Бисту панҷуми июни соли 2013 таҳти раёсати Саймурод Тағоев ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия баргузор шуд.
Рӯзномаи ҷаласа аз масъалаҳои зерин иборат буд:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ»
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ».
Раиси кумита Саймурод Тағоев масъалаҳои рӯзномаро таври алоҳида батафсил шарҳ дод. Аъзои кумита дар баррасии масъалаҳои рӯзнома фаъолона иштирок карданд. Махсусан муҳокимаи масъалаҳо дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» тӯлонӣ сурат гирифта, аъзои кумита Ғ.Авзалов, Х.Асоев ва М.Зувайдов фикру мулоҳизаҳои ҷолиб пешниҳод карданд.
Кумита таври алоҳида оид ба масъалаҳои рӯзнома хулоса қабул карда, онҳоро ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ