22 октябри соли 2014 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи сафари худ ба Федератсияи Россия бо ҳамроҳии ҳайати расмӣ барои эҳтиром аз қаҳрамониҳои аскарону афсарони фавтида дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар назди оташи ҷовидони девори Кремл гулчанбар гузошт.
Сипас, бо ҳамроҳии ҳайати ҳамроҳикунанда бо губернатори вилояти Москваи Федератсияи Россия ҷаноби Андрей Воробёв оид ба баррасии ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти мазкур, таъсиси марказҳои логистикӣ баҳри интиқолу рушди тиҷорати молистеҳсолкунандагони Тоҷикистон дар ин вилоят, мусоидат дар ташкили мактабҳои тоҷикӣ барои тоҷикони вилоят ва вусъати ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байниминтақавӣ мулоқоти судманд анҷом дод.
Ҷонибҳо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои мутақобилан муфид гурӯҳҳои кории муштаракро созмон доданд, ки то даҳаи аввали моҳи декабри соли равон созишномаҳои марбутаро барои тасдиқ ва мавриди амал қарор додан омодаву пешниҳод намоянд.
***
Нимаи дуюми ҳамон рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, ҳамраиси ҷониби россиягии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Россия ҷаноби Игор Шувалов мулоқоти судманди корӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот, ки бо иштироки васеи ҳайати Тоҷикистон сурат гирифт, масоили ҳимояи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ, рафъи нуқсонҳои ҳуқуқию техникӣ дар ин хусус, сода кардани низоми имтиҳонсупории муҳоҷирони меҳнатӣ ва дар ҳудуди Тоҷикистон низ кушодани бахши сохторҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия барои қабули имтиҳон, дар лоиҳаи нави қонуни дахлдори Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ намудани масъулияти корфармоён нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили марказҳои муосири логистикӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши робитаҳои бевоситаи тиҷоративу иқтисодии байниминтақавӣ, таҳлили воқеии ҳолати амалкарди созишномаҳои дуҷонибаи сатҳҳои гуногун дар муҳити корию касбӣ матраҳ карда шуданд.
Бо хулоса аз мубрамияти масъалаҳо, ки танзими ҳар кадоми онҳо барои рушди муносибатҳои ҳасанаи кишварҳои дӯст нақши муассир хоҳад гузошт, пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон оиди то ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ ба таври касбӣ омӯхта шудани масъалаҳо дар Ҳукумати Федератсияи Россия маъқул дониста шуд. Бо ин мақсад гурӯҳҳои кории ҷонибҳо созмон дода шуд.
Дар ин мулоқотҳо Маҳмадсаид Убайдуллоевро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, роҳбарони кумитаҳои дахлдор, як қатор аъзои Маҷлиси миллӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва роҳбарони вазорату сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ ҳамроҳӣ намуданд.
***
23 октябри соли 2014 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия ҷаноби Сергей Наришкин ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия хонум Валентина Матвиенко боздиду мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқотҳои самимӣ, ки бо иштироки васеи ҳайати Тоҷикистон сурат гирифт, масоили ҳимояи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ, рафъи нуқсонҳои ҳуқуқию техникӣ дар ин хусус, сода кардани низоми имтиҳонсупории муҳоҷирони меҳнатӣ ва дар ҳудуди Тоҷикистон низ кушодани бахши сохторҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия барои қабули имтиҳон, дар лоиҳаи нави қонуни дахлдори Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ пешбинӣ намудани масъулияти корфармоён нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили корхонаҳои муштараки саноатию марказҳои муосири логистикӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши робитаҳои бевоситаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байниминтақавӣ, зиёд намудани квотаҳо барои донишҷӯён дар мактабҳои олии Россия, расидагӣ ба мушкилоти донишҷӯёне, ки аз ҳуқуқи ворид шудан ба Федератсияи Россия маҳрум шудаанд, ҷалби бештари инвеститсия ва технологияҳои Россия дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ҳифзи сарҳадот, муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳлили воқеии ҳолати амалкарди созишномаҳои дуҷонибаи сатҳҳои гуногун дар муҳити корию касбӣ матраҳ карда шуданд.
Аз ҷумла зимни баррасии ин масъалаҳо бо Валентина Матвиенко ҷиҳати ҳадафрас намудани тадбирҳои андешидашаванда гурӯҳҳои кории муштарак созмон дода шуд. Инчунин зикр гардид, ки барои зери назорати қатъӣ гирифтани ҳама гуна қарорҳову созишномаҳои қабулгардида дар Форуми байнипарламентии Тоҷикистон – Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ баргузории он минбаъд дар ду сол як маротиба ва ҷаласаҳои Комиссияи байнипалатавии амалкунанда байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия соле на кам аз ду дафъа доир карда шаванд.
Дар фарҷоми мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Валентина Матвиенко оид ба рушд ва тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ Созишномаи дахлдорро миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба имзо расонида, гузориши кӯтоҳи матбуотӣ доданд.
***
Нимаи дуюми ҳамон рӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Валентина Матвиенко ба макони баргузории Форуми чоруми байнипарламентии Тоҷикистон -Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва Конференсияи сеюми ҳамкории иқтисодии байниминтақавии Тоҷикистон ва Россия – корпусҳои нави Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ташриф оварда, аз намоишгоҳи дастовардҳо ва лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон дидан намуданд.
Сипас, таҳти садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Валентина Матвиенко ҷаласаи пленарии Форуми чоруми байнипарламентии Тоҷикистон- Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва Конференсияи сеюми ҳамкории иқтисодии байниминтақавии Тоҷикистон ва Россия ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар он Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон қироат карда шуд.
Фаъолияти Форум бо баррасии масъалаҳои «Рушди ҳамкориҳои иқтисодии байниминтақавӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва системаи бонкӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқ намудани лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ», «Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи кишоварзӣ», «Вазъ ва танзими ҳуқуқии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ миёни Тоҷикистону Россия» ва «Самтҳои рушди минбаъдаи робитаҳои башардӯстонаи Тоҷикистону Россия» дар чор мизи мудаввар сурат гирифт.
Модераторони мизҳои мудаввари Форум аз ҷониби Тоҷикистон — Шариф Раҳимзода — вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д. Қ. Гулмаҳмадзода — раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, С.И. Тағозода -раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия ва Раҳимӣ Фарҳод — раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ бо касбияти хоса масъалаҳо ва маърӯзаи иштирокчиёнро баррасӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин ҳамоиш аз ҳама нигоҳ бо омодагии касбӣ ширкат доштанд.
Бо хулоса аз натиҷаи баррасии масъалаҳо дар мизҳои мудаввар дар ҷаласаи пленарӣ қарорҳои дахлдор қабул гардида, дар фарҷом миёни вилояти Суғд ва вилояти Астрахану Ҷумҳурии Доғистон, вилояти Хатлон ва вилояти Ивановаву Ҷумҳурии Бошқирдистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Барои иштирокдорони Форум барномаи консертии «Тоҷикистони соҳибихтиёр саодатмандии мост» аз ҷониби санъаткорони тоҷик пешниҳод карда шуд, ки боиси қабул ва болидарӯҳии тамошобинон гардид.
Ш.САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон