Таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ 15 март «Хониши парламентӣ» дар мавзӯи «Сода, сабук ва шаффоф гардонидани ҷараёни андозсупорӣ ва вобаста ба он такмили низоми маъмурикунонии андоз» баргузор гардид. Абдуҷаббор Азизӣ дар оғози чорабинӣ иброз дошт, ки масъалаи баррасишаванда аз омилҳои асосии рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар қонунгузории андоз ҳанӯз мушкилиҳо ҷой доранд. Дар вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва муроҷиати онҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ дар мавзӯи андоз хеле зиёд аст.
Муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзода изҳор намуд, ки дар асоси таҳлилҳо оид ба вазъи соҳибкории хурду миёна ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи ватанию хориҷӣ барои рушди истеҳсолоти саноатӣ 21 феврали соли равон ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуд. Дар ин тағйирот як қатор сабукӣ ва имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ гардид.
Аз ҷумла, таҳвил (фурӯш) — и либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ ва маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуда, ҷиҳати аз пардохти андоз аз фоида, андози содакардашуда, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз молу мулки ғайриманқул ба муҳлати 6 сол озод намудани корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво муқаррарот ворид карда шуд.
- Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти андоз маъмурикунонии андоз ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011- 2019», ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010 тасдиқ гардид, амалӣ гашта истодааст, — гуфт Хуршед Исмоилзода. – Ҳадаф аз қабули барномаи мазкур беҳтар намудани маъмурикунонӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ ва дар заминаи он таҳияву мавриди амал қарор додани барномаҳои компютерӣ, такмили дониши касбии кормандон ва дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба андозсупорандагон мебошад.
Ҳоло дар Кумитаи андоз Низоми марказии тамос фаъол аст, ки дар он 10 корманд фаъолият дошта, ба саволи муроҷиаткунандагон тавассути телефон бо шумораи 151, чат ва почтаи электронӣ ҷавоб мегӯянд. Ҳар як суҳбати телефонӣ бо муроҷиаткунандагон ба таври автоматикӣ сабт мешавад. Чунин тарзи корбарӣ сафи муроҷиаткунандагонро зиёд намуда, танҳо дар 2 моҳи соли равон ба 7200 муроҷиати шаҳрвандон посух дода шуд.
Хуршед Исмоилзода иброз дошт, ки моҳи январи соли ҷорӣ шумораи субъектҳои хоҷагидоре, ки эъломияҳои худро минбаъд ба мақоми андоз дар шакли электронӣ пешниҳод менамоянд, 2010 адад зиёд гардид. Дар натиҷа, имрӯз бо истифода аз барномаи компютерии «Утоқи шахсии андозсупоранда» зиёда аз 61580 андозсупоранда эъломияҳои худро бо тартиби мазкур пешниҳод намуда истодаанд. Ҷиҳати ба тартиби мазкур гузаронидани дигар андозсупорандагон чораҷӯйӣ идома доранд.
Баъдан, Хуршед Исмоилзода ба саволҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дод. Вобаста ба мавзӯи матраҳшуда 21 вакил ба ӯ савол пешниҳод намуданд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода гуфт, ки дар ин ҷода ҳанӯз мушкилиҳо зиёданд. Баҳри ҳалли онҳо бояд якҷоя чораҷӯӣ намоем.
- Асоси дуруст ташкил кардани низоми андозбандӣ ҳисобдорӣ аст, — гуфт Ш. Раҳимзода. — Мутаассифона, дар давраи нобасомониҳои солҳои навадум ҳисобдориро то андозае сарфи назар кардем. То вақте ҳисобдорӣ ҷавобгӯи талабот нест, андозбандӣ дуруст намешавад. Дар сохторҳои буҷетӣ низоми ҳисобдорӣ ҳаст, вале на дар ҳама сохтори хусусӣ онро мушоҳида кардан мумкин аст.
Чанде пеш дар Литваю Латвия меҳмон будем. Дар ин кишварҳо ҳар як ширкати хусусӣ ба мақомоти андоз ҳисоботи шаффоф месупорад. Соҳибкороне, ки то 45000 евро даромад доранд, бо патент кор мекунанд. Агар зимни супурдани ҳисоботи солона даромад аз 45000 евро зиёдтар бошад, андозсупорӣ тариқи низоми дигар сурат мегирад. Нишондиҳандаи боварии соҳибкорон ба мақомоти андоз дар ин кишварҳо аз 70 фоиз боло рафтааст. Аз ин рӯ, дар кишварҳои зикршуда корманди андозро ба ҳайси дӯсту ёрдамчии соҳибкор мешиносанд, — гуфт Ш. Раҳимзода.
Дар хотима хулоса шуд, ки ҳамкории парлумонро бо мақомоти марбута дар ин самт тавсеа бахшида, баҳри содаву сабук гардонидани низоми андозсупорӣ тадбирҳои судманд андешида шаванд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»