4 ноябри соли 2015 ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният таҳти раёсати раиси кумитаи мазкур Худоёрзода Бахтиёр Тавар баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа бо пешниҳоди раиси кумита рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин тасдиқ шуд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
- Бо ташаббусу пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид мешаванд,- иброз дошт Бахтиёр Худоёрзода зимни оғози баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи Кумита, ки баҳри амалӣ намудани талаботи конвенсияҳову созишномаҳои байналмилалӣ, мукаммал гардонидани қонунгузории ҷорӣ равона карда шудаанд.
Зимни баррасии масъалаҳои рӯзнома аъзои Кумита Қ. Маҳкамов, Н. Раҳмонова ва С. Абдураҳмонзода фикру мулоҳизоти хешро баён намуданд.
Хулосаҳои кумита, бо дарназардошти таклифҳои ироагардида, аз рӯи масъалаҳои мазкур қабул ва ҷиҳати баррасӣ ба Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.
Ҷумъахон Наботов, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ