Интихобот доир гашт

№115 (3100) 17.09.2013

Оид ба натиҷаҳои интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии ВМКБ №1, вилояти Хатлон №3 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ № 5 аз 14 сентябри соли 2013 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гашт. Оид ба ин масъала  роҳбари  дастгоҳи  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуманнон Додоев  гузориш дод.   

Зикр гардид, ки рӯзи 14 сентябри соли 2013 дар ҳамаи се ҳавзаи интихоботӣ интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда баргузор гардид. Дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҳавзаи интихоботии ВМКБ №1 аз шумораи умумии 290 нафар вакилони интихобкунанда дар интихобот 289 вакил иштирок намуданд, ки 99,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ҳисоби овозҳо муайян гардид, ки ба тарафдории номзад Қаландарбеков  Имомёрбек – ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, соли таваллудаш 1955, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 287 нафар ё худ 99,3 фоизи вакилони интихобкунанда овоз додаанд, зид — 2 нафар.

Дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон №3,  аз шумораи умумии 530 нафар вакилони интихобкунанда дар интихобот 512 вакил иштирок намуданд, ки 96,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ҳисоби овозҳо муайян гардид, ки ба тарафдории номзад Латипов Рустам Баротович -раиси ноҳияи Восеъ, соли таваллудаш 1960, муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон,  509  нафар ё худ 99,4 фоизи вакилони интихобкунанда овоз додаанд, зид — 3 нафар.

Дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5, аз шумораи умумии 365 нафар вакилони интихобкунанда дар интихобот 318 вакил иштирок намуданд, ки 87,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ҳисоби овозҳо муайян гардид, ки ба тарафдории номзад Сабзов Усмон Раҳмонович -раиси ноҳияи Ҳисор, соли таваллудаш  1958, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, 307 нафар ё худ 96,5 фоизи вакилони интихобкунанда овоз додаанд, зид — 11 нафар.

Ҳамин тариқ, дар ҷаласаҳои якҷояи мақомоти намояндагии маҳаллӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ аз нисф зиёди шумораи умумии вакилони интихобкунандаи ҳар як мақомоти маҳаллии намояндагӣ иштирок карданд, ки тибқи талаботи моддаи 43 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаҳо салоҳиятнок ва интихобот баргузоргардида ҳисобида шуданд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии ВМКБ №1, вилояти Хатлон №3 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 дар доираи талаботи қонунҳои амалкунандаи кишвар, меъёрҳои байналмилалӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва шаффофу демократӣ баргузор гардиданд.

 

Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум»

 

 

Қ А Р О Р И

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи бақайдгирии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ивази аъзои  хориҷшуда ва тасдиқи ваколатҳои онҳо

  Мувофиқи моддаҳои 12, 51, 52 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, вилояти Хатлон № 3 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  № 5 оид ба ҷамъбасти натиҷаи интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шахсони зерин, ки бо аксарияти овозҳо аз тарафи вакилони  интихобкунандаи маҷлисҳои дахлдори маҳаллии вакилони  халқ   рӯзи 14-уми  сентябри соли 2013 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд, ба қайд гирифта шуда, ваколатҳояшон тасдиқ карда шаванд:

аз ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1

 Қаландарбеков Имомёрбек — соли таваллудаш 1955, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев;

аз ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон №3

Латипов Рустам Баротович – соли таваллудаш 1960, узви Ҳизби аграрии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон;

аз ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5

Сабзов Усмон Раҳмонович  – соли таваллудаш 1958, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ҳисор.

 

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Шоҳиён

 

Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон В. Наимова

ш. Душанбе, 15 сентябри соли 2013 № 53