Маҷлиси миллӣ рисолати худро бо дарки масъулият амалӣ намуд

№32-33 (3333-3334) 07.03.2015

убайдуллоев

Суханронии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Иҷлосияи бисту якуми ниҳоии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳозирини арҷманд!

Айни ҳол фурсате расид, ки гузориши худро оид ба фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум манзури шумо ва аҳли ҷомеа гардонем.

Қобили зикр аст, ки натиҷагирӣ аз фаъолиятамон ба марҳилае рост омад, ки аксарияти кулли шаҳрвандони Ватани маҳбубамон бо дарки амиқи соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани худ дар интихоботи бавуқӯъпайвастаи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сиёсати Президенти кишварро, ки аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарчашма гирифта, муттасил барои таъмину таҳкими Ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона равона шудааст, ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намуданд.

Марҳилае, ки вориди он шудем, воқеан собит намуд, ки тамоми тоҷикистониён аз сиёсати Президенти мамлакат ҷонибдорӣ ва баҳри таъмини волоияти қонун, арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он овоз доданд.

Ҳамзамон қобили зикр мебошад, ки дар расидан ба ин марҳила бо роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат, мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли ҷомеа ва институтҳои шаҳрвандӣ саҳми хос гузоштанд. Интихобот нишон дод, ки мардуми кишвар ҷонибдори ҳизбҳои созанда, пайгирандаи ислоҳоту дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, инфрасохторӣ ва амаликунандаи барномаҳои иҷтимоӣ, эҳтиромгузор ба ҳуқуқбунёдию дунявияти ҷомеа   мебошанд ва овози худро ба хотири татбиқи он барномаҳое медиҳанд, ки ба пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳақиқат мусоидат намоянд.

Мавқеи интихобкунандагони диёри арҷмандамон бори дигар  афзалият ва бартарии  сиёсату барномаи созандаро собит намуд ва чун ҳамеша дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ маҳз интихоби мардум дар ифодаи мавқею ҳуқуқҳои конститутсионӣ ҳалкунанда буд. Аз нигоҳи дигар, натиҷаи интихоботи суратгирифтаро метавон  таҳаввулоти зеҳнӣ  ва такомули хиради сиёсии ҷомеа арзёбӣ кард.

Интихоботи баргузоршуда тасдиқ сохт, ки низоми қонунгузории давлати мо хеле такмил ёфта, барои баёни иродаи ҳар чӣ бештари шаҳрвандони кишвар ба воситаи раъйдиҳӣ ва иштирок дар раванди демократисозии ҷомеа мусоидат намуд.

Бо қаноатмандӣ бояд зикр кард, ки бо гузаштани марҳалаи фаъолияти панҷсолаамон волоияти қонун дар замири ҷомеаи мо ҳар чӣ бештар ҷойгир мешавад.

Имрӯз ҷаласаи охирини Маҷлиси миллии даъвати чорумро ҳусни анҷом бахшида, метавонем зикр намоем, ки дар ин муддат Маҷлиси миллӣ дар тавсеаи фазои ҳуқуқии кишвар ва таҳкими раванди демократикунонии ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявиямон бо дарки масъулияти баланд рисолати конститутсионии худро амалӣ намуд. Тавре ҳамаатон хуб огоҳ ҳастед, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум фаъолияти худро дар марҳалае амалӣ намуд, ки инсоният дар шароити мураккаб ва пуртазоди раванди ҷаҳонишавӣ, ки ҷиҳатҳои мусбат ва ҳам манфиро доро мебошад, қарор дорад. Хушбахтона, таҳти роҳбарии беназири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо, тавре дар Паёми имсолаашон зикр намуданд, муяссар гардид, ки рушди иқтисоди мамлакатро дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, иҷрои дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоиро тибқи ҳадафҳои афзалиятноки худ таъмин намуда, аз хатарҳои бузург кишварро эмин дорем.

Ҳозирини гиромӣ!

Қобили зикр мебошад, ки  ҳокимияти давлатӣ пайваста барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фаъолияти самарабахшу судмандро ба роҳ мондааст, зеро маҳз таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ василаи асосии танзими муносибатҳои иҷтимоӣ дар дохили кишвар ва робитаҳову муколамаҳои байнипарламентӣ бо мақомоти олии қонунгузори кишварҳои дигар буда, барои ҳамкориҳои густурда нақши бориз дошт ва ҷумҳуриямонро ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва субъекти муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки  Маҷлиси миллӣ 8 июли соли 2010 Қарор  «Оид ба Самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар солҳои 2010-2015»-ро қабул ва роҳандозӣ намуд. Дар ин давра Маҷлиси миллӣ фаъолияти  қонунгузорияшро тавассути ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои илмӣ  барои таҳкими заминаҳои зеҳнӣ ва сафарбарсозии зарфиятҳо нигаронида,  баҳри иҷрои вазифаҳои конститутсионии худ дар бобати тавсеаи фазои ҳуқуқии кишвар ва танзими босамари муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҷиҳати фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҷомеа равона намуд.

Дар даъвати чорум Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 569 қонуни қабулнамудаи Маҷлиси намояндагонро ҷонибдорӣ ва 71 пешниҳоди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои тартиби ҳалли сохти марзию маъмурӣ баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул кард.

Боиси зикр мебошад, ки тавассути фаъолияти пурсамари Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ, 396 қонуни муҳим барои беҳбуди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ дар кишвар таҳия ва қабул гаштанд, ки дар маҷмӯъ, 66 фоизи қонунҳои аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардидаро ташкил медиҳад .

Маврид ба тазаккур аст, ки аз 65 қонуне, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории узви Маҷлиси миллӣ ба тасвиб расида, мавриди амал қарор доранд, 25-тои он таври алоҳида ва 40–то дар ҳамкорӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати гузашта ҳамагӣ 17 адад)  таҳия гашта, чор лоиҳаи қонунҳо, аз қабили Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири нав), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» алҳол дар баррасии Маҷлиси намояндагон қарор доранд. Ҳашт лоиҳаи қонун (дар даъвати гузашта як адад) бинобар дар онҳо ҷой доштани мухолифату камбудиҳо ҷонибдорӣ нашуда, ба Маҷлиси намояндагон баргардонида шуданд ва баъд аз рафъи камбудиҳо ҷонибдорӣ гардиданд.

Дар ин росто, бо истифода аз фурсат, ба аъзои Маҷлиси миллӣ, ки аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ истифода карда, фаъолияти пурсамар анҷом доданд, арзи сипос менамоем.

Таҳлилу бардоштҳо аз қабулу мавриди амал қарор гирифтани  қонунҳои зикршуда шаҳодат медиҳанд, ки рушди устувори иқтисодии кишвар бемайлон таъмин гардида, раванди расидан ба ҳадафҳои стратегии Президенти мамлакат оид ба раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ, баҳрабардорӣ аз узвият дар Созмони Умумҷаҳонии Савдо, роҳандозии тадбирҳои муассир алайҳи мубориза бо терроризм, коррупсия, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ вусъати тоза касб карданд.

Дар давраи фаъолияти даъвати феълӣ 26 ҷаласаи Шӯро,  21 Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ, се Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ баргузор шуд. Дар онҳо аз маҷмӯи масъалаҳои баррасигардида, аз ҷумла тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳияҳо мувофиқ ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ» тарҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, сарҳади ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва номи ҳафт шаҳрак, 40 деҳот, 601 деҳа тағйир дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе камбудию норасоиҳои дар пешниҳодҳои марбут ба ҳалли масъалаҳои сохти марзию маъмурӣ ҷойдошта бартараф шуда, аз тарафи Маҷлиси миллӣ дастгирӣ ёфтанд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳамкориҳои Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбу ҳаракатҳо ва воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷии кишвар беш аз пеш ҷилои наву тоза пайдо намуда, тавассути иштирок дар ҳама гуна чорабиниҳои сиёсӣ, ки ҷомеаи навини моро ба созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ менамоянд ва дар арсаи байналмилалӣ кишвари моро ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохтаанд, натиҷаҳои назаррас доданд.

Ба хотири тақвияти фаъолият дар ин самтҳо ва густариш додани робитаю ҳамкориҳо бо созмонҳои бонуфузи байнипарламентии умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ бо Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 20 майи соли 2010) гурӯҳҳои миллии парламентӣ ва намояндагии Маҷлиси миллӣ дар Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё, Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи Парламентии Осиёӣ, Иттиҳоди Парламентии Созмони Ҳамкории Исломӣ таъсис дода шудаанд.

Дар давраи сипаригардида баҳри таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ даҳ сафари расмӣ ва кории ҳайати бонуфузи парламентии Маҷлиси миллӣ таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллӣ ба Федератсияи Россия, шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷиҳати иштирок дар Конференсияи сеюми Умумиҷаҳонии раисони парламентҳо, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва ба Ҷумҳурии Фаронса  баргузор гаштанд. Инчунин 33 сафари кории аъзои Маҷлиси миллӣ ҷиҳати иштирок дар конгресс, симпозиум, конференсия, семинарҳои байналмилалӣ, ҷаласаҳои комиссияҳои созмонҳои байнипарламентӣ баргузор гардиданд.

Дар давраи фаъолияти даъвати чорум мо беш аз 50 вохӯрӣ барои фароҳам овардани муносибатҳои байнипарламентӣ бо роҳбарони парламентҳои кишварҳои хориҷаи дуру наздик, созмонҳои байнипарламентӣ, сафоратҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳ ва шакли нави ҳамкориҳо анҷом додем. Илова бар ин, дар самти робитаҳои байнипарламентӣ бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2010 бо парламентҳои 15 кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ ва комиссияҳои ҳамкорӣ таъсис дода шуд.

Ҳамчунин бояд хотирнишон созем, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия робитаю ҳамкориҳои самаранок роҳандозӣ намудааст. Сафарҳои расмӣ ва кории роҳбарият ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия пайваста таҳким ёфт, ки дар ҷараёни онҳо масъалаҳои мубрами байнипарламентӣ баррасӣ мегарданд ва истифодаи имкониятҳои институтҳои парламентаризми муосир дар роҳи ҳалли масъалаҳои мубрами дуҷониба ва пешрафти ҷомеа омили муҳим  ва таъсиргузор мебошад. Бо дарназардошти муҳимияти ин ҳамкориҳо, баъд аз танаффуси шашсола, фаъолияти Форуми байнипарламентии «Тоҷикистон – Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» аз нав барқарор карда шуд.  Сафари якҷояи ҳайати бонуфузи парламентии Маҷлиси миллӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 то 25 октябри соли 2014 ба Федератсияи Россия ҷиҳати иштирок дар Форуми чоруми байнипарламентии «Тоҷикистон – Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» ва Конференсияи сеюми ҳамкории иқтисодии байниминтақавии Тоҷикистон – Россия назаррас буд. Ба ҳамин манзур бобати рушд ва тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба имзо расонида шуд.

Дар доираи Форум ва Конфенренсия мулоқотҳои мустақими вазирон ва роҳбарони сохторҳои марбутаи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтоёни россиягиашон баргузор гардиданд, ки ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва густариши робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Бо хулоса аз натиҷаи баррасии масъалаҳо ва тавсияҳои  мизҳои мудаввар дар ҷаласаи пленарӣ Ҳуҷҷати хотимавӣ қабул гардида, дар фарҷом миёни вилояти Суғд ва вилояти Астрахан ва Ҷумҳурии Доғистон, вилояти Хатлон ва вилояти Иваново ва Ҷумҳурии Бошқирдистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ Созишномаҳо оид ба  ҳамкориҳои тиҷоратӣ -иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ ба имзо расиданд.

Маҷлиси миллӣ дар давраи даъвати чорум ҷиҳати таҳкими қонунгузорӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини суботу оромии ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ корҳои муайянеро ба сомон расонида, чор маротиба ҳисоботи Прокурори генералиро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ намуд.

Дар иртибот ба ин таваҷҷуҳи Прокурори генералӣ ба соҳаҳои гуногуни назорати прокурорӣ, таъмини пурраю ҳаматарафаи таҳқиқу тафтишоти пешакӣ, хотима бахшидан ба ҳолатҳои ғайриқонунии дастгиру ҳабс намудан, ҳолати ҷой доштани шиканҷа нисбат ба дастгиршудагон ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандон, ҷоннок намудани мубориза бар зидди қонуншиканиҳо дар мавриди тақсимоти замин ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷалб карда шуд.

Дар ин давра  Маҷлиси миллӣ доир ба додани ризоият оид ба таъини Прокурори генералӣ, муовинони ӯ,  интихоби судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Самти дигари муҳими фаъолияти Маҷлиси миллӣ кор бо арзу шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон маҳсуб меёфт. Ворид гардидани миқдори зиёди номаҳо, арзу шикоятҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар ҷомеа буда, шаҳодати он аст, ки эътимоди шаҳрвандон ба Маҷлиси миллӣ  бештар мегардад.

Маҷлиси миллӣ пайваста масъалаи қабули шаҳрвандон ва баррасии саривақтии муроҷиатҳоро таҳлил намуда, тадбирҳои заруриро ҷиҳати дар доираи салоҳият ҳал намудани онҳо меандешад.

Ҳамкорони азиз!

Боиси ифтихор аст, ки дар даъвати чорум барои фаъолияти пурсамар як зумра аъзои фаъоли Маҷлиси миллӣ барои  мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таҳкими муносибатҳои байнипарламентӣ бо мукофоти олии Иттиҳод — Ордени «Содружество», медалҳои ҷашнии «МПА СНГ – 20 лет», Ифтихорномаи фахрии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои — иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ифтихорномаҳои фахрии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё ва Ифтихорномаҳои фахрии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ сарфароз гардиданд.

Дар ҷодаи таблиғи моҳият ва муҳтавои қонунҳои қабулшуда, ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, 20- солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар солгарду ёдномаҳои таърихӣ, ки дар таҳкиму инкишофи ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва маърифати миллӣ нақши муҳим доранд, мақолаҳои таҳлилию публисистии як зумра аъзои Маҷлиси миллӣ ба табъ расиданд.

Боиси тазаккур аст, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳадафҳои фарогири Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллӣ суҳбату вохӯриҳои сершумор  бо аҳолии кишвар доир намуданд.

Ҳамзамон маврид ба таъкид аст, ки дар фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар радифи дастовардҳо масъалаҳои ҳалталаб низ ҳанӯз кам нестанд. Ба таври дилхоҳ сурат нагирифтани корҳои ташкилию таҳлилӣ ва тарғибу ташвиқи фаъолиятамон дар воситаҳои ахбори оммаи давлатию хусусӣ, радиову телевизион, кам будани барномаҳои гуногуни  таҳлилии мустақим оид ба моҳияти ҷонибдории қонунҳо ва қабули қарорҳои марбута дар иртибот ба пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври кофӣ сурат нагирифтани муҳокимаҳои парламентӣ таваҷҷуҳи бештарро дар кори Маҷлиси миллӣ тақозо менамояд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки барои рушди иқтисодиёт боло бурдани сатҳи тавлидоти саноатӣ ва кишоварзӣ бағоят зарур аст, зеро раванди ҷаҳонишавӣ рақобатҳои шадидро ба вуҷуд овардааст, ки он ҳамарӯза аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил додани ҷумҳуриамонро тақозо менамояд. Мутаассифона, дар давраи сипаришуда дар ин самти муҳим мо на  ҳама имкониятҳои мавҷудаи қонунгузориро баҳри таҳкими заминаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷойдошта истифода намудем.

Барои аз ҳодисаҳои номатлуби замони ҳозира, аз қабили ифротгароии динӣ, терроризм, паҳн шудани маводи мухаддир, одамрабоӣ ва ғайра ҳифз кардани сокинони мамлакатамон моро зарур аст, ки фаъолиятамонро баҳри боло бурдани сатҳи шуури ҳуқуқии ҷомеа тавсеа бахшем, то ки барои ҳар фарди кишвар эҳтироми қонунҳо мазмуни фаъолияти иҷтимоӣ ва намунаи рафтори шахсӣ гардад.

Ҳозирини муҳтарам!

Интихоботи баргузоргашта бори дигар ҷонибдории мутлақи ҷомеаро аз сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Сарвари давлат  нишон дод, ки ҷавҳари онро ҳифзи Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ, зиндагии шоистаи мардум ва таҳкими асосҳои истиқлолияти давлатӣ ташкил медиҳад.

Махсусан эҳсоси ватанпарастона ва фаъол будани ҷавонон дар раванди пешрафтҳои сиёсию иқтисодии кишвар ва иштироки онҳо дар интихобот боиси хушнудӣ мебошад. Нозирони байналмилалӣ, ки рафти интихоботи  2015-ро назорат карда буданд,  ин падидаи некро бахусус таъкид карданд. Насли ҷавони кишвар бо маърифати сиёсӣ Ватанро обод месозад, ба шоҳроҳи тамаддуни муосир ворид гардида, бо замон ва ҷаҳони мутамаддин ҳамқадам мешавад, ки дар ин самт низ саҳми босазои мақоми олии намояндагӣ  ва қонунгузори кишвар қобили зикр мебошад.

Маҷлиси миллии даъвати чорум бо Президенти кишвар, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, сохторҳои марбутаи давлатӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ дар ҳамкорию ҳамоҳангии зич фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардонидани  ҳадафҳои олии давлатдориамон саҳми арзанда гузошт ва ҳамеша дар ин ҷараён аз дастгириҳои созандаи Президенти ҷумҳурӣ бархӯрдор буд. Бо истифода аз фурсати муносиб, қабл аз ҳама сипосмандии худ ва ҳамагонро ба Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона иброз менамоем.

Барои робитаю ҳамкориҳои касбӣ дар роҳи таҳия ва қабули қонунҳо, ки дар баровардани  ниёзҳои мубрами ҷомеа мусоидат карданд, ба Раиси Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, вакилони Маҷлиси намояндагон арзи сипос менамоем.

Ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуқуқи Президенти кишвар дар Маҷлиси Олӣ муҳтарам Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич миннатдории шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва шахсан худамро изҳор менамоям.

Ҳамзамон барои ҳамкориҳои судманд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва воситаҳои ахбори омма  изҳори миннатдорӣ менамоем.

Инчунин барои ташкили фаъолияти муназзами Маҷлиси миллӣ ба роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ сипосгузорӣ менамоем.

Дӯстони гиромиқадр!

Вақт тезгузар аст ва дар ин панҷсолае, ки сипарӣ шуд, на ҳама нақшаҳо ва хостаҳои мо ба иҷро расиданд. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки аъзои нави Маҷлиси миллӣ, ки ба наздикӣ интихоб мешаванд, ташаббусҳои креативӣ, анъана ва таҷрибаҳои парламентаризми муосирро  идома    бахшида, обрӯю эътибори Маҷлиси миллиро дар кишвар ва берун аз он афзунтар хоҳанд намуд. Мо дар фаъолияти бомасъулияташон баҳри хидмат ба халқу Ватан комёбӣ ва дастовардҳои навин хоҳонем.

Ба ҳамаи шумо, ҳозирини азиз, аз даргоҳи Офаридгори бузург ҳамеша саодатмандӣ, фараҳмандӣ, шукӯҳмандӣ ва эминӣ таманно менамоем.

Ташаккури беназир барои ҳамкориҳоятон ва таваҷҷуҳе, ки зоҳир намудед. Ҳамеша саломату муваффақ бошед, ҳозирини арҷманду гиромиқадр!