Бисту якуми июли соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, аз 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 28 нафар дар толор иштирок доранд. Бо мақсади бори дигар дақиқтар намудан аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.
Ҳоло дар толор 28 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.
Дар Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки Котиботи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем.
Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала манзури шумо гардидааст, ки тибқи он Раиси котибот Абдураҳмонзода Саидумрон Назар, аъзои котибот Аҳмадзода Раҷаббой ва Раҳмонова Наргис Шарифовна пешниҳод шудаанд.
Нисбати лоиҳаи қарор чӣ гуна таклиф доред?
Тибқи пешниҳодатон, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Аз ҳайати котибот эҳтиромона хоҳиш менамоем, ҷойҳои худро ишғол намуда, ба кор шурӯъ намоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» бо фарогирии масъалаҳои зерин қабул гардид:
1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3.Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
8.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
9.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
10.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ»
11.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ»
13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»
14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила»
15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»
16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ»
17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»
18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»
19. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Ваҳдат»
20. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Файзобод»
21.Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Варзоб»
22. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон»
23. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Расулзода Н.Ғ.»
24. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Гиёев И.Қ.»
25. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Маҳмадшарофӣ Д.»
26. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода М.Н.»
27. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимзода С.О.»
28. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ғуломов С.С.»
29. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Кенҷазода М.Т.»
30. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шоҳиён М.А.»
31. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Фатҳудин В.»
32. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шоҳиён М.А.»
33. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
34. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
35. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад. Марҳамат.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: -Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июни соли 2015 қабул намудааст.
Мақсади дар таҳрири нав қабул кардани қонуни конститутсионии мазкур мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ба таври мукаммал танзим намудани муносибатҳои нави ҷамъиятии дар соҳаи шаҳрвандӣ бавуҷудомада мебошад.
Қонуни конститутсионии мазкур аз 7 боб ва 44 модда иборат мебошад. Он муносибатҳоро оид ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда, асосҳо, принсипҳо, шартҳо ва тартиби соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.
Боби 1 «Муқаррароти умумӣ» номида шуда, аз моддаҳои 1 то 11 таркиб ёфтааст, ки дар он мафҳумҳои асосии дар қонуни конститутсионии мазкур истифодашуда, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба шаҳрвандӣ, принсипҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъи ба давлати хориҷӣ супоридани шаҳрванди Тоҷикистон, мусоидат ба пешгирии бешаҳрвандӣ, нигоҳ доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми бастан ва (ё) бекор кардани ақди никоҳ, инчунин соҳиб шудан ба душаҳрвандӣ, шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимоя ва пуштибонии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ қарор дорад, муайян карда шудааст.
Боби 2 «Соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дошта, асосҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ аз рӯи таваллуд, қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои умумии қабул намудан ба шаҳрвандии Тоҷикистон, қабул намудан ба шаҳрвандӣ бо тартиби содакардашуда, барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин асосҳои рад кардани қабул намудан ба шаҳрвандӣ ва барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи муқаррароти моддаҳои 12 — 19 боби мазкур, ба танзим дароварда шудааст.
Масъалаҳое, ки дар ин боб пешбинӣ шудаанд, нисбат ба меъёрҳои қонуни конститутсионии пештара тафовут ва навгониҳои зайлро доро мебошад:
а) Дар сурати дар муддати то се моҳ аз лаҳзаи таваллуди кӯдак оид ба шаҳрвандии кӯдак ба мувофиқа наомадани падару модаре, ки шаҳрвандии гуногун дошта, яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон мебошад ва агар тибқи қонунгузории давлати ҷои таваллуд ба ӯ шаҳрвандии ҳамон давлат дода нашуда бошад, ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад (қисми 3 моддаи 13).
б) Донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират ва мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор надоштан яке аз шартҳои қабул шудан ба шаҳрвандии Тоҷикистон муқаррар шудааст.
в) Доираи шахсоне, ки бидуни истиқомати доимӣ дар қаламрави Тоҷикистон ё бо шарти имтиёзнок ҳуқуқи ба шаҳрвандии Тоҷикистон қабул шуданро доранд, васеъ карда шуда, чунин имтиёз дар мавриди дар ақди никоҳи шаҳрванди Тоҷикистон на камтар аз се сол қарор доштан ва нисбат ба гурезаҳо аз байн бурда шудааст (моддаи 16).
г) Пешниҳод намудани иттилооти бардурӯғ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҳангоми дархости қабул шудан ба шаҳрвандии Тоҷикистон ё барқарор шудан ба он асос барои рад кардани дархост мегардад. Ҳамчунин дар номгӯйи асосҳои рад намудани қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кирдори худ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намудан низ илова шудааст (сархатҳои 1 ва 2 моддаи 18).
д) Минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад масъалаҳои қабул намудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе риоя намудани шартҳои дар моддаи 15-уми қонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида баррасӣ намояд.
Боби 3 «Қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ шуда, аз моддаҳои 20 то 25 иборат аст, ки дар он асосҳои қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои рад намудан барои баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бекор кардани қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби шаҳрвандии давлати дигар (оптатсия) дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.
Боби 4 «Шаҳрвандии кӯдак ҳангоми тағйир ёфтани шаҳрвандии падару модар, васию парасторон ва шаҳрвандии шахсони ғайри қобили амал»-ро дар бар гирифта, аз моддаҳои 26 то 29 иборат мебошад, ки мувофиқи он асосҳои ба миён омадан ва қатъ гардидани шаҳрвандии кӯдак ва шахси ғайри қобили амал ҳангоми тағйир ёфтани шаҳрвандии падару модар, соҳиб шудан ё қатъ гардидани шаҳрвандии падар ё модар, инчунин ҳангоми фарзандхонд шудани кӯдак ва ё таҳти васоят ва парасторӣ қарор доштани кӯдак ва шахси ғайри қобили амал муқаррар карда шудааст.
Масъалаҳои «Мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар боби 5 муайян шуда (моддаҳои 30 — 34), дар он номгӯйи мақомоти ваколатдор, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои комиссияи назди Президент ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Дар боби 6 «Тартиби баррасии дархостҳо ва ҳалли масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарбаргирии моддаҳои аз 35 то 40 пешбинӣ гардида, дар он тартиби пешниҳод кардани дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, ситонидани боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ, муҳлати баррасии дархостҳо, қабул намудани дархостҳои такрорӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санаи соҳиб шудан ё қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳое, ки дар робита ба шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб шудан ё қатъ намудан дода мешаванд, танзими худро ёфтаанд. Мувофиқи қоидаҳои нави қонуни конститутсионии мазкур, муҳлати баррасии аризаҳо ва пешниҳод оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, қабули қарор дар бораи соҳиб шудан ба шаҳрвандии Тоҷикистон ва қатъи он як сол муқаррар карда шудааст (моддаи 37). Дархостҳои такрорӣ танҳо баъд аз гузаштани як сол пас аз қабули қарори қаблӣ баррасӣ шуда метавонанд (қисми 1 моддаи 38). Чунин меъёри нав мушкилоти дар амалия пайдошударо вобаста ба муҳлатгузаронӣ ва муроҷиатҳои такрорӣ ҳал мекунад.
Боби 7 «Муқаррароти хотимавӣ» ном дошта, шикоят нисбат ба қарори мақомот ва амалҳои шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни конститутсионии мазкур, инчунин аз эътибор соқит донистани қонунгузории пештараи кишвар доир ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни конститутсионии мазкурро муайян намудааст.
Дар маҷмӯъ, тамоми матни Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз нав таҳрир шуда, тахминан 80 фоизи он аз нигоҳи мазмунӣ ва техникаи ҳуқуқӣ мавриди тағйиру илова қарор гирифтааст.
Қонуни конститутсионии мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ аст ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағийру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем.
Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Кумита баррасӣ гардид.
Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 апрели соли 2015 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни конститутсионии мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушаххас кардани меъёрҳои ҳисоби собиқаи кори Раис, муовини Раис ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Ҳамин тавр, ба моддаи 15-уми қонуни конститутсионии мазкур қисми 5 илова карда шудааст, ки мувофиқи он минбаъд кор дар вазифаҳои раисон, муовинони якум, муовинон ва судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ҳамчун собиқаи кори Раис, муовини Раис ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешавад.
Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем қонуни конститутсионии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: -Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 апрели соли 2015 қабул намудааст.
Қонуни конститутсионии мазкур баҳри такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвият бахшидани меъёри қонунгузорӣ марбут ба ҷавобгарии интизомии судяҳо ва бо ин васила баланд бардоштани масъулияти судяҳо нигаронида шудааст.
Ҳамин тавр, мувофиқи тағйироту иловаҳое, ки ба моддаи 123-юми қонуни конститутсионии мазкур ворид карда мешавад, минбаъд аз ҷониби судя риоя нагардидани талаботи Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин зимни баррасии парвандаҳои иқтисодӣ ва дархосту пешниҳодҳо дағалона вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судя асос мегардад.
Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, қонуни конститутсионии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи нав-батии рӯзномаи иҷлосия- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад.
Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 25 феврали соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Қонун баҳри мутобиқгардонии дохилии меъёрҳои алоҳидаи боби 30 Кодекси зикршуда бо муқаррароти қисми умумии он ва бартараф намудани мухолифат бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти зиддиинҳисорӣ дар бозорҳои мол», муқаррар намудани ҷавобгарии маъмурии шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои ифшои сирри тиҷоратӣ, пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурии соҳибкорони инфиродӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва пурзӯр намудани чораҳои таъсиррасонӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ қабул шудааст.
Бо ҳамин мақсад ба Кодекс ду моддаи нав — моддаҳои 5531 (Пешниҳод накардани дархост ва аризаи дахлдор, яъне бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ пешниҳод накардани дархост дар бораи додани розигии пешакӣ барои таъсис ва азнавташкилкунии иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор) ва 5541 (Ошкор кардани маълумоте, ки сирри тиҷоратии субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродиро ташкил медиҳад) илова шуда, моддаҳои 5491 — 551 ва 552 дар таҳрири нав баён карда шудааст. Ба санксияи моддаҳои 542, 543, 545, 546, 547, 548, 5511, 5512, 553, 554, 555, 556 ва 557 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки тибқи он барои содиркунии ин ҳуқуқвайронкуниҳо ба соҳибкорони инфиродӣ низ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардида, чораҳои таъсиррасонӣ барои субъектони ин ҳуқуқвайронкуниҳо пурзӯр карда шудааст.
Тағйироту иловаҳои ба қисми 5 моддаи 39, ном ва диспозитсияи моддаҳои 543, 544, 547 ва диспозитсияи моддаҳои 546 ва 548-уми Кодекс воридкардашуда хусусияти таҳрирӣ дошта, истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқиро дар қонунгузорӣ пешбинӣ ва таъмин менамояд.
Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз ин лиҳоз, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
Раис: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
Худоёрзода Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 6 майи соли 2015 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст, аз ҷониби Кумита баррасӣ гардид.
Қонуни мазкур ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани тартиби пешниҳоди ҳисоботи омори давлатӣ равона карда шудааст.
Ҳамин тариқ, ба моддаи 515 Кодекси номбурда иловаҳо ворид карда шуда, минбаъд барои шахсони ҳуқуқӣ низ ҳангоми риоя накардани тартиби пешниҳоди ҳисоботи муқарраршудаи омори давлатӣ ба мақомоти дахлдори оморӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда мешавад.
Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ аст.
Аз ин лиҳоз, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки Қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
Раис: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ мешавад.
Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
Худоёрзода Бахтиёр Тавар: – Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 25 феврали соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст, аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният баррасӣ гардид.
Қонуни мазкур бо мақсади мушаххас намудани субъектҳои баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ қабул карда шудааст.
Бо ин мақсад ба қисмҳои 1 ва 3 моддаи 93 ва қисми 1 моддаи 128-уми Кодекс тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки тибқи он парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии пешбининамудаи моддаи 5541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд баррасӣ карда, баррасии парвандаҳои пешбининамудаи моддаҳои 542 — 543, 545, 549 — 550, 555 — 558 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, сарфи назар аз маблағи ҷаримаҳои таъиншаванда, аз салоҳияти судҳо ба салоҳияти мақомоти зиддиинҳисорӣ гузаронида шудаанд.
Инчунин тибқи иловаи ба қисми 2 моддаи 128-уми Кодекс воридкардашуда, ба муовинони сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ваколати баррасӣ намудани парвандаҳои вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ дода шудааст.
Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ аст.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳишмандем, қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 8 апрели соли 2015 қабул намудааст, Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо мақсади такмили Кодекс ва мушаххас кардани доираи субъектҳое, ки парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оид ба масъалаҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баррасӣ менамоянд, қабул карда шудааст.
Бо ин мақсад ба Кодекс моддаи 1211 илова карда шудааст. Тибқи қисми якуми он, парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаҳои 140, 619, 621 ва 622 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинишударо минбаъд мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар доираи ваколатҳои худ баррасӣ менамояд.
Қисми 2 моддаи 1211 Кодекс ба директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони раёсатҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳуқуқ медиҳад, ки аз номи мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар қисми якуми моддаи 1211 пешбинишударо баррасӣ карда, аз рӯи онҳо ҷазои маъмурӣ таъин намоянд.
Тағйироте, ки дар ном ва матни моддаи 94-уми Кодекс ворид карда шудаанд, хусусияти таҳрирӣ дошта, дар он калимаҳои «,шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» ба калимаҳои «ва шуғли аҳолӣ» ва дар қисми 1 калима ва рақамҳои «, 139, 140, 619, 621 ва 622» ба калима ва рақами «ва 139» иваз карда шудааст.
Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ аст.
Бинобар ин, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем.
Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 майи соли 2015 қабул намудааст.
Қонуни мазкур баҳри такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушаххас кардани доираи субъектоне, ки ҳуқуқи баррасӣ ва таъини ҷазои маъмуриро аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии бо моддаҳои 515 ва 516 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда доранд, равона карда шудааст.
Мувофиқи тағйироти пешниҳодшуда, қисми 2 моддаи 123 Кодекси номбурда дар таҳрири нав ифода гардидааст. Тибқи он, минбаъд барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти омор оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаи 515 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Риоя накардани тартиби пешниҳоди ҳисоботи омори давлатӣ) пешбинӣ шудааст, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинони ӯ, сардорони сарраёсатҳо ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳуқуқ доранд.
Нисбати ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаи 516 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Пешниҳод намудани маълумоти ҷамъбастии омории нодуруст) пешбинӣ шудааст, фақат директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинони ӯ, сардорони сарраёсатҳо ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳуқуқи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва таъини ҷазои маъмуриро аз номи мақомоти омор соҳиб мешаванд. Дар ин маврид, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳуқуқи баррасӣ кардан ва таъини ҷазои маъмуриро аз рӯи ин модда надоранд.
Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ аст.
Аз ин лиҳоз, Кумита нисбат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағийрот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 8 апрели соли 2015 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният баррасӣ гардид.
Қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқ намудани рӯзи иди касбии кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон ба рӯзи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ташкил ва фаъолияти мақомоти прокуратура, ки ба давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, қабул мешавад.
Мувофиқи он, Рӯзи иди касбии кормандони мақомоти прокуратура аз 14 декабри соли 1924 (рӯзи таъсиси прокуратураи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон) ба 14 марти соли 1992 (рӯзи таъсиси мансаби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон») гузаронида шудааст.
Ҳамин тавр, минбаъд ҳамасола 14 март ҳамчун Рӯзи иди касбии кормандони мақомоти прокуратура қайд карда мешавад.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» баррасӣ мешавад.
Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 майи соли 2015 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз муайян намудани тартиби аз гардиш гирифтан ва ҷуброни маблағҳои силоҳи оташфишони бемили зарбааш маҳдуд, яъне таппончаҳо ва револверҳои бо патронҳои ҷароҳатрасон иборат буда, ба такмил додани қонунгузории амалкунанда нигаронида шудааст.
Бо ин мақсад, қисми 3 моддаи 31-уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода ва мутаносибан қисми 4 меъёри мазкур хориҷ карда шудааст. Мувофиқи тағйироти воридшуда минбаъд масъалаҳои муайян кардани тартиби ҷуброни аз гардиш гирифтани силоҳи оташфишони бемили зарбааш маҳдуд — таппончаҳо ва револверҳои бо патронҳои ҷароҳатрасон низ, ки шаҳрвандон то манъ намудани гардиши онҳо тибқи қонуни мазкур дар ихтиёри худ доштанд, ба зиммаи Вазорати корҳои дохилӣ вогузор мегардад. То ин вақт тартиби зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекард.
Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст.
Бинобар ин, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 24 июни соли 2015 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур баҳри мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ қабул гардида, дар маҷмӯъ ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.
Ҳамин тавр, ҷиҳати истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар муқаддимаи қонун дар таҳрири нав ифода карда шуда, дар як қатор моддаҳои дахлдори қонуни амалкунанда калимаҳои он мувофиқ ба истилоҳоти ҳуқуқиву соҳавии дар қонунгузории ҷорӣ истифодашаванда иваз карда шудааст, ки хусусияти мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад.
Ҳамчунин ба қисми 3 моддаи 3-юми қонуни амалкунанда ҷумлаи нав илова шуда, масъалаҳои пешниҳоди Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ менамояд. Меъёри иловашуда таносуби моддаи зикршудаи қонуни амалкунандаро бо муқаррароти қисми 4 моддаи 69-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ месозад.
Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз ин рӯ, Кумита аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки қонуни пешниҳодшуда ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» мебошад. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ: — Муҳтарам Раис ва ҳозирини гиромӣ!
Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Хайрулло ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Саиди Ёқубзод, Олимҷон Сафаров, Маҳмадамин Ҳисориев пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июни соли 2015 қабул намудааст.
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Қонун аз 5 боб ва 24 модда иборат мебошад. Дар моддаҳои 1, 2, 3 ва 4 мафҳумҳои асосӣ, вазифаҳо ва принсипҳои таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ дарҷ гардидааст.
Моддаҳои 5 то 9-уми қонуни мазкур чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, омодасозии касбии кормандони роҳбарикунандаи ташкилотҳои нақлиётӣ ва ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилиро дар бар мегирад.
Бамеъёрдарории таъсири воситаи нақлиёти автомобилӣ ба муҳити зист, таснифоти экологӣ, чораҳо оид ба коҳиш додани таъсири нақлиёти автомобилӣ ба вазъи экологӣ, таъмини амнияти экологии объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ дар моддаҳои 10 то 14 ба таври пурра дарҷ гардидаанд.
Дар моддаҳои 15, 16, 17 ва 18 бақайдгирии омилҳои экологӣ ҳангоми нархгузорӣ ба объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ ва чораҳои зиёд намудани дараҷаи экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, уҳдадориҳои шахсони ба фурӯши яклухт ва чаканаи сӯзишвории муҳаррик машғулбуда, инчунин таъмини амнияти экологии нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодашуда пешбинӣ гардидааст.
Назорати давлатӣ, истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ, ҳамкории байналмилалӣ оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани онро моддаҳои 19, 20, 21, 22, 23 ва 24 ба танзим медарорад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, Кумита нисбати он эрод надорад. Хоҳишмандем, онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
Фарҳод РАҲИМӢ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» — ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи собиқ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ҳакимов, Л. Саидмуродов ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Оқилзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 майи соли 2015 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, муайян намудани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таъмин намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ иборат мебошад.
Қонуни номбурда аз 6 боб ва 26 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар раванди баамалбарории сиёсати давлатӣ дар самти таъсис ва фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани таҳсилот дар ин самтро ба танзим медарорад.
Боби 1 қонуни мазкур ба «Муқаррароти умумӣ» бахшида шуда, аз 4 модда иборат аст, ки дар он мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашуда, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, принсипҳои сиёсати давлатӣ ва кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ муайян карда шудааст.
Боби 2 «Низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ» ном дошта, аз моддаҳои 5-13 таркиб ёфтааст, ки дар он низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ, стандарти давлатӣ, стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ, барномаҳои таълимӣ, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, муассисони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, оиннома, тартиби қабул, таҳсили таълимгирандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар карда шуда, ҳамзамон ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилоти миёнаи касбӣ ва тартиби таъсис, иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия, аккредитатсия, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро пешбинӣ намудааст.
Боби 3-юми қонун аз чор модда иборат буда, «Низоми идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ» номгузорӣ шудааст, ки низоми идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва сохтори он, моҳият, мақсад ва принсипҳои идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ, салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ ва назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбиро муайян намудааст.
Боби 4-уми қонуни мазкур ба «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ» бахшида шуда, аз моддаҳои 18 — 20 иборат аст ва доираи субъектҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро ба танзим даровардааст.
Боби 5-уми қонуни мазкур «Фаъолияти иқтисодӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ном дошта, моддаҳои 21 — 23 танзимкунандаи муносибатҳо дар самти маблағгузории фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва шартномаҳои муассисаҳои таълимӣ оид ба тайёр намудани кадрҳо, инчунин ҳуқуқи молумулкӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ буда, боби 6 — «Муқаррароти хотимавӣ» аз моддаҳои 24 то 26 иборат мебошад, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани ҳамин қонун ба танзим дароварда шудааст.
Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонун ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, Раҳимӣ Фарҳод.
Фарҳод РАҲИМӢ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 апрели соли 2015 қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» аз 5 августи соли 2009 амал мекунад.
Мақсади ворид намудани илова ба қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи бештари ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон, фаъол намудани фаъолияти иштирокчиёни ҷамъиятҳои суғуртавии мутақобила дар бозори суғуртавӣ ва ба вуҷуд овардани рақобати солим дар бозори суғурта иборат мебошад.
Бо ин мақсад ба моддаи 4-уми қонун, ки танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти муқаррар намудани объектҳои суғуртаи мутақобила мебошад, зербанди нав бо мазмуни зайл: «-ҳаёт, саломатӣ, қобилияти корӣ ва таъмини ихтиёрии нафақаи аъзои ҷамъият (суғуртаи шахсӣ)» ворид карда шудааст, ки минбаъд доираи фаъолияти ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила васеъ карда шуда, ҳаёт, саломатӣ, қобилияти корӣ ва таъмини нафақаи аъзои ҷамъият, яъне кормандон ба суғурта фаро гирифта мешаванд.
Кумита ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» эрод надорад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ба ҳисоб меравад. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
Амирзода Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2015 қабул намудааст.
Зарурат ва мақсади қабули қонуни мазкур аз такмил додан ва мутобиқ намудани он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Тибқи қонуни мазкур, ба қисми 9 моддаи 10 ва қисми 21 моддаи 14-уми қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда шудааст.
Бо мақсади мутобиқгардонӣ дар қисми 9 моддаи 10 калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шудааст.
Ҳамчунин бо мақсади мутобиқ гардонидани қонуни амалкунанда бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 21 моддаи 14-уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мувофиқи он минбаъд назорати риояи қоидаҳои савдо ва ташкили фаъолияти бозорҳо, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Қонуни мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад, Кумита нисбати он эрод надорад ва хоҳишмандем, онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Амирзода Раҳмоналӣ Амир.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2015 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади такмил додани қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин васеъ ва мушаххас намудани ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тартиби анҷом додани савдои наздисарҳадӣ ва фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани ин намуди савдо қабул гардидааст.
Бо ин мақсад дар қисми 3 моддаи 53 баъд аз калимаи «мутобиқи» калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё)» илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд тартиби амалӣ намудани савдои наздисарҳадӣ ва қаламрави дахлдорро, ки дар он низомҳои махсуси амалӣ намудани фаъолияти савдои хориҷӣ муқаррар мегарданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷии ҳамсарҳад муайян менамояд.
Дар қонуни амалкунанда ин муқаррарот танҳо мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ гардида буд.
Кумита дар ҷаласаи худ қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро зарур ва саривақтӣ меҳисобад ва ба он эрод надорад. Хоҳишмандем, ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
Раис: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич дода мешавад. Марҳамат.
Маҳмаисуф ИМОМОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июни соли 2015 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба танзим даровардани тартиби маблағгузорӣ ва санҷиши фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иборат мебошад.
Бо ин мақсад ба моддаҳои 24 ва 27- уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки мутобиқи онҳо ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ дода шудааст, ки аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар шакли молу мулк ва маблағ ва ё кумаки моддӣ қабул намоянд. Ҳамзамон пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо, грантҳо, молу мулке, ки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, инчунин ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид шудаанд, аз тарафи мақомоти бақайдгиранда дар Феҳристи кумаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пешбурди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, сабт карда мешаванд. Лоиҳаҳои аз тарафи субъектҳои мазкур маблағгузоришаванда аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баъд аз огоҳонидани мақомоти бақайдгиранда амалӣ карда мешаванд. Шакли огоҳиномаро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Инчунин тибқи иловаи ба қисми 2 моддаи 34 — уми қонуни амалкунанда воридгардида тартиби санҷиши фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич.
Маҳмаисуф ИМОМОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» — ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июни соли 2015 қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ба танзим даровардани фаъолияти молиявию маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ ҷиҳати мутобиқ намудан ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ иборат мебошад. Аз ин лиҳоз, ба моддаҳои 3,5,6,7,10,13,14,15,17,18,20 ва 21 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки хусусияти мутобиқкунанда, танзимкунанда, муайянкунанда ва таҳрирӣ дошта, барои аз байн бурдани номувофиқатӣ байни меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ ва истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.
Қисми якуми моддаи 4 дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки мувофиқи он таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ аст.
Ҳамзамон ба моддаи 8 қисми 3 иловаи зайл ҳамроҳ гардидааст, ки тибқи он минбаъд сохторҳои маҳаллии ҳизби сиёсӣ дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо ҳар сол то 20 март ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба фаъолияти худ, суроға, роҳбари сохтор ва шумораи аъзои ҳизб дар маҳал маълумот пешниҳод менамояд.
Тағйироти ба моддаи 13-уми қонуни мазкур воридкардашуда тартиби расонидани кумаки молиявиро ба ҳизби сиёсӣ дақиқ муайян намудааст. Кумаки моддӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ дар шакли маблағ бо роҳи ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ гузаронидани он амалӣ карда мешавад.
Маблағи умумии кумаки моддии ҳарсолаи як шахси воқеӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ аз 300 (сесад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва аз як шахси ҳуқуқӣ аз 1500 (як ҳазору панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд буда наметавонад. Истифодаи маблағе, ки бо қонуни мазкур пешбинӣ нашудааст, инчунин интиқоли маблағҳо ба ҳизби сиёсӣ тавассути миёнаравҳо манъ аст.
Қисми якуми моддаи 16 дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мувофиқи он мақоми роҳбарикунандаи ҳизб уҳдадор аст ҳисоботи молиявиро дар бораи манбаъҳо, андоза ва хароҷоти маблағҳое, ки ба хазинаи ҳизб дар давоми соли ҳисоботӣ ворид гардидаанд, инчунин дар бораи молу мулки ҳизб бо нишон додани арзиш ва маълумоти бақайдгирии давлатии он ва пардохти андозҳо дар воситаҳои ахбори омма интишор намояд.
Қонуни мазкур ба меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ҷавобгӯй буда, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида мутобиқ мебошад.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ кунед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Ваҳдат» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич.
Маҳмаисуф ИМОМОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Кумита пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳр» таҳти № 99 аз 28 феврали соли 2015 дар ҷаласаи худ баррасӣ кард.
Тибқи пешниҳоди мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки дар шаҳри Ваҳдат, дар маҷмӯъ, номи 12 деҳа тағйир дода шавад. Рӯйхати пурраи маҳалҳои аҳолинишине, ки номашон тағйир дода мешавад, ба аъзои Маҷлиси миллӣ дастрас шудааст.
Пешниҳод гардидааст, ки номи деҳаи Обидараи Чунгак ба деҳаи Обшорони деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиев, деҳаи Гургхӯрда ба деҳаи Чаманзори деҳоти ба номи Карим Исмоилов, деҳаи Ҷарбошӣ ба деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов, деҳаи Пӯстхӯр ба деҳаи Шоҳрухи деҳоти Чорсӯ, деҳаи Қирғизон ба деҳаи Шаҳристони деҳоти Баҳор, деҳаи Ҳоҷиқатаған ба деҳаи Зарафшони деҳоти Баҳор, деҳаи Калтуч ба деҳаи Шифобахши деҳоти Ромит, деҳаи Муродова ба деҳаи Хуҷабӯстони деҳоти Ромит, деҳаи Юмс ба деҳаи Гули сурхи деҳоти Симиганҷ, деҳаи Юмсуроқ ба деҳаи Файзрези деҳоти Симиганҷ, деҳаи Ҳайталӣ ба деҳаи Гулафшони деҳоти Симиганҷ, деҳаи Қипчоқ ба деҳаи Шодмонқалъаи деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат тағйир дода шаванд.
Зарурати тағйир додани номи деҳаҳо бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, мувофиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобастагӣ дошта, ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони ин деҳаҳо мебошад.
Пешниҳод доир ба тағйир додани номи деҳаҳои зикргардида дар маҷлисҳои умумии сокинони онҳо, маҷлисҳои вакилони Ҷамоати деҳот, иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат баррасӣ гардида, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтааст.
Маводи зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаст.
Кумита зарур мешуморад, ки пешниҳоди мазкур қобили дастгирист ва эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Ваҳдат» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи нав-батии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Файзобод» мебошад.
Марҳамат, Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич.
Маҳмаисуф ИМОМОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Кумита пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳия» таҳти №100 аз 28 феврали соли 2015 дар ҷаласаи худ баррасӣ кард.
Тибқи пешниҳоди мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки дар ноҳияи Файзобод, дар маҷмӯъ, номи 14 деҳа тағйир дода шавад. Рӯйхати пурраи маҳалҳои аҳолинишини мазкур ба шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, дастрас шудааст.
Пешниҳод гардидааст, ки номи деҳаи Шулашак ба деҳаи Себистони деҳоти Бӯстон, деҳаи Бини кулута ба деҳаи Файзрези деҳоти Файзобод, деҳаи Қурӯғ ба деҳаи Навбаҳори деҳоти Файзобод, деҳаи Тиён ба деҳаи Кӯҳсори деҳоти Файзобод, деҳаи Бунгакиён ба деҳаи Дурахшони деҳоти Чашмасор, деҳаи Қашқараҳа ба деҳаи Орифони деҳоти Мискинобод, деҳаи Қалошӣ ба деҳаи Баҳористони деҳоти Вашгирд, деҳаи Қошқарӣ ба деҳаи Синои деҳоти Вашгирд, деҳаи Тақназарӣ ба деҳаи Сомониёни деҳоти Меҳробод, деҳаи Кулул ба деҳаи Чорбоғи деҳоти Меҳробод, деҳаи Қулобод ба деҳаи Хуросони деҳоти Меҳробод, деҳаи Калшодӣ ба деҳаи Шифобахши деҳоти Меҳробод, деҳаи Сеқишлоқа ба деҳаи Себзори деҳоти Меҳробод, деҳаи Ҳайтак ба деҳаи Гулафшони деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод тағйир дода шавад.
Зарурати тағйир додани номи деҳаҳо бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, мувофиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобастагӣ дошта, ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони ин деҳаҳо мебошад.
Пешниҳод доир ба тағйир додани номи деҳаҳои зикргардида дар маҷлисҳои умумии сокинони онҳо, маҷлисҳои вакилони ҷамоатҳои деҳот, иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод баррасӣ гардида, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтааст.
Маводи зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаст.
Кумита зарур мешуморад, ки пешниҳоди мазкур қобили дастгирист ва эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Файзобод» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Варзоб» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич.
Маҳмаисуф ИМОМОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳия» таҳти №352 аз 30 майи соли 2015 дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.
Тибқи пешниҳоди мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки дар ноҳияи Варзоб дар маҷмӯъ номи шаш деҳа, тағйир дода шавад. Рӯйхати пурраи маҳалҳои аҳолинишини мазкур ба шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, дастрас шудааст.
Пешниҳод гардидааст, ки номи деҳаи Муғулои поён ба деҳаи Меҳрободи деҳоти Чорбоғ, деҳаи Чағатай ба деҳаи Шодоби деҳоти Чорбоғ, деҳаи Чормағзакони тоҷик ба деҳаи Чормағзакони болои деҳоти Чорбоғ, деҳаи Чормағзакони ӯзбек ба деҳаи Чормағзакони поёни деҳоти Чорбоғ, деҳаи Тойқара ба деҳаи Гулбоғи деҳоти Чорбоғ, деҳаи Қулмаҳмадӣ ба деҳаи Яккачашмаи деҳоти ба номи С.Айнии ноҳияи Варзоб тағйир дода шавад.
Зарурати тағйир додани номи деҳаҳо бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, мувофиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобастагӣ дошта, ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони ин деҳаҳо мебошад.
Пешниҳод доир ба тағйир додани номи деҳаҳои зикргардида дар маҷлисҳои умумии сокинони онҳо, маҷлисҳои вакилони ҷамоатҳои деҳот, иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб баррасӣ гардида, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтааст.
Маводи зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаст.
Кумита зарур мешуморад, ки пешниҳоди мазкур қобили дастгирист ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Варзоб» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
Раис: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи Иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич.
Маҳмаисуф ИМОМОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Вахш» таҳти №353 аз 30 майи соли 2015 мавриди баррасӣ қарор дод.
Тибқи пешниҳоди мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки дар ноҳияи Вахш дар маҷмӯъ номи 19 деҳа тағйир дода шавад. Рӯйхати пурраи маҳалҳои аҳолинишини мазкур ба шумо дастрас шудааст.
Пешниҳод гардидааст, ки номи деҳаи Перепадная ба деҳаи Шаршари деҳоти Рӯдакӣ, деҳаи Сафедов ба деҳаи Сафедоби деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, деҳаи Ленинград ба деҳаи Зархези деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, деҳаи 50-солагии Комсомол ба деҳаи Чорбоғи деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, деҳаи 1-Май ба деҳаи Нурободи деҳоти Тоҷикобод, деҳаи Қараланг ба деҳаи Деҳқонободи деҳоти Ваҳдат, деҳаи Қизилтумшуқ ба деҳаи Файзбахши деҳоти Ваҳдат, деҳаи Янгиобод ба деҳаи Истиқлоли деҳоти Ваҳдат, деҳаи Яккадин ба деҳаи Гулбоғи деҳоти Ваҳдат, деҳаи Қушқудуқ ба деҳаи Иттифоқи деҳоти Машъал, деҳаи Томчӣ ба деҳаи Лолазори деҳоти Машъал, деҳаи Куйканак ба деҳаи Меҳрободи деҳоти Машъал, деҳаи Қазоқон ба деҳаи Пистазори деҳоти Машъал, деҳаи Дунғизадир ба деҳаи Баракати деҳоти Машъал, деҳаи Қучқорбулоқ ба деҳаи Офтобрӯяи деҳоти Машъал, деҳаи Учбулоқ ба деҳаи Сечашмаи деҳоти Машъал, деҳаи Қарабодом ба деҳаи Гулибодоми деҳоти Машъал, деҳаи Тераклитоғ ба деҳаи Орзуи деҳоти Машъал, деҳаи Тошробод ба деҳаи Дӯстии деҳоти Машъали ноҳияи Вахш тағйир дода шавад.
Зарурати тағйир додани номи деҳаҳо бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, мувофиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобастагӣ дошта, ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони ин деҳаҳо мебошад.
Пешниҳод доир ба тағйир додани номи деҳаҳои зикргардида дар маҷлисҳои умумии сокинони онҳо, маҷлисҳои вакилони ҷамоатҳои деҳот, иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш баррасӣ гардида, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтааст.
Маводи зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаст.
Кумита зарур мешуморад, ки пешниҳоди мазкур қобили дастгирист ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи нав-батии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Расулзода Н. Ғ.» мебошад. Сухан оид ба ин масъала ба мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Мирзоев Хурсандмурод Бӯриевич дода мешавад. Марҳамат.
Хурсандмурод Мирзоев: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Расулзода Н.Ғ. манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Расулзода Нуриддин Ғафор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш ирсол менамоям.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 25 майи соли 2015 №15/1 — 75».
Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Расулзода Н. Ғ.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Гиёев И. Қ.» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, Мирзоев Хурсандмурод Бӯриевич.
Хурсандмурод МИРЗОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Гиёев И.Қ. манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Гиёев Исмон Қурбонович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш ирсол менамоям.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 25 майи соли 2015 №15/1 — 74».
Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Гиёев И. Қ.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи нав-батии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Маҳмадшарофӣ Д.» мебошад.
Марҳамат, Мирзоев Хурсандмурод Бӯриевич.
Хурсандмурод МИРЗОЕВ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Маҳмадшарофӣ Дилбар манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Маҳмадшарофӣ Дилбар ирсол менамоям.
Маҳмадшарофӣ Дилбар соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 25 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1990 дар системаи судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва судяи Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд кор кардааст.
Аз моҳи июни соли 2011 то имрӯз судяи Суди вилояти Суғд мебошад.
Номзадии Маҳмадшарофӣ Дилбар ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 16 июли соли 2015 №15/1 – 79».
Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Маҳмадшарофӣ Дилбар» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
Раис: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода М. Н.» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, Мирзоев Хурсандмурод Бӯриевич.
Хурсандмурод МИРЗОЕВ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода М.Н. манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода Марҳабо Наим ирсол менамоям.
Наимзода Марҳабо Наим соли 1965 дар шаҳри Конибодом таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 24 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 2000 дар системаи судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи Суди шаҳри Хуҷанд, судяи Суди вилояти Суғд ва судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор кардааст.
Аз августи соли 2012 то имрӯз судяи Суди шаҳри Душанбе мебошад.
Номзадии Наимзода Марҳабо Наим ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 16 июли соли 2015 №15/1 — 80».
Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода М. Н.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи нав-батии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимзода С. О.» мебошад.
Марҳамат, Мирзоев Хурсандмурод Бӯриевич.
Хурсандмурод Мирзоев: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимзода С.О. манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад ирсол менамоям.
Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад соли 1971 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 22 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1993 дар системаи судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи Суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва муовини раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2015 судяи Суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд мебошад.
Номзадии Қосимзода С.О. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 16 июли соли 2015 №15/1 — 81».
Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимзода С. О.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ғуломов С. С.» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, Мирзоев Хурсандмурод Бӯриевич.
Хурсандмурод Мирзоев: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ғуломов С.С. манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ғуломов Сафарбек Саломович ирсол менамоям.
Ғуломов Сафарбек Саломович соли 1967 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 23 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1992 дар системаи судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Ҳисор, судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва судяи Суди вилояти Хатлон кор кардааст.
Аз майи соли 2010 судяи Суди вилояти Хатлон мебошад.
Номзадии Ғуломов С.С. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 16 июли соли 2015 №15/1 — 82».
Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
РАИС: — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ғуломов С. С.»-ро ба овоз монда ва хоҳиш менамоям, мавқеи хешро ифода намоед. Марҳамат.
Ташаккур. Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Кенҷазода М. Т.» мебошад.
Марҳамат, Мирзоев Хурсандмурод Бӯриевич.
Хурсандмурод МИРЗОЕВ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Кенҷазода М.Т. манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Кенҷазода Муҳамадҷалолиддин Тош ирсол менамоям.
Кенҷазода Муҳамад-ҷалолиддин Тош соли 1970 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 22 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1993 дар системаи судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои котиби судии Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, иҷрочии Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ёрдамчии раиси Суди шаҳри Душанбе, коромӯз — судя, судяи Суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, муовини раиси Суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон кор кардааст.
Аз феврали соли 2015 муовини якуми раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мебошад.
Номзадии Кенҷазода М.Т. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 16 июли соли 2015 №15/1-83».
Хоҳишмандем,баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Кенҷазода М. Т.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
Раис: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шоҳиён М. А.» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, Мирзоев Хурсандмурод Бӯриевич.
Хурсандмурод МИРЗОЕВ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шоҳиён М.А. манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш ирсол менамоям.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 16 июли соли 2015 №15/1-84».
Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Фатҳудин В.» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, Мирзоев Хурсандмурод Бӯриевич.
Хурсандмурод МИРЗОЕВ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Фатҳудин Вайсидин манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Фатҳудин Вайсидин бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташ ирсол менамоям.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 16 июли соли 2015 №15/1-86».
Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Фатҳудин В.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
Раис: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шоҳиён М. А.» мебошад.
Марҳамат, Мирзоев Хурсандмурод Бӯриевич.
Хурсандмурод МИРЗОЕВ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шоҳиён М.А. манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон ирсол менамоям.
Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон соли 1962 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 28 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1995 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи Суди ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе, судяи Суди ноҳияи Ленин, судяи Суди ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, судяи Суди шаҳри Душанбе, раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва раиси Суди ноҳияи Ҷиргатол кор кардааст.
Аз июли соли 2012 судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Номзадии Шоҳиён М.А. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 16 июли соли 2015 №15/1-85».
Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шоҳиён М. А.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳимӣ Фарҳод» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Худоёрзода Бахтиёр Тавар» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи ниҳоии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад. Марҳамат.
Худоёрзода Бахтиёр Тавар: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2015 муқаррароти амалкунандаи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дод.
Ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури амалкунанда такмили меъёрҳои Дастури мазкур ва мутобиқ намудани муқаррароти он ба талаботи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо ин мақсад ба як қатор моддаҳои дахлдори он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Ҳамин тавр, тибқи тағйироти пешниҳодгардида, боби 8 ва моддаи 44 Дастури амалкунанда ҷиҳати мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ифода карда шуда, бо мақсади истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар, дар як қатор моддаҳои дахлдори Дастур калимаҳои он мувофиқ ба истилоҳоти ҳуқуқиву соҳавии дар қонунгузории ҷорӣ истифодашаванда иваз карда шудааст, ки хусусияти мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад.
Ҳамчунин тибқи иловаи ба моддаи 7 Дастури мазкур воридшуда қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллӣ дар ҳолатҳои истисноӣ метавонад ба тариқи пурсиши аксарияти аъзои он қабул карда шавад.
Инчунин мувофиқи иловаҳои моддаи 10-уми Дастур, минбаъд кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ метавонанд ба санадҳои аз Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳои парламентии байналмилалии ба унвони Маҷлиси миллӣ воридшуда таклифу пешниҳодҳо ирсол намоянд. Мутобиқи муқаррароти пештара онҳо амалиёти мазкурро метавонистанд танҳо нисбати лоиҳаи қонунҳои намунавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои аз Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил воридгардида анҷом диҳанд.
Эроди дар Шӯро нисбати банди 11-уми лоиҳаи қарор баёншуда ислоҳ гардид.
Ҳамзамон мутобиқи иловаи воридгардида ба моддаҳои 20 ва 26 — уми Дастур минбаъд раиси Палатаи ҳисоб метавонад дар иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ширкат варзад, ҳамчунин раисони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд дар иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияташон баромад кунанд.
Бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Дастури мазкур ба муқаррароти қонунгузории амалкунандаи кишвар дар номи боб ва моддаҳои дахлдори Дастур, ки масъалаҳои интихоб ва бозхонди Раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, инчунин додани ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро фаро мегирад, пас аз калимаҳои «Раис» ва «Прокурори генералӣ» калимаҳои «муовини якум» низ илова карда шудааст.
Кумита лоиҳаи зикршударо ба баррасии шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, манзур карда, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Сухан ба Раиси Котибот дода мешавад. Марҳамат, гуфтание доред?
АБДУРАҲМОНЗОДА Саидумрон Назар: — Ба унвони иҷлосия ариза, дархост ва ё пешниҳод ворид нашудааст.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаҳои ба рӯзномаи иҷлосия воридшуда баррасӣ ва қабул гардиданд. Барои дастгириатон миннатпазирам. Ҳоло мехоҳам дар фарҷом ба ду масъала таваҷҷуҳи шуморо ҷалб намоям. Нахуст дар бораи падидаи манфии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ. Ҳодисаҳои тӯли солҳои охир дар кишварҳои Осиё, аз ҷумла Ироқу Сурия ва як қатор давлатҳои дигар рухдода, ба майдон омадани ҳаракати иртиҷоии ба ном «Давлати исломӣ», даст ба ғорат ва куштори бераҳмона задани ин тӯдаи гумроҳшуда ташвишу изтироби мардуми оламро ба вуҷуд овардааст. Мутаассифона, як идда ҷавонони мо, ки парвардаи сарзамини тинҷу ором ва рӯ ба рушди мо ҳастанд, бар асари гумроҳӣ ва фирефта шуданашон ба ҳайати ҷангиёну ғоратгарони «Давлати исломӣ» пайвастаанд.
Аксари дар толор нишастагон раисони вилоят, шаҳру ноҳия, роҳбарони корхонаҳои бузурги кишвар мебошанд. Мо вазифаи зиёд ва пурмасъул бар зимма дорем, вале ин падидаи манфии ба ҳайати «Давлати исломӣ» пайвастани гурӯҳи ҳамватанонамон моро водор менамояд дар маҳалҳо ба хотири пешгирӣ кардани ҳамроҳшавии ҷавонон ба ин ҳаракати тундгаро пайваста кори тарғиботӣ барем.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳият ва вазифаҳои ба зиммадоштаашон уҳдадоранд, ки пеши роҳи ин омили номатлубро бигиранд. Падару модароне, ки имрӯзҳо фарзандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, бо онҳо мукотиба ва муколамаи ҳамарӯза дошта бошанд, ҷигарбандонашонро насиҳат кунанд, то ин ки онҳо ба роҳи ғалат нараванд, ба доми фиреби «эмиссарҳои» «Давлати исломӣ» наафтанд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ҳамаи мо аз офатҳои табиии дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт баамаломада воқиф ҳастем. Мо ба оилаи қурбониёни ин офати табиӣ рухдода ҳамдардии хешро иброз менамоем.
Ман қабл аз оғози иҷлосияи имрӯза бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва раиси ноҳияи Рашт телефонӣ суҳбат дошта, аз онҳо ба чӣ ниёзманд буданшонро пурсон шудам.
Раиси ВМКБ ва раиси ноҳияи Рашт миннатдорӣ изҳор карда, иброз доштанд, ки бо дастур ва ғамхории Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳама масъалаҳо ҳал шудаанд. Гурӯҳи калони комиссияи ҳукуматӣ ба ҳама масъалаҳои бамиёномада сари вақт расидагӣ мекунанд. Одамон ба ҷойҳои бехавф бароварда шуда, аввалин шаҳракҳои муваққатии хаймавӣ ташкил шудаанд, кумакҳои аввалияи мавриди зарурат барояшон расонида шудааст.
Иқдомҳои Сарвари давлат барои мо, аъзои Маҷлиси миллӣ, намунаи ибрату шоистаи пайгирӣ мебошад. Мо, аъзои Маҷлиси миллӣ, якдилӣ ва ҳаммаромии худро бо сокинони минтақаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида иброз менамоем ва ҳамеша омодаи кумак мебошем.
Пешниҳод менамоям, ки маблағи якмоҳаи барои иҷрои уҳдадориҳои узви Маҷлиси миллӣ пешбинишуда ва музди меҳнати якмоҳаи аз ҷойи кори асосӣ бароямон пардохтшавандаро ба суратҳисоби махсуси барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсисёфта гузаронем ва бо ин иқдоми хеш дар амри дастгирии оилаҳои зарардида каме ҳам бошад, саҳм дошта бошем.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Бо ҳамин Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».
Суратгир А. ИСОЕВ