Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия – тавсеабахши равобит

№52 (4635) 12.04.2023

411-уми апрели соли 2023 дар шаҳри Мос­ква ҷаласаи ёздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар кори он аъзои Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоии парламентҳои ҳар ду кишвар ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Дар оғози ҷаласа ҳамраисони комиссия Аҳмадзода Раҷаббой ва Николай Журавлёв маърӯза намуданд.

Изҳор гардид, ки ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба рушди муносибатҳои ҳар ду кишвар дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ такон мебахшад.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст рафти амалишавии Ҳуҷҷати хотимавии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, сипас аъзои комиссия доир ба вазъи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф ва дигар масъалаҳои муҳим мубодилаи афкор намуданд.

Масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласа — вақт ва макони баргузории ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия, инчунин ҷараёни омодагӣ ба Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» низ баррасӣ гардиданд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул шуд.

www.majmilli.tj