Кристин Берли: Душанбе шаҳри озода ва амн аст

№55 (3201) 28.05.2014

DSC_04801

27 майи соли 2014 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев хонум Кристин Берли – муовини Президенти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурхро, ки  бо ҳайати ҳамроҳонаш ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳамкориҳои густурдаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон, бахусус оид ба робитаҳои пайвастаи он бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон изҳори сипос карда, афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон минбаъд низ дар татбиқи лоиҳаҳои башардӯстонаи кумитаи мазкур  дар сатҳи ҳукуматӣ ва парламентӣ омода аст.

Зикр гардид, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар самти безараргардонии минаҳо, кумак ба осебдидагони маводҳои тарканда, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба дастгирии оилаҳои ниёзманд, роҳандозии курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ ва касбомузӣ дар соҳаҳои гуногун, таҷҳизонидани муассисаҳои тандурустӣ, бозомӯзонидани мутахассисони соҳаи тиб, тақвияти  вазъи беҳдоштӣ дар муассисаҳои ислоҳоти меҳнатӣ, ва аз байн бурдани бекорӣ дар байни занони хонашин дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд.

Таъкид гашт, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳояш бобати тавсеаи робитаҳо бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар оянда низ фаъолияти худро дар бахшҳои фарогир тақвият мебахшад.

Хонум Кристин Берли дар навбати худ аз пазироӣ, баррасии мавзӯъоти суҳбат, рушди муносиботи ҳасана, дастгириҳои ҷониби Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои  Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори қаноатмандӣ карда,  бардоштҳояшро аз ин сафари нахустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нек арзёбӣ кард. Аз ҷумла зикр шуд, ки Душанберо озода ва шаҳри амну гулҳо дарёфтааст ва бо чунин таассуроти нек ба Женева бармегардад.

Ш. САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ.                             

Суратгир  Аҳлиддин ИСОЕВ