пулҳои нақдӣ ва коғазҳои қиматноки ҳуҷҷатӣ, ашёи бо нишонаи навъ муайяншаванда дар сурати фардикунонӣ, ашёе, ки дар ҷараёни бунёд қарор дорад, ашёи муомилоти маданиашон маҳдуд, шартҳои мушаххас ва ғайра аз ҷумлаи дигар навгониҳо мебошанд.

Меъёрҳои кодекс дар ин самт ба низом дароварда, тартиб ва шартҳои нигаронидани ситониш нисбати мавзӯи гарав, гузашт кардани на танҳо ҳуқуқ, инчунин уҳдадориҳо вобаста ба шартномаи гарав муайян карда, гарави ҳуқуқ, инчунин ашё ва ҳуқуқе, ки дар оянда ба вуҷуд омада метавонад, пешбинӣ мешаванд.

Меъёрҳои кафолат таҷдид гардида, шакли кафолат ва ҷавобгарии бенефитсиар муқаррар карда шудаанд, ки ба қонунҳои соҳаи иқтисодӣ мувофиқанд.

Кодекс навъҳои алоҳидаи уҳдадориҳо, аз ҷумла ҳуқуқи уҳдадориҳои тарафҳоро дар шартномаҳои гуногуни ҳуқуқии маданӣ, танзим менамояд, ки дар маҷмӯъ беш аз 64 навъ буда, уҳдадориҳои алтернативӣ, фаръӣ ва воқеӣ, ҷавобгарӣ барои вайрон кардани уҳдадорӣ низ таҷдид карда шудааст.

Меъёрҳои нав ба шартномаҳои рента, рентаи доимӣ ва якумра, иҷораи захираҳои табиӣ, иштирок дар сохтмони ҳиссагӣ, факторинг, шартномаҳои агентӣ ворид карда, меъёрҳо вобаста ба шартномаи иҷора, ворисии ҳуқуқӣ ҳангоми ваъдаи ҳадя, шартномаи контрактатсия тағйиру такмил дода шуданд, ки ин ибораҳо баъди қабулашон ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегарданд.

Кодекс се мавзӯи алоҳида моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи мерос ва ҳуқуқи байналмилалии хусусиро дигаргун мекунад, ки дар натиҷа муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба мерос ва меросгирӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ такмил дода, ваколат, субъект ва объектҳо мушаххас мегарданд.

Барои такмили лоиҳа аз тарафи ҳамаи кумитаҳо манзур гардидани таклифу пешниҳодҳои мушаххас далели таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба лоиҳаи кодекс мебошад, ки дар маҷмӯъ ба назар гирифта шуданд.

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Боз кӣ баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 — уми июни соли 1995 таҳти № РП-56 барои коркард, тайёр намудани лоиҳаи кодексҳои ҷиноӣ, мурофиаи ҷиноӣ, гражданӣ, мурофиаи гражданӣ, манзил, меҳнатӣ, никоҳу оила, маъмурӣ ва ислоҳотӣ — меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссия ташкил карда шуд. Гурӯҳи корӣ лоиҳаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро тайёр намуд. Баъди муҳокимаи тӯлонӣ, дар сессияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 30 — юми июни соли 1999 қисми якум ва 11-уми декабри ҳамон сол қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд. 30 — юми ноябри соли 2004 қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, ки то ҳол амал мекунад. Ҳоло бо тамоми масъулият гуфта метавонем, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи таърихиашро иҷро кард.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар оид ба сиёсати дохилӣ ва беруна аз 24 — уми апрели соли 2013 оид ба таҳрири нави Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида карда шуд. Ин ақида асосҳои илмӣ ва амалӣ дошта, таъсири объективонаи омилҳои зерин мебошад:

- раванди босуръати инкишофи ҳуқуқҳои граждании инсон (шахси воқеӣ) ва иттиҳодияҳои он, васеъ гардидани мавзӯи танзими ҳуқуқи гражданӣ, бинобар аз истифодаи бештари хизматрасониҳои зеҳнӣ ва эҳтиёҷоти бештари ҳифзи дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ;

- рушди соҳибкорӣ, муносибатҳои корпоративӣ, иттилоотӣ, сармоявӣ ва истифодаи бештари механизми худтанзимкунӣ, нуфуз ва функсияҳои нав пайдо намудани шартномаҳои ҳуқуқи гражданӣ, бахусус дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва сохтмони асосӣ;

- иштироки фаъоли давлат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар муносибатҳои молумулкӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои маънавии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- истифода нашудани тавоноии забони давлатӣ дар матни меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ, ба забони илми ҳуқуқшиносӣ табдил додани он, ба ҳам мутобиқ набудани матни тоҷикӣ ва русии Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷой доштани номутобиқатии дохилии қонунгузории гражданӣ ва масъалаҳои наве, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба вуҷуд омаданд.

Бо мақсади ба инобат гирифтани омилҳои нав ва таҳрири нави Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амри Президенти ҷумҳурӣ аз 8 — уми июни соли 2013 таҳти № АП — 2257, дар хусуси таъсиси гурӯҳи корӣ қабул гардид. Ҳайати он аз кормандони собиқадори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, инчунин олимони соҳаи ҳуқуқи гражданӣ иборат буд. Баъдан, бо қабул намудани амри Президенти ҷумҳурӣ аз 30 — юми апрели соли 2019 таҳти № АП — 1210 ҳайати гурӯҳи мазкур таҷдиди назар карда шуд.

Давоми нуҳ сол ин гурӯҳ имкониятҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро устувор ва инкишоф дода, мундариҷаи он такмил ёфт, меъёрҳои он ба забони фаҳмо ва беғалат таҳия шуд, мухолифати истилоҳҳо бартараф гардида, хусусиятҳои танзими соҳавӣ ба назар гирифта шуд. Барои инкишофи забони давлатӣ ва истифодаи оқилонаи тавоноии он дар танзими ҳуқуқи маданӣ заминаи боэътимод гузошта шуд.

Ҳамчунин, талаботи моддаи 39-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 — юми майи соли 2017 таҳти № 1414 дар хусуси истилоҳҳои матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм тартиб дода шаванд ва як истилоҳ бояд як маъно дошта бошад, риоя карда шуд.

Банди 39 «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2028», ки бо фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 6 — уми феврали соли 2018 таҳти № 1005 тасдиқ шудааст, таҳияи фасли алоҳида дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ, таҳияи боби алоҳида оид ба шартномаи иштирок дар сохтмони ҳиссагӣ, ба меъёрҳои конвенсионӣ мутобиқ намудани қисми 3-юми ин кодексро пешбинӣ намуда буд, ки ҳангоми таҳрири нави он ба инобат гирифта шуд.

Боби 2 Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бинобар аз узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 — уми октябри соли 2014 таҳти № 691 тасдиқ шудааст, масъалаҳои бартараф кардани монеаҳои техникиро дар савдо гузошта буд, ҳангоми таҳрири нави кодекс ба назар гирифта шуд. Ҳамчунин, бобҳои нав оид ба шартномаи агентӣ, эскроу, лизинг, хариди давлатии мол, хариди маҳсулоти кишоварзӣ, иҷораи захираҳои табиӣ ва дигар бобҳо ба қисми дуюми ин кодекс ворид гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ ва истифодаи қудрати он аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ дар танзими ҳуқуқӣ ва сивилистика аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ дониста мешавад. Тавре Пешвои миллат қайд кардаанд: «Илми воқеан миллӣ дар асоси забони миллӣ таъсис ва ташаккул дода мешавад, ки инро таҷрибаи дигар кишварҳо кайҳо собит кардааст. Забони тоҷикӣ фақат дар сурате ҳамчун забони илму фарҳанг мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад». Тағйири номи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муҳим дар оғози ин кор аст. Бинобар ин, яке аз навгониҳои асосии таҳрири матни ин кодекс тағйир ёфтани номи он мебошад.

Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон номидани ин қонуни муҳими ҳаёти хусусӣ аз риояи ҳатмии талаботи моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 — уми октяб­ри соли 2009 таҳти № 553 ва моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» гувоҳӣ медиҳад.

Қонунгузории маданӣ муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиеро, муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ, ки оқибатҳои молумулкиро ба вуҷуд меорад ва ба баробарӣ, мухторияти ирода ва мустақилияти молумулкии иштирокдоронашон асос ёфтаанд, танзим менамояд.

Баъд аз қабули Кодекси граждании амалкунанда дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омад, ки баъзе аз ҷанбаҳои он дар қонунгузории гражданӣ инъикос ва танзими худро наёфта буданд. Чунин дигаргуниҳо на танҳо дар фазои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳое, ки бо мо дар як фазои ҳуқуқӣ қарор доранд, ба миён омаданд.

Бинобар ин, дар лоиҳаи Кодекси маданӣ дар таҳрири нав мушкилоти муҳими ҷойдошта ҳаллу фасл ва танзими ҳуқуқии онҳо мушаххас пешбинӣ гардида, норасоӣ ва мухолифатҳои ҷойдошта бартараф карда шуданд. Аз ҷумла, шартномаҳои рента, суратҳисоби бонкии эскроу, сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ, шартномаи консессионӣ ва ғайра дар доираи Кодекси маданӣ мавриди танзим қарор гирифтанд. Лоиҳа бо назардошти талаботи муосир ва воқеияти имрӯза таҳия гардида, марҳилаи навбатии рушди танзими ҳуқуқии муносибатҳои маданиро таҷассум мекунад.

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 қисм, 9 фасл, 76 боб ва 1351 модда иборат буда, 25 — уми январи соли 2022 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ барои муҳокима ва қабули он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. 15-уми июни соли 2022 таҳти рақами 743 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси маданиро дар хониши аввал қабул карданд.

Лоиҳаи кодекси мазкур дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсиси гурӯҳи корӣ такмил дода шуда, таклифу пешниҳодҳои зиёд, ки барои боз фаҳмо баён гардидан, мушаххас ва дақиқ ифода ёфтани муқаррароти меъёрии он кумак расонд, ба назар гирифта шуданд.

Аз шумо бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Лоиҳаи кодекси мазкур мукаммал аст. Мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон қисм ба қисм, фасл ба фасл ё боб ба боб баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм яклухт ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шурӯъ менамоем.

Сухан ба сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дода мешавад. Марҳамат.

Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА вобаста ба Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» маърӯза намуд.

РАИСИКУНАНДА: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидзода дода мешавад. Марҳамат.

Сарвиноз МАҶИДЗОДА:

- Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати бисту чорум илова гардида, тибқи он минбаъд 6 май ҳамчун «Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ» муайян карда мешавад.

Дар ин замина, муайян намудани Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ имконият фароҳам меорад, то даҳҳо ҳазор кормандони соҳаҳои касбу кори гуногун, ки бо маълумоти дорои сирри давлатӣ сарукор доранд, рӯзи касбиро ҷашн гирифта, дар ҳошияи он ҳамасола масъалаҳои мубрами соҳаи мазкурро баррасӣ ва ҳал намоянд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур тамоми расмиётро мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Аз шумо бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои фаъол будан миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ