Конститутсия устувориро нигоҳ дошта, пешрафтро таъмин мекунад

№137 (4243) 06.11.2020

DSC_0624Суҳбат бо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода

- Лутфан, доир ба шарҳи истилоҳи «­Конститутсия» ва аҳамияти он дар давлатдорӣ маълумот медодед.

- Конститутсия истилоҳи лотинӣ буда, маънояш «муқаррар мекунам» ё «муайян менамоям» аст. Он садсолаи сеюм аст, ки ба сифати истилоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар муоширати сиёсӣ, назария ва амалияи давлатдорӣ истифода мешавад. Дар низоми сиёсии кишварҳои гузашта, хусусан, баъд аз давраи Эҳё, бо сари қудрат омадани буржуазия ин истилоҳ ҳамчун муайянкунандаи ҳадду ҳудуди фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ба кор мерафт. Дар гузашта давлатҳои шоҳиву монархӣ мавҷуд буданд ва Конститутсия ягона санаде буд, ки ҳадду ҳудуди ҳокимияти мутлақи шоҳиро дар доираи ҳуқуқӣ танзим мекард. Албатта, баъдан дигар сохторҳо, аз ҷумла, парламент ва ҳокимияти судиро низ ин санад ба танзим даровард. Инчунин, назарияи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба амал расид, ки он дар Конститутсия инъикос мегардад. Яъне, дар асоси Конститутсия ҷой, мавқеъ ва доираи фаъолияти ин се қудрати асосии давлатӣ муайян карда мешавад.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар гузашта, хусусан, дар Рими қадим, санадҳое бо номи Конститутсия амал мекарданд, аммо онҳо маънои Конститутсияи ҳозираро надоштанд, зеро онҳо санадҳои императорҳо ва ба қонун монанд буданд. Конститутсия ба маънои имрӯзааш дар Англия (асри 17) ба вуҷуд омад, аммо дар он ҷо ба шакли санади ягонаи алоҳида вуҷуд надошт, балки дар шакли Санад дар бораи ҳуқуқҳо (соли 1689), Санад дар бораи давлати озод эълон намудани Англия (соли 1649), Санад дар бораи барҳам додани Палатаи лордҳо (соли 1649) амал мекард, ки ҷудо-ҷудоянд ва дар Конститутсияи ягона таҷассум наёфтаанд. Бо вуҷуди ин, ватани Конститутсия Англия мебошад, чунки аввалин санадҳои конститутсионӣ дар ин давлат ба вуҷуд омадаанд.

Баъдан, андешаҳои конститутсионӣ дар франсузҳо, вақте ки инқилоби бузурги Фаронса ба амал омад, арзи вуҷуд карданд. Аммо аввалин Конститутсия дар шакли санади ягона соли 1787 дар ИМА пайдо шуд.

- Зарурати қабули ­Конститутсияи амалкунанда ва тафовути он аз конститутсияҳои қаблӣ дар чӣ буд?

- Дар Тоҷикистон то эълони Истиқлолияти давлатӣ панҷ маротиба — солҳои 1929, 1931, 1935, 1937 ва 1978, яъне, дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ, Конститутсия қабул шудааст, ки онҳо моҳият, мақсаду мароми ҳамон сохти ҷамъиятиро инъикос ва Тоҷикистонро ҳамчун узви федератсияи шӯравӣ ба сифати ҷумҳурии иттифоқӣ муайян мекарданд.

Баъд аз эълони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) зарур буд, ки Конститутсияи нав таҳия ва қабул карда шавад. Ин зарурат ба чунин омилҳо вобаста буд:

Якум, мутобиқат накардани меъёрҳои Конститутсияи амалкунанда, яъне, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соли 1978, ба воқеияти бавуҷудомада. Ҳарчанд ба ин санад ҳангоми эълони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйи­рот ворид карда бошанд ҳам, моҳият, рӯҳ, қолаб, сохтор ва тарзи ифодаи (навишти) меъёрҳои он хоси замони шӯравӣ буданд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ давлати наву мустақили Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқии замони гузашта ба фаъолият шурӯъ кард ва дере нагузашта маълум гашт, ки қолаби куҳна ба ҷисми нав мувофиқ нест».

Дуюм, зарур буд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки масъалаи бунёдии ҷомеа мебошад ва масъалаҳои дигари калидии ҷомеа — соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягонагии давлат, унсурҳои дигари асосии сохтори конститутсионӣ – соҳибихтиёрии халқ, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва ғайра дар Конститутсия ифода гарданд.

Сеюм, лозим буд, ки роҳи рушди минбаъдаи кишвар муайян, мақсаду вазифаҳо, арзишҳои асосӣ ва тарзу воситаҳои барпо кардани ҷомеа дар қонуни асосӣ мушаххас шаванд.

- Оё омилҳои дигари заминасоз ҳам буданд, ки ба қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намоянд?

- Амалан, андешаҳо дар бораи қабули Конститутсияи нав дар давраи бозсозӣ пайдо шуданд. Солҳои охири Иттиҳоди Шӯравӣ ин андешаҳо талаб мекарданд, ки ислоҳот гузаронида, хусусан, мустақилияти ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ёдоварӣ шавад. Ин гуна андешаҳо, ки хислати миллӣ доштанд, дар ҷумҳурӣ ҳангоми қабули қонун дар бораи забони давлатӣ (соли 1989) пайдо шуданд. Онҳоро андешаҳои мустақилиятхоҳӣ низ номидан мумкин аст, ки барои қабули Конститутсия замина гузоштанд.

Илова бар ин, 24 августи соли 1990 Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки дар он аз нав таҳия намудани Конститутсияи Тоҷикистон дарҷ шудааст. Мақсад аз он иборат буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд давлати соҳибихтиёр (бигзор ҳатто дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ бошад) гардад. Ҳамчунин, дар эъломия қайд гардид, ки Созишномаи Иттиҳоди давлатҳои шӯравӣ, ки 30 декабри соли 1922 баста шуда буд, бозбинӣ шавад. Соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, воқеият дигар шуд ва ба ҳамон эъломияи соли 1990 баъзе тағйирот ворид ва 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол эълон гардид. Яке аз масъалаҳои асосӣ таҳия ва қабули Конститутсияи давлати мустақили тоҷикон буд. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва нагузошт, ки он татбиқ шавад. Вақте ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ доир ва сохти конститутсионӣ барқарор шуд, яке аз масъалаҳои асосӣ сохти давлати навро дар Конститутсия ҷой додан буд. Роҳбарии ҳайати Комиссияи конститутсиониро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифтанд.

Бояд гуфт, ки зимни таҳияи Конститутсия андешаҳо гуногун буданд. Баъзеҳо мехостанд, ки шакли идоракунии давраи шӯравӣ бо андак тағйирот нигоҳ дошта шавад. Қисмати дигар фикру андешаҳои нисбатан пешқадам дош­танд. Онҳо талош мекарданд, ки давлати муосир дар шакле, ки ҷомеаҳои пешрафта вуҷуд доранд, созмон дода шавад. Яъне, тарафдори эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буданд, ки мебоист дар асоси принсипҳои ҷомеаи демократӣ, аз ҷумла, ба халқ тааллуқ дош­тан ва тавассути он амалӣ шудани ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешии сиёсӣ, бисёрҳизбӣ ва набудани идеологияи ҳатмӣ амал мекард.

На танҳо барои дохил, балки барои он давлатҳое, ки мустақилияти мамлакатро эътироф кардаанд, муҳим буд, ки кадом роҳро интихоб мекунем. Бинобар ин, зарур буд, ки Конститутсияи нав қабул гардад. Ҳамин тавр, бо пешниҳоди муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон шакли идоракунии президентӣ интихоб шуд ва ҳаёт дар амал собит сохт, ки ин роҳ роҳи дуруст аст.

- Соли қабули Конститутсияро давраи ҳассос ном мебаранд. Шумо ки ба ҳайати Комиссияи конститутсионӣ шомил будед, ҳассосияти он замонро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Дар ҳақиқат, соли қабули Конститутсия барои ҷомеа давраи бисёр вазнин буд. Ҷанги шаҳрвандӣ, тарафкашиҳо, ноустувории сиёсӣ дар дохили мамлакат, гуреза шудани мардуми зиёд, вайрону валангор шудани хонаҳои бешумор – ин ҳама ҳассосияти ҳамон замонро ифода мекунанд. Ҳатто андешаи дар давраи мураккаб Конститутсияро қабул кунем ё не, дар майнаи бисёриҳо чарх мезад. Вале кор зарур буд.

Яке аз нақшҳои Конститутсия дар он аст, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардум сулҳ овард. Сулҳ ба он маъно, ки роҳи оянда муайян шуд. Аксарият қувваҳои сиёсие, ки дар ҷумҳурӣ буданд, фаҳмиданд, ки Тоҷикистон ояндаро чӣ гуна дидан мехоҳад. Ва давлати муосири мутамаддин сохтем, давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёди соҳибихтиёр. Ин бисёр муҳим буд, чунки дар он давра ҳар кас ба ҳар тарз меандешид. Конститутсия ба он ҳама шубҳаву гумон нуқта гузошт.

- Яке аз принсипҳои хоси Конститутсия арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ мебошад. Конститутсия то куҷо ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон мусоидат кард?

- Вазифаи аввалин конститутсияҳои дунё ба танзими қудрати давлатӣ равона шуда буд. Танҳо баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Яъне, дунёи нав масъалаи инсонро дар мадди аввал қарор дод. Ба ин хотир, ки дар ҷомеа инсон бояд озод бошад (албатта, озодӣ дар доираи қонун), шаъну шараф, ҷои кор, ҷои зист, имконияти оила ташкил кардан, ҳаққи истироҳат кардан дошта бошад. Ба ибораи дигар, ҷомеа ва давлат бояд барои таъмини ниёзҳои инсон хизмат кунад.

Ин андешаҳо ҳоло ҳам рӯи коранд ва Тоҷикистон низ чун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз се як ҳиссаи Конститутсияро ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ бахшидааст. Ин бурди Конститутсияи Тоҷикистон маҳсуб мешавад, зеро бо вуҷуди мушкили зиёд, давлату ҷомеа рӯ ба инсон ниҳодааст.

Зимнан, давлат ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи шаъну эътибор ва моликияти ӯ кӯшиши зиёд карда истодааст. Аз ҷониби дигар, инҳо масъалаҳоеанд, ки ба воқеият, ба рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ вобаста мебошанд. Ҳоло мебинем, ки давра ба давра ҳаёти ҷомеа ва шаҳрвандони кишвар беҳбуд меёбад, зеро натиҷаи он мақсадҳои стратегие, ки давлат дорад, беҳдошти зиндагии ҳар як узви ҷомеа аст.

- Барои ҳар як шаҳрванд донистан ва бархӯрдор будан аз Конститутсия ҳатмист, аммо на ҳама ба ин масъала аҳамият медиҳанд. Аз нигоҳи шумо, чанд ҷиҳати асосие, ки мардум дар бораи Конститутсия бояд бидонад, кадом аст?

- Конститутсия санадест, ки дар он масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз қабили сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳо, низоми идораи давлат, иштироки мардум дар идораи давлат дарҷ шудааст. Мардум, ки аъзои ҷомеа аст, бояд аз ин бохабар бошад. Албатта, ҳама ҳуқуқдон ё мутахассиси ҳуқуқи конститутсионӣ шуда наметавонад, аммо бисёр масъалаҳое ҳастанд, ки бояд аз онҳо бархӯрдор бошем. Хусусан, аъзои ҷомеа бояд мақсадҳои бунёдиеро, ки дар Конститутсия зикр шудаанд, бидонанд. Яъне, донистан ва дарки он ки Тоҷикистон давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ аст, барои аъзои ҷомеа ҳатмӣ мебошад.

Гузашта аз ин, аз донис­танамон бояд ифтихор дошта бошем, зеро муқаддасотро донистан, дар бораи рамзҳои давлатдорӣ маълумоти саҳеҳ доштан ифтихори бузург аст. Дар бораи Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ, ки инъикос­кунандаи давлату ҷомеаи Тоҷикис­тонанд, надонистан  гуноҳ аст.

Инчунин, донистан дар бораи муқаддасоти дигар, аз қабили забони давлатӣ, тамомияти арзии Тоҷикистони азиз, муқаддас будани марзу бум муҳим аст. Шаҳрвандон бояд дар бораи ҳуқуқу озодиҳояшон, дар бораи интихобот далелу арқоми заруриро дошта бошанд. Маълумот доштани ҷомеа дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, хоса парламент, ки намояндагони мардум он ҷо фаъолият мекунанд, зарур аст.

- Нақши меъёрҳои Конститутсияро дар ташаккули низоми қонунгузорӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Аз нигоҳи илмиву назариявӣ, Конститутсия санади аз ҳама баланд маҳсуб меёбад, ки дар он масъалаҳои бунёдии ҷомеа дарҷ мегарданд. Амалишавии онҳо бошад, дар қонунгузорӣ идома меёбад. Мисол меорем бисёр­ҳизбиро. Дар Конститутсия принсипҳои он муайян гардидаанд. Аз ҷумла, зикр гардидааст, ки дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ эътироф мешавад ва ҳизбҳо баробар фаъолият мекунанд. Масъалаи ҳизбҳо чӣ хел ташкил мешаванд, киҳо ҳуқуқи ташкил кардан доранд, ҳизб бояд фаъолиятро чӣ гуна ба роҳ монад, чӣ гуна дар интихоботҳо иштирок кунад, молу мулки ҳизб, фаъолияти нашрияҳои ҳизбӣ ва ғайра дар қонуни марбутаи ҳизбҳои сиёсӣ танзим карда мешаванд, зеро наметавон ҳама масъаларо дар сатҳи Конститутсия танзим кард.

Ҳамин тавр, солҳои соҳибистиқлолӣ дар асоси Конститутсияи мамлакат қонунҳои зиёде қабул шуданд, ки онҳо меъёрҳои Конститутсияро инкишоф дода, ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро ба танзим дароварданд. Ин имкон дод, ки ҷомеа ба таври устувор ва пайваста пеш равад.

- Мегӯянд, ки дар ҳолати пайдо шудани ихтилоф дар қонунҳо авлавият ба Конститутсия дода мешавад…

- Дар моддаи даҳуми Конститутсия гуфта шудааст: «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд». Яъне, агар чунин ихтилоф ба вуҷуд ояд, бояд донист, ки меъёрҳои Конститутсия бартарӣ доранд. Мақомоте, ки қонунро татбиқ мекунад, масалан, мақомоти судӣ, агар миёни қонун ва меъёри Конститутсия ихтилофро мушоҳида намоянд, бояд меъёри Конститутсияро татбиқ кунанд. Чунки меъёрҳои Конститутсия амали бевосита доранд, яъне онҳоро татбиқ кардан мумкин аст.

Албатта, бояд кӯшиш кард, ки ихтилоф ба вуҷуд наояд. Зеро Парламенти касбӣ дорем, ки вазифааш офаридани қонунҳост, ки ба меъёрҳои Конститутсия мухолифат надошта бошанд. Механизми дигар Суди конститутсионист, ки мухолифатро муайян мекунад. Масалан, агар суд дар рафти мурофиа мушоҳида кунад, ки меъёри қонун бо Конститутсия мухолифат дорад, ҳуқуқ дорад, парвандаро боздошта, ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намояд. Суди конститутсионӣ муайян мекунад, ки ихтилоф вуҷуд дорад ё не? Агар муайян шавад, ки ихтилоф вуҷуд дорад, пас он меъёри қонун дигар амал намекунад. Дар ин маврид меъёри Конститутсия амал мекунад, то он вақте ки меъёри қонун такмил дода нашавад.

- Дар бораи зарурати тағйи­ру иловаҳо ба Конститутсия, ки аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба гузаронида шудааст, чӣ назар доред?

- Конститутсия санади инъи­косгари воқеияти мавҷуда аст, ки дар ҳоли рушду такмил қарор дорад. Бо рушди ҷомеа, инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва байналмилалӣ Конститутсия ҳам рушд мекунад. Агар ба тағйиру иловаҳои воридшуда назар андозем, мебинем, ки Конститутсияро тадриҷан мукаммал кардем, зеро, дар ибтидо, ҳангоми қабули Конститутсия, баъзе аз принсипҳои он чандон возеҳу рӯшан набуданд. Дар амал собит гардид, ки ба хотири такмили меъёрҳои Конститутсия бояд ба он тағйиру илова ворид карда шавад. Аз ҷумла, тибқи тағйирот (соли 1999) дар мамлакат парламенти думаҷлиса таъсис ёфт, ки ҳоло бомуваффақият фаъолият дорад.

Тағйироти соли 2003 меъёрҳои Конститутсияро мукаммал намуда, барои устувории ҳокимияти давлатӣ, ҳамкории миёни мақомоти он, рушди босуръат ва устувори соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.

Тағйироти охир, ки ба Конститутсия соли 2016 ворид гардид, ҳокимияти марказӣ ва маҳаллиро мукаммал намуд, имконияти васеи конститутсиониро барои суботу устуворӣ ва ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистон муҳайё кард.

Дар хотима зикр кардан мехоҳам, ки Конститутсия устувориро нигоҳ дошта, пешрафтро таъмин мекунад. Бигзор минбаъд низ Конститутсия барои пешрафти ҷомеа, барои манфиатҳои миллӣ, барои мақсадҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар назди ҷомеа гузош­таанд, хизмат кунад.

Мусоҳиб

Маҳмудҷон УСМОН,

«Садои мардум»