Сеюми майи соли 2024 дар доираи Форуми 6-уми ҷаҳонии муколамаи байнифарҳангӣ, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон идома дорад, дар мавзуи «Нақш ва таҷрибаи пешқадами ҳокимияти қонунгузор дар соҳаи муколамаи байнифарҳангӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Қосимӣ иштирок намуданд.
Форуми 6-уми ҷаҳонии муколамаи байнифарҳангӣ ва Конфронси байнипарламентӣ барои пешбурди муколамаи байнифарҳангӣ аҳамияти хоса доранд, зеро мероси фарҳангӣ, ҳувият, таърих, анъана ва арзишҳои мардумро таҷассум менамояд.
Намояндагони парламентҳо иброз намуданд, ки ҳифз ва интиқоли ин мерос ба наслҳои оянда муносибати дурусти институтсионалию қонунгузорӣ ва ҷалби фаъолонаи тамоми ҷонибҳои манфиатдорро дар ин раванд тақозо мекунад.
Гуфта шуд, ки парламентҳо на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ ҳам нақши муҳим доранд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ