Маҳмадсаид Убайдуллоев Алиасғари Шеърдӯстро ба ҳузур пазируфт

№127 (3112) 10.10.2013

DSC_0800й

Нуҳуми октябри соли 2013 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Алиасғари Шеърдӯстро, бинобар ба фарҷом расидани ваколатҳои сафирияш, бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқот ҷаноби Алиасғари Шеърдӯстро аз номи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  фаъолияти пурсамар дар иҷрои вазифаи пурмасъулияти дипломатӣ ва саҳми хосааш оид ба тавсеаёбии муносибатҳои ҳасана миёни ҳар ду кишвар  миннатдории самимӣ баён намуда, таъкид сохт, ки Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дорои пайвандҳои ногусастании таърихӣ ва анъанаҳои устувори дӯстию бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд мебошанд, ки ин арзишҳо бо мусоидати мавсуф таҳкими тоза касб намуда, доираи ҳамкориҳо беш аз ҳарвақта тавсеа ёфтанд.

Дар ин росто маврид ба зикр аст, ки барои ҳамкориҳо дар риштаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, коркарду истифодаи сарватҳои табиӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва нафту газ, фарҳангу маориф, тандурустиву сайёҳӣ имкониятҳои бештар вуҷуд доранд ва пайваста густариш додани онҳо боиси афзун намудани ҳаҷми гардиши савдо ва таҳкими робитаҳо миёни кишварҳоямон хоҳад гашт.

Ҷаноби Алиасғари Шеърдӯст аз ҳамкории судманд бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ибрози умедворӣ кард, ки минбаъд низ робитаҳои байни парламентҳо ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ хидмат хоҳад кард.

Дар интиҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҷаноби Сафир дар фаъолияти минбаъдаи пурмасъулу наҷиб муваффақиятҳои беназир, сиҳатмандӣ, саодату иқбол ва  умри дароз орзу намуд.

Шавкат САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир А.ИСОЕВ