24 январи соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мувофиқи маълумоти пешакӣ аз 34 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 32 нафар дар толор иштирок доранд. Бо мақсади бори дигар дақиқтар намудан аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат. Ҳоло дар толор 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.
Дар Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.
Тавре иттилоъ доред, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти № 329 аз 19 январи соли 2015 Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум 24 январи соли ҷорӣ даъват карда шудааст, ки тибқи он ду масъала баррасӣ мегардад.
Дар робита ба ин, мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки Котиботи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем.
Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала манзури шумо гардидааст, ки тибқи он раиси Котибот Амирзода Раҳмоналӣ Амир, аъзои Котибот Ғаниева Гулчеҳра Самеевна ва Латифзода Рустам Барот пешниҳод шудаанд.
Нисбати лоиҳаи қарор чӣ гуна таклиф доред?
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Котиботи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.
Аз ҳайати Котибот эҳтиромона хоҳиш менамоем ҷойҳои худро ишғол намуда, ба кор шурӯъ намоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Тавре зикр намудем, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 329 аз 19 январи соли 2015 «Дар бораи даъват намудани Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ба баррасии Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум масъалаҳои зерин пешниҳод гардидаанд:
1.Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Салимзода Шерхони Одина»
2.Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмонов Ю.А.».
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба масъалаи якуми рӯзнома ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад. Марҳамат.
Ҷумъа ДАВЛАТОВ: - Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Салимзода Шерхони Одина манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандам дар мавриди аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Салимзода Шерхони Одина розигии худро диҳед.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 23 январи соли 2015 № 15/1-1».
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Чӣ таклиф доред? Нест. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Салимзода Шерхони Одина»-ро ба овоз мемонам.
Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Салимзода Шерхони Одина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи ҳуқуқ, яке аз чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ, аз ҷумла Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Чанд соли охир вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Барои хизматҳои намоён дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз номи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Салимзода Шерхони Одина миннатдорӣ баён менамоем.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзномаи Иҷлосия –Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмонов Юсуф Ахмедович» пешниҳод карда мешавад.
Марҳамат, Ҷумъа Муҳмадалиевич.
Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмонов Юсуф Ахмедович манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандам дар мавриди ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмонов Юсуф Ахмедович розигии худро диҳед.
Раҳмонов Юсуф Ахмедович соли 1966 дар ноҳияи Восеъ таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 23 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муфаттиши прокурори ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, муфаттиш, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии Гарнизони Душанбе, муовини сардори раёсат-сардори шуъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2004-2010 муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010-2012 дар вазифаи прокурори вилояти Суғд фаъолият намудааст.
Солҳои 2012-2014 ҳамчун машваратчии калон – сардори шуъбаи амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи декабри соли 2014 то имрӯз дар вазифаи муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 23 январи соли 2015 № 15/1-2».
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Чӣ таклиф доред? Нест. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмонов Юсуф Ахмедович»-ро ба овоз мемонам.
Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Раиси Котибот гуфтание доред? Нест.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баррасӣ шуданд. Бо ҳамин Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ