Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Маҷлиси миллӣ бо истифода аз неруи созандаи ҷомеа фаъолияташро тақвият мебахшад

№56-57 (3357-3358) 20.04.2015

DSC_0201

Ҳабдаҳуми апрели соли 2015 соати 900 дар толори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар асоси моддаи 52- юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафи кушодани кори Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба узви синну соли калонтарини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов муяссар гардид.

То интихоб шудани Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба иҷлосия раисӣ кард.

РАИСИКУНАНДА: — Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ҳозирини гиромӣ!

Шарафмандам, ки ин дафъа низ ман ҳамчун узви синну солам калонтарини Маҷлиси миллӣ Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мекушоям ва дар асоси моддаи 17- уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» то интихоб шудани Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори онро мебарам.

Тавре хуб огаҳӣ доред, моҳи марти ҳамин сол дар кишвари маҳбубамон чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Интихобот амиқ собит намуд, ки шаҳрвандони мамлакат аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, ки баҳри таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона равона шудааст, ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намуданд.

Итминони комил дорем, ки мо, аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри татбиқи сиёсати дохилию хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз неруи созандаи аҳли ҷомеаамон  дастовардҳо ва таҷрибаи парламентаризми муосирро мавриди истифода қарор дода, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани обрӯю эътибори Ватани азизамон заҳмат хоҳем кашид.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Айни ҳол Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 32 нафар аъзо мебошад ва онҳоро ман ба шумо муаррифӣ  менамоям:

Абдураҳмон Қодирӣ

Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон

Абдураҳмонзода  Саидумрон Назар

Алибердиева Қиматгул Худобердиевна

Амирзода Раҳмоналӣ Амир

Аминҷонова Саодат Сайфинаджатовна

Аҳмадзода Раҷаббой

Бобобекова Меҳринисо

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна

Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ

Маҳкамов Қаҳҳор

Маҳтобшоева Арамбегим Бозоровна

Набизода Наим

Неъматзода Қурбонмурод Ҳақризо

Насимов Абдурасул Нишанкулович

Раҳимӣ Фарҳод

Раҳмонова Наргис Шарифовна

Раҷабзода Миралӣ

Самадов Зикрихудо Муҳаммадаюбхонович

Сафарзода Хайрулло Амиралӣ

Убайдуллоев Маҳмадсаид

Хайруллои Амонулло

Худоёрзода Бахтиёр Тавар

Ҳомидзода Абдураҳмон

Чошбаев Мурзабай Абилакимович

Ҷамшед Шодихон

Ҷаббори Ғаффор

Шафиев Ислом Зиёбоевич

Шоев Нуралӣ Наботович

Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич.

Иҷозат фармоед, шуморо ба муносибати аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва таъин шуданатон табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти пурмасъулатон баҳри таҳкими минбаъдаи фазои ҳуқуқӣ дар мамлакат комёбиҳои беназир орзу намоям.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи маълумотҳои пешакӣ, аз 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 32 нафар аз қайд гузаштанд. Бо вуҷуди ин, аз шумо хоҳиш менамоям, бо истифода аз карточкаҳои овоздиҳӣ ба воситаи системаи электронӣ аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Дар кори Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳузур доранд ва қудуми муборакашонро хайра мақдам мегӯем!

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Баҳри пеш бурдани кори иҷлосия пешниҳод дорам, ки Дастури амалкунандаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро мавриди истифода қарор диҳем. Ҳамзамон аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем, ки таклифу пешниҳодоти хешро оид ба такмили Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то иҷлосияи навбатӣ манзур намоянд.

Аз ин лиҳоз, лоиҳаи Қарори  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаи мазкур ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 19- уми Дастури  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25- уми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мо лозим аст, ки Котиботи Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем. Марҳамат, таклифу пешниҳодҳоятонро иброз намоед.

Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ  муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: -Муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Муҳтарам раисикунанда ва аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ман аз номи як гурӯҳ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба Котиботи иҷлосия иборат аз се нафар, дар ҳайати зерин: раиси Котибот — Абдураҳмонзода Саидбурҳони  Саидраҳмон аъзои Котибот — Бобобекова Меҳринисо ва Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич  пешниҳод менамоям.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Котиботи Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба овоз монда шуд.

 Қарор қабул гардид.

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи иҷлосияро муайян, баррасӣ ва тасдиқ намоем.

Доир ба масъалаи зикршуда чӣ гуна пешниҳодҳо доред?

Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Муҳтарам раисикунанда ва  аъзои Маҷлиси миллӣ!

Аз номи як гурӯҳ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба рӯзномаи Иҷлосия иборат аз масъалаҳои зерин пешниҳод менамоям:

1. Дар бораи Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

2. Дар бораи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Оид ба шумораи муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Дар бораи муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Дар бораи таъсиси кумитаҳо ва Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

6. Дар бораи раисони кумитаҳо ва Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба овоз монда шуд.

Қарор  қабул гардид.

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» шурӯъ  менамоем. Оид ба шумора ва ҳайати Комиссия чӣ гуна таклифҳо доред?

Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ.

ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ: — Муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Муҳтарам раисикунанда ва аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ман аз номи як гурӯҳ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳайати зерин пешниҳод менамоям:

Шоев Нуралӣ Наботович, Раҳмонова Наргис Шарифовна ва Неъматзода Қурбонмурод Ҳақризо.

Барои гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ ва муайян намудани натиҷаҳои он дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Комиссияи баҳисобгирии овозҳо иборат аз се нафар дар ҳайати зерин таъсис дода шуд:

1. Шоев Нуралӣ Наботович

2. Раҳмонова Наргис Шарифовна

3. Неъматзода  Қурбонмурод Ҳақризо.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба овоз монда шуд.

 Қарор қабул гардид.

Дар иҷлосия барои баргузории ҷаласаи Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум панҷ дақиқа танаффус эълон шуд.

Аз натиҷаи ҷаласаи Комиссияи баҳисобгирии овозҳо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоев Нуралӣ Наботович гузориш дод.

Мутобиқи банди «д», қисми 2, моддаи 29 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи рақами 1- уми Комиссияи баҳисобгирии овозҳо ба маълумот гирифта шуд.

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -«Дар бораи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Мутобиқи моддаи 53- юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 23-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 3-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байни аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, бо истифодаи бюллетенҳои овоздиҳӣ ва бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ  интихоб мешавад.

Мутобиқи қисми 2 моддаи 3 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳоро ба мансаби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамоянд. Вобаста ба ин масъала, бо иҷозати шумо ман мехоҳам фикру андешаҳои худро баён намоям.

Ман номзадии муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба мансаби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамоям.

Дигар таклифҳо ҳаст? Ман ба ҳозирини муҳтарам дар бораи шахсияти номзади зикршуда маълумоти мухтасар манзур менамоям.

Маҳмадсаид Убайдуллоев 1 феврали соли 1952 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст ва Донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украинаро соли 1974 бо ихтисоси муҳандис — барқчӣ ва мошинаҳои электронии ҳисоббарор бомуваффақият хатм намудааст.

Соли 1983 ба Мактаби Олии ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, воқеъ дар шаҳри Тошканд роҳхат гирифта, онро соли 1985 бо ихтисоси сиёсатшинос бо баҳои аъло ба итмом расонидааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1974 оғоз намуда, то соли 1979 ба ҳайси муҳандиси калон, сармуҳандис ва директори Маркази ҳисоббарории Раёсати омори вилояти Кӯлоб фаъолият намудааст.

Соли 1979 ба кори ҳизбӣ гузашта, то соли 1981 вазифаи инструктори шуъбаи корҳои ташкилӣ ва аз соли 1981 то 1983 вазифаи мудири шуъбаи корҳои ташкилии Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро адо намудааст.

Солҳои 1985- 1986 дар вазифаи муовини сардори Раёсати омори марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кор кардааст ва солҳои 1986- 1988 мудири шуъбаи саноат, нақлиёт ва маҳсулоти ниёзи мардуми Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб фаъолият намудааст.

Солҳои 1988- 1990 дар вазифаи сардори Раёсати омори вилояти Хатлон ва солҳои 1990- 1992 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб кор кардааст.

Солҳои 1992- 1994 дар вазифаи муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1994- 1996 дар вазифаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 1996 Раиси шаҳри Душанбе ва аз соли 2000 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Солҳои 2007- 2009 вазифаи раиси Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Иқтисодии АврОсиё (ЕврАзЭС)- ро иҷро намудааст.

Ташаккулёбии шахсияти Маҳмадсаид Убайдуллоев дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ сурат гирифта, баъдан таҷрибаи идорӣ ва малакаҳои сиёсии худро такмил додааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев яке аз чеҳраҳои шинохтаи кишвар буда, тӯли фаъолияти худ баҳри татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлат саҳми арзанда мегузорад.

РАИСИКУНАНДА: -Хоҳиш мекунам, ки фикру андеша ва нуктаи назари худро нисбат ба номзад ба мансаби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоед.

Сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Шодихон Ҷамшед дода мешавад.

Шодихон ҶАМШЕД: -Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо камоли эҳтиром пешниҳоди муҳтарам Қаҳҳор Маҳкамовро дастгирӣ намуда, изҳор менамоям, ки муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум арзанда мебошанд.

Мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун тамоми дигар халқҳои шарифи кишварамон хуб огаҳӣ доранд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳлуи Сарвари давлат буданд ва ҳастанд. Ин шахси сиёсатмадори баркамол бо фаъолияти содиқ, пурмаҳсул ва ватандӯстона тамоми ҳастии худро баҳри ободию созандагӣ дар ҷомеа, алалхусус пойтахти кишварамон, бахшидааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду такомули парламентаризми муосир, таҳкими фазои ҳуқуқӣ, қабули қонунҳои мукаммал саҳми худро мегузоранд. Мо медонем, ин шахси баруманд нисбати худ ва дигарон серталабӣ ва масъулиятшиносиро пайваста талаб менамоянд, ки шоистаи ибрат мебошад.

Итминони комил дорем, ки дар давъати навбатӣ низ таҳти роҳбарии муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои худ муваффақ шуда, сазовори боварии Сарвари давлат, аҳли ҷомеа ва мо — ҳамкорон мегардад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандам пешниҳодро дастгирӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

РАҲИМӢ Фарҳод: — Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам раисикунанда, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Аҳли ҷомеаи кишвар ба хубӣ дарк мекунанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон бо ҳамсафони худ танҳо дар асоси сарсупурдагӣ ва садоқат ба халқу Ватан ва ҳифзи марзу бум тамоми ҳастӣ ва неруи хастанопазирашро баҳри суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ободию созандагӣ равона месозад.

Мо Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз содиқтарин ҳамсафони Ҷаноби Олӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳо мебинем.

Дар баробари роҳбарии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойтахти ҷумҳурӣ Маҳмадсаид  Убайдуллоев ҳамчунин дар раванди давлатдории навин фаъолона ширкат варзида, ба ҳама рӯйдодҳои ҷомеаи соҳибистиқлоламон аз нигоҳи принсипнокӣ мавқеи мустаҳкам дошта, дар татбиқи сиёсати хирадмандона ва  бунёдкоронаи Президенти мамлакат ва манфиатҳои миллӣ фаъолияти густурдаро ба сомон мерасонад.

Дар зери таҳрири ӯ китобҳои «Бунёди давлатдории навин» бахшида ба 10- солагии Иҷлосияи тақдирсози таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардид ва бо сиёсати хирадмандона дар татбиқи қарорҳои он, неруи муттаҳидсозанда кишвар ва халқамонро ба сулҳу субот, ваҳдати бебозгашт ва комёбиҳою дастовардҳои назаррас дар ҳамаи ҷабҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ муваффақ гардонд, инчунин Энсиклопедияи шаҳри Душанбе, Душанбе- шаҳри Сулҳ, мақолаҳои публитсистии «Мақомоти қонунгузорӣ- таҳкимбахши рукнҳои ҳокимияти давлатӣ», «Ваҳдати миллӣ ва омилҳои таҳкими он», «Ваҳдат- раванди муттасил» ба чоп расидааст, ки таҳкими давлатдорӣ, сохтмони ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистонро  нишон медиҳанд. Таҷриба, серталабӣ ва кордонии ӯ боис гардидаанд, ки теъдоди зиёди қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ва қабул гарданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар кори созмонҳои байнипарламентӣ низ бо мавқеи устувор баромад намуда, баҳри баланд бардоштани обрӯю нуфузи кишварамон дар асраи байналмилалӣ кӯшишҳои хешро дареғ намедорад.

Аз ин рӯ, ман итминони комил дорам, ки пешниҳод кардани Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мансаби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили дастгирист. Бинобар ин, ман ин пешниҳодро ба интихоби шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, мегузорам ва бовар дорам, ки онро ҷонибдорӣ менамоед.

РАИСИКУНАНДА:- Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Абдураҳмонзода Саидумрон Назар дода мешавад.

АБДУРАҲМОНЗОДА Саидумрон Назар:- Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам раисикунанда, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ман низ пешниҳодоти ироашударо дастгирӣ намуда, номзадии Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзанда медонам.

Мо ба хубӣ эҳсос менамоем, ки дар фаъолияти Маҷлиси миллӣ, муҳтарам Раис пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фазои кори муфид фароҳам оваранд, то ҳар як аъзои Маҷлиси миллӣ дар баррасии масъалаҳо бетараф набуда, масъулиятнокии хешро собит созанд. Ба замми он, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хислатҳои баланди касбӣ пайваста масъалаҳои муҳимро ба миён мегузорад, ки барои ҳалли дурусти он таҷрибаи кофӣ дошта, ҳамқадами замон будан зарур аст.

Қобилияти ташкилотчигӣ ва истеъдоди роҳбарӣ ҳам дар ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе баръало собит гаштааст, ки намунаи равшани онро бунёди иншооти замонавии истеҳсолӣ, коммуналӣ, варзишӣ, маишию фарҳангӣ ва инфрасохтори пойтахт шаҳодат медиҳанд.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар даъвати нав Маҳмадсаид Убайдуллоев неруи созандаву ибратбахши худро баҳри боз ҳам тавсеа бахшидани фаъолияти Маҷлиси миллӣ равона сохта, барои рушду такомули ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат саҳми арзанда мегузорад ва мо дар ин ҷода ҳамеша бо ҳам хоҳем буд.

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Таклиф шуд, ки ба муҳокимаи номзадии узви Маҷлиси миллӣ ба мансаби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима дода шавад. Агар пешниҳодҳои дигар набошад, ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи моддаи 3- юми Дастури Маҷлиси миллӣ номзади аз муҳокимагузашта бояд ба рӯйхати овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шавад. Ҳоло номзадии узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мансаби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳаматарафа муҳокима шуд. Агар шумо муқобил набошед, ман ба рӯйхати овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани номзадии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Номзадии узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев ба рӯйхати овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоби Раиси Маҷлиси миллӣ дохил карда шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Барои гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ ва муайян намудани натиҷаҳои он мо Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро интихоб намудем. Барои аз ҷониби Комиссияи мазкур омода намудани шакл ва шумораи бюллетени овоздиҳӣ оид ба интихоб намудани Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, вақту макон ва тартиби гузаронидани овоздиҳиро муайян намудан, панҷ дақиқа танаффус эълон карда мешавад.

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Хоҳиш менамоям аз қайд гузаред. Дар толор 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Сухан ба раиси Комиссияи баҳисобгирии овозҳо муҳтарам Шоев Нуралӣ Наботович  барои шарҳи тартиби гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ дода мешавад.

Раиси Комиссияи баҳисобгирии овозҳо Шоев Нуралӣ Наботович Протоколи №2-и ҷаласаи Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро дар бораи тартиби овоздиҳӣ шарҳ дод. Протоколи №2 ба маълумот гирифта шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Барои гузаронидан ва ҷамъбаст намудани натиҷаҳои овоздиҳии пинҳонӣ дар кори ҷаласа то 20 дақиқа танаффус эълон карда мешавад.

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Хоҳиш менамоям аз қайд гузаред. Дар толор 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Ҳоло сухан ба раиси Комиссияи баҳисобгирии овозҳо муҳтарам Шоев Нуралӣ Наботович  дода мешавад. Марҳамат.

Раиси Комиссияи баҳисобгирии овозҳо Шоев Нуралӣ Наботович бо шарҳи Протоколи №3 натиҷаи овоздиҳиро оид ба интихоботи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард.

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба раиси Комиссияи баҳисобгирӣ савол доред? Нест.

Ҳамин тариқ, аз рӯи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ лоиҳаи Қарори зерини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба овоз мемонам:

Тибқи моддаи 53- юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 23- юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 3-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Қарор қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Иҷозат диҳед, муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевро бинобар ба мансаби  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон табрику муборакбод намуда, тансиҳатӣ, сарбаландӣ ва дар фаъолияти пурмасъулашон муваффақиятҳои беназир орзу намоям.

Ҳоло сухан ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев дода мешавад.

(Суханронии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин шумора пешниҳоди хонандагон гардид).

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев  ба иҷлосия раисӣ мекунанд.

РАИС: — Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо иҷозати шумо кори иҷлосияро давом медиҳем.

Ба муҳокимаи масъалаи навбатии рӯзнома — «Оид ба шумораи муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Тибқи моддаи 53- юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 26-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 4- уми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки шумораи онҳо аз ду нафар — як нафар муовини якум ва як нафар муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.

Аз ин лиҳоз, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба шумораи муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзнома лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад.

Мутобиқи моддаи 53- юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 24-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод менамоям, ки муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллӣ Абдураҳмон Қодирӣ  интихоб карда шавад.

Ба Абдураҳмон Қодирӣ  саволҳо доред? Савол набошад, номзадии узви Маҷлиси миллӣ Абдураҳмон Қодириро барои интихоб шудан ба мансаби муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи лоиҳаи Қарори зерини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ҳамин тариқ, узви Маҷлиси миллӣ Абдураҳмон Қодирӣ  муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, шуморо ба муносибати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон табрик намуда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки  ба ҷои худ гузаред.

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 53- юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 26-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интихоб мешавад. Бинобар ҳамин, пешниҳод менамоям, ки узви Маҷлиси миллӣ Шодихон Ҷамшед, ки намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб карда шавад.

Ба номзади пешниҳодшуда савол доред? Чӣ гуна таклиф доред? Номзадии узви Маҷлиси миллӣ  Шодихон Ҷамшедро барои интихоб шудан ба мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи лоиҳаи Қарори зерини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ҳамин тариқ, узви Маҷлиси миллӣ Шодихон Ҷамшед муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Муҳтарам Шодихон Ҷамшед, шуморо ба муносибати муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон табрик намуда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки  ба ҷои худ гузаред.

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳоло бо камоли эҳтиром аз Ҷаноби Олӣ, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона хоҳиш менамоем, ки ҳидояту роҳнамоиҳояшонро баҳри вазифаҳои пурмасъулияте, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бояд ба сомон расонад, ироа намоянд. Марҳамат, Ҷаноби Олӣ!

(Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ин шумора чоп шуд).

РАИС: — Ташаккур, Ҷаноби Олӣ.

Боиси ифтихору сарфарозии мо -аъзои Маҷлиси миллӣ мебошад, ки пайваста дастгирии ҳамаҷониба ва саҳми бевоситаи Шуморо дар  тақвияти  фаъолияти қонунгузорӣ, таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ баръало эҳсос менамоем.

Итминони комил дорем, ки ҳайати нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ҷиҳати иҷрои рисолат ва вазифаҳои худ тамоми потенсиали мавҷударо ба он сафарбар менамояд, ки дар татбиқи ибтикороти беназир ва сиёсати дохилию хориҷии Сарвари давлат дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеаамон  саҳми хешро гузорад.

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ба кори иҷлосия идома медиҳем.

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома — «Дар бораи таъсиси кумитаҳо ва Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Мутобиқи моддаи 31- уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод менамоям, ки панҷ Кумита ва як Комиссия таъсис дода шавад.

Чӣ гуна фикру мулоҳизаҳо доред? Тибқи пешниҳодатон лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи таъсиси кумитаҳо ва Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома шурӯъ менамоем. Ба мо лозим аст, ки раисони кумитаҳо ва Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намоем.

Бо истифода аз ваколати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 24- уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод менамоям, ки раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар интихоб карда шавад.

Ба номзади номбаршуда савол доред? Бо иҷозати шумо, номзадии узви Маҷлиси миллӣ Худоёрзода Бахтиёр Таварро барои интихоб шудан ба мансаби раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ба  овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар раиси Кумитаи номбурда интихоб гардиданд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо истифода аз ваколати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 24- уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод менамоям, ки раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам  Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ интихоб карда шавад.

Ба номзади номбаршуда савол доред? Бо иҷозати шумо, номзадии узви Маҷлиси миллӣ Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналиро барои интихоб шудан ба мансаби  раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология ба  овоз мемонам.  Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ раиси Кумитаи номбурда интихоб гардиданд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо истифода аз ваколати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 24- уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод менамоям, ки раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод интихоб карда шавад.

Ба номзади номбаршуда савол доред? Бо иҷозати шумо, номзадии узви Маҷлиси миллӣ Раҳимӣ Фарҳодро барои интихоб шудан ба мансаби раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа ба  овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод раиси Кумитаи номбурда интихоб гардиданд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо истифода аз ваколати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 24-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод менамоям, ки раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Имомов Маҳмаисуф интихоб карда шавад.

Ба номзади номбаршуда савол доред? Бо иҷозати шумо, номзадии узви Маҷлиси миллӣ Имомов Маҳмаисуфро барои интихоб шудан ба мансаби раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам Имомов Маҳмаисуф раиси Кумитаи номбурда интихоб гардиданд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо истифода аз ваколати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 24- уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод менамоям, ки раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёту коммуникатсия узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам  Амирзода  Раҳмоналӣ Амир интихоб карда шавад.

Ба номзади номбаршуда савол доред? Бо иҷозати шумо номзадии узви Маҷлиси миллӣ Амирзода  Раҳмоналӣ Амирро барои интихоб шудан ба мансаби раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия ба  овоз мемонам.  Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир  раиси Кумитаи номбурда интихоб гардиданд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо истифода аз ваколати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 24- уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод менамоям, ки раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур узви Маҷлиси миллӣ муҳтарама  Маҳтобшоева Арамбегим Бозоровна интихоб карда шавад.

Ба номзади номбаршуда савол доред? Бо иҷозати шумо, номзадии узви Маҷлиси миллӣ Маҳтобшоева Арамбегим Бозоровнаро барои интихоб шудан ба вазифаи раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ба  овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарама Маҳтобшоева Арамбегим Бозоровна раиси Комиссияи номбурда интихоб гардиданд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо иҷозати шумо, раисони кумитаҳо ва Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки интихоб намудем, бори дигар самимона табрик намуда, дар фаъолияти пурмасъулашон  комёбиҳо орзу менамоем.

Дар вақти танаффуси кӯтоҳмуддат ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки барои ба рӯзномаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дохил кардани масъалаҳои зерин қарор қабул намуд:

1. Дар бораи шумораи ҳайати кумитаҳо ва Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Дар бораи ҳайати кумитаҳо ва Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Дар бораи бозхонди судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис, муовини якум ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовин ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Дар бораи интихоби муовин ва судяи Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис, муовини якум ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовин ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Доир ба баррасии масъалаҳои мазкур Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ ба баррасии масъалаҳои навбатии ба рӯзнома шомилшуда шурӯъ менамоем.

Ба шумо мутобиқи моддаи 9-уми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шумораи ҳайати кумитаҳо ва Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат аз панҷ ё ҳафт нафар пешниҳод карда мешавад. Дигар таклифҳо ҳастанд? Бо иҷозати шумо лоиҳаи қарори номбаршударо ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — «Дар бораи ҳайати кумитаҳо ва Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Мутобиқи моддаи 9- уми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ваколати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллӣ оид ба ҳайати кумитаҳо ва Комиссия ба шумо пешниҳод мегарданд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният»-ро  ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия»-ро  ба овоз мемонам. Марҳамат,  мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳайати Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба назорати Дастур»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — «Дар бораи бозхонди судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис, муовини якум ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовин ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Оид ба ин масъала сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад. Марҳамат, Ҷумъа Муҳмадалиевич !

Ҷумъа ДАВЛАТОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ !

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2015 дар бораи мувофиқан аз вазифаҳои раис, муовини раис ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани шахсони зерин манзур карда мешавад:

- Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Нусратулло бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти №15/1-22;

- муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯров Маҳмудҷон Мӯъминҷонович бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти №15/1-23;

- муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинҷон Мародбегим Мирзоҷон бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти №15/1-56;

- судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Абдуллоҷон Абдураҳмонович бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти №15/1-18;

- судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Карим Мазиё бо сабаби ба кори дигар гузаштан таҳти № 15/1-19;

- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаров Алпомиш бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти №15/1-24;

- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабилова Лариса Абдурахмановна бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти №15/1-25;

- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангаков Сафар бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти №15/1-26;

- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Мирзоалӣ бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти №15/1-27;

- судяи Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Анварҷон бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти №15/1-28;

-судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимов Шуҳрат Шукурович бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти №15/1-29;

- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиров Нуралӣ бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти № 15/1-30;

- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Урақов Мусамир Боқиевич бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти №15/1-31;

- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаева Лола  Икрамовна бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти №15/1-32»;

- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холова Санобар Ҳамдамовна  бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти 15/1-33;

- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гадоева Азиза Ҳамидовна бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти №15/1-34;

- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Тоҳир Қамар бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколати  судягӣ таҳти №15/1-35;

- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оймаҳмадзода Маҳмадҷон бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколати судягӣ таҳти №15/1-36;

- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродов Бобокалон Раҷабович бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколати судягӣ таҳти №15/1-37;

- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Насим Манон бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколати судягӣ таҳти №15/1-38;

- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзода Азиз бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколати судягӣ таҳти №15/1-39;

- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Нуриддин Ғафор  бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколати судягӣ таҳти №15/1-40;

- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлодӣ Шараф  Тиллозода бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколати судягӣ таҳти №15/1-41;

- судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохонов Абдулло Ҳаитбоевич бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти №15/1-57;

- судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷабекова Зебидамо бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти №15/1-58;

- судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиева Махфират Ҳоҷиевна бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти № 15/1-59;

- судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаязова Мунавархон Мирзораҳимовна бо сабаби ба нафақа баромадан таҳти № 15/1-60;

- судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоева Зебонисо Файзуллоевна бо сабаби ба кори дигар гузаштан таҳти №15/1-69.

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Оид ба бозхонди судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис, муовини якум ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовин ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таври алоҳида қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзномаи иҷлосия — интихоби муовин ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис, муовини якум ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовин ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ менамоем. Марҳамат, Ҷумъа Муҳмадалиевич !

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шоҳиён Ш. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шоҳиён Шермуҳаммад ирсол менамоям.

Шоҳиён Шермуҳаммад соли 1962 дар ноҳияи Фархор таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 30 сол собиқаи кории касбӣ дошта, дар вазифаҳои адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Ёвон, судяи суди халқии ноҳияи Ёвон, судяи суди вилояти Қӯрғонтеппа, раиси суди шаҳри Норак, муовин, муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният кор кардааст.

Аз моҳи феврали соли 2011 то имрӯз Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Номзадии Шоҳиён Ш. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-42».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ашурзода А.А. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду ирсол менамоям.

Ашурзода Абдулҳафиз Абду соли 1964 дар шаҳри Панҷакент таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 26 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1988 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судиҷрочии суди халқии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе, иҷрокунандаи вазифаи судяи суди халқии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе, нозири шуъбаи гумруки шаҳри Панҷакент, судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи майи соли 2012 то имрӯз муовини якуми раиси Суди шаҳри Душанбе мебошад.

Номзадии Ашурзода А.А. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-43».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ  карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Каримзода К.М. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Каримзода Карим Мазиё ирсол менамоям.

Каримзода Карим Мазиё соли 1962 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 30 сол собиқаи кории касбӣ дошта, дар вазифаҳои муфаттиши мақомоти тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси Раёсати назоратию тафтишотии Вазорати хоҷагии қишлоқи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири Шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёвари Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби дуюми Раёсати ҳуқуқию шартномавии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири Шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудири Шуъбаи таъминоти ҳуқуқии хизмати давлатӣ ва назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии хизмати давлатии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз моҳи июни соли 2008 то имрӯз дар вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Номзади илмҳои сиёсӣ мебошад.

Номзадии Каримзода К.М. ба талаботи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-20».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ:  — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдуллоева З.Ф. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдуллоева Зебонисо Файзуллоевна ирсол менамоям.

Абдуллоева Зебонисо Файзуллоевна соли 1972 дар ноҳияи  Бохтар таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ  ва 22 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1998 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои сармутахассиси шуъбаи тайёр намудани парвандаҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Аз моҳи июли соли 2011 судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Номзадии Абдуллоева З.Ф. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-61».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҳошимзода Д.Д. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҳошимзода Даврон Додоҷон ирсол менамоям.

Ҳошимзода Даврон Додоҷон соли 1981 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст.Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 11 сол собиқаи кории касбӣ дошта, дар вазифаҳои сармутахассиси Шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси Шуъбаи оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва магистранти  Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз моҳи сентябри соли 2010 то имрӯз дар вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.

Номзади илмҳои ҳуқуқ мебошад.

Номзадии Ҳошимзода Д.Д. ба талаботи моддаи 89 Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-21».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҳошимзода Даврон  Додоҷон баъди судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан савганд ёд намуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ:  — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Азизов Ш.О. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Азизов Шамс Одинаевич ирсол менамоям.

Азизов Шамс Одинаевич соли 1963 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 35 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1980 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои котиби маҷлиси судӣ, иҷрочии суди ноҳияи Рӯдакӣ, мудири шуъбаи коргузории суди ноҳияи Рӯдакӣ, иҷрочии калони суди ноҳияи Рӯдакӣ, судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ, муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ, мудири бахши судҳои ҳарбии Раёсати судҳои Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи Суди шаҳри Душанбе кор кардааст.

Аз моҳи майи соли 2010 то имрӯз муовини раиси Суди шаҳри Душанбе мебошад.

Номзадии Азизов Ш.О. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-44».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ:  — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ваҳобзода Ш.Ҳ. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ваҳобзода Шаҳло Ҳотам ирсол менамоям.

Ваҳобзода Шаҳло Ҳотам соли 1975 дар шаҳри Турсунзода таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 18 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1996 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои машваратчии калони Шуъбаи таҳлил ва ҷамъбасткунии таҷрибаи судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, машваратчии калони Шуъбаи арзу шикоятҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяи суди ноҳияи  Синои шаҳри Душанбе, судяи суди шаҳри Турсунзода ва муовини раиси суди шаҳри Турсунзода кор кардааст.

Аз моҳи августи соли 2012 то имрӯз судяи Суди шаҳри Душанбе  мебошад.

Номзадии Ваҳобзода Ш.Ҳ. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-45».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ:  — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимов А.Х. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимов  Астонақул Худойдодович ирсол менамоям.

Қосимов Астонақул Худойдодович соли 1955 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи  вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 31 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1993 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи суди ноҳияи Колхозободи вилояти Хатлон, раиси суди ноҳияи Колхозободи вилояти Хатлон, судяи суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, раиси суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, судяи суди вилояти Хатлон, муовини раиси суди вилояти Хатлон ва судяи суди ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон кор кардааст.

Аз моҳи июни соли 2011 то имрӯз судяи Суди шаҳри Душанбе мебошад.

Номзадии Қосимов А.Х. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-46».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ:  — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ализода Ш.Ш. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ализода Шодмон Шамс ирсол менамоям.

Ализода Шодмон Шамс  соли 1962 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 22 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Дар мақомоти суд дар вазифаҳои судиҷрочии суди ноҳияи Ёвон, сардори иҷрочиҳои суди ноҳияи Ёвон, раиси суди шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон кор кардааст.

Аз моҳи феврали соли 2015 то имрӯз раиси суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд мебошад.

Номзадии Ализода Ш.Ш. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-47».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис,  Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Исҳоқӣ А.Н. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб намудани Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло ирсол менамоям.

Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло соли 1961 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 35 сол собиқаи кори касбӣ дорад. Дар мақомоти судӣ дар вазифаҳои котиби маҷлиси судии суди вилояти Кӯлоб, котиби маҷлиси судии суди вилояти Хатлон, судяи суди вилояти Хатлон, раиси суди ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон, судяи суди вилояти Хатлон, муовини раиси суди вилояти Хатлон, муовини раиси суди вилояти Суғд ва муовини аввали Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз августи соли 2013 то имрӯз раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мебошад.

Номзадии Исҳоқӣ А.Н. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-48».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Самадов Т.Д. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Самадов Турахон Давлатович ирсол менамоям.

Самадов Турахон Давлатович соли 1958 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 15 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Дар мақомоти судӣ дар вазифаҳои судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон ва муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон кор кардааст.

Солҳои 2010- 2015 ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Номзадии Самадов Т.Д.  ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  15 апрели соли 2015 №15/1-49».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Оймаҳмадзода М. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Оймаҳмадзода Маҳмадҷон ирсол менамоям.

Оймаҳмадзода Маҳмадҷон соли 1965 дар ноҳияи Қумсангир таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 24 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1990 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои котиби суди ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе, иҷрочии суди ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе, мутахассиси пешбари Раёсати судҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяи суди шаҳри Турсунзода, судяи суди ноҳияи Вахш ва судяи суди вилояти Хатлон кор кардааст.

Аз апрели соли 2005 судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Номзадии Оймаҳмадзода М. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-50».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Пӯлодӣ Ш.Т. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Пӯлодӣ Шараф Тиллозода ирсол менамоям.

Пӯлодӣ Шараф Тиллозода соли 1954 дар шаҳри Хоруғ таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 27 сол собиқаи кори касбӣ дорад. Аз соли 1986 дар системаи судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои коромӯзи вазифаи судяи халқии суди халқии ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, судяи суди халқии ноҳияи  Марказии шаҳри Душанбе ва судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2000 судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Номзадии Пӯлодӣ Ш.Т. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015, №15/1-51».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҳасанзода Н.М. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҳасанзода Насим Манон ирсол менамоям.

Ҳасанзода Насим Манон соли 1960 дар шаҳри Истаравшан таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 27 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1982 дар системаи судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои котиби маҷлиси судии Суди Олӣ, котиби масъули коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ, коромӯзи вазифаи судя, судяи суди халқии ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, судяи суди шаҳри Душанбе ва судяи коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз апрели соли 2005 судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Номзадии Ҳасанзода Н.М. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  15 апрели соли 2015 №15/1-52».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муродов Б.Р. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муродов Бобокалон Раҷабович ирсол менамоям.

Муродов Бобокалон Раҷабович соли 1959 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 26 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1994 дар системаи судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судя, муовини раиси суди ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва муовини раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Аз моҳи апрели соли 2005 судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Номзадии Муродов Б.Р. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-53».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қодирзода Т.Қ. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қодирзода Тоҳир Қамар ирсол менамоям.

Қодирзода Тоҳир Қамар соли 1959 дар ноҳияи Варзоб таваллуд ёфтааст.  Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 29 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1985 дар системаи судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои иҷрочии суди халқии ноҳияи Ленин, коромӯзи вазифаи судя, мудири дафтархона, тарҷумони суди ноҳияи Ленин, иҷрокунандаи вазифаи судя, судяи суди ноҳияи  Ленин ва муовини раиси суди ноҳияи Ленин кор кардааст.

Аз моҳи апрели соли 2000 то имрӯз судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Номзадии Қодирзода Т.Қ. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-54».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Расулзода Н.Ғ. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Расулзода Нуриддин ирсол менамоям.

Расулзода Нуриддин Ғафор соли 1966 дар ноҳияи Восеъ таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 22 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1995 дар системаи судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи суди ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва судяи суди ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе кор кардааст.

Аз моҳи апрели соли 2000 то имрӯз судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Номзадии Расулзода Н.Ғ. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-55».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Темурзода Ш.С. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Темурзода Шамсидин Сафар ирсол менамоям.

Темурзода Шамсидин Сафар соли 1963 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 26 сол собиқаи кори касбӣ дорад. Аз соли 1992 дар мақомоти судӣ дар вазифаҳои судяи суди ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, муовини раиси суди ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, судяи суди шаҳри Душанбе, раиси суди ноҳияи Шаҳринав, муовини раиси суди шаҳри Душанбе ва сардори Раёсати судҳои Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз моҳи августи соли 2012 муовини якуми раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад.

Номзадии Темурзода Ш.С. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-62».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Исмоилзода Р.А. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Исмоилзода Раҳмоналӣ Анвар ирсол менамоям.

Исмоилзода Раҳмоналӣ Анвар соли 1974 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 12 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 2003 дар мақомоти судӣ дар вазифаҳои ёрдамчии раиси суди ноҳияи Ленин, мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва корҳои махсуси Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси шуъбаи таъминоти ташкилии фаъолияти судҳои Раёсати судҳои Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси суди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ва судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Аз моҳи июни соли 2011 муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошад.

Номзадии Исмоилзода Р.А. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015  №15/1-63».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзозода П.Т. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзозода Парвиз Таваккал ирсол менамоям.

Мирзозода Парвиз Таваккал соли 1975 дар ноҳияи Данғара таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 11 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 2002 дар мақомоти судӣ дар вазифаҳои иҷрочии суди ноҳияи Рӯдакӣ, судяи суди ноҳияи Шаҳринав ва судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият намудааст.

Аз моҳи  августи соли 2012 муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе мебошад.

Номзадии Мирзозода П.Т. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-64».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳимзода И. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳимзода Исмоил ирсол менамоям.

Раҳимзода Исмоил соли 1977 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 15 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 2000 дар мақомоти судӣ дар вазифаҳои мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ташкилии фаъолияти судҳои Раёсати судҳои Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири бахши судҳои ҳарбии Раёсати судҳои Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяи суди ҳарбии гарнизони Хоруғ, судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва муовини раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Аз моҳи августи соли 2012 муовини якуми раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад.

Номзадии Раҳимзода И. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2015 №15/1-65».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ширинзода Э.С. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ширинзода Эраҷ Сифот ирсол менамоям.

Ширинзода Эраҷ Сифот соли 1959 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 25 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1999 дар мақомоти судӣ дар вазифаҳои судяи суди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси суди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва судяи суди вилояти Хатлон фаъолият намудааст.

Аз моҳи  декабри соли 2010 раиси суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон мебошад.

Номзадии Ширинзода Э.С. ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

15 апрели соли 2015 №15/1-66».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҷабзода П.Ш. манзур карда мешавад:

«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҷабзода Парвина Шариф ирсол менамоям.

Раҷабзода Парвина Шариф соли 1974 дар шаҳри Турсунзода таваллуд ёфтааст. Таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 14 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 2007 дар мақомоти судӣ дар вазифаҳои мутахассиси пешбари бахши судҳои иқтисодии Раёсати судҳои Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, коромӯз- судя ва судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Аз моҳи июни соли 2011 судяи суди шаҳри Ваҳдат мебошад.

Номзадии Раҷабзода Парвина Шариф ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  15 апрели соли 2015 №15/1-67».

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: - Шуморо ба муносибати ба вазифаҳои пурмасъули мақомоти судӣ интихоб шудан табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаатон комёбӣ орзумандам.

РАИС: — Раиси Котибот гуфтаниҳо доранд? Нест.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ шуданд. Доир ба тартиби бурдани иҷлосия, баррасӣ намудани масъалаҳо таклифу эродҳо ҳастанд? Нест.

Бо камоли эҳтиром барои иштироки фаъолонаатон дар кори иҷлосия ба шумо самимона миннатдорӣ баён намуда, бо ҳамин Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давъати панҷумро пӯшида эълон менамоем.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ