Бисту шашуми ноябри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2020 ва 9 моҳи соли 2021» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.
Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коррупсияро зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок гуфта, мубориза бо онро вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар шумурдаанд. Чунончӣ, дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли равон таъкид шудааст: «Барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».
- Коррупсия дар замони муосир хатари воқеӣ ба амнияти давлат мебошад. Бо мақсади пешгирии он «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амал менамояд, ки дар он асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — майори адлия Суҳроб Сафарзода оид ба мавзӯи «Раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2020 ва 9 моҳи соли 2021» баромад карда, гуфт, ки яке аз роҳҳои таҳким бахшидани низоми давлатдорӣ тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим даровардани муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ мебошад. Дар раванди таҳияи онҳо бидуни омилҳои коррупсионӣ, шаффоф, мушаххас ва содаю фаҳмо ифода ёфтани меъёрҳо кафолати таъмини волоияти қонун маҳсуб меёбад.
- Баҳогузории ниҳоии ҳолати таъмини иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» нишон дод, ки дар раванди амалигардонӣ аз 89 банди нақшаи чорабиниҳои татбиқи стратегия 78 банд ё 88 фоизи он, ки бандҳои ба экспертизаи зиддикоррупсионӣ бахшидашуда низ ба он шомил аст, пурра иҷро гардиданд. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки бо ин зуҳуроти номатлуб ва сабабу шароити барои содир намудани он мусоидаткунанда бояд пайваста мубориза идома дода шавад. Зеро дар сурати вуҷуд надоштани муқовимати мунтазам ва дигар чорабиниҳои пешгирикунанда, аз ҷумла экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи онҳо, ки дар иртибот ба вазъи тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти ҷаҳони муосир рӯз аз рӯз таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав тақозо мегардад, омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия метавонад, ки зуд роҳ ёбад, — гуфт Суҳроб Сафарзода.
Зикр гардид, ки номукаммалии санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшаванда ва амалкунанда, аз қабили мавҷудияти минтақаҳои ноаён, мухолифатҳо, духӯра ифода ёфтани меъёрҳо ва дигар омилҳои коррупсионӣ ба содир шудани амалҳои коррупсионӣ ва дар ин замина, дар раванди татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои қабули қарорҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат намуда, ба пайдоиши омилҳои коррупсионӣ дар онҳо шароити ҳуқуқиро фароҳам меоварад.
Солҳои 2019 — 2020 ва 9 моҳи соли 2021 ба мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди хулосаи зиддикоррупсионӣ, дар умум, 3077 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардид. Аз онҳо 194 адад бинобар номукаммалии матолиби пешниҳодшуда ва дигар сабабҳо бе баррасӣ монда шуда, вобаста ба 346 лоиҳа барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида эроду пешниҳод ирсол гардид ва дар 344 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор шуд.
- Лоиҳаҳое, ки дар давраи таҳлил мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, 144 ададашро оид ба гирифтан ва ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ додани қитъаҳои замин ташкил медиҳад. Аммо дар натиҷаи гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ дар 29 адади онҳо омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор гардида, дар ҳамин раванд ҳолати ғайриқонунӣ ҷудо карда шудани зиёда аз 600 гектар замин пешгирӣ карда шуд, — гуфт Суҳроб Сафарзода.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод иброз намуд, ки яке аз сабабҳои бавуҷудоварандаи коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии номувофиқ мебошанд, ки заминаи номатлуби амалҳои онро имконпазир мегардонанд. Яке аз усулҳои пешгирии қабули меъёрҳои дорои омилҳои коррупсионӣ экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Тавассути он давлат асосҳои умумӣ ва таҳлили маҷмӯии низоми ҳуқуқиро муқаррар менамояд. Ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин раванд ҳамкории давлат ва ҷомеаро густариш дода, имконияти бештари таҳлили низоми ҳуқуқӣ ва амалияи татбиқи онро таъмин мекунад.
Бояд зикр кард, ки шарти асосии экспертизаи босамар манфиатнокӣ дар гузаронидани он, имконияти тахассусии коршиносон ва таъмини мустақилияти онҳо, инчунин, дастрасии иттилооти он мебошад, ки ошкоро будани чунин экспертизаро дар назар дорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мафҳуми «экспертизаи зиддикоррупсионӣ» — ро шарҳ надода, танҳо мақсади чунин экспертизаро муқаррар менамояд.
Мақсади экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (СМҲ) ошкор намудани сабабҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва андешидани чораҳои бартараф кардани онҳо мебошад. Ва яке аз масъалаҳои мубрам то чӣ андоза объективӣ будани арзёбии дохилиидоравист. Бо таҳлили ҳамаҷонибаи воқеият зарурати нигоҳ доштани арзёбии зиддикоррупсионии дохилиидоравии лоиҳаҳои СМҲ бояд омӯхта шавад.
- Дар қонуни амалкунанда принсипи баҳодиҳии СМҲ дар алоқамандӣ бо дигар СМҲ, инчунин, принсипи ҳамаҷониба ва пурра будани он мустаҳкам нашудааст. Мувофиқи мақсад мебуд, агар дар оянда талаботи баргузории ЭЗК СМҲ дар алоқамандӣ бо дигар СМҲ соҳавӣ ва ҳамҷавор, инчунин, ҳамаҷониба ва пурра будани экспертиза дар қонун мустаҳкам карда шавад, — гуфт Рустам Шоҳмурод.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, Мавзуна Шамсиддинзода, Хайриддин Усмонзода ва Раъно Бобоҷониён ба маърӯзачиён вобаста ба масъалаи матраҳшуда савол дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим пешниҳод намуд, ки бо мақсади тақвият додани ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фароҳам овардани тафаккури зиддикоррупсионӣ ходимони динро низ ҷалб бояд кард. Инчунин, баробари ҳамкорӣ бо телевизиону радио таъсиси нашрияи махсуси соҳавӣ (рӯзнома, ҳафтанома) низ зарур аст. Зеро матбуот дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми калон мебозад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода зимни музокира истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Сингапурро, пешниҳод намуда, таъкид кард, ки зарари коррупсия ба ҷомеа аз ҷангу терроризм дида бештар аст. Ӯ пешниҳод намуд, ки мақсаднок истифода бурдани грантҳо мавриди таҳлили масъулон қарор гирад.
Ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Мирзозода ва Файзалӣ Идизода хоҳони ҷалби бештари ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба бартараф кардани мушкилӣ шуданд.
Дар поён, бо дарназардошти пешниҳодоти вакилон, қарор ва тавсияҳо қабул гардиданд.
Самариддин АСОЗОДА,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»