Аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол сипарӣ гардид. Баҳри муайян намудани нақш ва мавқеи он дар низоми қонунгузории миллӣ ва барпо намудани давлатдории миллӣ бо раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суҳбат оростем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.
- Мардум Конститутсияро бахтномаи миллат ном ниҳода, чун муқаддасоти миллӣ пос медоранд ва барои риояву амалӣ гардидани меъёрҳои он пайваста талош менамоянд. Ба андешаи шумо, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати тоҷик чӣ нақшеро иҷро намуд ва дар бунёди давлатдории миллӣ то кадом андоза саҳм гузошт?
- Инсоният аз замоне ки худро ҳамчун мавҷудоти бошуур шинохт ва дарки олами ҳастӣ намуд, пайваста баҳри таъмин намудани зиндагии арзанда ва фароҳам овардани шароити мусоид талош варзидааст. Аммо расидан ба ин ҳадафҳо вақте имконпазир гардид, ки онҳо дар доираи ҳуҷҷате мавриди танзим қарор дода шуданд. Бо дарназардошти ин, дар масири таърих борҳо санадҳои гуногун қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки мазмун ва моҳияти ҳуқуқи инсон, шакли идоракунии давлат, вазифа ва масъулияти ҳокимиятро муайян менамуданд.
Миллати тоҷик низ дар масири таърих борҳо ҳуҷҷатҳои бунёдиро дар самти ҳуқуқи инсон ва низоми давлатдорӣ қабул намудааст, ки онҳо то ҳол моҳият гум накардаанд ва ҳамчун сарчашма барои қонунгузории давлатҳои муосир хизмат менамоянд. Масалан, дар замони давлатдории Ҳахоманишиён дар таърихи башарият нахустин маротиба аз ҷониби асосгузори воқеии империя Куруши Кабир ҳуҷҷате ба тасвиб расид, ки дар он ҳуқуқҳои бунёдӣ, ба мисли ҳуқуқ ба озодӣ, дину мазҳаб, ҷойи зист, манзил, моликият, ғуломӣ, манъи шиканҷа ва ғайра инъикос ёфтанд. Он ҳуҷҷати нодир ҳоло низ ба сифати сарчашмаи таърихӣ дар бузургтарин давлатҳои сайёра мавриди омӯзиш қарор дорад ва моҳияти он дар санадҳои асосии онҳо таҷассум ёфтааст.
Қонунномаи Сосониён бошад, на танҳо ҳуқуқҳои инсон, балки заминаи асосиро барои бавуҷудоии соҳаҳои ҳуқуқ гузошта, масъулияти субъектони муносибатҳои ҳуқуқиро муайян ва мушаххас намуд. Яъне, тоҷикон аз аҳди қадим дар омодасозӣ ва мавриди амал қарор додани санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши боризро иҷро намудаанд. Ҳоло дар заминаи мероси таърихӣ низоми қонунгузории миллиро сарбаландона бунёд ва равнақ дода истодаанд. Маҳз бо дарназардошти масъулияти таърихӣ мардуми сарбаланду соҳибиродаи тоҷик 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул намуда, дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарзи ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатиро мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор доданд.
Воқеан, вақте сухан дар бораи қабул кардан ва мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи мамлакат меравад, дар зеҳни ҳар фарди соҳибхирад арзишмандӣ ва таъсиргузории он дар раванди бунёди давлатдории миллӣ давр мезанад. Ҷойи шубҳа нест, ки Конститутсияи ҷумҳурӣ нақши азалӣ ва таърихиро дар давраи ниҳоят ҳассос, ки ба сари миллат омад, иҷро намуд. Зеро он бунёди давлатдории миллиро асос гузошта, кишварро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуда, барои бунёди низоми қонунгузории миллӣ поя гузошт. Ба ҳама маълум аст, ки кишвар пас аз соҳибистиқлолӣ бо таъсири гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба гирдоби ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он барои бунёди давлатдории миллӣ хатари ҷиддиро пеш овард, аммо халқи тоҷик, ки соҳиби хиради азалӣ ва фарҳанги баланди давлатдорӣ мебошад, нагузошт, ки нохалафон ба мақсадҳои нопок ноил гарданд ва дар ин самт нақши Конститутсия бағоят бузург маънидод мегардад. Зеро он унсурҳои асосии давлатдориро муайян намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодии ӯро арзиши олӣ шинохта, давлатро вазифадор намуд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Чунин тарзи муайяннамоии идоракунии давлат ва муносибат нисбат ба инсон дар вуҷуди ҳар як фарди кишвар ҳисси худшиносӣ ва муҳаббат ба ватану миллатро бедор намуд. Аз ин ҷост, ки дар раъйпурсии умумихалқии соли 1994 зиёда аз 94 дарсади шаҳрвандони ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирокдошта ширкат варзида, ба тарафдории он зиёда аз 87 дарсад овоз доданд. Ин башорат аз муттаҳидӣ ва ҳамраъйӣ мебошад, ки барои бунёди давлати миллӣ талош варзида, тавассути қабул намудани қонуни асосии давлат дурнамои минбаъдаи онро муайян намуд ва барои муаррифии шоиста дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд гузошт.
Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосӣ ва ҳуҷҷати тақдирсоз дар ба вуҷуд овардани оромиву осоиштагӣ ва рушди муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсӣ дар кишвар заминаи воқеӣ гузошта, роҳи ояндаи давлатдории миллиро ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо муайян намуд, ки бо дарназардошти ин, ҳоло онро дар арсаи байналмилалӣ ба сифати яке аз беҳтарин ва демократитарин мешиносанду эътироф мекунанд.
- Аз нигоҳи шумо, Конститутсияи мамлакат дар бунёди қонунгузории миллӣ ва рушди муносибатҳо дар ҷомеа чӣ саҳм гузошт?
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сифати қонуни асосии давлат баромад мекунад, қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал менамоянд. Яъне, санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар кишвар қабул карда мешаванд, бояд ба меъёрҳои Конститутсия мутобиқат намоянд, дар сурати ғайр онҳо эътибори ҳуқуқиро аз даст медиҳанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ташаккули муносибатҳои ҳуқуқӣ ва қабул намудани қонунҳои миллӣ нақши арзишманд дорад, сарчашмаи аввалиндараҷаи соҳаҳои ҳуқуқро ташкил медиҳад. Дар сурати рӯ овардан ба таърихи қонунэҷодкунии миллат дар замони соҳибистиқлолӣ, мушоҳида менамоем, ки мақомоти қонунбарори кишвар ба дастовардҳои бузург ноил гардида, қонунҳоеро қабул карда, мавриди амал қарор додааст, ки назирашонро ҷомеаи ҷаҳонӣ кам дар ёд дорад. Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хусусияти миллӣ дошта, дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи ҷумҳурӣ таҳия гардидаанд ва дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, баланд бардошти масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва расидан ба ҳадафҳои миллӣ саҳми бориз гузошта истодаанд. Аз ин ҷост, ки ҳоло таҷрибаи қонунэҷодкунии миллати тоҷик дар давлатҳои алоҳида мавриди омӯзиш қарор ва аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалӣ баҳои баланд гирифтааст.
Бинобар ин, Конститутсияи кишвар на танҳо дар бунёди қонунгузории миллӣ, балки дар ташаккули соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ низ нақши назаррас гузоштааст. Зеро он пойдевори асосии муносибатҳо маҳсуб ёфта, дурнамои инкишофи давлату миллатро муайян менамояд. Дар натиҷаи дуруст ва сари вақт иҷро намудани меъёрҳои конститутсионӣ ба бузургтарин ҳадафҳои давлатдории миллӣ ноил гардида, тавонистем мавқеи сазоворро дар арсаи байналмилалӣ ба даст оварем.
- Тавре ҳама медонем, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Онҳо барои мукаммал гардонидани қонуни асосии кишвар ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ чӣ нақш доштанд?
- Конститутсия ин санади меъёрии ҳуқуқӣ аст ва дар фарқ аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Модом ки чунин аст, он бояд бо инкишоф ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ба раванди бавуҷудомада мутобиқат намояд. Яъне, Конститутсия санади шахшуда нест ва бо гузашти айём он ба такмил ниёз пайдо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарназардошти омилҳои гуногун ба Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид намудааст, ки дар натиҷаи онҳо моҳият ва мундариҷаи меъёрҳои конститутсионӣ боз ҳам такмил ёфтанд ва муносибатҳои нав дар сатҳи конститутсионӣ мавриди танзим қарор гирифтанд.
Бори нахуст, 26-уми сентябри соли 1999, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки дар натиҷаи он парламенти доимоамалкунандаи касбӣ дар кишвар таъсис ёфта, муҳлати ваколати Президент ба ҳафт сол ва муҳлати ваколати судяҳо ба даҳ сол расонида шуд. Президент масъул гардид, ки доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳар сол дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баромад намояд, ҳуқуқи таъини раъйпурсиро муайян намояд ва ғайра.
Бори дуюм, 22-юми июни соли 2003, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки онҳоро метавон ба чор қисмат ҷудо намуд: ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низоми давлатӣ, муқаррароти интиқолӣ ва таҳриру тасҳеҳи Конститутсия. Дар асоси тағйиру иловаҳои мазкур, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф карда шуд, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ муқаррар гардид, ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ пазируфта, салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас карда шуданд, ба низоми судӣ Суди иқтисодии ВМКБ, суди иқтисодии вилоятҳо ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ворид карда шуданд. Дар баробари ин, тағйироти дигаре ворид гардиданд, ки барои такмил додани низоми қонунгузории кишвар ва рушди муносибатҳо дар ҷомеа нақши бузург доштанд.
Бори сеюм, 22-юми майи соли 2016, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки дар натиҷаи он истилоҳи «Сарқонун» аз номи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта, маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби субъектони хориҷӣ манъ карда шуд. Синну соли интихоб ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон аз 30-солагӣ муқаррар гардид. Инчунин, синну соли таъин гардидан ба вазифаҳои судяи судҳои ҷумҳурӣ низ аз 30-солагӣ муайян карда шуд. Ба ҳамин монанд, тағйиру иловаҳои дигар ворид карда шуданд, ки барои татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақши бениҳоят бузургро иҷро намуда истодаанд.
Дар умум, тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида мазмуну муҳтавои онро такмил дода, воқеияти замонро инъикос намуданд ва барои такомул додани низоми сиёсии ҷомеа заминаи устувор гузоштанд. Маҳз тағйиру иловаҳои воридгардида барои мукаммал намудани низоми қонунгузории кишвар замина гузошта, роҳи минбаъдаи давлатдориро муайян сохтанд.
Нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти такмил додани меъёрҳои конститутсионӣ бениҳоят бузург мебошад. Зеро бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ва дар заминаи меъёрҳои Конститутсия санадҳое қабул гардиданд, ки хусусияти миллӣ дошта, дар дунё ҳамчун намуна хизмат намуда истодаанд. Инчунин, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат боис гашт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаббускор дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон шиносад.
- Конститутсия то кадом андоза ба рушди парламентаризм мусоидат кард?
- Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26-уми сентябри соли 1999, дар кишвар низоми дупалатагии ҳокимияти қонунбарор, яъне Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ташкил карда шуд, ки дар самти ташаккул ёфтани фаъолияти ҳокимияти давлатӣ таъсири бевосита гузошт.
Дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ ба Маҷлиси Олӣ ҳуқуқ дода шуд, ки аз номи халқи Тоҷикистон сухан гӯяд (моддаи 6), зеро он ба сифати мақомоти олии намояндагӣ дар кишвар шинохта шудааст ва бунёдаш аз халқ сарчашма мегирад. Ҳоло Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар робитаи мустаҳкам қарор дорад, ки чунин муносибат сарчашмаи ҳуқуқиро аз меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад.
Танзими вазъи ҳуқуқии мақомоти қонунбарори кишвар дар сатҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуногун имконият фароҳам овард, ки ин шохаи ҳокимияти давлатӣ ба таври амиқ рушд намояд ва дар бунёди қонунҳои миллӣ замина гузорад. Натиҷаи чунин фаъолият аст, ки алҳол муносибатҳои ҷамъиятӣ тавассути қонунҳои алоҳида мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор гирифта, дурнамои рушди муносибатҳои ҷамъиятиро муайян менамоянд. Боварии комил дорем, ки минбаъд низ мақомоти қонунбарори кишвар барои қабул намудани қонунҳои сирф миллӣ талош намуда, манфиатҳои халқ ва миллатро дар онҳо ҷой медиҳанд.
- Шумо ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои фаъолият ва ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати қонунгузориро дар ояндаи наздик чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати қонунгузорӣ ва ҳамчунин, дурнамои фаъолияти Маҷлиси миллиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум (16 апрели соли 2020) хеле оқилона муайян намуданд ва фаъолияти аъзои ин ниҳод бояд, қабл аз ҳама, дар чаҳорчӯбаи маҳз ҳамин ҳидоятҳо сурат бигирад. Пешвои миллат барҳақ зикр намуданд, ки «аъзои Маҷлиси миллӣ бояд бо истифода аз ваколати конститутсионии худ, ҳамчун субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ, ба таҳияи қонунҳо диққати махсус зоҳир намоянд. Онҳо бояд қонунҳоеро таҳия ва пешниҳод намоянд, ки ба таҳкими истиқлолият, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва густариши муносибатҳои бозорӣ, аз ҷумла, пешрафти соҳибкорӣ, беҳдошти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шуда бошанд…
…Дар баробари ин, барои боз ҳам афзун намудани дастовардҳо ва ноил шудан ба ҳадафҳои олии милливу давлатӣ, дар баробари тадбирҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳар чӣ бештар таҳкиму тақвият додани заминаҳои қонунгузорӣ омили муҳим ба шумор меравад. Зеро қонун воситаи танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, мебошад».
Дар заминаи ҳидоятҳои Пешвои миллат зимни баргузории Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, 26 июни соли 2020, Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронии хеле пурмуҳтаво карда, ҳадаф, мақсад ва мароми Маҷлиси миллиро хеле оқилонаву тахассусмандона муайян намуданд. Дар назди ҳар узви Маҷлиси миллӣ ва зерсохторҳои Маҷлиси миллӣ вазифаҳои хеле муҳимро масъалагузорӣ намуданд.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки «барои амалисозии тадбирҳо ва ҳадафҳои гузоштаи Пешвои миллат ва таъмин намудани рушди устувору бемайлони иқтисодиёти кишвар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳое, ки ба афзоиш ва самаранокии сармоягузорӣ, саноат, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, фаъолияти зиддиинҳисорӣ, ҷорӣ кардани технологияи муосир, иқтисодиёти рақамӣ, истифодаи оқилонаи замин ва канданиҳои фоиданок равона шудаанд, бо дарназардошти таҷрибаи қонунгузории давлатҳои мутараққӣ тақозои замона мебошад».
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамчунин, дастур доданд, ки амалияи омӯзиши таҷрибаи қонунгузории давлатҳои пешрафтаро, ки барои Тоҷикистон қобили таваҷҷуҳ мебошанд, ҷиҳати то ҳадди имконпазир ба онҳо наздик намудани қонунгузории миллӣ роҳандозӣ намуда, барои такмил додани санадҳои қонунунгузорӣ мунтазам пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд. Инчунин, дастур дода шуд, ки бо ҷалби олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқ масъалаи дар назди Маҷлиси миллӣ таъсис додани Шӯрои машваратии коршиносон баррасӣ карда шавад.
Ҳамчунин қайд гардид, ки «бояд марҳила ба марҳила фаъолияти қонунгузориро тақвият бахшида, дар ин раванд на ба шумораи лоиҳаи қонунҳо, балки ба мазмун ва сифати онҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир намоем».
Фикр мекунам, ки маҳз ҳамин дастуру ҳидоят ва масъалагузориҳо бояд аз ҷумлаи ҳадафҳои созандаи сиёсати қонунгузории мамлакат дар ояндаи наздик эълом гарданд ва дурнамои фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил диҳанд.
Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»