13 марти соли 2015 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нахустини Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони тозаинтихоб намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.
Вакилон бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳо шурӯъ намуданд.
Тибқи рӯзнома, вакилон аввал гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимоваро дар бораи натиҷаи интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шунида, ваколати 70 нафар вакилони тозаинтихоби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷумро тасдиқ намуданд.
Сипас, вакилон Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Низомнома «Дар бораи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе», раис ва аъзои онҳоро бо дарназардошти дархосту пешниҳодоти ироашавандаи вакилон оид ба мукаммалсозӣ тасдиқ карданд.
Инчунин вакилони халқ тибқи рӯзномаи иҷлосия дар бораи пешниҳоди номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро якдилона ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳайати интихобгардидаи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ буда, 22 нафар ихтисосмандони соҳаи саноату сохтмон, 16 нафар илму маориф, ҳашт нафар иқтисодчӣ, шаш нафар ҳуқуқшинос, панҷ нафар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятиву ғайридавлатӣ, се нафар соҳаи тандурустӣ, се нафар аҳли фарҳанг, се нафар соҳибкор, се нафар аз соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва як нафар варзишгар мебошанд.
Ш.САИДОВ, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе