11 апрели соли 2013 дар қасри Таврическийи Санкт-Петербург ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё доир гардид, ки дар кори он ҳайати парламентии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат намуд.
Дар ҷаласа дар асоси гузоришҳои аъзои Бюро 14 масъалаи фарогири мавзуоти гуногун, аз ҷумла тағйир додани ҳайати Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, таъминоти қонунии савдои маҳсулот, хизматрасонӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ дар доираи фазои ягонаи иқтисодии АврОсиё дар таҷрибаи Ҷумҳурии Беларус, барномаи фаъолияти қонунэҷодкунии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё барои солҳои 2013-2014 баррасӣ гардид, ки онҳо ба рӯзномаи 15-умин ҷаласаи Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ворид карда шуданд.
Баъди нисфирӯзӣ ҷаласаи 15-уми Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё доир гашт, ки дар кори он ҳайати парламентарҳои кишварҳои аъзо, институтҳои масъули байнипарламентии ИДМ, СААД ва дигар кишварҳои нозир ширкат намуданд. Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё дар робита ба масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул кард.
Нимаи дуюми ҳамон рӯз Шӯро ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ доир гардид, ки дар онҳо дар радифи масъалаҳои ҷории матраҳшаванда, инчунин нисбати ба Скупшинаи Халқии Ҷумҳурии Сербия ва Палатаи поёнии Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон додани мақоми нозир дар назди Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Ҳамзамон, шоми 11 апрел ҳайати парламентии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар кори Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзид.
Қобили зикр аст, ки ҳайати парламентии Тоҷикистон дар ҳама ҷаласаҳои марбута иштироки фаъолона намуда, бо таклифу пешниҳодоти мушаххаси худ дар қабули қарорҳои Ассамблеяҳои созмонҳои зикрёфта нақши созгор гузоштанд.
Шавкат САИДОВ,
ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ