Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Аъзои собиқ қадрдонӣ ва қонунҳо ҷонибдорӣ шуданд

№158-159 (3143-3144) 19.12.2013

DSC_0248

Шонздаҳуми декабри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор шуд. 

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, аз 33 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 31 нафар дар толор иштирок доранд. Бо мақсади бори дигар дақиқтар намудан аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Ҳоло дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Дар Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки Котиботи Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем.

Лоиҳаи қарор оиди ин масъала манзури шумо  гардидааст, ки тибқи он

DSC_0365

раиси Котибот:

Раҷабова Зарина Солиҷоновна

аъзои Котибот:

Азизов Абдулҳафиз ва Сабзов Усмон Раҳмонович   пешниҳод гардидаанд.

Нисбати лоиҳаи қарор чӣ гуна таклиф доред?

Тибқи пешниҳодатон лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Котиботи Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Аз ҳайати Котибот эҳтиромона хоҳиш менамоем ҷойҳои худро ишғол намуда, ба кор шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлис миллӣ!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати  шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»  ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қарор қабул шуд:

1. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Расулзода Қ. бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Қодири Қ. бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Авзалов Ғ. бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Илолов М. бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Ғуломшоева Қ.К. бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Абдуллоев Ҳ. бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Асоев Х. бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Гулмаҳмадов Д.Қ. бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Назриев Ш.Г. бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Қ.»

11. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз мансаби муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Расулзода Қ.»

12. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қ.»

13. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодири Қ.»

14. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асоев Х.»

15. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия хориҷ намудани Асоев Х.»

16.     Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

20.     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»

21.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»

22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»

23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»

24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон»

26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд»

27. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

28.     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

29. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»

30. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»

31. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»

32. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт»

33. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»

34. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

35. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок»

36. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»

37. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ»

38. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ».

39. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»

40. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм»

41. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»

42. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»

43. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

44.     Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»

45.     Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав»

46. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илолов М.»

47. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонди раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Илолов М.»

48. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадов Д.Қ.»

49. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонди раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Гулмаҳмадов Д.Қ.»

50. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Авзалов Ғ.»

51. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия хориҷ намудани Авзалов Ғ.»

52. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломшоева Қ. К.»

53. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният хориҷ намудани Ғуломшоева Қ.К.»

54. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Ҳ.»

55. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа хориҷ намудани Абдуллоев Ҳ.»

56. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Назриев Ш.Г.»

57. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия хориҷ намудани Назриев Ш.Г.»

58. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014».

DSC_0268

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Тавре огаҳӣ доред, тибқи фармонҳои марбутаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Раиси Маҷлиси миллӣ Расулзода Қоҳир Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Маҷлиси миллӣ Қодири Қосим раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ Хайрулло Асоев вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, дар Ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои мазкур тасдиқ гардиданд.

Бо иҷозати шумо онҳоро бинобар ба мансабҳои баланди давлатӣ таъин гардиданашон, табрику муборакбод гуфта, дар зиндагӣ ва фаъолияти хизматиашон муваффақиятҳои беназир орзу менамоем.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Расулзода Қоҳир бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Пешниҳод менамоям, ки муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Қоҳир барои фаъолияти пурсамар бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шавад.

Оиди ин масъала лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Лоиҳаи қарори мазкурро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Қодири Қосим бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Пешниҳод менамоям, ки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим барои фаъолияти пурсамар бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шавад.

Оиди ин масъала лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Лоиҳаи қарори мазкурро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Асоев Хайрулло бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Пешниҳод менамоям, ки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асоев Хайрулло барои фаъолияти пурсамар бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шавад.

Оиди ин масъала лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Лоиҳаи қарори мазкурро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Авзалов Ғайбулло бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Пешниҳод менамоям, ки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Авзалов Ғайбулло барои фаъолияти пурсамар бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шавад.

Оиди ин масъала лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Лоиҳаи қарори мазкурро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Илолов Мамадшо бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Пешниҳод менамоям, ки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илолов Мамадшо барои фаъолияти пурсамар бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шавад.

Оиди ин масъала лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Лоиҳаи қарори мазкурро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Ғуломшоева Қобиламо Кановна бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Пешниҳод менамоям, ки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломшоева Қобиламо Кановна барои фаъолияти пурсамар бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шавад.

Оиди ин масъала лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Лоиҳаи қарори мазкурро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Абдуллоев Ҳамид бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Пешниҳод менамоям, ки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Ҳамид барои фаъолияти пурсамар бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шавад.

Оиди ин масъала лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Лоиҳаи қарори мазкурро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Пешниҳод менамоям, ки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич барои фаъолияти пурсамар бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шавад.

Оиди ин масъала лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна пешниҳод доред? Лоиҳаи қарори мазкурро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Назриев Шамсмуҳамад Гулмуҳамадович бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Пешниҳод менамоям, ки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриев Шамсмуҳамад Гулмуҳамадович барои фаъолияти пурсамар бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шавад.

Оиди ин масъала лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Лоиҳаи қарори мазкурро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Дар навбати худ Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории пурсамар, фароҳам будани  шароит ва фазои хуби корӣ давоми солҳои фаъолият арзи сипос намуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия  баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Қоҳир» мебошад.

Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна пешниҳод доред?  Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Қоҳир» ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз мансаби муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Расулзода Қоҳир» шурӯъ менамоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна пешниҳод доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз мансаби муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Расулзода Қоҳир» ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим» шурӯъ менамоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна пешниҳод доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим» ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодири Қосим» шурӯъ менамоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна пешниҳод доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодири Қосим» ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асоев Хайрулло» мебошад.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна пешниҳод доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асоев Хайрулло» ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия хориҷ намудани Асоев Хайрулло» мебошад.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна пешниҳод доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия хориҷ намудани Асоев Хайрулло» ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Худоёров Бахтиёр Таварович дода мешавад. Марҳамат.

DSC_0243Бахтиёр ХУДОЁРОВ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуд.

Қонуни конститутсионии мазкур аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 ноябри соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули Қонуни конститутсионии мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани муқаррароти он ба меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ваколати прокурор ва бартараф намудани мухолифатҳои ҷойдошта иборат мебошад.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида, сархатҳои панҷум ва шашуми қисми 1 моддаи 31, инчунин ном ва қисмҳои дахлдори моддаи 33 Қонуни конститутсионии мазкур дар таҳрири нав ифода шудаанд. Мувофиқи он, прокурор ба муфаттиш ва таҳқиқбаранда барои муроҷиат намудан бо дархост ба суд оид ба татбиқи чораҳои пешгирӣ, чораҳои дигари маҷбуркунии мурофиавӣ, инчунин гузаронидани амалҳои тафтишотӣ ва чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ бо тартиби муқарраргардида розигӣ медиҳад.

Қонуни конститутсионӣ ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Бинобар ин, Кумита нисбати Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Қонуни конститутсионии мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам  аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвият бахшидан ба фазои сармоягузорӣ дар мамлакат бо роҳи озод намудани воридоти молҳои алоҳида аз пардохти боҷи гумрукӣ ва мутобиқ намудани меёрҳои Кодекс ба муқаррароти санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи техникаи қонунгузорӣ иборат мебошад.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида, моддаи 345 Кодекси гумрук мушаххас гардонида шуда, ҳангоми воридоти техникаи ҳарбӣ, агрегатҳои асосӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиавидошта, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷи гумрукӣ ситонида намешавад.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, Кумита нисбати  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович!

Бахтиёр ХУДОЁРОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи танзими ҳуқуқии низоми муносибатҳо дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекс ба муқаррароти санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида, моддаҳои 91, 110, 126 ва 1341 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ такмил дода шудаанд, ки тартиби дар муассисаҳои муолиҷавӣ барои корҳои хоҷагӣ мондани маҳбусон ва тартиби истифодаи ҳуқуқ барои мулоқотҳоро аз ҷониби маҳбусони бемор муайян карда, ҳамзамон шароити адои ҷазо нисбат ба шахсоне, ки ба ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, беҳтар мегардад.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Бо назардошти ин, Кумита нисбати  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: -Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ: -Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани  муқаррароти Кодекс ба меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) иборат мебошад.

Бо ин мақсад, банди а) қисми 1 моддаи 57 Кодекси ҷиноятӣ, ки масъалаҳоро вобаста ба маҷбуран ба таври ройгон гирифта, ба моликияти давлат гузаронидани молу мулки  дар асоси  ҳукми  айбдоркунанда мусодирашударо ба танзим медарорад, таҷдиди назар шуда, ба он як қатор моддаҳои дахлдори қисми махсуси Кодекси мазкур илова шудааст, ки минбаъд маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноятҳои дар Кодекси зикргардида пешбинишуда ба даст оварда шудаанд, мусодира карда мешаванд.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Бо назардошти ин, кумита нисбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»  мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат аз таҷовузҳои ҷинояткорона бо роҳи мустаҳкам намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона иборат мебошад.

Қонуни мазкур аз 3 бобу 17 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ, ҷамъият ва давлат аз ҷинояткории муташаккилона ба танзим медарорад ва асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона муайян менамояд.

Боби 1 ба «Муқаррароти умумӣ» бахшида шуда, моддаҳои 1 то 6-ро дар бар мегирад. Дар ин боб мафҳумҳои асосии дар қонуни зикргардида истифодашуда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  самти  мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, вазифаҳо ва принсипҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, инчунин самтҳои асосӣ ва чораҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона муайян шудааст.

Боби 2 «Ташкили фаъолият оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ном дошта, дар моддаҳои аз 7 то 15 муносибатҳои вобаста ба субъектҳои бевосита ва воҳидҳои  махсуси мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳамкории онҳоро бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати мусоидат ва мубориза бо ин намуди ҷинояткорӣ, ҳамзамон риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳангоми мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ва ҷавобгарии ташкилотҳоеро, ки ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидат мекунанд, ба танзим дароварда шудааст.

Боби 3 «Муқаррароти хотимавӣ» моддаҳои 16 ва 17-ро дар бар гирифта, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани онро муайян намудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории  муташаккилона»  ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, кумита нисбати  он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меёрҳои он ба муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ ва бартараф намудани номутобиқатии ҷойдошта иборат мебошад. Бо ин мақсад моддаи 33-юми қонуни мазкур таҷдиди назар карда шуда, тибқи он калимаи «иҷозати» ба калимаи «розигии» иваз карда шудааст.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, Кумита нисбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» эрод надорад ва аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ба овоз монда, Қарор қабул шуд. 

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ: -Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! 

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Бояд зикр намуд, ки ин қонун бо ташаббуси субъектони болозикр қаблан низ пешниҳод шуда, 20 марти соли 2013 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд. Бо сабаби дар он ҷой доштани хатоиву камбудиҳо, ки мутобиқсозии  дохилии мантиқиро тақозо мекард, 12 июни соли 2013 дар Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум қонуни мазкур аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ нагардид.

Айни ҳол хатоиҳо бартараф шуда, он баҳри мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ нигаронида шудааст. Бо ин мақсад дар бандҳо ва қисмҳои дахлдори моддаҳои 10, 11, 13, 15, 16 ва номи боби 4 қонуни мазкур истилоҳи «яроқ» ба истилоҳи «силоҳ» иваз шудааст.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, Кумита нисбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» эрод надорад ва аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни  мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  милитсия» баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод  гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 ноябри соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», дигар санадҳои қонунгузорӣ ва бартараф намудани мухолифатҳои ҷойдошта иборат мебошад. Бо ин мақсад қисмҳои дахлдори моддаи 10-уми қонуни мазкур таҷдиди назар ва мушаххас гардонида шудааст.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Бинобар ин, Кумита нисбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ: -Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси  қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тағйир ёфтани салоҳияти прокурор ва бартараф намудани мухолифатҳои ҷойдошта иборат мебошад.

Бо ин мақсад моддаи 22-юми қонуни мазкур таҷдиди назар ва тибқи он калимаҳои «прокурор ё муовини ӯ» ба калимаи «суд» иваз шудааст.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Бинобар ин, Кумита нисбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем , ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти санадҳои қонунгузорӣ ва бартараф намудани норасоиву мухолифатҳои ҷойдошта байни қонунҳои алоҳида иборат мебошад.

Бо ин мақсад қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба савганди судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, дар бораи иҷора ва баъзе аз масъалаҳое, ки пештар қабул карда шуда, айни замон бо қонунҳои нав ба танзим дароварда шудаанд, аз эътибор соқит дониста мешаванд.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, Кумита нисбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд», мебошад.Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд» баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 ноябри соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз эътибор соқит донистани санадҳои қонунгузорие, ки дар солҳои 1956-1957 қабул шудаанд, бинобар моҳияти худро гум кардани онҳо, иборат мебошад.

Ин санадҳо указҳои Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон вобаста ба байрақи  Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ҳудуди шаҳри Сталинобод, сарҳади маъмурии территориявии ноҳияҳои шаҳри Сталинобод, номҳои фахрӣ, номгузории донишгоҳ ва вазорат, ҳамчунин ваколатҳо вобаста ба тағйироти сарҳадҳои Советҳои қишлоқҳо мебошанд.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, Кумита нисбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд», эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам  аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни  мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд», ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Тағоев Саймурод дода мешавад.

DSC_0189Саймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмил додан, мукаммал сохтани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ гардонидани он бо қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ, инчунин баҳри дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ қабул гардидааст.

Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 19 Кодекси амалкунанда илова ворид шудааст, ки мутобиқи он минбаъд андозсупоранда уҳдадор аст талаботи қонунии кормандони мақомоти андозро, аз ҷумла доир ба тартиб додани санади муқоисавӣ низ, иҷро намояд.

Дар қисми 7 моддаи 29 тағйирот ворид шудааст, ки тибқи он минбаъд санҷишҳои ҳуҷҷатии андоз аз рӯйи давраҳои баохиррасидаи андозӣ вобаста ба барҳам додани фаъолияти шахси ҳуқуқӣ ва қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда гузаронида намешавад.

Ба сархати якуми моддаи 56 тағйирот ворид шуд, ки мутобиқи он ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд суратҳисобҳои бонкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро кушоянд, вале  танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби мақомоти андоз ҷиҳати додани рақами мушаххаси андозсупоранда ё рамзи сабаби ба ҳисоб гузоштанро тасдиқ менамоянд, пешниҳод карда шавад.

Ба сархати дуюми моддаи 78 илова ворид карда шуд, ки дар асоси он дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ (садамаҳо) ва ҳодисаҳои фавқулоддае, ки пардохти қарзи андозро ғайриимкон менамоянд ва ё ҳолатҳои дигаре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, қарзи андози андозсупоранда беэътимод эътироф гардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоб бароварда мешавад.

Ба қисми 1 моддаи 157 илова ворид шудааст, ки тибқи он минбаъд супорандагони андоз аз фоида, ба истиснои шахсоне, ки мутобиқи фасли XVI (низомҳои махсуси андозбандӣ) Кодекси амалкунанда андозбандӣ мешаванд, вазифадоранд пардохти ҷории ҳармоҳаро на ҳар моҳ, балки ҳар семоҳа ба буҷет на дертар аз санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз моҳи «семоҳаи ҳисоботӣ» фаро мерасад, анҷом диҳанд.

Ғайр аз ин, дар қисми чоруми моддаи 169 иловаҳо ворид шудаанд, ки тибқи онҳо минбаъд номгуйи техникаи таъиноти кишоварзии аз андоз аз арзиши иловашуда озодбуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, воридоти техникаи ҳарбӣ, агрегатҳои асосӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиавидошта, инчу-нин қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.

Қисми 4 моддаи 195 Кодекси амалкунанда, ки он шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродиро барои воридоту истеҳсоли молҳои зераксизӣ барои истеъмоли шахсиро манъ менамуд, пурра хориҷ карда шуд.

Дар қисми дуюми моддаи 216 тағйирот ворид шудааст, ки мувофиқи он андозаи ҳадди ақали андози иҷтимоӣ барои соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома амалкунанда дар ҳаҷми як фоизи манбаи андоз, вале на камтар аз андозаи ҳадди баландтарини андози иҷтимоӣ барои соҳибкори инфиродӣ, ки  тибқи патент фаъолият мекунад, сарфи назар аз андозаи даромади гирифтаашон, муқаррар карда мешавад.

Ҷумлаи сеюми қисми чоруми моддаи 268 хориҷ шуд, ки тибқи он минбаъд масъалаи ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва маблағи оид ба онҳо ҳисобшуда ба ваколати мақомоти андоз дохил намешавад.

Бо мақсади таҳрири имлоӣ ба моддаҳои 93, 279, 280, 282, 291, 298, 308, 312 ва 313 як қатор тағйирот ворид шудааст.

Ғайр аз ин, дар сархатҳои якум ва дуюми қисми дуюми моддаи 279 тағйирот ворид шудааст, ки мувофиқи он ҳангоми ҳисоб кардани меъёри андоз барои объектҳои ғайриманқул ба сифати биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ, инчунин биноҳои ёрирасони онҳо низ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Сархати дуюми қисми чоруми моддаи 284 дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки тибқи он соҳибкори инфиродӣ ҳангоми фаъолият бо низоми патентӣ аз пешниҳоди ҳисоботи андоз озод мебошад.

Аз қисми дуюми моддаи 289 калимаҳои «низоми умумии андозбандӣ» ё хориҷ карда шудаанд, ки мутобиқи он соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда вобаста ба намуди фаъолият ва даромади гирифтаашон, низоми соддакардашудаи андозбандии намуди фаъолияташон дахлдорро истифода мебаранд.

Ба қисми дуюми моддаи 309 Кодекси амалкунанда тағйирот ворид шуд, ки тибқи он маблағи андоз аз бизнеси бозӣ барои давраи андоз, сарфи назар аз андозаи даромад дар ҳаҷми устувор барои ҳар воҳиди объекти андозбандӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо муқаррар карда мешавад.

Кумита қабули қонуни мазкурро саривақтӣ ва амалӣ шудани онро ба рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар мусоидаткунанда ҳисобида, ба он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Сухан оид ба ин масъала ба Тағоев Саймурод дода мешавад.

Саймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 декабри соли 2013 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додану мукаммал сохтани Кодекси амалкунанда, инчунин дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, қабул гардидааст.

Қонуни мазкур аз 2 модда иборат буда, тибқи моддаи 1-уми он ба Кодекси амалкунанда боби  нави 471 иборат аз моддаи нави 3131 илова карда шудааст.

Мутобиқи қисми 1 моддаи нави 3131 муқаррароти моддаи мазкур  нисбат ба хоҷагиҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳое, ки ба истеҳсоли саноатии хӯроки омехтаи парранда ва чорво машғул буда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва (ё) қарзи бонкҳои хориҷӣ дар ҳаҷми на камтар аз 16 млн. доллари ИМА фаъолият менамоянд, татбиқ карда мешавад.

Мутобиқи қисми дуюми ҳамин модда, чунин корхонаҳо дар сурати аз ҷониби бонкҳои хизматрасонии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи воридшавии маблағҳо ба ҳисоби онҳо ва (ё) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардидани воридшавии сармоя ба фонди оинномавии онҳо, аз супоридани андозҳо аз фоида, аз арзиши иловашуда, аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, аз молу мулки ғайриманқул, инчунин андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳо ба муҳлати 12 сол озод карда мешавад.

Номгуйи чунин молҳоро Вазорати кишоварзӣ дар мувофиқа бо Вазорати молия ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Барои корхонаҳои дар боло зикрёфта муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи андоз, инчунин муҳлати даъво ба давраи пешниҳоди имтиёзи андозӣ, мутобиқи ҳамин боб, дароз карда мешавад.

Дастурамал оид ба андозбандии чунин корхонаҳо ва шаклҳои эъломияҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ карда мешавад.

Мутобиқи моддаи 2 қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифта, ба ҶДММ «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод  ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нутристар Тоҷикистон»-и  шаҳри Душанбе, ки муқаррароти моддаи  нави  3131 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамоянд, имтиёзҳои андози номбаршуда аз 1 январи соли 2014 ба муҳлати 12 сол дода мешавад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» мебошад. Марҳамат, Саймурод Тағоевич.

Саймурод  ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Аз ҷумла ба моддаи 2-юми қонуни амалкунанда, ки мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашавандаро ба танзим медарорад, сархатҳои чордаҳум ва понздаҳум илова шудааст, ки онҳо мазмуни мафҳумҳои нави дар қонун истифодашавандаи «симкорт» ва «ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ ва ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ»-ро васеъ шарҳ медиҳад.

Ба қисми якуми моддаи 10 сархати нави даҳум илова шудааст, ки тибқи он масъалаи тасдиқ кардани қоидаҳои хизматрасонӣ вобаста ба хариду фурӯши симкортҳо ва ба тавозуни истифодабаранда гузаронидани маблағ барои истифодаи хизмати алоқаи барқӣ ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ вогузор мешавад.

Ғайр аз ин, ба қисми якуми моддаи 20 сархати нави чорум илова шудааст, ки мутобиқи он минбаъд операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ вазифадоранд, ки шартномаро бевосита бо худи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахсони воқеӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқӣ банда-нд.

Ба қисми якуми моддаи 21 сархати нави сеюм илова шудааст, ки тибқи он минбаъд истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ вазифадоранд ҳангоми бастани шартнома ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ, яъне шиноснома ва ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, яъне шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатиро пешниҳод намоянд.

Бо назардошти ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонуни мазкур, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Муҳтарам  аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ шурӯъ менамоем. Марҳамат, Саймурод Тағоевич!

Саймурод ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам  аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул гардида, тибқи моддаи 1 -уми он ба моддаҳои 11, 8 ва 16-уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид шудааст.

Аз ҷумла сархатҳои 15 ва 16 моддаи 11 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода ёфтааст, ки онҳо мафҳумҳои нави канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ва усули худфаъолӣ ва худбиёриро шарҳ медиҳанд.

Ба қисми якуми моддаи 8 илова ворид карда шуд, ки тибқи он ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» низ амалӣ карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки ин ҳуқуқ то ин ҷониб танҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ мешуд.

Ғайр аз ин, моддаи 16 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки тибқи он минбаъд дар конҳо ва зуҳуроти  металлҳои асил ва дигар канданиҳои фоиданок ё қитъаҳои онҳо, мувофиқи рӯйхати тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» иҷозатнома дода мешавад.

Ҳамчунин мувофиқи тағйироти мазкур, ба субъектҳои соҳибкорӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иҷозат дода мешавад.

Ғайр аз ин, мувофиқи ин тағйирот, истихроҷи канданиҳои фоиданок бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ба тариқи ихтиёрӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ё гурӯҳи шахсон бе бақайдгирии онҳо, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», манъ аст.

Қоидаҳои иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёриро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Қонун ба талаботи техникаи қонуннависӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал-милалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Кумита дар ҷаласаи худ қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро зарур ва саривақтӣ ҳисобида, ба он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» мебошад. Марҳамат, Саймурод Тағоевич!

Саймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул гардида, тибқи моддаи 1 он ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Аз ҷумла сархатҳои ҳафтум ва ҳаштуми моддаи 2 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода ёфтааст, ки он мафҳумҳои нави канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ва усули  худфаъолӣ ва худбиёриро дар бар мегирад ва шарҳ медиҳад.

Ғайр аз ин, қисми 2 моддаи 4 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки тибқи он минбаъд истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёриро шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие амалӣ карда метавонанд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иҷозат гирифтаанд. Шартҳои иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда тибқи қоидаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда меша-ванд.

Ҳамзамон ба моддаи 11 қонуни амалкунанда банди нави 4 илова карда шудааст, ки тибқи он минбаъд қоидаҳои иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёриро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Бо назардошти ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонуни мазкур, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

Раис: — Муҳтарам  аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» мебошад.Марҳамат, Саймурод Тағоевич.

Саймурод ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан ва оммафаҳм гардонидани матни қонуни амалкунанда қабул гардидааст.

Тибқи қонуни мазкур, матни моддаи 19 қонуни амалкунанда дар таҳ-рири нав ифода ёфтааст, ки мувофиқи он бояд воситаҳои нақлиёт ба талаботи бехатарӣ, меъёрҳои тиббию санитарӣ, ҳифзи меҳнат ва экология, ки бо стандартҳои байналмилалӣ, давлатӣ ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи нақлиёт муқаррар шудаанд, мутобиқ бошанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаронида шаванд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Муҳтарам  аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» мебошад. Марҳамат, Саймурод Тағоевич.

Саймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам  Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмил додан ва мукаммал сохтани қонуни амалкунанда қабул гардида, аз ду модда иборат мебошад.

Тибқи моддаи 1 қонуни мазкур, ба қисми ҳафтуми моддаи 44 қонуни амалкунанда тағйирот ворид шудааст, ки мувофиқи он минбаъд мақомоти роҳдорӣ, ба истиснои воқеаҳое, ки дар ҳолатҳои фавқулодда ба вуҷуд меоянд, дар баробари мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия, мақоми давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ,  инчунин истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро низ оиди маҳдудкунӣ ва манъ кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард  огоҳ месозад.

Моддаи 2 мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муқаррар менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мебошад. Марҳамат, Саймурод Тағоевич.

Саймурод ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2013 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмил додан, мукаммал сохтан ва мутобиқ гардонидани қонуни амалкунанда бо Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Қонун аз ду модда иборат буда, тибқи моддаи 1-уми он, моддаи 40-уми қонуни амалкунанда, ки он чораҳои ҷазои таъиннамудаи мақоми зиддиинҳисорӣ, мақоми давлатии оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ, ки назорати сифат ва бехатарии молро анҷом медиҳанд, ном дошт, пурра хориҷ карда шудааст.

Тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда, муқаррароти мазкур дар боби 35 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими худро ёфтааст.

Моддаи 2 мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муқаррар менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» мебошад. Марҳамат, Саймурод Тағоевич.

Саймурод ТАҒОЕВ: -Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 ноябри соли 2013 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмил додан ва мукаммал сохтани қонуни амалкунанда қабул гардидааст.

Қонун аз ду модда иборат буда, тибқи моддаи 1-уми он, дар банди и), қисми якуми моддаи 2 баъд аз калимаи «лифтҳо» калимаи «аттраксионҳо» илова шудааст, ки мутобиқи он минбаъд аттраксионҳо низ ба гурӯҳи иншоотҳои истеҳсолии хатарнок дохил мешаванд.

Моддаи 2 мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муқаррар менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» шурӯъ менамоем.

Марҳамат Саймурод  Тағоевич!

Саймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 декабри соли 2013 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мукаммал сохтан, таҳрири имлоӣ намудани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он бо қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ қабул гардидааст.

Аз ҷумла бо мақсади мукаммал сохтан ва таҳрири имлоӣ намудан ба моддаҳои 5, 6, 14 ва 19 тағйиру иловаҳо ворид шудааст.

Ғайр аз ин, бо мақсади мутобиқгардонӣ ба моддаи 15 қонуни амалкунанда иловаҳо ворид гардидааст, ки мутобиқи онҳо минбаъд нархҳою тарифҳои неруи барқ ва гармӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Бо назардошти ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонуни мазкур, Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Гулмаҳмадов  Давлатшо Қурбоналиевич дода мешавад.

DSC_1693Давлатшо ГУЛМАҲМАДОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  10 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додану мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он бо Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Қонуни мазкур аз 2 модда иборат мебошад.

Тибқи моддаи 1-уми он ба моддаҳои 4 ва 9 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид шудааст.

Аз ҷумла бо мақсади такмилдиҳӣ дар сархати панҷуми қисми якуми моддаи 4 калимаҳои «аз ҷониби мақомоти ваколатдор» ба калимаҳои «бо тартиби муқарраргардида» иваз карда шудааст.

Ғайр аз ин, дар қисми сеюми моддаи 9 қонуни амалкунанда пас аз калимаи «тарифҳо» калимаҳои «ба истиснои тарифҳои неруи барқ ва гармӣ», инчунин ба ин модда қисми нави чорум илова гардидааст, ки мутобиқи онҳо минбаъд тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Ҳамзамон бо мақсади мутобиқгардонӣ аз қонуни амалкунанда моддаи 21, ки асосҳои ҷаримабандии субъектҳои монополияҳои табииро барои вайрон кардани қонуни мазкур ба танзим медаровард, пурра хориҷ карда шудааст, зеро муқаррароти мазкурро моддаи 558 Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» мебошад.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа, муҳтарам Қурбонов Убайдулло  Абдуллоевич дода мешавад.

DSC_1360Убайдулло ҚУРБОНОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон Марҳабо Ҷабборова, Махфират Хидирова,  Миҳроҷидин Ҳакимов ва Нурулло Оқилов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 2013 қабул намудааст, баррасӣ кард.

Мақсади асосии пешниҳод ва қабули қонуни мазкур аз баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ тибқи Стандарти давлатӣ ва барномаҳои таҳсилоти томактабӣ, бо назардошти омода намудани онҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ иборат мебошад.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таълиму тарбияи томактабиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, аз 7 боб ва 27 модда таркиб ёфтааст.

Боби 1 аз панҷ модда иборат буда, дар он мафҳумҳои асосии истифодашаванда, аз қабили: таълиму тарбияи томактабӣ, синни томактабӣ, муассисаи таълимии томактабӣ, мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ, инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ, вазифаҳои таълиму тарбияи томактабӣ, ҳуқуқ ба таълиму тарбияи томактабӣ ва забони таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ пурра шарҳ дода шудаанд.

Боби 2 аз ду модда иборат буда, таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимии томактабӣ ва намудҳои муассисаҳои таълимии томактабиро пешбинӣ менамояд .

Боби 3 аз се модда иборат буда, дар он идоракунии муассисаи таълимии томактабӣ ва фаъолияти он, салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ ва назорати давлатии фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ пешбинӣ гардидаанд.

Боби 4 аз чор модда иборат буда, мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ, раванди таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ ва дастрасии таълиму тарбияи томактабӣ, ташкили фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ ва таъминоти методии раванди таълиму тарбияи томактабиро муайян менамояд.

Боби 5 аз ҳашт модда иборат буда, дар он субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ, ҳуқуқ ва ҳимояи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ, ҳуқуқҳои тарбиягирандагон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягирандагон, ҳуқуқ, уҳдадорӣ  ва масъулияти кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ, тайёр намудан, аттестатсия ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ, хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон дар муассисаи таълимии томактабӣ ва ташкили ғизодиҳӣ ба тарбиягирандагон дар муассисаи таълимии томактабӣ нишон дода шудааст.

Боби 6 аз ду модда иборат буда, фаъолияти молиявию хоҷагидории муассисаи таълимии томактабӣ ва заминаи моддию техникии муассисаи таълимии томактабиро танзим менамояд.

Боби 7 аз се модда иборат буда, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ, ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва инчунин тартиби мавриди амал қарор гирифтани қонуни зикргардидаро пешбинӣ менамояд.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем ба ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам  аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» мебошад.

Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич!

Убайдулло ҚУРБОНОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2013  қабул намудааст, баррасӣ кард.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» аз 15 майи соли 1997 амал  менамояд.

Тибқи қонуни пешниҳодгардида, ба моддаи 13-уми қонуни амалкунанда қисми нуҳум илова шуда, мақсади асосии он, пеш аз ҳама, такмили низоми идоракунии муассисаҳои тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва таъмини бехатарии кӯмаки тиббӣ мебошад.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем ба ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда  овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» мебошад.

Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич!

Убайдулло ҚУРБОНОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 октябри соли 2013  қабул намудааст, баррасӣ кард.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» аз 3 сентябри соли 1999 амал  намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва тартиби амалӣ намудани фаъолияти туристиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Мақсади ворид намудани иловаҳо ин, пеш аз ҳама, такмили  қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани меъёрҳои он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи қонуни пешниҳодгардида,  ба моддаи  2-юми қонуни амалкунанда сархати бисту сеюм  ва моддаи 171 илова шудааст, ки мафҳум ва тартиби таъмини амнияти туристонро танзим менамояд. Инчунин ба сархати сеюми қисми 2 моддаи 11 пас аз калимаи «ҳисобот» калимаҳои «, аз ҷумла дар хусуси баҳисобгирии дақиқи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштани туристони ба хориҷа рафтаро» илова карда шудаанд.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем барои ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» мебошад.

Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич!

Убайдулло ҚУРБОНОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 ноябри соли 2013  қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» аз 13 декабри соли 1997 амал  намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи давлатии иҷтимоиро муайян мекунад.

Мақсади асосии пешниҳод ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» аз байн бурдани мухолифати дохилии моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ва мутобиқнамоии меъёрҳои он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мутобиқи қонуни пешниҳодгардида,сархати шашуми моддаи 9 дар таҳрири нав ифода гардида, моддаи 141 илова шудааст, ки мутобиқи он минбаъд тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем ба ҷонибдории қонуни пешниҳод-шуда овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич!

Убайдулло ҚУРБОНОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромиқадр!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ У. Қурбонов ва вакилони Маҷлиси намояндагон М.Шабозов, А.Қарақулов ва Л.Саидмуродов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 ноябри соли 2013  қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» аз 21 майи соли 1998 амал  менамояд.

Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо, пеш аз ҳама, такмили  қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани меъёрҳои он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Тибқи қонуни пешниҳодгардида,  ба моддаи  2-юми қонуни амалкунанда  сархатҳои ёздаҳум, дувоздаҳум ва сенздаҳум илова шуда, дар онҳо мафҳуми одоби илмӣ, Кодекси намунавии одоби илмӣ ва рафтори ношоями илмӣ пешбинӣ гардидааст.

Инчунин ба қонуни амалкунанда боби 31 илова шудааст ва боби мазкур аз чор модда иборат буда, принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ, меъёрҳои ахлоқии танзимкунандаи фаъолияти илмӣ, муқаррароти асосии Кодекси намунавии одоби илмӣ ва масъулияти иҷтимоии корманди илмиро (муҳаққиқро) танзим менамояд.

Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем ба ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мебошад.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои  ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Илолов Мамадшо дода мешавад.

ИлоловМамадшо ИЛОЛОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои  ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодира Турдиматова пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Ҳадафи асосӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Тибқи Феҳристи мансабҳои давлатӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мансаби сиёсии давлатии хизмати давлатӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба қисми 1 моддаи 6-уми қонуни амалкунанда сархати шашум бо мазмуни зайл илова шудааст:

«- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи он;».

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, Мамадшо Илолович!

Мамадшо ИЛОЛОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони  халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибидавлат Авзалшоева ва Шакарбек Самадов пешниҳод гардида, онро  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2013 қабул намудааст.

Қонуни баррасишаванда бо мақсади такмили меъёрҳои қонуни мазкур, таъмини мутобиқати дохилии он, ҳамчунин мутобиқ намудани қонуни мазкур ба талаботи дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Иловаи муқаддима ба қонуни амалкунанда муқаррар мекунад, ки қонуни зикргардида ҳуқуқу уҳдадориҳо, фаъолият ва кафолатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро муайян менамояд.

Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», меъёрҳои қонун, ки муқаррароти умумӣ, тартиби фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ, кафолатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ ва муқаррароти хотимавиро ба танзим медароранд, бо иловаи номи бобҳои 1, 2, 3 ва 4 мушаххас гардонида  шудааст.

Як зумра тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни мазкур ворид карда шудаанд, матни қонунро мукаммал ва возеҳу дақиқ намуданд. Аз ҷумла тағйироте, ки ба моддаи 4 ворид шудаанд, ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқро ҳангоми амалигардонии фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматӣ дақиқ гардонидаанд.Таҳрири нави моддаи 6 робитаи вакили Маҷлиси вакилони халқро бо интихобкунандагон, ҳизбҳои сиёсӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба танзим  медарорад.

Қисми якуми моддаи 11 низ дар таҳрири нав ифода ёфтааст. Тибқи он ба вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳуқуқ дода мешавад, ки ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои онҳо, ташкилотҳои дар ҳудуди воҳиди марзиву маъмурии дахлдор воқеъбуда, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон,  оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Маҷлиси вакилони халқ тааллуқ доранд, муроҷиат намояд.

Таҳрири нави қисми сеюми моддаи 16 муқаррар мекунад, ки дар сурати ба инобат нагирифтани дархост ва пешниҳоди вакили Маҷлиси вакилони халқ шахсони мансабдори ба ин кор роҳдода бо пешниҳоди раиси Маҷлиси вакилони халқи дахлдор мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Тағйироте, ки ба моддаи 17 ва қисми якуми моддаи 18 ворид карда шудаанд, муқаррар мекунанд, ки вакили Маҷлиси вакилони халқ барои қабул аз тарафи шахсони мансабдор дар ҳудуди  воҳиди марзиву маъмурии дахлдор аз рӯйи  масъалаҳои фаъолияти вакилӣ ҳуқуқ дорад ва шахсони мансабдор  уҳдадоранд, ки ба муроҷиати ӯ тибқи қонунгузорӣ ҷавоби хаттӣ диҳанд.

Зикр бояд кард, ки тағйиру иловаҳои ба қонуни амалкунанда воридшуда дар маҷмӯъ меъёрҳои онро мушаххасу дақиқ ва пурра мегардонанд ва метавонанд дар болоравии мавқеи вакилони Маҷлиси вакилони халқ дар ҳалли саривақтии масъалаҳо ва мушкилоти ҷойдошта дар ҳудуди воҳиди марзиву маъмурии дахлдор, инчунин ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, ҷомеа  ва давлат, нақши муҳим бозанд.

Ҳамчунин ба қонуни мазкур як қатор дигар тағйироту иловаҳо ворид шудааст, ки характери услубӣ, муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ба овоз монда, Қарор қабул шуд. 

РАИС: -Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав»  мебошад.

Марҳамат, Мамадшо Илолович!

Мамадшо ИЛОЛОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои  аҳолинишини ноҳия» таҳти № 392 аз 31 августи соли 2013 ва «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав» таҳти № 441 аз 4 октябри соли 2013 баррасӣ кард.

Тибқи пешниҳодоти мазкур, пешниҳод ба миён гузошта шудааст, ки дар маҷмӯъ  номи як шаҳрак, ду деҳот ва 38 деҳаи ноҳия тағйир дода шавад.

Зарурати тағйир додани номи шаҳрак, деҳот ва деҳаҳо бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, мутобиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобастагӣ дошта, нишони арҷгузорӣ  ва пос доштани номи неки ниёгони бузург ва шахсони муътабари диёр, тарбияи наслҳои имрӯзу фардо дар руҳияи ифтихори миллӣ, ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони ин шаҳрак, деҳот ва деҳаҳо мебошад.

Пешниҳодоти мазкур мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба дигар қонунҳои амалкунандаи ҳамин муносибатҳоро батанзимдароранда мухолифат надорад.

Маводи зарурӣ тибқи Номгуйи ҳуҷҷатҳои оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Кумита чунин мешуморад, ки пешниҳоди мазкур қобили дастгирист ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона  хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илолов Мамадшо» мебошад.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна так­лиф доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илолов Мамадшо»  ба овоз мемо­нам.

Қарор қабул шуд.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонди раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳа­мо­ҳанг­созии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷ­лиси на­мояндагон, ҳокимияти иҷроия, ит­ти­ҳодияҳои ҷамъ­иятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни­пар­ламентӣ Илолов Мамадшо» мебошад.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна так­лиф доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи бозхонди раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳа­мо­ҳанг­созии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷ­лиси на­мояндагон, ҳокимияти иҷроия, ит­ти­ҳодияҳои ҷамъ­иятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни­пар­ламентӣ Илолов Мамадшо» ба овоз мемо­нам.

Қарор қабул шуд.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич» мебошад.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна так­лиф доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич» ба овоз мемо­нам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонди раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич» мебошад.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна так­лиф доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи бозхонди раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбо- налиевич» ба овоз мемо­нам.

Қарор қабул шуд.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Авзалов Ғайбулло» шуруъ менамоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна так­лиф доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Авзалов Ғайбулло»  ба овоз мемо­нам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия хориҷ намудани Авзалов Ғайбулло» мебошад.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна так­лиф доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия хориҷ намудани Авзалов Ғайбулло» ба овоз мемо­нам.

Қарор қабул шуд.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломшоева Қобиламо Кановна» мебошад.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна так­лиф доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломшоева Қобиламо Кановна»  ба овоз мемо­нам.

Қарор қабул шуд.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният хориҷ намудани Ғуломшоева Қобиламо Кановна»  мебошад.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна так­лиф доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният хориҷ намудани Ғуломшоева Қобиламо Кановна» ба овоз мемо­нам.

Қарор қабул шуд.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Ҳамид» шуруъ менамоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна так­лиф доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Ҳамид»  ба овоз мемо­нам.

Қарор қабул шуд.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа хориҷ намудани Абдуллоев Ҳамид» мебошад.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна так­лиф доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа хориҷ намудани Абдуллоев Ҳамид» ба овоз мемо­нам.

Қарор қабул шуд.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриев Шамсмуҳамад Гулмуҳамадович» мебошад.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна так­лиф доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриев Шамсмуҳамад Гулмуҳамадович» ба овоз мемо­нам.

Қарор қабул шуд.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия хориҷ намудани Назриев Шамсмуҳамад Гулмуҳамадович» шуруъ менамоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна так­лиф доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия хориҷ намудани Назриев Шамсмуҳамад Гулмуҳамадович» ба овоз мемо­нам.

Қарор қабул шуд.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон барои соли 2014»  пешниҳод карда мешавад.

Оид ба ин масъала лоиҳаи  қа­рор дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна так­лиф доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистонро «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон барои соли 2014» ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Сухан ба раиси Котибот дода мешавад. Марҳамат, гуфтание доред?  Нест.

РАИС:-Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Дар соли 2013-ум як Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон, 119 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 25 қонун дар таҳрири нав,  94 қонун бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 қарор – пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сохти марзию маъмурӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи милитсия» бинобар ҷонибдорӣ наёфтанаш  ба Маҷлиси намояндагон баргардонида шуд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар соли равон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Қ.Расулзода, Б.Худоёров, Қ.Маҳкамов, С.Хайруллоев, У.Қурбонов, М.Илолов, М.Сатторова, Ҳ.Абдуллоев,  Қ.Ғуломшоева, М.Зувайдов, Ф.Шоиддинов, Х.Асоев, А.Ҷалилов, Ш.Гулаёзов, А.Азизов, С.Шарипов 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намудааст.

Илова бар ин, зиёда аз даҳ лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли равон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Д.Гулмаҳмадов, Б.Худоёров, М.Илолов, С.Тағоев, З.Раҷабова, Х.Абдуназаров ва Ғ.Авзалов пешниҳод шуданд, ҳоло дар баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки соли равон барои Маҷлиси миллӣ соли хотирмон ва созанда буд. Бо умеду таманниёти нек ҳамаи шумо ва дар симои шумо аҳли оилаҳоятонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният мегӯям.

Бо ҳамин Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод).

Абдулмаҷид МУРОДОВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир А.ИСОЕВ