Игор Лякин-Фролов дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев

№133 (3118) 19.10.2013

DSC_1389

DSC_1396

17 октябри соли 2013 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Игор Лякин-Фроловро бобати таъин шуданаш ба ин симмат табрику таҳният гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаи сафирӣ муваффақиятҳо орзу карда, изҳори итминон намуд, ки бо оғози фаъолияти мавсуф ҳамкориҳои доманфароху судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Федератсияи Россия бештар инкишоф хоҳанд ёфт.

Бо қаноатмандӣ афзуд, ки робитаҳои аз умқи асрҳо миёни халқу кишварҳо ибтидогирифта дар партави муносибатҳои ҳасанаи роҳбарияти олии давлатҳо тақозо менамоянд, ки ҳамкориҳои  сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва байнипарламентӣ беш аз ҳарвақта ба нафъи халқҳои ду ҷониб тавсеа ёбанд.

Зикр гардид, ки дар марҳилаи феълӣ ҳамгиройиҳои озмудаи дӯстонаро зарур аст, ки ба робитаҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама сафарбарнамоии сармояи мустақими Федератсияи Россия дар лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, аз ҷумла таъсис додани корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯйи талаботи бозори истеъмолии ҷонибҳо беш аз ҳарвақта ва дастаҷамъона вусъат бахшем.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иртибот ба ҳамкориҳои гуманитарӣ оид ба фаъолияти мустақими филиалҳои донишгоҳҳои Федератсияи Россия барои тарбияи кадрҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон изҳори андеша намуда, доир ба зиёд намудани теъдоди мактабҳои русӣ ва курсҳои омӯзиши забони русӣ барои мактабиён ва шаҳрвандони алоҳида дар кишвар, ки дар онҳо мутахассисони рус ба таълим машғул бошанд, масъалагузорӣ намуд.

Ҳамзамон таъкид гашт, ки баҳри ғановат ва таҳкими муҳит ва фазои фарҳангӣ эҳё намудани баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Россия дар кишварҳо тақозои вақт ва ҷавобгӯйи ниёзҳои халқҳои дӯсту бародар мебошад.

Инчунин, зимни мулоқот масъалаи зарурати андешидани тадбирҳои иловагӣ баҳри ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар ҳар ду кишвар махсус таъкид карда шуд.

Дар навбати худ,  Игор Лякин-Фролов аз пазиройӣ ва муҳтавои мулоқоти самимӣ изҳори сипосмандӣ намуда, афзуд, ки таклифу пешниҳодоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи дастгирист ва замони фаъолияти ӯ ба ҳайси сафир дар амалисозии онҳо чораҳо андешида хоҳанд шуд.

Ш.САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. ИСОЕВ