Комиссияи байниҳукуматӣ — тавсеабахши равобит

№36 (4619) 13.03.2023

IMG_7502Даҳуми марти соли 2023 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Молдова дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Лилиан Дарий мулоқот кард.

Таъкид шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова 26-уми январи соли 1993 барқарор гардиданд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот густариши ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ намуданд. Инчунин, аз сатҳи робитаҳои байнипарлумонӣ ва кори гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ қаноатмандӣ зоҳир гардида, ҷоннок намудани фаъо­лияти гурӯҳҳои дӯстиро зарур шумориданд.

Зикр шуд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдоваро зиёда аз 15 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ, иттилоот, ташкил медиҳанд.

Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки соли 2004 таъсис ёфтааст, дар рушд ва тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи дуҷониба нақши муҳим дорад.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон