Маҷлиси миллӣ роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятиро баррасӣ менамояд

№29 (3823) 06.03.2018

1-883 марти соли 2018 таҳти раёсати  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи нахустин оид ба омодагӣ ва баргузории муҳокимаи парламентӣ таҳти унвони «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017» аз 19 январи соли 2018 №565/1», ба нақша гирифта шудааст, доир гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баррасии масъалаҳо шахсони масъул – раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ ва мудирони шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллиро вазифадор намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва касбӣ доир гардидани чорабинӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда паҳлуҳои мушкилоти мавҷуда дар сатҳи гуногун таҳлил ва барои рафъи монеаҳои ҷойдошта пешниҳодоти асоснок омода карда шаванд.

Инчунин, зикр гардид, ки баҳри баррасии амиқ ва ҳамаҷонибаи масъала дар муҳокимаи парламентӣ мутахассисони варзидаи соҳа, коршиносони мустақил ҷалб ва бо ин мақсад гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки вобаста ба масъала шаҳрвандон метавонанд пешниҳодоти судманди худро тавассути почтаи электронии dastgoh.milli@rs.tj ба унвони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд.

 Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,

ёвари Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон