Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти худшиносӣ ва фарҳанги маънавиро фароҳам меоварад

№118-119 (4701-4702) 03.10.2023

IMG_2006Қонун маҳсули меҳнати зеҳнии инсон мебошад, вале дар амалияи давлатҳои пешрафта ба сифати муаллифи он танҳо мақоми қонунгузор эътироф карда мешавад. Чунин ҳолат баҳри он аст, ки қонун озодона дастраси мардум гардад. Бидуни иҷозати муаллиф ҳар як шахс аз он мустақилона истифода барад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муаллиф надоранд ва озодона аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар амалияи ҳуқуқтатбиқнамоӣ меъёрҳои онҳо амалӣ карда мешаванд.

Дар асоси меъёрҳои Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун ва ё тарҷумаи он объекти ҳуқуқи муаллифӣ намебошад, чунки қонун ва матни он аҳамияти калони иҷтимоӣ дорад, бинобар ин истифодаи он бояд озод бошад. Воқеан, қонун маҳсули фаъолияти эҷодӣ мебошад, вале баъди қабули он дастоварди ҷамъиятӣ мегардад. Озодона хондан, истифода ва татбиқи қонун яке аз аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд аст. Аз ин рӯ, вакили мардумӣ ва ё дигар аъзои гурӯҳи кории таҳияи ин ё он қонун хушҳол аз он мегардад, ки маҳсули заҳмати ӯ дастоварди ҷамъиятӣ гардида, барои рушди Тоҷикистони азиз, замина мегузорад. Чунин хизмат ба Ватан ба ҳар кас муяссар намегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд. Ба истиснои ду қонун (дар бораи буҷети давлатӣ ва дар бораи авф), дигар қонунҳо барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон, чунин корҳо ҷиҳатҳои иҷтимоӣ дорад, шахсияти иҷтимоии Маҷлиси намоян­дагонро вакилони мардумӣ ва кормандони ин мақоми олии қонунгузор таъсису такмил медиҳанд, билохира, пеш мебаранд. Бинобар ин, дар хусуси ­«субстракти иҷтимоӣ»-и Маҷлиси намояндагон ҳар чӣ бештар хонему омӯзем, ҳамон қадар барои нақши созандаи таърихии онҳо замина мегузорем. Яке аз далели равшани заҳмати онҳо қабули Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум (аз 30-юми июни соли 2023) баён доштанд, ки «… дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим менамояд. Бояд зикр намуд, ки муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ яке аз самтҳои мураккаби муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад, чунки он асоси муносибатҳои соҳибкорӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, истифодабарии замин, истифодаи захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайраро дар бар мегирад». Сатҳи баланди донишафзунии ин суханҳо дар он аст, ки ба масъалаҳои норавшан ва баҳснок посух медиҳад. Муносибатҳои соҳибкорӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, истифодаи манзили истиқоматӣ, истифодаи қитъаи замин ва дигар сарватҳои табиӣ навъҳои гуногуни муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ буда, ба принсипҳои баробарии иштирокдорони онҳо, дахлнопазирии моликият, озодии шартнома, номумкин будани дахолати худсаронаи ягон шахс ба корҳои хусусӣ, зарурати амалисозии бемонеаи ҳуқуқҳои маданӣ, таъмини барқарор намудани ҳуқуқҳои вайронгардидаи маданӣ ва ҳимояи судии ҳуқуқу манфиатҳо асос меёбад. Аз байн рафтани баробарии иштирокдорони онҳо, дахолати беасос ба фаъолияти онҳо, маҷбуран бастани шартномаҳо, гаронии андоз, ноустувории санҷишу пурсишҳои мақомотҳои ваколатдори давлатӣ ва дигар амалҳои манъшуда барои соҳибкорӣ, устувории ҷомеа ва волоияти ҳуқуқи маданӣ монеаҳо ба вуҷуд меорад.

Ҳангоми муаррифии Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон санаи 3-юми феврали соли 2023 баргузор гардид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор намуд, ки Кодекси маданӣ: «…самтҳои асосӣ ва вазифаҳоро дар соҳаи қонунгузории маданӣ муқаррар намуда, муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ, инчунин тартиби амалӣ намудани муносибатҳои молумулкӣ, ҳуқуқи молумулкии зеҳнӣ, муносибатҳои корпоративӣ, шартномавӣ ва уҳдадориҳоро танзим менамояд. Хусусан, дар бораи идораи замин кодекси нав ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хоҷагиҳои деҳқониро муқаррар намуда, тартиби бақайдгирии заминро сода мегардонад». Воқеан, Кодекси мадании ҷумҳурӣ қонуни асосии танзими соҳавии ҳаёти хусусӣ ва унсури марказии худтанзимкунӣ буда, самтҳои асосӣ ва вазифаҳоро дар такмили қонунгузории маданӣ муайян менамояд, заминаи рушди ҳуқуқи маданӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Дар таҳлили ин масъала дар ҳуқуқи маданӣ мо бояд муайян намоем, ки калимаи «шаҳрвандон» чӣ маъно дорад. Ин истилоҳ маънои ҷамъи ду ва зиёда шаҳрванд­ро дошта, решаи он аз калимаи «шаҳрванд» иборат аст. Калимаи «шаҳрванд» якчанд маъно дорад. Масалан, маънои сокини доимии шаҳр ва ё шаҳрнишинро дорад. Дар маънои дигар инсонеро меноманд, ки робитаи устувори сиёсию ҳуқуқӣ бо давлати мушаххас ва ё якчанд давлатро дошта, шаҳрванди як давлат ва ё зиёда аз он мебошад.

Дар ҳуқуқи маданӣ калимаи мазкур маъноҳои гуногун дорад. Масалан, дар моддаи 17 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 1-уми июли соли 2023 аз эътибор соқит шуд), мафҳуми шаҳрванд маънои васеъ ­дошта, шаҳрванд гуфта шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, шаҳрванди давлати дигар ва шахси бешаҳрвандиро меномиданд. Ҳамин тавр, мафҳуми шаҳрванд ҳаммаънои калимаи «шахси воқеӣ» мебошад. Чунин фаҳмиш аз нигоҳи нақши калимаи «шахси воқеӣ» дар танзими ҳуқуқӣ дуруст набуд, зеро ки маънои калимаи «шаҳрванд» маҳдуд буда, дар доираи робитаи мушаххаси инсон бо давлат ё тобеият муайян карда мешавад. Албатта, калимаи «шаҳрванд» дар инъикоси муносибати инсон бо давлат, иҷрои уҳдадориҳои ҳатмӣ, садоқат ба Ватан ва ҳимояи он нақши муҳим дорад, вале ҳаммаънои «шахси воқеӣ» намебошад. Инро ба назар гирифта, дар моддаи 17, дар Кодекси мадании ҷумҳурӣ таҷдиди назар карда шуд. Мувофиқи қисми 1 он таҳти мафҳуми шахси воқеӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд фаҳмида мешавад. Ҳамин тавр, камбудиҳои ҷойдош­та оид ба фаҳмиши «шаҳрванд» бартараф гардид.

Дар муаррифии Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, роҳбари Гурӯҳи кории Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи Кодекси маданӣ иштирок ва суханронӣ намуда, чунин гуфт: «31-уми январи соли 2022 лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Лоиҳаи кодекси мавриди назар аз 8 фасл, 72 боб ва 1351 модда иборат буда, муносибатҳои нави маданиро танзим, падида ва муқаррароти зиёди муосирро дар таҳрири нав пешбинӣ намуд. Кумитаҳо ва сохторҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили лоиҳаи кодекси мазкур пешниҳоди зиёд манзур намуданд. Дар натиҷа, ба он як фасл ва чор боби нав ворид шуда, аз 1351 модда, 9 фасл ва 76 боб мураттаб гардид».

Сабаби кодекси калонтарин буданаш дар он зоҳир мегардад, ки ҷомеаи кишвар аз ҷомеаи пасошӯравӣ ба ҷомеаи маданӣ табдил ёфта истода, бо рушди мавқеи субъектони ҳуқуқи маданӣ, талабот ба қонунҳои мантиқан ягона ва илман асоснок меафзояд. Дар ин ҷода Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нақши марказӣ ­дошта, танзими муносибатҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии ба худмухторӣ ва баробарӣ асосёфтаи иштирокдорони онро анҷом медиҳад. Таърихи ҳуқуқи мадании зардуштӣ, исломӣ, таҳти империяи Россияи подшоҳибуда ва ҳуқуқи граждании шӯравӣ нишон медиҳад, ки афзалияти танзими муносибатҳои молумулкӣ бар зарари ҳуқуқи мадании шахсӣ ҷой дошт. Дар натиҷа, тавозуни байни зерсоҳаҳои ҳуқуқи маданӣ вайрон гардид.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тавозуни ҳуқуқӣ ба низом дароварда шуд. Дар он фасли дуюм «Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ» (моддаҳои 225 — 254) ворид гардида, барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди кишвар имконияти худшиносӣ ва инкишофи фарҳанги маънавӣ фароҳам гардид. Аввалин маротиба дар таърихи ҳуқуқи маданӣ ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ ба ду намуди асосӣ ҷудо шуд: ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки мавҷудияти табиии шахси воқеиро дар муносибатҳои маданӣ таъминкунанда; ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкии мавҷудияти иҷтимоии шахси воқеиро дар муносибатҳои маданӣ таъминкунанда.

Ҳамин тавр, муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии инсон ва шаҳрванд ё худ муносибатҳои маънавии инсон ба мавзӯи танзими ҳуқуқи маданӣ на танҳо баргардонида шуд, балки бо донишҳои нави вакилони мардумӣ ва дигар шахсони масъул мушаххас гардид.

Аз 1-уми июли соли 2023 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дода шуда, ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҳуқуқии кишвар таъсири мусбат расонида истодааст. Масалан, бо Қарори шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз 31-уми майи соли 2023, номи кафед­ра аз «Ҳуқуқи гражданӣ» ба «Ҳуқуқи маданӣ» иваз шуда, инчунин номи фанни таълимии «Ҳуқуқи гражданӣ» ба «Ҳуқуқи маданӣ» тағйир ёфт.

Дар робита ба ин зарур мешуморам, ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон низ номи ихтисоси илмии 12. 00. 03 – Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ба номи нав — 12. 00. 03 — Ҳуқуқи маданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ иваз намуда, шиносномаи он ба навгониҳои меъёрии Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ гардонида шавад.

Ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ ба ­ҷомеаи маданӣ буда, бо гузаш­тани вақт ва тағйир ёфтани муносибатҳои маданӣ кодекси мазкур бо навоварии меъёрии илман асоснок дар ҳамин ном «Кодекси маданӣ» (Сivil Code), такмил дода мешавад.

Баҳрулло ҒАЮРЗОДА,

мушовири калони Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати дастур ва ташкили кор