Ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург

№143 (3289) 29.11.2014

df0299a6217cf5c51ebd9f102b768ae7

Бисту ҳафтуми ноябри соли 2014 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи сафари худ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар кори ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ширкат варзид.

Ҷаласаи мазкур дар таърихи 14-солаи Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё маротибаи охирин буда, ин созмон дар раванди ҳамгироии иқтисодии кишварҳои Иттиҳод нақши созгореро анҷом дод. Аз ҷумла дар давраи фаъолияташ зиёда аз 200 қонунҳои намунавӣ ва як зумра тавсияҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуд, ки бисёре аз онҳо аз ҷониби парламентҳои кишварҳои аъзо дар қонунгузории миллӣ истифода шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муассисони Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё маҳсуб ёфта, дар рушду такомули ин институти байнипарламентӣ саҳми арзанда гузоштааст. Солҳои 2007-2009 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев раисии ин созмонро ба уҳда дошт.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш дар ҷаласаи Бюро аз фаъолияти густурдаи парламентҳо дар мутобиқсозии қонунгузориҳои миллӣ ва ба ин васила тақвият бахшидан ба рушди парламентаризми муосир ва таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои аъзо махсус таъкид намуда, нисбати фаъолияти анҷомдодаи парламентарҳо дар доираи ин созмон арзи сипос кард.

Дар ҷаласаи Бюро дар асоси қарори марбутаи Шӯрои Байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё дар бораи қатъ намудани фаъолияти Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё қарори дахлдор қабул гардида, роҷеъ ба ҳолати ратификатсияи Шартнома оид ба Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ахборот шунида шуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати потенсиали баланди кадрии Котиботи Ассамблея таъкид намуда, таклиф ба миён гузошт, ки дар қарори зикргардида банди махсус оид ба истифодаи кормандони котиботи созмон дар сохторҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил илова карда шавад. Ин таклифро аъзои Бюро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи Бюро барои фаъолияти пурсамар дар кори Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Ифтихорномаи созмони мазкур сарфароз гардонида шуд.

***

Бисту ҳафтуми ноябри соли 2014 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар кори ҷаласаи ҳафтуми пленарии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат варзид.

Дар ҷаласа оид ба рафти иҷрои Барномаи фаъолияти Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баҳри наздиккунонӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои солҳои 2011-2015 ва омодасозии пешниҳодот ҷиҳати тарҳрезии Барномаи фаъолияти ин Созмон барои солҳои 2016-2020, инчунин як зумра тавсияҳо, ки аз ҷониби комиссияҳои доимии Ассамблея таҳия шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои баррасишаванда ва лоиҳаи қарорҳо таклифу пешниҳодоти муфид ироа дошт, ки аз ҷониби аъзои Шӯрои Ассамблея дастгирӣ ёфтанд.

Бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амирқул Азимов барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар таҳкими робита ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла нақши пурсамар дар кори Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо Ифтихорномаи фахрии ин созмон сарфароз гардонида шуд.

 ***

Худи ҳамон рӯз аъзои ҳайати парламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод – раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, Абдуллозода Иброҳим – муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, Раҳмонзода Абдулғафор – муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон ва занон дар ҷомеа, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон, Маҳкамов Қаҳҳор – узви Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодии инсон, шаҳрванд ва қонуният, раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё оид ба сиёсати иқтисодӣ дар кори комиссияҳои номбурда фаъолона ширкат варзиданд.

Дар ин зимн Абдуллозода Иброҳим муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ интихоб гардид.

Ш. САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон