Конфронси байнипарлумонӣ дар Туркманистон

№146 (4886) 02.12.2024

173269913605727-уми ноябри соли 2024 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода ва Ғиёсиддин Ашурзода дар конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Таъмини имкониятҳои баробар: нақши ҷавонон ва якдилии наслҳо дар бунёди ояндаи шукуфон», ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ ­намуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки имрӯз мо бо мушкилоти зиёди ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ ҳастем, ки на танҳо талошҳои дипломатӣ ва хиради сиёсӣ, балки ҳамбастагии воқеии наслҳоро тақозо мекунанд. Гап дар бораи дастгирии ҷавонон, фароҳам овардани шароит барои имкониятҳои баробар ва таъмини иштироки онҳо дар равандҳое меравад, ки ояндаи сайёраи моро муайян мекунанд.

- Ҷавонон чун неруи бебаҳо ва эҷодкор хоҳиши беҳбуди ҷаҳонро доранд. Ин на танҳо орзуҳои идеалӣ, балки амалҳои воқеие мебошанд, ки имрӯз ҷомеаро дигаргун сохта истодаанд.

Дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон» қабул гардид, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҷавононро ба танзим медарорад. Қонуни мазкур ба фароҳам овардани шароит барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон, таъмини ҳуқуқҳои баробар дар таҳсил, шуғл, ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти фарҳангӣ нигаронида шудааст.

Илова бар ин, соли 2021 «Барномаи давлатии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» қабул гардид, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва шуғли ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, дастгирии созмонҳои ҷавонон ва густариши ташаббусҳои волонтёрӣ мебошад. Барномаи мазкур муносибати стратегиро ба ҳамгироии ҷавонон бо равандҳои идоракунии давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин, фароҳам овардани шароит барои худшиносии ҷавонон тасдиқ мекунад, — иброз доштанд вакилони Маҷлиси намояндагон .

Вакилон, ҳамчунин, таъкид намуданд, ки ҳамбастагии наслҳо на танҳо шиори идеологӣ, балки зарурати воқеии таъмини адолат ва пойдории ҷомеа мебошад. Мо бояд на танҳо ба нафъи имрӯз, балки ба нафъи насли оянда кор кунем.

Ҷалби ҷавонон ба равандҳои қабули қарорҳо муҳимтарин вазифаест, ки ҳар як давлат бояд бо он рӯ ба рӯ шавад. Баҳсҳои имрӯза заминаи саъю кӯшиши муштаракро барои фароҳам овардани имкониятҳои баробар ташкил намуда, ҳамбастагии воқеии наслҳоро таъмин хоҳанд кард, ки ба бунёди ҷаҳони ободу пойдор барои ояндаи мо мусоидат мекунад.

Конфронси мазкур бо ибтикори Парлумони Туркманистон ва Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо баргузор гардид.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ