Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ҷаласаи васеи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, доктори илми ҳуқуқ Маҷидзода Ҷурахон Зоир Ордени олии байналмилалии «Ситораи тиллоӣ»- ро, ки бо қарори Раёсати Академияи илмҳои байналмилалии маҷмаи бехатарии Федератсияи Россия сарфароз гардонида шудааст, тақдим намуд.
Дар ҷаласа гузориши раиси Комиссияи арзёбии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Институти астрофизика ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ роҳбарон, сармуҳосибони муассисаҳои илмӣ, мудирони шуъбаҳои кадрҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо маълумотномаи санҷиши аудитории фаъолияти молиявию хоҷагидории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моҳи ноябр-декабри соли 2015 аз тарафи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст, шинос намуд. Роҳбарони муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки то 25 январи соли 2016 камбудиҳои дар маълумотномаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷгардидаро ислоҳ намуда, аз натиҷаи он ба Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
АМИТ «Ховар»