Дар сатҳи хуб баргузор намудани ҳашар бахшида ба Рӯзи пойтахт (21 апрел) аз ҷониби онҳо шаҳодати гуфтаҳои болост.
Дар он зиёда аз 100 корманд ширкат карда, бо рӯҳияи болида ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тоза кардани бехи дарахтон, нарм намудани хоки замини макони фароғатӣ ва таъмиру тармими бинои Маҷлиси намояндагон камари ҳиммат бастанд. Иқдоми зикршуда нишон дод, ки масъулини Маҷлиси намояндагон нисбат ба корҳои неку созанда бетараф нестанд ва ҳамеша омодаанд саҳми муносиб гузоранд.
- Тадбири онрӯза, — гуфт роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мизроб Кабиров, — идомаи анъанаҳои наҷиби ниёгон бобати беҳдошти муҳити зист буда, пайравӣ аз иқдомоти наҷиби Пешвои миллат мебошад.
«Мо бояд корҳои ободониву созандагиро беш аз пеш тақвият бахшем». Ин нукта дар баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид шудааст ва мо ба он пайравӣ кардем.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон