«Эстафетаи хотира» баргузор гардид

№48 (3349) 02.04.2015

DSC_1430

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ифтихори таҷлили сазовори 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 рӯзҳои 30 ва 31 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе «Эстафетаи хотира» доир гардид.

Бо ин мақсад, субҳи 30 март, ҳайати бонуфуз аз ҷумлаи иштирокчиёни эстафетаи мазкур аз Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти сарварии узви Кумитаи масъалаҳои аграрии Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби Жексенбай Дуйсебаев ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии пойтахт муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қурбон Убайдулло Абдулло, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Шӯрои ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Қудратов ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизроб Кабиров пешвоз гирифтанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар доираи эстафетаи мазкур чорабиниҳо асосан дар Боғи Ғалаба роҳандозӣ гардиданд. Дар интиҳо шуълаи оташи фурӯзони ҷовидон аз Комплекси мемориалии «Ғалаба» дар капсула баҳри тақвияти оташи ҳамсон дар расми истиқболи 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои1941-1945 дар шаҳри Москва гирифта шуд. Инчунин дар шаҳри Душанбе аксияи «Амвоҷи сабз» низ дар майдони «Ғалаба» доир гардид.

***

Нимаи аввали рӯзи 31-уми март мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати «Эстафетаи хотира»-и Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифт.

31 марти соли 2015 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ифтихори таҷлили сазовори 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе «Эстафетаи хотира» идома ёфт.

Ҳайати бонуфузи иштирокчии эстафетаи мазкур аз Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти сарварии узви Кумитаи масъалаҳои аграрии Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби Жексенбай Дуйсебаев бо ҳамроҳии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қурбон Убайдулло Абдулло, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Шӯрои ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Қудратов ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Мизроб Кабиров ва дигар шахсони ҳамроҳикунанда дар Боғи Ғалаба бо иштироки ҳайати қаровули ифтихории Вазорати мудофиа дар назди оташи фурӯзони ҷовидони Комплекси мемориалии «Ғалаба» гулчанбарҳо гузошта, шуълаи оташи мазкурро дар капсула баҳри тақвияти оташи ҳамсон дар расми истиқболи 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Москва бо худ гирифтанд.

***

Худи ҳамон рӯз меҳмонони олиқадр аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев пазируфта шуданд.

Зимни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ибтикори роҳбарияти Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар иртибот ба ин иқдоми беназири эҳтиромгузорӣ нисбат ба фавтидагон, ветеранҳо ва кормандони ақибгоҳ- таъминкунандагони Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки баҳри амалисозии ташаббуси сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ шудааст, бо сипосмандӣ нек арзёбӣ карда, зикр сохт, ки ин амал баҳри поси хотираи қаҳрамонони роҳи озодӣ аз фашизм, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар қатори дигар мардумони Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми беназир гузоштаанд ва таблиғи зиндагии осоиштаю мусолиматомези халқҳои сайёра дар ҷаҳони пуртазоди феълӣ басо ибратомӯз мебошад. Месазад, ки баҳри сулҳу оромӣ ва пешрафти зиндагии мусолиматомези башарият, бо ибрат аз ҷоннисориҳои ниёгонамон, алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуби тафриқаангез тадбирҳои аввалиндараҷа андешем.

Ҳайати бонуфуз аз пазироӣ ва муҳтавои андешаҳои иброздоштаи Раиси Маҷлиси миллӣ якояк изҳори сипос намуда, бобати дар Тоҷикистон бо ғамхориҳои арзанда фарогир будани маъюбон, иштирокчиён ва кормандони ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори сипос карда, иброз доштанд, ки чунин анъана боиси таҳсин ва дастгирист.

Дар фарҷоми мулоқот аз тарафи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев иштирокчиёни «Эстафетаи хотира»- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ду ҷониб бо медалҳои ҷашнии «70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бо ибтикори Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соати барои қаҳрамонони Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки барориши соли 1945 мебошад, қадрдонӣ карда шуд.

Ш. САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир А. ИСОЕВ