Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Деҳот тағйири ном мекунад

№51 (3036) 26.04.2013

DSC_019625 апрели соли 2013 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Мамадшо Илолов ҷаласа доир гашт.

Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор  гирифтанд:

1.Доир ба пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳодоти Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шӯрообод», «Оид ба тағйир додани номи деҳаи ба номи Куйбишев ба деҳаи ба номи Асроҷ Раҷабови деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Ҷиликӯл», «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Темурмалик» ва «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Хуросон».

2.Доир ба пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳодоти Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Зафаробод», «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Ашт» ва «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров».

Мамадшо Илолов оид ба масъалаҳои мавриди баррасӣ сухан  ронда, сабаби тағйир додани номи баъзе маҳалҳоро таври возеҳ шарҳ дод. Аъзои Кумита И.Абдуллоев, С. Валиев, Ҷ.Кенҷекулова, Т.Қарабоев, Г.Ҷангибеков дар муҳокимаи масъалаҳо иштирок намуданд.

Доир ба масъалаҳои рӯзнома хулосаҳои Кумита қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

 

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ