Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хизмати дипломатиро қонуни нав танзим менамояд

№151 (3297) 22.12.2014

DSC_2133

22 декабри соли 2014 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ ҷаласаи Кумита баргузор гардид.

Раиси Кумита Фарҳод Раҳимӣ масъалаи рӯзномаи ҷаласа – «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»-ро ба баррасии аъзои Кумита пешниҳод намуда, шарҳ дод. Мавсуф аз ҷумла зикр кард, ки қонуни номбурда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли 2014 қабул намудааст.

Раиси Кумита доир ба зарурати қабули ин қонун дар таҳрири нав хотирнишон намуд, ки он аз талаботи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 тасдиқ шудааст, инчунин Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ барои солҳои 2012-2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 тасдиқ шудааст, бармеояд.

Аъзои Кумита Сатториён Матлубахон Амонзода, Тиркаш Қарабоев,  Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ва дигарон доир ба масъалаи мавриди баррасӣ изҳори назар намуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа хулосаи Кумита қабул гардида,  барои баррасӣ ба  Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод шуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ