22 майи соли 2015 вохӯрии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо губернатори вилояти Ивановои Федератсияи Россия Павел Алексеевич Конков доир гардид.
Губернатори вилояти Иваново, қабл аз ҳама, изҳори қаноатмандӣ намуд, ки ӯ ва ҳайати ҳамроҳонаш аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ хуш пазироӣ шуданд. Мавсуф доир ба ҳамкориҳои минбаъда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳавасмандиашро ба густариши онҳо иброз намуд. Ӯ зикр намуд, ки доир ба бисёр соҳаҳо шароиту имкониятҳои ҳамкорӣ мавҷуданд. Вилояти Иваново давраи шӯравӣ ва ҳоло низ саноати пешрафтаи бофандагӣ дорад. Дар корхонаҳои саноатии вилоят қисми зиёди маҳсулоти пахтагӣ ва коғази Федератсияи Россия истеҳсол мешавад. Ашёи хоми ин маҳсулот нахи пахта ба ҳисоб меравад.
Дар ин самт мо метавонем бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, ҳамкории судманд дошта бошем.
Барои рушди сохтмон аз кранҳои борбардор, экскаватор ва дигар техника, ки дар вилояти Иваново истеҳсол мешаванд, метавон истифода бурд.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ зикр намуд, ки вилоят дар парвариши зироати кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ дорои имкониятҳои зиёд мебошад. Дар вилоят корхонаҳои зиёди коркарди пахта фаъолият доранд.
Имкон ҳаст, ки ба вилояти Иваново нахи пахта, меваю сабзавот содирот шавад. Дар вохӯрӣ ҳамчунин доир ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг изҳори назар карда шуд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ