Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№59-60 (3360-3361) 24.04.2015

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 3 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Убайдуллоев Маҳмадсаид Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раисикунандаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. МАҲКАМОВ

ш. Душанбе, 17 апрели соли 2015 №5

 

МАҲМАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

УбайдуллоевМаҳмадсаид Убайдуллоев 1 феврали соли 1952 дар деҳаи ба номи Кирови ноҳияи Фархор таваллуд ёфтааст.

Соли 1974 Донишкадаи  политехникии шаҳри Харкови Украинаро хатм намуда, фаъолияти меҳнатии худро дар вазифаи муҳандиси калони гурӯҳи роҳбарӣ ва назорати стансияи ахборию ҳисоббарорӣ ва ҳисоби мошинии ноҳиявии Идораи омори вилояти Кӯлоб оғоз карда, баъдан сармуҳандис, сардори стансия ва сардори маркази ҳисоббарории Идораи омори шаҳри Кӯлоб буд.

Солҳои 1979 -1983 вазифаҳои инструктор, сипас мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Кӯлобро ба уҳда дошт.

Солҳои 1983-1985 шунавандаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд буд. Баъдан дар вазифаҳои муовини сардори Идораи маркази омори РСС Тоҷикистон, мудири шуъбаи саноат, нақлиёт ва молҳои истеъмоли халқи Кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб, сардори Идораи  омори вилояти Қӯрғонтеппа, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб кор кардааст.

Солҳои 1992-1994 муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1994-1996 муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз соли 1996 то ба имрӯз Раиси шаҳри Душанбе мебошад. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аст.

Аз 17 апрели соли 2000 инҷониб ба сифати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъватҳои дуюм, сеюм ва чорум) фаъолият намудааст. Ҳамзамон солҳои 2007-2009 Раисии Ассамблеяи Байнипарламентии  Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиёро  ба зимма дошт.

17 апрели соли 2015 дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз нав Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардид.

Бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — орденҳои «Дӯстӣ» (соли 1998), «Исмоили Сомонӣ» (соли 1999), «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи I (соли 2006), мукофоту ҷоизаҳои байналмилалӣ — ордени «Барои манфиати башарият», Ҷоизаи «500 роҳбари обрӯманд» (соли 2001), дипломи байналмилалии «Шараф», медалҳои «Ба хотири 850-солагии Москва» (соли 2007), «Ба хотири 300-солагии Санкт-Петербург» (соли 2003), медали ҷашнии «10-солагии Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон», медали тиллоии «Барои сулҳ ва ҳамкорӣ» (соли 2006), медали  «Муҳандисони барҷастаи ҷаҳон» (соли 2006), дипломи СММ — ХАБИТАТ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳид ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (соли 2006) мушарраф гардидааст.

Зери таҳрири умумии Маҳмадсаид Убайдуллоев китобҳои  «Бунёди давлатдории навин» (соли 2002), «Таърихи шаҳри Душанбе (аз давраи қадим то замони мо)» (соли 2004) ва дар ҳаммуаллифӣ бо Г. П. Ратушенко китоби «Душанбе — шаҳри сулҳ» (соли 2004), инчунин «Энсиклопедияи шаҳри Душанбе»  таҳия ва таълиф  шудааст.

Муаллифи мақолаҳои публитсистии «Мақомоти қонунгузорӣ – таҳкимбахши рукнҳои ҳокимияти давлатӣ», «Ваҳдати миллӣ ва омилҳои таҳкими он», «Ваҳдат –раванди муттасил» мебошад.

Оиладор, се фарзанд — ду писар ва як духтар дорад.

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 6 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдураҳмон Қодирӣ муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 17 апрели соли 2015 №7

 

Абдураҳмон Қодирӣ

муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

кодириАбдураҳмон Қодирӣ 25 июни соли 1953 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Соли 1975 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агрономи олим –иқтисодчӣ хатм кардааст.

Солҳои 1975-1979 ба сифати иқтисодчии колхози ба номи Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), иқтисодчии калони Идораи хоҷагии қишлоқи вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд), сариқтисодчии Шӯрои колхозҳои вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) фаъолият намудааст.

Давоми солҳои 1979-1980 дар вазифаи ёрдамчии муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) адои вазифа кард. Солҳои 1980-1985 иҷро вазифаи сардори шуъбаи банақшагирию молиявӣ, муовини сардори Идораи хоҷагии қишлоқи вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд), солҳои 1985-1988 мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқи Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), солҳои 1988-1995 директори генералии Комбинати агросаноатии «Хуҷанд» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1995-1996 муовини сардори Идораи кишоварзии вилояти Ленинободро (ҳоло вилояти Суғд) ба зимма дошт.

Солҳои 1996-2002 дар вазифаҳои муовини раиси вилояти Суғд, солҳои 2002-2004 муовини якуми раиси вилояти Суғд ва солҳои 2004-2006 раиси ноҳияи Зафаробод ифои вазифа намудааст.

Солҳои 2006-2008 вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2008-2013 муовини якуми раиси вилояти Хатлон буд. Аз моҳи ноябри соли 2013 инҷониб раиси вилояти Суғд мебошад. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҳабдаҳуми апрели соли 2015 дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 6 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҷамшед Шодихон муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 17 апрели соли 2015 №8

 

Шодихон Ҷамшед

муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

шодихонШодихон Ҷамшед 22 марти соли 1962 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Соли 1985 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ҳамчун ҷарроҳи асаби Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ оғоз намуда, солҳои 1986-1990 шунавандаи ординатураи ҷарроҳии асаби Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби шаҳри Душанбе, солҳои 1990-1993 ҷарроҳи асаби шуъбаи ҷарроҳии асаби Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии рақами 3-и шаҳри Душанбе буд. Солҳои 1993-1995 вазифаи ҷарроҳи асаби Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ, солҳои 1995-2002  мудири шуъбаи осебшиносӣ, раддодӣ ва ҷарроҳи асаби беморхонаи вилоятӣ, солҳои 2002-2008 сардухтури Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғро ба уҳда дошт.

Солҳои 2008-2009 дар вазифаи сардори Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  кор кард.

Солҳои 2009-2013 раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.

Аз моҳи ноябри соли 2013 инҷониб дар вазифаи раиси Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон кор мекунад. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳабдаҳуми апрели соли 2015 дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.