Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истифодаи самараноки энергия – тақозои замон

№108 (3093) 29.08.2013

к1

28 августи соли 2013 ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия  таҳти раёсати раиси кумита  С. Тағоев  баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласа иборат аз  як масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия»  тасдиқ ва мавриди  баррасӣ қарор гирифт.

Нахуст, раиси кумита С. Тағоев қонуни номбурдаро, ки қонуни нав аст, муфассал шарҳ дод.  Мавсуф аҳамияти қонун ва саривақтӣ будани  онро махсус зикр карданд. Саҳми аъзои  Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи ин қонун таври арзанда арзёбӣ гардид, зеро сарфаҷӯйӣ ва самаранок истифода намудани  энергия дар шароити мавҷуда ва оянда низ тақозои замон аст.

Сипас, аъзои кумита Х. Асоев, З. Раҷабова, Ф. Шоиддинов, дигар иштирокчиёни  ҷаласа фикру  андешаҳояшонро баён намуданд.

Хулосаи кумита оид ба ҷонибдории ин қонун ҷиҳати баррасӣ ба Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод гардид.

Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум».

Суратгир А.Исоев