Конститутсия бояд китоби рӯимизӣ бошад

№135-136 (4555-4556) 04.11.2022

DSC_8679Сеюми ноябри соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро яке аз даст­овардҳои муҳими ҷомеа арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки имсол дар арафаи сиюмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ таҷлил гардидани ин сана рамзӣ аст.

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум ва санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.

6 ноябри соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардид, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд.

Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, таъмини ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба дӯши давлат вогузор намудааст, ки ин барои бунёди ҷомеаи демократӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Дар ин замина талошу заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки сохтори мукаммали идоракунӣ, ҳукумати муосир, парламенти касбӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдориро тибқи меъёрҳои замонаи нав бунёд намоем, — зикр кард Маҳмадтоир Зокирзода.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо ёдоварӣ аз таърихи қабули нахустин конститутсияҳо дар ҷаҳон изҳор дошт, бо номи конститутсия аввал санаде фаҳмида мешуд, ки онро император ё шоҳ мебаровард. Ин шояд ба моҳияти амру фармон рабт дошт ва бо конститутсияҳои имрӯза ягон умумият надорад. Бо шакли имрӯза Конститутсия таърихи тақрибан 235-сола дошта, нахустин маротиба соли 1787 дар ИМА қабул гардида, бо чандин тағйирот то имрӯз амал намуда истодааст.

- Дар Тоҷикистон солҳои 1929, 1931, 1935, 1937 ва 1978 аз ҷониби Совети Олии РСС Тоҷикистон конститутсияҳо қабул гардида буданд.

Солҳои навадуми асри гузашта дар бобати қабули Конститутсияи нав гуфтугузорҳо зиёд буданд. Дар банди 19-уми Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 24 августи соли 1990 қайд гардида буд, ки «Эъломияи мазкур барои таҳияи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бастани шартномаи иттифоқӣ асос мебошад».

Дар асоси ин меъёр, бо қарори Совети Олии РСС Тоҷикистон Комиссияи тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи нави РСС Тоҷикис­тон дар ҳайати 53 нафар ташкил шуд.

Комиссияи мазкур шакли ибтидоии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода кард, ки он аз 150 модда иборат буд. Бо сабаби барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин комиссия корашро то охир иҷро карда натавонист.

Баъд аз пош хӯрдани ИҶШС зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ давлати наву мустақили Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқии замони гузашта ба фаъолият шурӯъ кард ва дере нагузашта маълум гашт, ки қолаби куҳна ба ҷисми нав мувофиқ нест».

Аз ин рӯ, омода кардани лоиҳаи Конститутсия ба талаби рӯз мубаддал гашт. Бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми январи соли 1992 ҳайати Комиссияи конститутсионӣ тасдиқ шуда, ба кор шурӯъ намуд. Лоиҳаи Конститутсия аз тарафи гурӯҳи корӣ омода ва ба Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Раёсати Шӯрои Олӣ лоиҳаро 22 апрели соли 1992 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия кард. Муҳлати ҷамъбасти муҳокимаи лоиҳаи зикршуда 1-уми июли соли 1992 муайян карда шуд.

Оғози ҷанги шаҳрвандӣ, имкон надод, он қабул гардад, — зикр кард номбурда ва ҳамчунин афзуд, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Оли зарурати таҳияи Конститутсияи нав қайд гардида буд, зеро дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон Конститутсияи даврони шӯравӣ амал мекард.

Дар Иҷлосияи ҳабдаҳуми Шӯрои Олӣ (26 июли соли 1993) ба ҳайати Комиссияи конститутсионӣ тағйироти дахлдор ворид шуда, Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси комиссияи мазкур интихоб гардид.

Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 1993 гурӯҳи корӣ оид ба таҳия намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар таъсис дода шуд.

Бино ба гуфти Маҳмадалӣ Ватанзода, зарурат ва аҳамияти омода ва қабули Конститутсияи нави мамлакат дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28 декабри соли 1993) аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид: «Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбун­ёду демократӣ аз сухан ба амал гузарем. Бинобар ин, бояд Шӯрои Олӣ лоиҳаи Қонуни асосии навро баррасӣ карда, барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намояд. Баъд аз хатми муҳокима таҳрири ниҳоии лоиҳаи Сарқонун ва гузаронидани раъйпурсии умумии он қабул шавад».

Сарвари давлат таъкид мекарданд, ки Конститутсия ба тариқи умумихалқӣ муҳокима ва қабул карда шавад.

- Гурӯҳи корӣ моҳи апрели соли 1994 ба Комиссияи конститутсионӣ ду лоиҳа — яке лоиҳаи Конститут­сияи ҷумҳурии парламентӣ ва дигаре лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентиро пешниҳод кард. Комиссияи конститутсионӣ баъд аз муҳокима лоиҳаи ҷумҳурии президентиро барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод кард.

Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 лоиҳа дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ чоп гардид. Комиссияи конститутсионӣ таклифу эродҳои мардумро оид ба такмили лоиҳа ба ҳисоб гирифта, лоиҳаро бо назардошти таклифҳо такмил дода, ба Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниход намуд. Зиёда аз ҳашт ҳазор пешниҳоде, ки ба комиссия ворид гашта буданд, ақидаи миллионҳо сокини мамла­катро дар бар мегирифтанд.

20 июли соли 1994 бо пешниҳоди Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи бистуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон референдум барои қабул кардани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми сентябри соли 1994 таъин гардид.

Баъдан, бо мақсади ҷалби васеи шаҳрвандон дар муҳокима ва қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯзи раъйпурсӣ 6 ноябри соли 1994 муайян карда шуд.

6 ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки он дар рушди давлатдории тоҷикон саҳифаи навро кушод, — изҳор дошт номбурда.

- Дар маҷмӯъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ барои эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона хизмати босазо намуда, имкон медиҳад, ки рушди минбаъдаи он пурра таъмин карда шавад. Барои ин зарур аст, ки Конститутсия китоби рӯимизии ҳар як хизматчии давлатӣ, шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва донистану риояи он қарзи шаҳрвандӣ эътироф гардад, — таъкид кард Маҳмадалӣ Ватанзода.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода изҳор дошт, ки бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар кишвар ғояҳои гуманистӣ рӯ ба инкишоф ниҳода, аз рӯзҳои аввали роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ расман эътироф ва эълон шуд.

Номбурда меъёрҳои инсонпарваронаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тафсир карда, бо иқтибос аз як банди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (соли 1948)-«Тамоми одамон озод ба дунё меоянд ва аз лиҳози манзалат ва ҳуқуқ бо ҳам баробаранд» ва «ҳар фард ба зиндагӣ, ба озодӣ ва ба дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад», гуфт, ин принсип дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидзода дар мавзӯи ‹‹Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди парламентаризми кишвар›› маърӯза кард.

Бино ба гуфти ӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми парламентро мушаххас ва ҳамаҷониба муқаррар сохт. Аввалин бор дар таърихи кишвар таҷзияи ҳокимият дар сатҳи Конститутсияи мамлакат эътироф гардид. 26-уми феврали соли 1995 интихобот ба даъвати якуми Маҷлиси Олӣ баргузор гардида, парламенти даврони Тоҷикистони соҳибис­тиқлол ба фаъолият шурӯъ намуд. Даъвати якуми Маҷлиси Олӣ соли 1999 бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси парламенти дупалата замина гузошт.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карда, иброз намуданд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

- Роҳи таърихии рушди парламентаризм дар кишвар ва мазмуни фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии он гувоҳ аст, ки давлати тозаистиқлоли мо тавассути парлумони касбӣ дар асоси дастовардҳои навини арзишҳои башарӣ, ба сӯи давлати табиатан миллӣ, шаклан ҷумҳуриявӣ ва усулан демократӣ рӯ овардааст, ки дар паҳнои он арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ бо ҳадафҳои неки халқи тоҷик ба ҳам омадаанд,- хулоса кард номбурда.

Мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз Сайнозимзода дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-таҳкимбахши сиёсати давлатии ҷавонон» баромад кард. Номбурда, минҷумла, изҳор намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сиёсати давлатии ҷавононро таҳким бахшида, иштироки фаъолонаи онҳоро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин кард.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созанда, тобовару устувор ва пешбарандаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пайваста ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чораҳои муассир меандешанд.

Конститутсияи Тоҷикис­тон ба ҷавонони кишвар, ки синнашон ба 18 расидааст, ҳуқуқ додааст, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ иштирок кунанд. Масалан, моддаи 27-уми Конститутсия ба шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро додааст.

Дар робита ба ин, моддаи 2-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» муқаррар намудааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд, — зикр кард номбурда.

Бино ба гуфти ӯ, ҷиҳати амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 22 майи соли 2016 ба моддаҳои 49 ва 65-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд, ки ба ин васила ба ҷавонон шароиту имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шуд, ки дар интихобот ба мақомоти ҳокимияти қонунгузор ва идоракунии давлатӣ фаъолона иштирок намоянд. Аз ҷумла, Конститутсия барои интихоб гардидан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон синни 30-ро муқаррар намуд.

Гузашта аз ин, Конститутсияи мамлакат барои интихоб ё таъин шудан ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ, судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, суд­ҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе синни 30 ва барои таъин шудан ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе бошад, синни 25-ро муқаррар кардааст.

Чорабинии тантанавиро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷамъбаст намуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»