АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР БУНЁДИ МАҶМААИ ПАРЛАМЕНТӢ САҲМ МЕГУЗОРАД

№68 (3548) 26.05.2016

DSC_042525 майи соли 2016 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ­Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайхро бо ҳайати бонуфузи ҳамроҳонаш, ки бо нахус­тин сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев меҳмони олиқадр ва  ҳамроҳонашро сидқан шодбош гуфта, зикр сохт, ки ташрифи феълӣ, ки дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста, баҳри татбиқи ташаббусҳои созандаи роҳбарони ҳар ду давлат оид ба густариши робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию байнипарламентӣ нигаронида шудааст, фоли нек буда, имкон фароҳам хоҳад гашт, ки ба ин васила ҳамкориҳои ҷавобгӯи ҳадафҳои ҷонибҳо ба марҳилаи сифатан нав ворид шавад. Ин таҷриба, бешубҳа, метавонад ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дастаҷамъона дар низоми пешгирии оқибатҳои буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, саддгузорӣ ба тамоюлҳои номатлуби ҷаҳонишавии экстремизму терроризм ва ифротгаройии фаромиллӣ ва таҳкими робитаҳо нақши муассир гузорад.

Зикр шуд, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ чун ҳарвақта  омода буда, тамоми потенсиали мавҷударо барои татбиқи ин раванд, аз ҷумла ҷиҳати рушди муносибатҳои байнипарламентӣ равона хоҳад  сохт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори боварӣ кард, ки ҷонибҳо бояд тавассути таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ, тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ, фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқии ҳамкорӣ ба амалишавии ҳадафҳои созишномаҳои мавҷудаи байниҳукуматию давлатӣ ҳиссагузор гарданд.

Ҷаноби Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх бо сипос аз пазироии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошт, ки ташрифи расмии мазкур қадами устувор оид ба тарҳрезии ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи мутақобилан судманд миёни ҳар ду кишвар буда, итминон аст, ки ҳамкориҳо дар ҳама бахш, бахусус ҳамкориҳои байнипарламентӣ дар сатҳи назаррас ва бо дарназардошти ҳадафҳои ҳар ду ҷониб амалӣ мегарданд.

Номбурда афзуд, ки дар партави сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, дар асоси тафоҳумоти мавҷуда, бо ташаббуси  Шоҳи Арабистони Саудӣ барои бунёди Маҷмааи парламентӣ дар шаҳри Душанбе маблағи зарурӣ ихтисос мешавад.

Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх аз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба миён овард, ки дар фурсати барояш муносиб ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ташрифи расмӣ анҷом диҳад.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва самарабахш анҷом ёфт.

 Ш. Саидов.

Суратгир А. ИСОЕВ