16 феврали соли 2014 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои бақайдгирии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда ва тасдиқи ваколатҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки тибқи талаботи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сурати пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ дар муддати се моҳи баъди қатъ гардидани ваколати ӯ интихоботи нав гузаронида мешавад.
Тавре маълум аст, 15 феврали соли 2014 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии ВМКБ №1, Суғд №2, Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 баргузор гардид.
Мувофиқи моддаҳои 12, 51, 52 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихоботии ВМКБ №1, Суғд №2, Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки шахсони зерин, ки бо аксарияти овозҳо аз тарафи вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои дахлдори маҳаллии вакилони халқ рӯзи 15 феврали соли 2014 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд, ба қайд гирифта, ваколати онҳо тасдиқ карда шавад:
аз ҳавзаи интихоботии ВМКБ №1:
Абдураҳмонов Саидбурҳон Саидраҳмонович, раиси ноҳияи Дарвози ВМКБ;
Худоёров Худоёр Завқибекович, раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ;
Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ,
аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2:
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд;
аз ҳавзаи интихоботии Хатлон №3:
Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон;
Раҳмонов Абдулғафор Азизович, раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон;
аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4:
Раҳимов Фарҳод Қодирович, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
аз ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5:
Сафаров Хайрулло Амиралиевич, директори генералии ҶСК НБО-и «Роғун»;
Табаров Бобоалӣ Муродалиевич, раиси шаҳри Турсунзода.
АМИТ «Ховар»