Гурӯҳи таблиғотӣ оид ба фаҳмонидани зарурат ва моҳияти лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 феврал бо сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуданд. Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон Фарҳод Раҳимӣ пас аз шинос намудани аъзои гурӯҳи корӣ мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳоро шарҳ дод.
Баъдан, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Азиз Диноршоев зарурат ва муҳимияти тағйиру иловаҳои пешниҳодшударо илман асоснок кард. Мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети мазкур Сафарзода Анвар низ тағйирпазир будани ҳама гуна ҳуҷҷату санади меъёрӣ — ҳуқуқиро таъкид намуда, зикр кард, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда аз нигоҳи илмиву мантиқӣ саривақтӣ мебошад. Номбурда, аз ҷумла гуфт, ки барои интихоб шудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин интихоб ва ё таъин шудан ба вазифаи судя синну соли якхела муайян шудааст. Дар ин радиф, қасамёдкунии намояндагони ҳар се шохаи ҳокимият — қонунгузор, иҷроия ва судӣ низ рамзиву саривақтӣ аст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Бобоева, ки яке аз муаллифони лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, гуфт, ки ҳар як ҷомеа ҳуқуқ дорад Конститутсияашро ба талаботи замон мувофиқ гардонад. Ворид кардани тағйиру илова ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар асоси дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандони кишвар сурат мегирад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба сатҳ ва сифати забони Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ гардонидани он ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ суханронӣ кард. Номбурда гуфт, ки соли 1994 мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда буданд. Бинобар тарҷумаи таҳтуллафзӣ бисёре аз калимаву истилоҳ ба моҳият ва мақсад мутобиқат намекард. Аз ин ҷост, ки 40 фоизи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба имло, услуб ва истилоҳ рабт доранд.
Гуфта шуд, ки тағйиру иловаҳои ба моддаи 34 пешниҳодшуда, ки падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд ва фарзандони болиғро дар парастории волидайн масъул мегардонад, хусусияти миллӣ дошта, аз қонуни миллии мо — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маншаъ мегирад.
Дар фарҷом нотиқон даъват намуданд, ки сокинони ноҳияи Фирдавсӣ дар раъйпурсӣ фаъолона ширкат варзанд.
Шарифи СОЛЕҲ, «Садои мардум» Суратгир А. Исоев